Ru  | Tj
Баррасии амалкарди раҳбарони тоҷиктабори Афғонистон дар сиёсати ин кишвар
Баррасии амалкарди раҳбарони тоҷиктабори Афғонистон дар сиёсати ин кишвар
Аксҳо: Аз Интернет

Баррасии амалкарди раҳбарони тоҷиктабори Афғонистон дар сиёсати ин кишвар

Нашр шуд

Дар бозиҳои сиёсии чанд даҳаи охири Афғонистон танҳо як ҷараён (Ҷамъияти исломии Афғонистон) ва ду шахсият (профессор Бурҳониддини Раббонӣ ва фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд) дар муқобили рақибон ва ҳарифони хеш хуб бозӣ карданд ва ҳамвора бозиро ба нафъи худ идора намуда, дар ҷойгоҳи баранда қарор доштанд. Аммо баъди марги онон шахсиятҳое, ки иддаои намояндагӣ ва роҳбарии тоҷиконро доштанд, аз худ амалкарди хубе ироа надоданд ва дар натиҷаи иштибоҳҳои пайвастаашон бар ҷойгоҳи тоҷикони Афғонистон осеб расониданд. Як нигоҳ ва баррасии мухтасар аз таҳаввулоти ду даҳаи ахири Афғонистон ба хубӣ нишон медиҳад, ки онон бо вуҷуди доштани тақрибан ҳамаи қудрати сиёсӣ бо мурури замон дар ин 20 сол бохтанд ва ин бохтро идома дода, дар натиҷа ҳамаи қудратро аз даст доданд ва бо ҳақорату расвоӣ мардумро раҳо карда, фирор намуданд. Амалкарди онон тайи 20 соли гузашта нишон медиҳад, ки онон чӣ қадар кӯтоҳандеш, худшефта ва худмеҳвар буда, фаҳми андаке аз умқи сиёсат ва бозиҳои сиёсӣ надоштаанд.

Раҳбарони тоҷиктабори Афғонистон аз ҳамон конфронси Бонн дар соли 2001 бозиҳои сиёсиро бо бохт шурӯъ карданд. Дар он замон раисиҷумҳури Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ буд ва қудрати сиёсӣ ҳам дар Кобул дар контроли тоҷиктаборҳо қарор дошт. Аммо дар конфронси Бонн намояндагони тоҷикҳо аз фурсатҳои ин конфронс, на танҳо натавонистанд баҳрабардории дуруст намоянд, балки заминаҳои тазъиф ва чанддастагӣ дар миёни муттаҳидини худро фароҳам сохтанд. Ҷойгоҳ ва саҳми муттаҳидини худ аз қавмҳои дигар бахусус ӯзбекҳо ва ҳазораҳоро нодида гирифтанд. Ин танҳо набуд, балки ҳатто профессор Раббониро, ки раҳбари ҳизбашон ва раисҷумҳури барҳол аз табори худашон буд, нодида гирифтанд. Ҳукумати ҷадиди Афғонистон тақрибан ҳамаи вазифаҳои калидиро ба шумули муовини Ҳукумати ҷадид, Вазорати дифоъ, Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури дохила ва Раёсати амнияти миллӣ танҳо дар ихтиёри афроди як минтақа қарор гирифт. Амир Исмоилхон – фармондеҳи ҳавзаи ғарби Афғонистон ва дигар тоҷиктаборони вилоятҳои дигар нодида гирифта шуданд. Бо ташкили ҳизби навини Афғонистон тавассути Юнуси Қонунӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ тавассути Аҳмадвалӣ Масъуд парокандагӣ дар миёни ҳизби қудратманди Ҷамъияти исломии Афғонистон ба миён омад. Ҳарчанд ин ду ҳизб ҳаргиз натавонистанд ба бозингари калидӣ табдил шаванд. 


Дар Маҷлиси анъанавии Афғонистон дар соли 2001, дар баробари гирифтани чанд вазорат ва имтиёзоти фардӣ, на танҳо ҳеҷ дастоварде барои мардумашон надоштанд, балки имтиёзоти зиёдеро ба ҳарифони худ вогузор карданд. 

Парокандагӣ дар байни аъзои ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, ки маташаккил аз тоҷиктаборон аст, густариши бештар ёфт. Дар интихоботи Раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2004, ба ҷойи Қасими Фаҳим, бародари фармондеҳи фақид гумошта гардид ва чандпорчагӣ ҳатто то ба Панҷшер ҳам кашида шуд. Дар таҳаввулоти баъдӣ, ки ниёз ба ваҳдату якпорчагӣ беш аз ҳар замоне дар миёни раҳбарони тоҷиктабор эҳсос мешуд, ҳаргиз ба миён наомад. Дар интихоботи баъдии Раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ парокандагӣ дар миёни раҳбарони тоҷиктабор зиёд шуд. Ба гунае, ки аъзои ин ҳизб ба ҷони якдигар афтода ва барои дар қудрат ҷой гирифтану вазифаи сиёсиро ба даст овардан, бо ҳам ба рақобати шадид пардохтанд. Ҳамчунин, аз ҳар гуна туҳмате бар зидди якдигар худдорӣ накарданд. Охирин ихтилофи ҷиддӣ дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки баҳси тақсими қудрат бо Толибон* матраҳ шуд. Бо оғози даври музокирот бо Толибон ба назар мерасид, Толибон ба ҷойи ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистонро муқобили худ медонистанд ва ҳозир буданд дар сохтори ҳукумати оянда қудратро бо аъзои ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва ҳизбҳои дигар тақсим намоянд. Дар ҳамин давра, ҳизби Ҷамъияти исломӣ ба ду бахш, яке ба раҳбарии Салоҳиддин Раббонӣ ва дигаре ба раҳбарии Атомуҳаммади Нур тақсим шуд, ки натиҷаи он заъиф шудани ҳарчӣ бештари ҷойгоҳи Ҷамъияти исломӣ дар арсаи бозии сиёсати Афғонистон гардид. 

Бо вуҷуди чанддастагӣ ва заъиф шудани ҷойгоҳи Ҷамъияти исломӣ дар сиёсати Афғонистон то суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ, тоҷиктаборҳо дар сохторҳои сиёсии Афғонистон нақши пурранге доштанд ва ин нақш ба далели ҷойгоҳе аст, ки тоҷиктаборҳо дар сохторҳои иҷтимоии ҷомеаи Афғонистон ба даст оварда буданд, на ба хотири кифояту тавоноии раҳбарони онон. 

Аммо бо ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон саҳми тоҷиктаборҳо дар сохтори қудрат ва ҳукумат ба шиддат коҳиш ёфта ва маҳдуд ба ду вазорати ғайрикалидӣ, Раёсати ситоди Артиш ва чандин раёсати камаҳамияти дигар гардидааст. Ин ҳолатеро ифода мекунад, ки дар панҷоҳ соли охир бори аввал иттифоқ меафтад. 

Ба ҳамин ҷиҳат яке аз далелҳои муҳимми норизоиятии тоҷиктаборҳои Афғонистон аз ҳукумати Толибон ва яке аз далелҳои ба расмият нашинохтани Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон ҳузур ва ширкати андаки ақвоми ғайрипаштун, бахусус тоҷиктаборҳо, ки бахши умдаи ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, мебошад. 


Бо ироаи матолиби мазкур, ба ин натиҷа мерасем, ки тоҷиктаборҳои Афғонистон дар 20 соли гузашта ва дар ҳоли ҳозир бо чолиши ҷиддии раҳбарӣ мувоҷеҳ мебошанд. Баъд аз марги профессор Бурҳониддин Раббонӣ нафаре, ки аз ҳамаи тоҷиктаборони Афғонистон намояндагӣ бикунад, вуҷуд надоштааст. Минтақагароӣ дар миёни раҳбарони тоҷиктабор ривоҷ ёфта ва ҳар раҳбари тоҷик дар талоши шомил шудан дар сохтори қудрат аз нишонаи минтақа ва маҳалли худ гардид, на кулли тоҷиктаборони Афғонистон ва на кулли ҷомеаи Афғонистон ва ин масъала бар ҳамбастагии тоҷикони Афғонистон осеби ҷиддӣ расонида ва аз нақши онон дар таҳаввулоти сарнавиштсози Афғонистон бошиддат коста аст.

Бо ин ҳол ба назар мерасад, тоҷиктаборони Афғонистон ба раҳбарони ҷавон, таҳсилкарда ва огоҳ ба сиёсати муосири ҷаҳон ниёз доранд, то ҷонишини раҳбарони солхӯрда, фосид ва бидуни тадбири феълӣ нагарданд, ки иштибоҳоти гузашта такрор нагардад ва аз тоҷиктаборҳои Афғонистон дар сохтори ҷомеа ва сохтори сиёсӣ ба хубӣ намояндагӣ сурат бигирад. 

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ манӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон

“Бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният”. Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи иқдомҳои созандаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед