Ru  | Tj
Аз сардӣ ба гармӣ. Душанбе ва Тошканд дар масири ҳамгироӣ ҳастанд?
Аз сардӣ ба гармӣ. Душанбе ва Тошканд дар масири ҳамгироӣ ҳастанд?
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз сардӣ ба гармӣ. Душанбе ва Тошканд дар масири ҳамгироӣ ҳастанд?

Нашр шуд

Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон бо ишора ба нуқтаи авҷи таҳаққуқи сиёсати ҳамсоягӣ, зарфият ва тавонмандиҳои ду кишвар сол аз сол хоҳони густариши беш аз пеши равобити Душанбе-Тошканд ҳастанд.

Ҳоло сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон гоми муҳим дар густариши равобити байни ду ҳамсоякишвар арзёбӣ шуда, он ҳамоишу тарҳҳое, ки барномарезӣ шудааст, бистари арзишмандеро дар ҷанбаҳои гуногун фароҳам мекунад, то ҳамкориҳо боз ҳам тақвият ёбад.

Яъне дар ҳоли ҳозир бар хилофи даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов, ки ба далели рӯйкардҳои хосси шахсиаш ва дидгоҳҳои инзивоъгароёна фурсати чандоне барои ҳамкорӣ эҷод нашуд, бо оғози даврони раёсатҷумҳурии Мирзиёев шоҳиди таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳавзаҳои гуногун аз сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ то иқтисодӣ дар ин кишвар будем. Ҳузури ҷаноби Мирзиёев дар раъси қудрат ба унвони раҳбари таҳаввулхоҳ ва амалгаро шароити ҷадидеро дар равобит бо ҳамсоягон ба вуҷуд овард ва дар ҳавзаи иқтисодӣ амиқтарин ислоҳот ба иҷро даромадааст.

Муносиботи Тоҷикистону Узбекистонро пажуҳишгарон ба ду давраи замони мушаххас, яъне вазъи сарду тираи амниятӣ (1991 то 2016) ва давраи рӯ ба беҳбудии ғайри амниятӣ (сентябри 2016 то кунун) мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд. Марҳалаи аввал даврони тақрибан тӯлонии раҳбарии Каримов дар Узбекистонро дар бар мегирад, ки дар раванди муносибот бо Тоҷикистон бисёре аз мавзуъоти иҷтимоъӣ (қавмиятӣ, забонӣ, фарҳангӣ) ва иқтисодӣ (манобеъи обӣ ва зистмуҳитӣ) аз вазъияти табиъӣ ва одии худ хориҷ шуда, ҷанбаи сиёсиву амниятӣ гирифт. Аммо дар марҳалаи дувум бо тағйири нухбагон ва бозигарони нав - Мирзиёев дар раъси қудрати сиёсӣ қарор гирифту дар робита бо Тоҷикистон ҳам тағйиру таҳаввулоти чашмрасе сурат гирифт, ки пайомади муҳимми он тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, барои об шудани яхҳо дар равобити ду кишвар иродаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷиистон ва ҳамтои узбеки ӯ Шавкат Мирзиёев кор дод, то бидуни мушорикати қудратҳои берунӣ гиреҳҳоро дар ҳавзаҳои гуногун бозкушоӣ кунанд. Дидори таърихии Мирзиёев аз Душанбе дар 9-10 марти соли 2018 ва ҷаноби Раҳмон ба Тошканд дар 17-18 августи соли 2018 ба равобити ду кишвар, ки раванди рукуду сардеро тай карда буд, такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар солҳои ахир бо дидорҳои пайвастаи руасоиҷумҳур ванигоҳи вежаи ҷонибҳо ба ин равобит раванди рӯ ба рушд ба худ гирифтааст.

Ба гуфтаи Талабшоҳи Салом, таҳлилгари умури минтақа, ҷаноби Мирзиёев дар муқоиса бо сиёсатҳои Каримов дар арсаи сиёсати хориҷии кишвараш рӯйкарди танишзудоӣ ва таомул бо ҳамсоягон ва эҷоди мувозина бо қудратҳои минтақаӣ ва қудратҳои байнулмилалиро дар дастури кор қарор дод, ки натиҷаи он тағйироти мусбат ва сиёсати дарҳои бозаш ин кишварро ба як шарики собит бо бисёре аз кишварҳо табдил кардааст.


“Агар дар замони Ислом Каримов Узбекистон мехост бо роҳи қулдурӣ ва зӯрманишӣ аз худ як қудрат тарошад ва болои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ чун кишвари пурҷамъият бартарӣ дошта бошад, бо омадани Шавкат Мирзиёев ин масиру токтик тағйир кард. Яъне агар Каримов аз роҳи сиёсӣ амал мекард, Мирзиёев талош мекунад, ки аз роҳи иқтисодӣ амал карда, нуфузи иқтисодии Узбекистонро дар минтақа то ба Афғонистон бештар кунад. Аз ин манзар, агар мо бингарем ҳар равобите, ки эҷод мешавад ва ҳар кишвар ба ҳар тарзе мехоҳад, сараввал манофеъи худашро ба назар мегирад. Ва ҳар сармоягузорие, ки Узбекистон болои тарҳҳои гуногун дар Тоҷикистон анҷом медиҳад, шуруъ аз сохти неругоҳҳои барқобӣ ва ё дигар бахшҳо бо таваҷҷуҳ ба манофеъи иқтисодии худаш сурат мегирад. Тоҷикистон ҳам муваззаф аст, дар чаҳорчӯби ин гуна ҳамкориҳо тасмимотеро гирад, ки вобаста ба манофеъи миллии худ бошад”, - афзуд коршинос Талабшоҳ Салом.

Ҷасур Раҳматов, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи мутолеъоти роҳбурдӣ ва байниминтақаии вобастаи раисҷумҳури Узбекистон дар матлабаш ба вебгоҳи “Yuz.uz” навиштааст, ки аз соли 2016 сарони ду кишвар 32 маротиба бо ҳам мулоқот кардаанд.


“Марҳилаи муҳими тасмими раҳбарони ду кишвар дар бораи боло бурдани сатҳи шарикии Узбекистону Тоҷикистон ба сатҳи роҳбурдӣ (17 августи соли 2018), баъдан ба равобити иттифоқӣ (2 июни соли 2022) буд. Аслан кишвардорҳо ба давраи нави ҳамкориҳо замина гузоштанд, ки талошҳо, имконот ва зарфиятҳорото то ҳадди имкон муттаҳид карда, тамоми монеъаҳои мавҷударо бартараф кунанд... Динамикаи мусбати ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон омили муҳими ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини суботу амнияти минтақаӣ мегардад. Тошканд ва Душанбе бо натиҷаҳои ба даст овардашуда саргарм нестанд. Бешубҳа ин мулоқоти сатҳи олӣ дар Тоҷикистон барои таҳкими тамоюлҳои мусбат, муайян кардани самтҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин фароҳам овардани имконоти нав барои таъмини рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ шудааст...”, - гуфтааст ин коршиноси узбек.

ҲАДАФГУЗОРӢ БАРОИ ТАҲАҚҚУҚИ ТИҶОРАТИ ЯК МИЛЯРДДОЛАРӢ

Гуфта мешавад, Узбекистон аз назари мавқеэияти ҷуғрофиёӣ ва гетосиёсӣ аз мавқеъияти бисёр ҳассос ва вижае дар қалби Осиёи Марказӣ бархӯрдор аст ва бо ҳар чаҳор кишвари ин минтақа, яъне Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дорои марзи муштарак аст, ки зарфиятҳои иқтисодии зиёде доранд, ки метавонанд ба рушди сатҳи равобити худ кумак карда, шукуфоии иқтисодро такмил диҳанд.

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ, давоми ҳафт соли охир муомилоти молии мутақобила аз 197 милён долар то 757 милён долар дар соли 2023 афзоиш ёфтааст. Дар ин муддат содироти Тоҷикистон ба Узбекистон 3,5 баробар ва содироти Узбекистон 4 баробар афзоиш ёфтааст. Имрӯз Узбекистон дар қатори 5 шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор дорад, ки дар навбати худ дар гардиши савдои хориҷии Узбекистон ҷойи 10-умро касб мекунад. Ва ҷонибҳо талош доранд бо назардошти захираву имконоти мавҷуда ва низоми тиҷорати озод миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳаҷми савдои хориҷиро ба як милярд долар расонанд, зеро тамоми асосҳо вуҷуд доранд, то шарикии роҳбурдӣ ва иттифоқӣ, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ояндаи наздик ба афзоиши гардиши мол ва рушди ҳамкориҳои саноатӣ амиқтар гардад.


Ба гуфтаи вазири кишоварзии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов, алҳол соҳибкорони Тоҷикистон барои пешбурди тиҷораташон дар Узбекистон таваҷҷуҳи фаъол доранд. То 1-уми марти соли равон дар ин кишвари ҳамсоя 303 корхона бо иштироки Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият доранд, ки 198 корхона пурра ба сармоягузорони тоҷик тааллуқ дорад. Дар навбати худ дар Тоҷикистон беш аз 70 корхона бо ширкати сармояи Узбекистон фаъолият мекунанд, ки ин ҳам бар манфиати мутақобилаи равобити сармоягузории дуҷониба таъкид мешавад. Ва ё ҳаҷми муомилоти мутақобилаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ миёни ду кишвар дар соли 2023 ба 60,6 милён долар расид. Яъне содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон ба 55,8 милён долар ва воридот аз Тоҷикистон ба Узбекистон ба 4,8 милён долар расидааст.

Ҳарчанд раванди мубодилоти тиҷорат ва дидорҳои сиёсии ду кишвар дар тӯли чанд соли ахир нишона аз як ҷаҳиш дорад. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки тафовут дар созукорӣ пиёдасозӣ ва фазои сармоягузориҳо вуҷуд дошта, ҳанӯз кор беҳбудиро талаб мекунад, то дар баробари тақозои мардум пешравиҳо ба нафъи ҷонибҳо анҷом ёбад.

Ба андешаи коршинос Талабшоҳи Салом, гардиши молу коло миёни ду кишвар яке аз шохисҳои муҳими равобит дониста мешавад. Дар кишвари Узбекистон фурсатҳо ва тавонмандиҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ҳанӯз шиносоӣ нашудааст ва вазифаи тоҷикистониён ин аст, ки ниёзҳои тарафайнро шиносоӣ карда, ба ҳамдигар муттасил аз манофеъи мутақобила баҳраманд шаванд. Вақте тоҷикон колои мавриди ниёзи Узбекистонро тавлид карданд, онҳо на аз Русия ва ё Чин балки ҳатман аз Тоҷикистон мегиранд. Вале ин ки сармоя аз Тоҷикистон меравад, як раванди одӣ шудааст, ки муттаассифона ҳеҷ кас таваҷҷуҳ намекунад. Чун барои соҳибкор шароити беҳтар ва фоида дар мадди аввал аст. Масалан иттилоъе расид, ки чанд соле қабл як соҳибкори тоҷик дар Озорбойҷон ба кишоварзӣ машғул шуд ва дар як рӯз сад ҳектор заминро иҷора гирифта, бо масрафи сад долар ҳамон рӯз ҳуҷҷат кардааст.

Дар чунин шароит ҳар касе ё тоҷире мехоҳад кори кишоварзӣ кунад. Манзур ин аст, ки вақте соҳибкорон мераванд дар Узбекистон сармоягузорӣ мекунанд, пас маълум мешавад, ки дар баробари сабукиҳо шароит хубу беҳтар аст.

Воқеъан тадбирҳое, ки дар чаҳорчӯби рушди ҳамкориҳои кишоварзии Тоҷикистону Узбекистон амалӣ мешаванд, аҳамияти хоса дорад. Зеро барои баланд бардоштани некуаҳволии мардуми ду кишвар ҳавасмандгардонии таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди кишварҳо нақши муҳим дошта, омили муҳими фароҳам овардани фазои сулҳу субот ва амният дар минтақа аст. Ва ин сафари Мирзиёев метавонад умедвориву фазои тозаеро барои тавсеъаи ҳамкориҳо эҷод карда, ба рушди муносибатҳои ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Муҳимтар аз ҳама ҳамсояҳои наздик омодаанд, ки дар минтақа дар бораи зарурати пайдо кардани вокуниши муштарак ба чолишу таҳдидҳои нав дар ҳар шароит сарфи назар ба мавзеъгириҳои мутафовити ҳамдигар дар қиболи ҳамсояи ҷанубӣ ташаккули фаҳмишҳои муштаракро идома медиҳанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед