Ru  | Tj
Русия дар Ӯзбекистон ба думболи чист?
Русия дар Ӯзбекистон ба думболи чист?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Русия дар Ӯзбекистон ба думболи чист?

Нашр шуд

Дар маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоӣ, сафари ахири раисҷумҳури Русия ба Тошканд муҳим арзёбӣ мешавад, ки натанҳо тавсеа ва густариши бесобиқаи равобити ду кишварро ба думбол дорад, балки бар сохтори геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ низ таъсиргузор аст.

Ба эътиқоди соҳибназарон ва таҳлилгарон сафари ду рӯзаи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тошканд роҳро барои имзои як зумра бастаи маҳками асноди дуҷониба ҳамвор кардааст. Ва ду кишвар усулан дар ростои барқарорӣ ва тақвияти равобит дар заминаҳои стратегиву иқисодӣ гоми муҳим бардошта, бад-ин тартиб метавон гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ, Ӯзбекистон ба наздиктарин дӯсти Русия дар Осиёи Марказӣ табдил шудааст.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон сафари ҳамтои русашро ба кишвараш “таърихӣ” тавсиф кард ва гуфт, ки ин оғози асри ҷадиде дар равобити ҳамаҷониба, мушорикати роҳбурдӣ ва иттиҳод байни ду кишвар аст. Ҷаноби Путин низ дар муқобил Тошкандро “шарики стратегӣ” ва “муттаҳиди қобили эътимод”-и Маскав хонд. Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев равобити ду кишварро дар арсаҳои гуногун мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода гуфт, ки равобити наздик ва дӯстона дар ҳоли тавсеа аст ва ба таври пӯё бар асоси усули баробарӣ, эҳтироми мутақобил ва таваҷҷуҳ ба манофеъи якдигар рушд меёбад. Ҳама масоили ҷории равобити тарафҳо таҳти назорати доимӣ аст ва ин таваҷҷуҳ солҳо идома хоҳад дошт. Вай ёдовар шуд, ки сафари Мирзиёев ба Русия дар моҳи октябри соли гузашта, ба сатҳи муносибати дӯстонаи ду кишвар равнақи бештар  бахшид.

Маскав мегӯяд гуфтугӯҳои В.Путин бо ҳамтои узбекаш аслан ба рушди равобити ду кишвар ва баррасии охирин таҳаввулоти минтақа равона гардид, зеро ӯ пас аз пирӯзии панҷумин давраи раёсат ҷумҳурӣ ба се кишвар Чин, Беларус ва Ӯзбекистон сафар кард. Ибтидо ба Чин рафта дар онҷо аз пешниҳодоти Пекин барои поён додан ба даргириҳои Украина қадрдонӣ кард ва сипас ба Беларус рафт, кишваре, ки Русия силоҳҳои ҳастаии тактикии худро дар он мустақар кардааст. Ва баъдан ба Ӯзбекистон бузургтарин кишвари мусалмоннишини Осиёи Марказӣ сафар кард. Путин гуфт, дар маҷмуъ, зиёда аз 63 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия таҳсил мекунанд, ки аз ин рақам тақрибан 14 ҳазор донишҷӯ аз тариқи буҷавӣ машғули омӯзиш ҳастанд. Ӯзбекистон яке аз ҷойҳои аввалро миёни кишварҳои мушатаракулманофеъ аз рӯи шумораи донишҷӯён дар донишгоҳҳои олии Русия ишғол мекунад.


Дар пайи дидори дурӯзаи ҷаноби Путин бо Мирзиёев бастаи қобили таваҷҷуҳе аз мувофиқат номаҳои байнидавлатӣ, байнисозмонӣ, байниминтақаӣ барои расидагӣ ба ҳамкорӣ дар рушди тиҷорат, саноат, истифодаи сулҳомез аз энергияи ҳастаӣ, илму маориф, тандурустӣ ва муҳоҷират имзо шуд.

Инчунин, мақомоти Русия пайи васеъ кардани лоиҳаи долонҳои роҳи нақлиётии шимол ба ҷануб ҳастанд, то  барои Ӯзбекистон имкони баромад ба уқёнуси Ҳинд пайдо шавад. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар бахши нақлиёт, роҳи оҳан ва логистика идома медиҳанд.

Раисҷумҳурони Русия ва Ӯзбекистон тавофуқ карданд, то сатҳи мубодилоти тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар аз 10 миллиарди феълӣ ба 20 миллиард доллар афзоиш ёбад, ки ин тавофуқ шомили афзоиши воридоти газ аз Маскав ва сохти ниругоҳи ҷадиди ҳастаӣ дар Ӯзбекистон барои тавлиди барқ мешавад. Ҳамзамон, ҷонибҳо мехоҳанд дар оянда ба меъёри нави рушди гардиши молӣ ба мувофиқа расида, ҳаҷми доду ситадро ба 30 миллиард доллар расонанд.

Бар асоси асноди мунташир шуда тавассути Кремл тавофуқ шудааст, ки Русия аввалин неругоҳи ҳастаиро дар Осиёи Марказӣ дар Ӯзбекистон месозад. Ва ширкати ҳастаии давлати Русия ба номи “Росатом” то шаш реактори ҳастаӣ бо зарфияти ҳар як 55 мегаватт дар Ӯзбекистон хоҳад сохт, ки албатта тарҳи кӯчактар аз неругоҳи 2.4 гигаватаи тавофуқ шудаи ҳастаӣ дар соли 2018 аст, ки ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Ҷаноби Мирзиёев тарҳи сохтмони нерӯгоҳи атомиро барои кишвараш ҳаётан муҳим хонда, гуфтааст, ки Ӯзбекистон захираҳои бузурги уран дорад.

Ба боварии устоди Донишгоҳи миллӣ ва таҳлилгари умури иқтисодӣ Дадахон Ҳодиев баъд аз як давраи сардӣ вобаста ба буҳрони Украина, ки ҳоло Русия аз сар мегузаронад, имрӯз бисёр кишварҳои дунё муносибати худро бо Маскав бозбинӣ карда, омодагии худро дар арсаҳои мухталиф барои ҳамкорӣ бо Русия нишон дода истодаанд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ мустасно нест.


“Ҳар қадар сатҳи ҳамгироии давлати Ӯзбекистон бо дигар кишварҳои қудратманд густариш ёбад, ҳамон қадар таъсири мусбати он ба сатҳи ҳамкориҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар хоҳад шуд. Тавсеаи муносибатҳои иқтисодии Русия ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ бетаъсир нахоҳад монд. Зеро муштаракоти зиёде, ки Тоҷикистон бо Русия ва Ӯзбекистон дорад, имкон медиҳад, ки нуктаҳое барои манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пайдо шуда, вориди ин ҳамгироӣ шавем. Русия дорои зарфиятҳои баланди илмӣ дар самти сохтмон ва таъсиси неругоҳҳои ҳастаӣ бо истифода аз газ ва дигар манбаҳои барқароршаванда аст. Ва ҳоло як мавқеи мустаҳкам дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон дошта, нуфузи суннатиашро аз даст додан намехоҳад. Русия торафт мавқеи худро дар бозорёбии минтақа дар самти энержӣ боз мустаҳкамтар карданӣ аст. Ба ин хотир ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки Русия дар Ӯзбекистон чунин лоиҳаҳоро амалӣ хоҳад кард. Ва дар ояндаи наздик сармоягузории бештари Русияро дар Ӯзбекистон дар бахши энергетикӣ мушоҳида хоҳем кард. Ӯзбекистон аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофиёи дар чорроҳаи бузурги гузаргоҳи транзитӣ қарор дорад, ки ин ба нафъи Маскав хоҳад буд”,- афзуд таҳлилгар Дадахон Ҳодиев.

Тамоюли Ӯзбекистон ба нафту гази Русия

Давлати Ӯзбекистон пешбини мекунад, ки ниёзи ин кишвар ба газ 20 дарсад то поёни даҳаи ҳозира афзоиш ёфта, аз 47 миллиард метри мукааб дар соли гузашта ба беш аз 56 миллиард то соли 2030 расидааст. Дар пайи сафари Владимир Путин, масъалаҳои энергетикӣ муҳокима шуд  ва раисҷумҳури Русия гуфт, ки Маскав омодааст, то дар сурати лозима арзаи газ ба Ӯзбекистонро тариқи Қазоқистон афзоиш диҳад. Ӯ бо ишора ба тавофуқи се ҷонибаи Русия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон изҳор дошт, ки дар таърихи 7 октябри соли 2023 арзаи гази Русия ба Ӯзбекистон аз тариқи хоки Қазоқистон оғоз ёфт ва акнун омодаи афзоиш ҳаҷм содирот ҳастанд.


Қайд кардан муҳим аст, ки арзаи гази Русия аз тариқи хати лӯлаи транзитии “Осиёи Марказӣ – Марказ” ба Ӯзбекистон аз соли 2025 то 11 миллиард метри мукааб дар як сол афзоиш хоҳад ёфт. Соли гузашта Ӯзбекистон аз Русия барои 1000 метри мукааб гази табиӣ 160 долларӣ пардохт кардааст. Русия пас аз таваққуфи содироти газ ба Аврупо, ба думболи бозорҳои ҷадид дар минтақаи Осиё аст.

Бахтиёр Эргашев, раиси Маркази ибтикороти мутолиотии “Маънӣ” дар Ӯзбекистон дар суҳбат ба пойгоҳи хабарии “ВЭС 24” дар мавриди рушди равобити Тошканду Маскав гуфт, ки шаш сол қабл ҳаҷми савдои умумии Ӯзбекистон ва Русия беш аз 3 миллиард доллар буд, имсол ба 10 миллиард доллар расонида шуд. Вақте ки чунин суръати баланд рӯй медиҳад, андозаи тиҷорати Русия ва Ӯзбекистон ба сатҳи савдои хориҷии Ӯзбекистон – Чин баробар шуда истодааст. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки ҳам Русия ва ҳам Чин бузургтарин шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд. Шумори зиёди ширкатҳои муштараки Русия ва Ӯзбекистон қобили рақобат бо Чин нест. Чун 22 дарсад аз кулл ширкатҳои хориҷи фаъол дар Ӯзбекистон, русӣ ё ширкатҳои муштарак ҳастанд. Ин маврид аз он гувоҳи медиҳад, ки тоҷирони Русия ба таври фаъол дар бозори Ӯзбекистон фаъолият мекунанд ва тамоми шароит фароҳам аст, ки дар ин бозор чашмандози хубе дошта бошанд.

Ӯ дар мавриди густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши газ гуфт, ки замони Шӯравӣ Ӯзбекистон содиркунандаи гази табиӣ ба Русия аз тариқи кулли хатҳои лӯлаи газ буд, ҳоло бошад Ӯзбекистон ба кишвари воридкунанда табдил шудааст, чун захоири газ дар ин кишвар ҳоли итмом аст. Ва ҳоло Тошканд алоқаманд ба хариди нафту гази бештари Русия аст.


“Газ дар ҳаёти мардум нақши муҳимро мебозад. Набояд фаромуш кард, ки аҳолии Ӯзбекистон дар ҳоли афзудан аст. Агар пас аз суқути Шӯравӣ 20 миллион нафарро ташкил медод, ҳоло ба 36 миллион нафар афзоиш ёфтааст. Мо ба газ ниёз дорем. Он ҳам барои ҷамъият ва ҳам барои корхонаҳои саноатӣ лозим аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки беш аз 80 дарсади кулли барқи истеҳсол мешуда дар кишвари мо дар неругоҳҳои ҳароратӣ бо гази табиӣ тавлид мешавад, он вақт худатон мутаваҷҷеҳ мешавед, ки нақши газ чӣ қадар бузург аст. Камбуди газ боис ба паёмадҳои бисёр нохушоянд мешавад, тавре ҳамаи мо беш аз як сол пеш дидем, ҳангоми сармоҳои бесобиқа, ки шаҳрҳои Ӯзбекистонро дар бар гирифта буд, дар пайи афзоиши тақозо, норизоиятии мардумро ба миён овард. Дамои ҳаво то 25 дараҷа зери сифр коҳиш ёфт ва фаъолияти зерсохтҳои давлатӣ нишон дод, ки ба чунин сардиҳои шадид омода нестанд ва шароити камбуди газ як рукуд рух дод. Ӯзбекистон маҷбур ба афзоиши воридот барои таъмини ниёзи дохилӣ ба газ шуд, ки бештари он аз Туркманистон сурат гирифт. Имсол бо вуҷуди ин, ки дамои ҳаво сармои шабеҳи Сибирро нишон дод, чунин иттифоқе науфтод. Чун мо қарордоди газӣ бо Русияро аз тариқи транзит аз хоки Қазоқистон имзо кардем ва аз чунин вазъият пешгирӣ кардем”,- гуфтааст пажуҳишгари узбек Бахтиёр Эргашев.
Қобили тазаккур аст, ки Ӯзбекистон бо ҷамъияти рӯ ба афзоиш аз назари манобеъи табиӣ кишвари ғанӣ аст. Ин кишвар ҳамзамон аз нигоҳи мавқеияти стратегӣ дар Осиёи Марказӣ барои қудратҳо аҳамиятнок аст, зеро бо чаҳор ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҳамсоя аст.

     Мавзеъгири ҳамсони Маскав ва Тошканд дар қиболи Толибон?

Таърихи 27 май дар Ӯзбекистон Путин ва ҳамтои ӯзбекаш Мирзиёев таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон яке аз “авлавият”-ҳои сиёсати хориҷии худ хонданд. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Тошканд пойтахти Ӯзбекистон дар пайванд ба пешниҳоди ҳазфи номи Толибон аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ гуфт: “онҳо (Толибон) қудрати воқеӣ ҳастанд ва мо ба Афғонистон аҳамият медиҳем”. Ба гуфтаи ӯ, Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид -Толибонро гурӯҳи террористӣ эълом накардааст ва танҳо 12 то 15 узви Толибон дар феҳристи террористҳо қарор дорад. Ин дипломат эълом кард, ки кишвараш дар ҳоли барномарезӣ барои ҳазфи Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ аст. Қазоқистон қаблан Толибонро аз ин феҳрист ҳазф кардааст.

Ҳамзамон хабаргузори “ТАСС” ба нақл аз Замир Кобулов, намояндаи вежаи Русия барои Афғонистон навишт пешниҳоди ҳазфи Толибон аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ, ба Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ироа шудааст. Русия дар соли 2003 гурӯҳи Толибонро дар феҳристи созмонҳои террористии мамнуъ қарор дод.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия низ пештар нигарониашонро аз афзоиши фаъолияти гурӯҳи ДОИШ дар Афғонистон ва таҳдиди амниятӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз карда буданд. Нигароние, ки ахиран дар баёнияи муштараки Путин ва Мирзиёев дар Тошканд  дида шуд.

Сарони Русия ва Ӯзбекистон дастёбӣ ба субот дар Афғонистонро ба унвони омили муассир бар амнияти Осиёи Марказӣ ва манотиқи ҳамҷвор дар аввлавият дониста қасд доранд талошҳои худро дар чорчубҳои монанд ба қолаби ройзании Маскав, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва соири созукорҳо бо ҳадафи дастёби ба натоиҷи мушаххас бештар кунанд.

Ҳоло мавзеъгири Русия ва Ӯзбекистон дар қиболи ҳукумати Толибон ба таври ҷиддӣ тафовут надорад ва тақрибан яксон аст. Зоҳиран Русия мехоҳад бо тақвият ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Ӯзбекистон, заминаи эҷоди иртиботи бештари заминиро бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон, фароҳам оварад. Мавзеъгирие, ки Шавкат Мирзёив, раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳамвора бо мақомоти Толибон гуфтугӯ кардааст ва афроди ин гурӯҳ аз замони бозгашт ба қудрат дар соли 2021 ба таври мураттаб ба Тошканд даъват шудаанд. Ва ҳоло узбеку қазоқҳо дар тафовут бо ҳамсоягоне мисли Тоҷикистон равобити хубе бо ҳукумати Толибон доранд.

Ба гуфтаи пажуҳишгарон аз як ҷониб ҳузури гурӯҳҳои ифротгаро ва даҳшатафкан дар Афғонистон ва узвияти даҳҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафи ин гурӯҳҳо ва аз сӯи дигар, тамоюли Русия барои ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон дар Афғонистон, раҳбарони ин кишварҳоро дар дуроҳа қарор додааст. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати ҳазфи ҳаракати Толибон аз феҳристи созмонҳои мамнуъ дар Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ночоранд рӯйкардашонро бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон тағйир диҳанд.

Дар чунин ҳолат мавқеъияти Афғонистон дар минтақа ва ҷаҳон “эҳё” хоҳад шуд ва ин кишвар метавонад бо ҳузури Толибон дар қудрат бори дигар дар маърази таваҷҷуҳ қарор гирад. Ҳудуди се сол пеш Толибон дубора дар Афғонистон ба қудрат бозгаштанд, аммо ҳукумати ин гурӯҳ, то ҳоло аз сӯи кишваре ба расмият шинохта нашудааст. Тавре таҳлилгари тоҷик Абдурақиб Қодиров мегӯяд,  Толибон неруи сиёсие ҳастанд, ки ҳанӯз ба созишномаву муоҳидаҳои сатҳи байналмилалӣ аз нигоҳи қонунпазирӣ эҳтиром нагузоштаанд.

“Набуди амнияти комил дар Афғонистон ва ояндаи сиёсати торики Толибон дар канори фаъолияти гуруҳакҳои тундрав дар хоки Покистон мумкин аст, боиси эҷоди чолишҳои амниятӣ шавад. Зеро вазъияти кунунӣ дар Афғонистон пешгӯйинашаванда аст. Он мавқеъе, ки имрӯз Толибон доранд, ҳанӯз аз ҷониби ҷомеъаи байналмилалӣ ҳамчун низоми машруъ шинохта нашудааст”,-афзуд ин таҳлилгар.
Ба боварии аксари огоҳони масоили байналмилалӣ Маскав метавонад бо истифода аз равобити зич бо ҳукумати Толибон кишварҳои минтақа, хоса Осиёи Марказиро бештар таҳти назорат ва ё фишор қарор диҳад. Зеро навъе нигарониҳо аз ҳузур гуруҳҳои ифротӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст. Ва Русия мехоҳад вазъияти кунуниро дар минтақа ба нафъи худ тағйир дода, амниятро дар марзҳои ҷанубӣ таъмин намояд, то давлати Ӯзбекистон ва дигар шариконаш оромона дар сояи ҳимоятҳои Маскав тарҳҳои бузурги минтақаиро амалӣ созанд. Солҳои охир Тошканд ба таври афзоянда мавриди таваҷҷуҳи кишварҳое монанди Чину Туркия ва Амрико қарор мегирад. Аз замони даргириҳо дар Украина, Маскав нуфузи худ бар манотиқеро, ки аз назари таърихӣ ҳавзаи нуфузи худ медонад, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мувоҷеҳ бо чолиш мебинад.

Аз нигоҳи дигар бо таваҷҷуҳ ба  таҷрибаи замони давлатдории Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон нуктаҳои нозуки бозиҳои сиёсии Маскавро Шавкат Мирзиёев, роҳбарияти феълии ин кишвар ба хубӣ медонад. Зеро дар гузашта, Тошканди расмӣ муддате пайи ҷустуҷӯи барқарории як навъ тавозун байни Русия ва Амрико ба манзури таъмини ҳаддиаксарии манофеъи худ буд, вале пас аз ҳаводиси Андиҷон элитаи сиёсӣ дар ин кишвар ба ин воқеият пай бурданд, ки дар бисёре аз заминаҳо бидуни ҳимоят ва ҳамкории Русия кореро пеш нахоҳанд бурд ва наздикӣ бо Кремл таъминкунандаи манофеъи ҳаётии онҳо мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед