
Ҳамкории ҳастаии Маскаву Душанбе: Технологияро ба тарафи сеюм намедиҳанд
Нашр шуд
Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи ҳастаӣ бо ҳадафҳои осоишта дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳимоят ёфт. Гуфтумонҳое низ миёни Маскаву Душанбе дар мавриди эҳтимоли бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ ва истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои тиббӣ мавҷуданд. Halva.tj бо бархе ҷузъиёти созишномаи ҳастаӣ шинос шуд.
Созишнома гарчанде моҳи феврали соли 2017 дар Душанбе имзо шуда буд, барои тасдиқ ба парлумон танҳо баъди зиёда аз 7 сол пешниҳод гардида, моҳи сентябри соли 2024 аз ҷониби вакилони мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Санади мазкур заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои ҳастаии Душанбе ва Маскавро фароҳам овардааст.
Ҳукуматҳои ду кишвар истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, инчунин таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро дар таъмини рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ду давлат омили муҳим арзёбӣ кардаанд.
Дар моддаи 3-юми созишнома тавзеҳ дода шудааст, ки ҳамкорҳои ҳастаии Душанбе ва Маскав, аз ҷумла тарҳрезӣ, сохтмон, модернизатсия, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани реактори таҳқиқотӣ, муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, коркарди конҳо, солимгардонии партовгоҳҳои урандор, таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро фаро мегирад.
Ҳамкорӣ дар доираи аҳднома оид ба паҳн накардани яроқи ҳастаӣ
Ҳамкориҳо дар ин самт дар доираи созишномаҳои байналмилалии тасвибкардаи Тоҷикистону Русия бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар мавриди истифодаи нерӯи ҳастаӣ татбиқ мегарданд.
Моддаи 9 мушаххас кардааст, ки содироти маводҳои ядроӣ, таҷҳизот, маводҳои махсуси ғайриядроӣ ва технологияҳои марбут, инчунин маводҳои таъиноти истифодаи дуҳадафа дар доираи Созишномаи мазкур тибқи уҳдадории тарафҳо, ки аз Аҳднома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ бармоеянд, амалӣ карда мешавад.
Маводҳои ядроӣ, таҷҳизот, маводҳои махсуси ғайриядроӣ ва технологияҳои марбут ва дастгоҳу таҷҳизот, ки Тоҷикистон дар асоси Созишномаи мазкур ба даст овардааст, барои истеҳсоли яроқи ядроӣ ва дигар асбобҳои ядроию тарканда ва ё бо мақсади ба даст овардани ягон ҳадафи ҳарбӣ истифода намешаванд, таъкид шудаст дар санад.
Чораҳои ҳимояи физикӣ дар сатҳи на кам аз тавсияҳои меъёрҳои ҳуҷҷати АБНА дар бораи ҳимояи физикии маводи ядроӣ ва дастгоҳҳои ядроӣ таъмин карда мешаванд.
Маводи ядроӣ чӣ гуна ба Тоҷикистон пешниҳод мешавад?
“Маводи ядроие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи мазкур дода мешавад, то 20 фоиз ва зиёда аз он аз руи изотони уран-235 ғанӣ гардонида намешавад ва инчунин бе иҷозати пешакии хаттии Федератсияи Россия ғанӣ гардонида намешавад ва коркард намегардад”, - омадааст дар созишнома.
Таҷҳизоту маводҳои таъиноти истифодаи дуҳадафа ва технологияҳое, ки Тоҷикистон дар асоси Созишномаи мазкур мегирад ва ҳар гуна нусхаҳои онҳо танҳо бо мақсадҳои арзгардида, ки ба фаъолият оид ба сохтани дастгоҳҳои ядроии тарканда алоқамандӣ надоранд, истифода мешаванд.
Бе розигии хаттии Русия нусхабардорӣ, дигаргунсозӣ, содироти дуюмбора ва ё интиқол ба давлати сеюм карда намешаванд, таъкид шудаст дар созишнома.
Дар моддаи 10 омадааст, ки дар доираи Созишномаи мазкур технология ва дастгоҳҳо барои коркарди кимиёвии сузишвории шуоъхурдаи ядроӣ, ғанигардонии изотонии уран ва истеҳсоли оби вазнин, ҷузъҳои асосии таркибии онҳо, маводҳои дилхоҳе, ки дар асоси онҳо ҳосил шудаанд, инчунин урани то 20 фоиз ғанигардонидашуда ва зиёдтар аз он аз руи изотонии уран-235 илутоний ва оби вазнин интиқол дода намешаванд.
Технологияи ҳастаӣ дар бахши тандурустӣ ва кишоварзӣ
Амалисозии корҳои тақиқотии фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, истеҳсоли радиоизотонҳо ва истифодаи онҳо дар истеҳсолот, тандурустӣ ва соҳаи кишоварзӣ, тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, муомилот бо генераторҳои термоэлектрикии радиоизотопӣ низ дар созишнома пешбинӣ гардидаанд.
Масъули иҷрои соозишномаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъйин шуда, ниҳоди дигари масъул Академияи илмҳои кишвар дар масъалаҳои марбут ба сохтмон ва истифодабарии реакторҳои таҳқиқотӣ мебошад.
Аз ҷониби Русия масъули иҷро Корпоратсияи давлатӣ оид ба энергияи атомӣ “Росатом” ва Хадамоти федералӣ оид ба назорати экологӣ, технологӣ ва атомӣ мебошад.
Дар санад таъкид шудаст, ки ҳама гуна ахборе, ки дар доираи Созишномаи мазкур ба якдигар ирсол мешаванд ва ё дар рафти иҷроиши он пайдо мегарданд, фош карда намешаванд, инчунин бе розигии хаттии ҷонибҳо ба тарафи сеюм пешниҳод карда намешаванд.
Тибқи моддаи 8-и созишнома тарафҳо барои мубодилаи маводҳо, технологияҳо, таҷҳизот ва хизматрасониҳо барои иҷроиши барномаҳои муштарак ва миллӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта, ба ҳамдигар мусоидат менамоянд.
Созишномаи мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи ниҳоии хаттӣ бо роҳҳои дипломатӣ дар хусуси аз ҷониби тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани он қувваи амал пайдо мекунад.
Муқаррар шудаст, ки ҳар яке аз тарафҳо метавонад амали Созишномаи мазкурро ҳамон вақт қатъ намояд, ки ба таври хаттӣ ба тарафи дигар огоҳнома равон созад Созишнома дар ин маврид амали худро баъд аз шаш моҳи гирифтани чунин огоҳнома гум мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед