Ru  | Tj
Ҳамлаи хунини ҳаросафкан дар Эрон хашми эрониён ба Толибонро барангехт
Ҳамлаи хунини ҳаросафкан дар Эрон хашми эрониён ба Толибонро барангехт
Акс: vista.ir

Ҳамлаи хунини ҳаросафкан дар Эрон хашми эрониён ба Толибонро барангехт

Нашр шуд

Пас аз вуқуъи ҳодисаи ҳаросафкан дар вилояти Кирмони Эрон, ки масъулияти иҷрои онро гурӯҳи ҳаросафкани ДИИШ ба уҳда гирифт, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоъӣ коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Эрон бо хашм аз шеваи ҳукуматдории Толибон*, бавижа аз густариши “мадрасаҳофи ҷиҳодӣ” дар Афғонистон шадидан интиқод ва ин ҳаракатҳоро таҳдиде барои ояндаи кишварҳои ҳамсоя талаққӣ кардаанд. Онҳо “мадрасаҳои ҷиҳодӣ”-и Толибонро ҳаракате барои тарбияи лашкари “интиҳорӣ” пиндошта, суолҳои усулиеро матраҳ мекунанд.

Ҳодисаи хунини ҳаросафкани Эрон, ки беш аз 100 кушта ва захмӣ дошт, чашми бисёре аз коршиносонро боз кард. Ангушти бархе коршиносон ба сӯйи гурӯҳи ҳаросафкани Толибон мечархад, агарчи мақомоти расмии Эрон бо рамзу киноя ангушти ишораро на ба сӯйи ДИИШ*, балки Исроил ва Амрико мечархонанд.

То ҳамин ҳоло маълум шудааст, ки яке аз онҳое, ки амали интиҳорӣ анҷом дод, шаҳванди Тоҷикистон аст ва гурӯҳи ҳаросафкани ДИИШ расман ин ҳамлаи хунини ҳаросафканро бар дӯш гирифт.

Вале табсира ва нигоҳҳои гуногун дар робита ба ин ҳодиса дар расонаҳо матраҳ мешавад. Муҳимтарин изҳори назар, ки мутафовит аз дидгоҳҳои мақомоти расмии Эрон аст, баёнияи сафири собиқи Эрон дар Афғонистон мебошад. Муҳаммадризо Баҳромӣ, сафири пешини Эрон пас аз вуқуъи ин ҳодиса возеҳан навишт:

“Адами истифода аз вожаи “ҳаросафканӣ” дар маҳкумияти ҳодисаи рӯзи гузаштаи Кирмон тавассути сухангӯйи умури хориҷаи Толибон воҷиди маъноҳои хосси худ аст”.

Воқеъан, гурӯҳи ҳаросафкани Толибон билофосила пас аз вуқуъи ин ҳодисаи дарднок баёния содир карданд ва дар ин баёния гуфта шуд, ки “вазорати умури хориҷаи Иморати Исломии Афғонистон вуқуъи 2 инфиҷор дар вилояти Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки мунҷар ба ҷон бохтан ва ҷароҳати теъдоде аз шаҳрвандони он кишвар гардида, маҳкум мекунад”.

Адами истифодаи калимаи “ҳаросафканӣ” дар баёнияи Толибон бархе аз эрониёнро хашгин сохта ва онҳо шадидан аз густариши “мадрасаҳои ҷиҳодӣ”-ии ин гурӯҳ, ки дар ниҳоят “интиҳорӣ” омода мекунад, хашмгин ҳастанд.

Абдуллоҳ Абдӣ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Эрон аз хатари густариши “Мадрасаҳои ҷиҳодӣ”-и  гурӯҳи Толибон навишта, таъкид кардааст, ки ин гурӯҳ аз ин мадрасаҳо барои тарбияти насли ҷадиде аз ҷанҷӯёни “интиҳорӣ” истифода мекунанд. Саид Кушофар, рӯзноманигори эронӣ айни ин ҳадафи Толибонро возеҳтар баён мекунад. Ӯ менависад, ки Толибон ҳазорон мадраса доир карда, кӯдаконро ба сабки мавриди назари худ таълим медиҳанд ва қарор аст дар оянда ва пас аз солҳо шустушӯйи мағзӣ дар мадорис чӣ кор кунанд? Ва дар посух худ ошкоро мегӯяд, ки “ҳаддаққал исломгаройи тундрав мешаванд ва ҳаддаксар омили интиҳорӣ”. Ӯ фаротар аз ин ҳамкории Эрон бо Толибонро зери суол бурда, суол мегузорад, ки “ба назари шумо, кадом ба нафъи Эрон аст, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунад?”

Мадрасасозии гурӯҳи Толибон, ки қаблан бештар дар қисматҳои ҷануби Афғонистон густариш дошт, ҳоло дар қисматҳои шимоли Афғонистон низ густариш ёфтааст. Коршиносон бар ин боваранд, ки “мадрасаҳои ҷиҳодӣ”-и Толибон ба ҳадафи омада кардани насли мағшӯйишуда ва интиҳорӣ барои ҳадафҳои дарозмуддати ин гурӯҳ дар хориҷ аз Афғонистон аст. Гузориши расонаҳо ҳокӣ бар он аст, ки роҳбари Толибон шахсан ҳидояти тақвият ва густариши “мадрасаҳои ҷиҳодӣ”-ро содир кардааст.


Агарчи Толибон ҳоло рӯйкарди нармиш бо ҳамсояҳоро пеш гирифта, таъкид мекунанд, ки иқдоми ҷанг дар берун аз хоки Афғонистонро надоранд, вале фалсафаи вуҷудии онҳо ин изҳори назарҳоро рад мекунад. Толибон рӯйкарди таҳоҷумӣ ва густариши Иморати Исломӣ дар хориҷ аз Афғонистонро дар зеҳн мепарваранд. Дар давраи аввали ҳукумати Толибон ин масъала бештар барҷаста шуда буд.

Ваҳид Мужда, як тан аз сӯхангӯёни он замони ин гурӯҳ, ки баъдан қатъи робита бо ин гурӯҳ кард, дар китобаш возеҳан менависад, ки ҳадафи идеулужии гурӯҳи мазкур густариши марзҳои Иморати Исломӣ ба хориҷ аз Афғонистон аст. Бинобар ин далелҳо коршиносон ба моҳиятии истихборотӣ доштани Толибон ишора карда, ин масъаларо таҳдиди ҷиддӣ бар амнияти минтақа ва ҷаҳон медонанд.

Иддае аз эрониён бо зикри собиқаи интиҳорипарварии гурӯҳи Толибон аз мақомоти расмии Эрон шадидан интиқод кардаанд ва хоҳони бозбинӣ дар равобити хориҷии ин кишвар бо гурӯҳи мазкур низ шудаанд. Вале ангушти ишораи мақомоти расмии Эрон сӯйи Исроил ва Амрико аст. Рӯзномаи наздик ба мақомоти амниятӣ ва низомии Эрон “Кайҳон” дар сармақолае менависад: “Ин ки интиқом набояд ҳаяҷонӣ бошад, дуруст аст. Ин ки бояд ба мавқеъ ва дар ҷойи муносиб посух дода шавад ҳам дуруст аст. Аммо гоҳе бояд канори ин “интиқом” қайди “фаврӣ”-ро ҳам гузошт, то аҳроми боздорандагӣ, ба дурустӣ ва комил амал кунад. Ҳама медонем, ончи мо байни ин 10 рӯз дар Сурия ва Зоҳия ва Кирмон иттифоқ уфтода, “вокунише” буда дар баробари “куниш”-и муқовимат дар Ғазза ва дарвоқеъ ин Исроил аст, ки бо ин ҳама террорҳо ба дунболи интиқом аст”.


Яке аз коршиносони масоили сиёсии Афғонистон Малик Ситез низ бо танз бо бозии истихборотии кишварҳо ишора карда, дар робита ба ин ҳодиса мегӯяд, ки “калонтарин шӯхии қарни 21-и ДИИШ аст. Ин мисли тӯби тенис мемонад, ки бозигарони бонуфуз бар он нақш бозӣ мекунанд. Ин бозии печида ҳеч пирӯзӣ ва нокомӣ надорад, аммо барои эҷоди ваҳшат дар ҳамаҷо қобили истифода аст. Гурӯҳҳои истихборотӣ барои расидан ба аҳдофи печидаи худ чӣ чизҳое, ки ба бор намеоваранд”.

Ин ҳамлаи хунин пас аз ҳамлаи Шоҳчароғи Эрон дувумин ҳамлаи хунбори ҳаросафкан аст. Сарони кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бо ҳаросафкан хитоб кардани ин ҳодиса, онро маҳкум карданд.

*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед