Ru  | Tj
МАВОДИ МУХАДДИР ТАҲДИДИ БУЗУРГ БАРОИ СҲШ
МАВОДИ МУХАДДИР ТАҲДИДИ БУЗУРГ БАРОИ СҲШ
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

МАВОДИ МУХАДДИР ТАҲДИДИ БУЗУРГ БАРОИ СҲШ

Нашр шуд

Баррасии вазъияти минтақаву ҷаҳон, мубориза бо терроризму таъсиси Маркази зиддимухаддиротӣ дар Душанбе яке аз мавзуъоти аслии нишасти ахири вазирони хориҷаи кишварҳои узви СҲШ дар Остона буд.

Иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) барои 3 - 4 июли соли равон дар шаҳри Остона аз сӯи дипломатҳо барномарезӣ шуд.  Дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои СҲШ таърихи 21 май раисҷумҳури Қазоқистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон Қосим Ҷомарт Тоқаев баромад намуда гуфт, ки нишасти дар пеш истода, таҳти шиори “Тақвияти муколамаи бисёрҷониба - талош барои сулҳ ва рушди устувор” доир мешавад. Ва меҳвари доимии равобит дар чорчӯби СҲШ бояд мубориза бар зидди ба истилоҳ “се нерӯи бад” - терроризм, сепаратизм ва ифротгароӣ бошад. Дар натиҷа ӯ пешниҳод кард, ки дар доираи ин созмон барномаи ҳамкорӣ оид бо ин се падида барои солҳои 2025-2027 қабул шавад. Ин созмон соли гузашта аз 181 ҳамлаи террористӣ дар ҳудуди кишварҳои узви ин созмон ҷилавгирӣ кардааст. Ҷаноби Тоқаев аз анҷоми кор дар стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ ва тадбирҳои мутақобила барои мубориза бо хавфу хатари қочоқи маводи мухаддир гуфт, ки ин ҳама ба бастани каналҳои маблағгузории терроризм оварда мерасонад ва бояд кор дар ин самт тақвият дода шавад.

Ба таъкиди ӯ ҳукумати Қазоқистон барои табдили СҲШ ба як механизми муассири ҳамкориҳои бисёрҷониба пешниҳодҳои мутавозин кардааст ва умедвор аст, ки минбаъд ин ташаббусҳо дастгирӣ хоҳанд ёфт.


Дар навбати худ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар  зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба масъалаҳои рӯзномаи кунунии СҲШ бо тамаркуз ба авлавиятҳои кишвар дар ин Созмон муаррифӣ намуда, аз раванди пешбурди масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ва дигар ташаббусҳои Тоҷикстон изҳори қаноатмандӣ кард.

Ба гуфтаи дипломатҳо гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва муташаккил дар Афғонистон ва берун аз он маводи мухаддирро ба унвони як василаи муҳими дарёфти даромад барои фаъолиятҳои ғайриқонунии худ интихоб кардаанд ва фурӯши ин маводи мамнуъ дар бозори сиёҳ идома дорад.

Қобили тазаккур аст, ки бо назардошти хатари афзояндаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз манбаҳои маблағгузории терроризму экстремизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ҳукумати Тоҷикистон чандин сол ҷиҳати дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунадаи зиддимухадиротии СҲШ бо дастгирии шарикон даъват ба амал меорад. Маҳз бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 1999 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид Ожонсии назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистонро ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа таъсис дод.  Инчунин бо ин мақсад аз соли 2021 Стратегияи миллӣ оида ба назорати маводи мухаддир барои давраи то соли 2030 татбиқ мегардад.

Гуфта мешавад, ташаббуси таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ аз ҷониби раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” матраҳ шуд. Ва зикр гардид, ки таъсиси як маркази алоҳидаи мубориза бо маводди мухаддир, муассирии иқдомоти муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ-ро афзоиш медиҳад, зеро садҳо миллион доллар маблағҳо аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир барои маблағгузории терроризм равона мешавад: “Тоҷикистон бо дарки воқеии хатари глобалии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир давоми солҳои тӯлонӣ  талошҳои худро ба мубориза бо ин зуҳуроти хатарбор равона намуда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ низ касб кардааст”.

Таърихи 18-19 майи соли равон Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар пайи сафараш ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе аз ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе пуштибонӣ кард. Ба таъкиди ин дипломати чиноӣ барои ҳифзи суботи минтақа ва амиқтар кардани ҳамкориҳои зиддитеррористӣ, пурзур намудани назорати сарҳадӣ аз қочоқи маводи мухаддир барои амнияти ду кишвар муҳим мебошад.

Ин дар ҳолест, то кунун зери раёсати Тоҷикистон чандин музокироти байни идоравии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии ин созмон дар Душанбе ҳамчун ниҳоди алоҳидаи доимамалкунанда баргузор гардид. Ва доир ба шароити фаъолияти ин ниҳоди нав, ки зарфият ва талошҳои миллӣ дар самти муқовимат бо таҳдиди маводи мухаддирро пурра мекунад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

ЭҶОДИ МАРКАЗИ ЗИДДИМУХАДДИРОТИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ

Дар робита Сайфулло Сафаров, огоҳи масоили байналмиллӣ дар мавриди кӯшишҳои Тоҷикистон гуфт, ки аз ташаббуси роҳбари давлат дар мавриди таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ҳамагон хоса дипломатҳои ҷонибдорӣ мекунанд ва зарурати анҷоми ҳарчи зудтари ин раванд дар нишасти пешорӯи сарони кишварҳои узви Созмони Шонгҳой дар Остона ниҳоӣ шавад, зеро терроризм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва густариши идеологияи ифротӣ аз Афғонистон ба кишварҳои узви СҲШ ҳанӯз яке аз таҳдиди бузург боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест,  ахиран қазоқҳо ҳамроҳ бо ҳукумати Толибон чандин намоишгоҳҳои муштарак дар шаҳрҳои ҳамдигар доир карданд. Дар ин ҷо масъалаи шинохт ва ё нашинохтани Толибон нест, балки мардуми Афғонистон ҷабру азоб мекашанд, ки ҳукумати онҳо аз уҳдаи бисёр масъалаҳои намебарояд ва наметавонад ба мардум кӯмак кунад. Ӯ дар идома гуфт, ки Тоҷикистон наметавонад аз мавқеи сиёсиаш дар масъалаи Толибон, ки бо зӯр ҳукуматро гирифтанд, даст кашад, вале нисбат ба дастгирии мардуми ин кишвар дар доираи ин созмон бетараф буда наметавонад. Роҳбарияти Тоҷикистон солҳо инҷониб дар масъалаи таъсиси як маркази ҷудогонаи мубориза бо маводи мухаддир дар зери назари Созмони ҳамкории Шонгҳой дар шаҳри Душанбе даъват мекунад, то ба ин васила тавонад дар муқобилаи дастаҷамъонаи кишварҳои узв ба хатарҳои қочоқи маводи мухаддир мусоидат кунад.


“Дар Афғонистон ҳаракатҳои зиёди террористӣ ҷамъ шуда, гуруҳҳои машғул ба қочоқи маводи мухаддир низ фаъолияти густурда доранд. Сарҳади Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои узви СҲШ хеле тулонӣ аст ва хавфу хатари кочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба мо бештар аст, чун мухаддир яке аз манбаъҳои маблағгузории терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ аст. Модоме, ки дипломати чиноӣ Ван И аз таъсиси Маркази зиддимухаддиротии ин созмон дар пойтахти Тоҷикистон дастгирӣ кардааст, дигар кишварҳои узв низ дар ин масъала бетараф буда наметавонанд. Ҳамаи кишварҳои узви СҲШ манфиатдоранд дар аз байн бурдани қочоқи маводи мухаддир, чун ҳамагон аз он зиён мебинанд. Пеш аз ҳама ин мавқеи сардори давлатамон аст, ки чандин сол инҷониб пешниҳод мекунанд ва ҳатто як камарбанди амниятиро ҳам ироа намуда буданд, ки ин метавонад як ҷузъи масъала шавад ва бояд ин иқдом аз ҷониби шарикон дастгирӣ шавад, то зудтар ба нуктаи ниҳоӣ расид ва ин марказ таъсис ёбад. Таъсиси Маркази зиддимухаддаротӣ аз он ҷиҳат хуб аст, ки ба самти ду кишвари узви ин созмон Русия ва Чин роҳи интиқоли маводи мухаддир бештару хубтар баста мешавад. Ҳарчанд Тоҷикистон мустақилона кушиш дорад ва тамоми қувваашро истифода мебарад, ки террористон ва дигар қувваҳои ҷинояткори махфӣ маводи мухаддирро ба дигар кишварҳои ҳамсоя қочоқ накунанд ва ин кишварро василаи убуру мурур қарор надиҳанд”,-гуфт коршиноси масоили сиёсӣ Сайфулло Сафаров.
Ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ, бахши умдае аз маводи мухаддир дар имтидоди масири шимол дар масири Афғонистон- Тоҷикистон-Қирғизистон-Ӯзбекистон-Қазоқистон-Русия-Аврупо интиқол мешавад.

Мутахассисон бахши мубориза бо маводи мухаддир мегӯянд, ки қочоқи ҳаҷман калони маводи сахт таъсири ҳероин ва дигар намудҳои он ба бозорҳои хориҷа бидуни мусоидат ва дасти мақомдорони олуда ба фасод имкон надорад. Яъне, дар аксар маврид дар густариши ин тиҷорати сиёҳ афроди масъул дар сохторҳои ҳукуматии кишварҳо ҳам ҷалб мешаванд. Ва барои муборизаи дастаҷамъона бо ин манбаи пайдоиши сармояи терроризм бидуни истифода аз стандартҳои дугона роҳбарони паймони “Шонгҳой” иродаи сиёсӣ нишон диҳанд. Зеро, то замоне ки терроризм аз ин ҷиноятҳои фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир “неру” мегиранд, мубориза бо ин зуҳурот ба осонӣ даст нахоҳад дод ва сахту сангин боқӣ хоҳад монд.

Яке аз узви калидии ин созмон давлати Ҳиндустон пайваста аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои узви СҲШ нигаронӣ намуда, идомаи тавлиди мухаддир дар ин кишварро мушкили ҷиддӣ барои СҲШ медонад. Зеро вақтҳои охир расонаҳои ин кишвар аз интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва ҳамчунин заминӣ ба Ҳиндустон зиёд хабару гузориш нашр мекунанд. Аз сӯи дигар ба иддаои мақомоти амниятии Деҳлӣ аксар маводи мухаддири қочоқ шуда аз Афғонистон бо истифода аз қаламрави Покистон тавассути киштиҳо ва “дронҳо” ба манотиқи сарҳадӣ ва бандарҳои обии Ҳинд расонида мешавад. Ва дар бархе маворид маблағи ба даст омада аз маводи мухаддири қочоқ шуда ба Ҳиндустон дар ихтиёри гуруҳҳои ҷангҷӯ воқеъ дар минтақаи баҳсноки Кашмир қарор мегирад.

Аммо ҳукумати Толибон идомаи кишти кукунор, тавлид ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистонро рад мекунад.


Дар нишасти ахири Шӯрои вазирон умури хориҷаи кишварҳои СҲШ дар шаҳри Остона таърихи 21 май раисҷумҳури Қазоқистон, ки раёсати феълии ин созмонро ба ӯҳда дорад, гуфт: “вазъияти Афғонистон ниёзманди таваҷҷуҳи дақиқ аст. Идомаи талошҳо барои ҷилавгирӣ аз як буҳрони инсонӣ ва эҷоди шароит барои суботи баландмуддат бисёр муҳим аст. Ва ҳимоят аз ибтикори Қазоқистон барои эҷоди як маркази минтақаӣ таҳти ҳимояти СММ барои аҳдофи тавсеаи пойдор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Алмаато бисёр муҳимм аст”.

Дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки дар СҲШ маркази муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо таъсис дода мешавад. Илова бар ин қарор аст, Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар Душанбе ифтитоҳ ёбад.

Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2023 наздики 700 ҷиноят вобаста ба маводи мухаддир сабт шуда, беш аз 5,2 тон мухаддирот мусодира шудааст. Соли гузашта ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо мақомоти интизомии Русия ду амалиёти муштарак анҷом дода, дар маҷмуъ 38 кило маводи нашъадор мусодира карданд.

Дар дастури кори нишасти пешорӯи раисҷумҳурон дар Остона дар авоили моҳи июли сори ҷорӣ, баррасии вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ, масоили амниятӣ ва тавсеаи ҳамкории СҲШ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар  назар аст. Ва имзои чандин санад дар ҳавзаи амниятӣ, иқтисодӣ аз ҷумла стратегияи тавсеаи Созмони ҳамкории Шонгҳой, то соли 2035, эҷоди сандуқи сармоягузории созмон, стратегияи тавсеаи ҳамкории энержӣ, барномаи тавсеаи ҳамкори кишоварзӣ, санади эҷод ва баҳрабардорӣ аз шабакаи мушорикати бандари бузурги стратегӣ ва марокизи лоҷистикии кишварҳои узв ва дигар масоил бояд сурат гирад.

СОЗМОНИ ШОНГҲОЙ БАРОИ МУҚОБИЛА БО ЧОЛИШҲО ВА ТАҲДИДОТИ АМНИЯТӢ

Воқеан ҳоло ба сатҳи ҳамкориҳои эътилофи “Шонгҳой” дар саросари ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуда ба фаъолияти ин созмон дигар қувваҳо низ манфиатдор мебошанд. Зеро, алҳол, Русия, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазокистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон аъзои СҲШ мебошанд ва қарор аст, давлати Белорус дар нишасти пешорӯи Остона ба узвияти 10-уми ин созмон пазируфта шавад. Ҳар кадом аз ин кишварҳо дар ин созмон ба танҳоӣ ҳамкории зичро эҷод хоҳанд кард, зеро давлати Белорус амалан дар масири каридори ғарб ба шарқ қарор дошта, нуфузашро ба кишварҳои ҳампаймони Аврупо нишон медиҳад.

Бояд гуфт,  СҲШ барои ҳамкориҳои чанд ҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ташкил шудааст. Ин созмон дар соли 1996 тавассути сарони Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо ҳадафи барқарор кардан мувозинат дар баробарии нуфузи Амрико ва НАТО дар минтақа, поягузорӣ шуд. Андаке баъд, Ӯзбекистон ҳам ба ин созмон пайваст ва ин созмон расман ба “Созмони ҳамкории Шонгҳой” тағйири ном дод. Дар таърихи 10 июни соли 2015 ин созмон бо узвияти Ҳинду Покистон мувофиқат кард. Ин кишварҳо ду сол баъд ҳама шароитро барои узвияти комил дар ин созмон иҷро карданд ва узвиятшон дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ 9 июни соли 2017, ки дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, ба тасвиб расид.

Ба андешаи устоди Донишгоҳи миллӣ, сиёсатшинос Амриддин Шарипов, дар ин қарина хатарҳои наве возеҳ шудаанд, ки дар он марказҳои нави қувва дар муносибатҳои байналхалқӣ ҷараён дошта, рақобатҳои геополитикӣ шиддат пайдо кардаанд. Ин ҳам дубора ба сари қудрат омадани Толибон дар кишвари Афғонистон, даргирии Украинаву Русия ва идомаи ҷангҳои гибридии омехтаи қудратҳои узви ин созмон бо Ғарб мебошад. Бо назардошти тағйирёбии бо шиддати як механизми сохтории дунё ва тағйири марказҳои қувва, албатта як низоми собити амниятӣ ба яке аз махсусиятҳо ва мавзуҳои калидӣ дар кори  СҲШ ба шумор меравад.


“Воқеан имрӯз, аҳамияти геополитикии СҲШ дар пайи буҳронҳои мавҷудаи Украина ва мавзеъгирии барҷастаи Русияву Чин дар ин созмон дар ҳоли афзудан аст. Бо қабули Эрон ҳамчун узви нуҳуми ин созмон ва ҳоло Белорус дар навбат аст, тағйири бузурги муҳосибаҳои геополитикӣ дар минтақаву ҷаҳон ба миён омада истодааст. Ҳоло ба навъе шоҳиди густариш ва шаклгирии СҲШ ҳастем, ки дар ҷаҳон нақш ва ҷойгоҳи вижаеро пайдо карда истодааст. Ҳақиқати имрӯз он аст, ки низоми ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки бар асоси принсип ва меъёрҳои универсалӣ асос ёфтааст, тадриҷан корношоям мешаванд. Ва яке аз сабабҳои ин, рӯ ба таназзул ниҳодани боварии мутақобилаи давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.  Имрӯз аксари кишварҳои узви ин созмон дар баробари эълони шиор ва барномаҳои умумӣ манфитаҳои хосаи худро сарфи назар накарда байнашон ихтилоф ва рақобати шадид ба назар мерасад, ки ин ҳама метавонад, монеъи рушди ниҳодӣ ва оинномавию стратегии ин созмон гардад”,- иброз дошт сиёсатшинос Амриддин Шарипов.
Ин дар ҳолест, созмони мазкур дар муддати нисбатан кӯтоҳ роҳи дурударози рушдро тай намуда, ба ҷузъи ҷудонопазири ҷанбаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Имрӯз фазои СҲШ аз лиҳози дорои захираҳои бузурги ашёи хом, маҳсулоти истеҳсолӣ, неруи баландихтисоси корӣ ва сармояи инсонӣ, иқтидори технологӣ минтақаи худкифо буда, тақрибан ниме аз ҷамъияти ҷаҳонро дар худ ҷой додаааст. Ҳаҷми умумии иқтисодиёти кишварҳои узви СҲШ ҳудуди 20 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба замони таъсиси он 13 маротиба бештар аст. Фазои созмон бузургтарин бозори истеъмолӣ дар ҷаҳон аст. Имрӯз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳои аъзои СҲШ тақрибан ба чоряки нишондиҳандаи ҷаҳонӣ расидааст. То соли 2030 ин рақам метавонад то 35-40 фоиз афзоиш ёбад. СҲШ дорои иқтидори бузурги нақлиётию транзитӣ мебошад, ки татбиқи амалии худро интизор аст.

Интизор меравад, дар нишасти пешорӯи Остона - СҲШ ба унвони як пойгоҳи вижаи байналмилалӣ дар самти амалишавии тарҳҳои марбут ба масоили минтақаӣ, рушди тиҷорат, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир нақши муассириашро дар муосиртар шудани ин паймон ҳифз мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед