Ru  | Tj
Арбобони наркобарон: Оё Толибон аз бузургтарин манбаи даромади худ даст мекашанд?
Арбобони наркобарон: Оё Толибон аз бузургтарин манбаи даромади худ даст мекашанд?
Аксҳо: Аз Интернет

Арбобони наркобарон: Оё Толибон аз бузургтарин манбаи даромади худ даст мекашанд?

Нашр шуд

Раҳбари гурӯҳи террористии Толибон пас аз ҳашт моҳи ҳукумат дар Афғонистон кишт ва тиҷорати  ҳама намуди маводи мухаддирро мамнӯъ эълон кард

Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода, раҳбари гурӯҳи террористии Толибон бо судури амре дар тамоми Афғонистон кишту парвариш ва тиҷорати маводи мухаддирро манъ карда, аз тарафдоронаш хостааст, ки ин амрро иҷро кунанд.

Ин амр ё фармони роҳбари Толибон на фақат мардуми Афғонистон, балки бештари созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳонро тааҷҷубзада кардааст. Зеро барои ҳамагон рӯшан буд, ки яке аз манобеи асосии таъминоти молиявии ин гурӯҳи террористӣ кишт ва тиҷорати маводи мухаддир буд. Ба истилоҳи дигар, бузургтарин манбаи даромади раҳбарони Толибон аз суди тиҷорати маводи мухаддир ба даст меомад.

Бисёре аз коршиносон бар ин боваранд, ки иҷро шудани ин амри раҳбари Толибон ғайривоқеӣ ба назар мерасад, зеро маводи мухаддир мисли хуни рагҳои бадан барои “зинда” мондани ин гурӯҳ ҳаётӣ аст ва ин гурӯҳи террористӣ наметавонад ба ин содагӣ аз ин тиҷорат даст бикашад. Таҳлилгарон пурсишҳои зиёдеро дар ин маврид матраҳ карданд. Аз ҷумла, онҳо яке аз далелҳои расонаӣ шудани манъи кишт ва тиҷорати маводи мухаддир аз сӯйи Толибонро ба он вобаста медонанд, ки ин гурӯҳ бо ин равиш ва усулҳо мехоҳад диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кунад ва заминаи ба расмиятшиносии ин гурӯҳ фароҳам шавад.

Пурсиши асосиро дар ин бобат коршиноси масоили сиёсии Афғонистон Башир Аҳмад Ансорӣ ба миён мегузорад. Ӯ бо матраҳ кардани се пурсиш аз  Толибон суол мекунад:

1. Толибон ҳамин ки пойтахти кишварро ишғол намуданд, фармони манъи ҳамаи ончиро ҳаром мепиндоштанд, дар ҳамон замон содир намуданд. Пурсише, ки матраҳ мешавад, фармони манъи кишти маводи мухаддир чаро ҳашт моҳ баъд содир гардид?

2. Дар ҳоле, ки бақияи фармонҳои Толибон бо истинод ба “суннат” ва “аҳкоми фиқҳӣ” содир гардидааст, вале чаро дар фармони манъи кишти кукнор ҳеҷ ишорае ба “ҳурмати” ин гиёҳи касиф ва заҳролуд нашудааст?

3. Пурсиши ахир ин ки фармони манъи кишти кукнор ба хотири  татбиқи ҳуқми Худо содир гардида ё ба ҳадафи боло бурдани қиммати тарёк дар бозорҳои байналмилалӣ ва ё ҳам ба хотири хушии он идда “куффор”, ки иддаои пирӯзӣ дар баробарашонро доштаанд?”

Пас аз судури фармони раҳбари гурӯҳи террористии Толибон хеле аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон ба ин фармон бо дидаи шак ва тардид нигариста, амалӣ шудани он аз сӯйи Толибонро зери суол бурданд.

Дар гузашта, яъне дар солҳои 2000-ум, ки Толибон беш аз 90 дарсад хоки Афғонистонро дар ихтиёр доштанд, дар ин кишвар кишт ва тиҷорати маводи мухаддирро расмият бахшиданд. Дар он замонҳо манбаи асосии даромади ин гурӯҳи террористӣ аз ҳисоби парвариш ва фурӯши маводи мухаддир ба даст меомад. Бо ин далел, бисёре аз коршиносон судури фармони раҳбари Толибонро як амалӣ намоишӣ барои итминонбахшии ҷомеаи байналмилалӣ медонанду як фиребкории ҷадиди толибонӣ қаламдод менамоянд.

Аллакай пас аз расонаӣ шудани фармони раҳбари Толибон бархе аз созмонҳои ғарбӣ аз ин иқдом истиқбол намудаанд ва гуфтаанд, вақте ин фармонро ҷиддӣ қабул мекунанд, ки иқдомҳои амалӣ дар ин самт аз сӯйи Толибон анҷом дода шавад. Ба назари коршиносон назорати татбиқи ин фармон дар амал хеле душвор аст. Далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон масоҳати кишти маводи мухаддир дар Афғонистон ҳазорҳо гектар афзудааст. Агар дар замони ҳукумати қаблӣ дар қисматҳои ҷанубу шарқи Афғонистон маҳдудиятҳое дар кишти он вуҷуд дошт, ҳоло бошад бидуни маҳдудият парвариши он сурат мегирад. Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон Раҳматуллоҳ Азиз дар  робита ба ин мавзӯъ ба хабаргузории “Индепенденти форсӣ” гуфтааст: “Имсол бар хилофи солҳои гузашта дар масоҳатҳои бештаре тарёк (кукнор) кошта шуд ва аз як моҳ пеш ба ин сӯ марҳилаи бардошти ҳосил оғоз шудааст”.

Раҳматулло Набил, раиси Амнияти миллии ҳукумати собиқи Афғонистон дар вокуниш ба ин фармони гурӯҳи Толибон навиштааст, ки бешак омилони асосии кишту парвариши маводи мухаддир дар Афғонистон худи Толибон ҳастанд: “Бидуни шак, омилони кишт ва қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон раҳбарони Толибон ҳастанд. Фармони мамнӯъияти кишт ва қочоқи маводи мухаддир қимати анборшудаи ин маводро ду баробар месозад. Аз як сӯ Толибон давлатҳои ҷаҳонро бо ин иқдом розӣ нигаҳ медоранд ва аз сӯйи дигар аз афзоиши қимат суди зиёде ба даст меоваранд”.

Гузориши расонаҳои Афғонистон баёнгари он аст, ки пас аз фармони раҳбари Толибон нархи маводи мухаддир дар бозорҳои Афғонистон дар ҳоли афзоиш аст. Масалан, тибқи маълумоти пешниҳодшуда аз расонаҳо агар қабл аз ин фармон 4,5 кг тарёк дар бозори Ҳилманд 430 доллар харидуфурӯш мешуд, баъди ин фармон 4,5 кг маводи мухаддир 2629 доллар харидуфурӯш мешавад. Яъне, ҳамон пешбинии Раҳматулло Набил аст, ки ин гурӯҳи террористӣ бо ин роҳ суди бештаре аз тиҷорати он ба даст хоҳанд овард.

Ин фармони Мулло Ҳибатуллоҳ дар ҳолест, ки дар солҳои 2000-ум низ раҳбари собиқи ин гурӯҳ Мулло Умар фармони мушобеҳеро барои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ содир кард. Фармони содиршуда аз ҷониби Мулло Умар дар он замон аз сӯйи мардуми ҷанубу шарқи Афғонистон дуруст қабул нашуд ва онҳо ин фармонро иҷро накарданд. Зеро дар ин манотиқ зиндагии мардум асосан аз ҳисоби кишт ва тиҷорати маводи мухаддир пеш меравад. Ин манбаи пурдаромад на фақат мардуми ҷанубу шарқи Афғонистонро асири худ кардааст, балки раҳбарони Толибон низ дар ин манотиқ кишти маводи мухаддирро гоҳо маҷбурӣ намуданд ва даромад аз ин тиҷорати маргро барои таъмини хароҷоти ҷангашон истифода мекарданд.

Тибқи гузориши созмони СИГАР (SIGAR)-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 60 дарсади буҷети ҷангии Толибон дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир ба даст меомад. Бар асоси ин гузориш дар солҳои 2018-2019 Толибон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир беш аз 400 миллион доллар ба даст оварда буданд. Ин далелҳо ва фактҳо собит месозанд, ки кишт ва тиҷорати маводи мухаддир яке аз манобеи пурдаромади ин гурӯҳи террористӣ аст ва гумон аст, ки ин гурӯҳ ба зудӣ аз ин тиҷорат даст намекашад.

Бо ин далелҳо, бисёре аз коршиносон ин фармони раҳбари Толибонро фармони намоишӣ унвон карда, мегӯянд ин гурӯҳи террористӣ ба ин содагӣ аз баҳри ин манбаи муфиди даромад даст намекашад. Ҳадаф аз судури ин фармон ҷалби таваҷҷуҳи бархе кишварҳо, ки ҳадафи аслияшон мубориза бо маводи мухаддир ва нобуд кардани ин маводи марговар аст.


Сафар Ҳақдод: “Дар Тоҷикистон саноати филмсозӣ вуҷуд надорад”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед