Ru  | Tj
Аз 5 генерали нав то ҷалби соҳибкорону СААД ва аҳолӣ: Афзоиши таваҷҷуҳ ба марз дар Тоҷикистон
Аз 5 генерали нав то ҷалби соҳибкорону СААД ва аҳолӣ: Афзоиши таваҷҷуҳ ба марз дар Тоҷикистон
Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Аз 5 генерали нав то ҷалби соҳибкорону СААД ва аҳолӣ: Афзоиши таваҷҷуҳ ба марз дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар пасманзари шиддати авзои амниятии минтақа, таваҷҷуҳ ба ҳифзи марз дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, дар баробари ниҳодҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва аҳолӣ низ ба ин арса мароқ зоҳир мекунанд.  

Мақомоти Тоҷикистон дар баробари ҷалби шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва дигар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, аз зарфияҳои дохилӣ низ ба таври густурда истифода мебаранд.

Аз ҷумла тарбияи кадрҳо ва ҳавасмандсозию қадрдонии масъулини марзбонӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат қарор гирифтааст.

Панҷ генерали нав дар марзбонӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари таъкидот ба зарурати таҳкими ҳифзи марзу тарбияи кадрҳо, бо имзои фармони нав якбора ба 5 фармондеҳи воҳидҳои марзбонии ҷумҳурӣ рутбаи генералӣ дода, онҳоро ба зиракию хизмати содиқона даъват намуд.

Бар асоси фармони ҷадиди раисҷумҳур, ки дастраси “Halva.tj” шуд, сохторҳои калидии марзбониро акнун генералҳо роҳбарӣ мекунанд.

Дар феҳрасти генералҳои тозарутба, аз ҷумла Хушвахт Кишваршо Султон - сардори раёсати иттилоотию таҳлилӣ, Насриддинов Ҷаҳонгир Саидович - сардори раёсати корбарии таҷҳизоти махсус, Сабзаев Бахтиёр Маҳмадраҷабович - сардори раёсати иктишофӣ ё худ разведкаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошанд.  


Мирзозода Абдувоҳид Давлат, ноиби сардори Ситоди асосӣ - сардори Раёсати ҳифзи сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, низ генерал шуд.

Раисҷумҳур ҳамчунин ба фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Мирзоев Саидшоҳ Давлатшоевич низ рутбаи генералӣ дод, ки қисмати тӯлонии марз бо Афғонистон маҳз ба ин вилоят рост омада, минтақаи аз нигоҳи ҷуғрофӣ мураккаб ба шумор меравад.  

Бо таъкиди зарурати тарбияи кадрҳо, фармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ахиран дар мулоқот бо намояндагони марзбонӣ дастур дод, ки дар заминаи Донишкадаи олии сарҳадӣ курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил карда шаванд.

Бо дарназардошти пешрафти техникаву технологияҳо, ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисосе, ки қобилияти истифодаву идора кардани таҷҳизоту воситаҳои навтарини сарҳадбониро дошта бошанд, бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад, таъкид кард ӯ.

Тибқи иттилои расмӣ, тайи сӣ сол, дар маҷмуъ, беш аз 3500 нафар ҷавонон донишкадаҳои олии сарҳадиро дар дохил ва хориҷи кишвар хатм намуда, ҳоло дар нерӯҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд. Тайи ин муддат ҳудуди 500 нафар бо мукофотҳои давлатию рубтаҳои олии ҳарбӣ қадрдонӣ шудаанд. Русия шарики аслии Тоҷикистон дар омода намудани кадрҳои низомӣ, аз ҷумла барои нерӯҳои марзбонӣ дониста мешавад.

Соҳибкорон дар ҳимояи марз: Тиҷорат бе амният намешавад

Тайи солҳои охир ба ҳифзи марз бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорон майл кардаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар давоми 30 соли фаъолияти қӯшунҳои миллии сарҳадӣ беш аз 500 иншооти сарҳадӣ сохта шудаанд, ки бисёре аз онҳо ба солҳои охир, дар пасманзари фаъолшавии гуруҳҳои тундгаро дар Афғонистон рост меояд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран зимни суҳбат дар мавриди марзбонӣ аз соҳибкорон тавсиф намуд, ки барои бунёди иншооти марзӣ иқдом кардаанд. Танҳо суҳбат дар бораи заруратро шуниданду худашон ташаббус нишон доданд, касе аз онҳо талаб накардаст, таъкид намуда буд Эмомалӣ Раҳмон ба ватандӯстии намояндагони бахши хусусӣ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар умум тайи тақрибан ду соли охир, аз ҷумла бо дастгирии шаҳрвандону соҳибкорон 120 дидбонгоҳи нав бунёд ва даҳҳои дигар тармиму таъмир шудаанд.


Аз ҷумла танҳо соли 2023-юм 75 иншооти сарҳадӣ бо шароити беҳтарини зиндагиву хизмат бунёд ва ба истифода дода шуданд, иттилоъ доданд мақомоти Тоҷикистон.

Дар доираҳои соҳибкорӣ бо вуҷуди эътирофи саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти амниятӣ, мусоҳибон нахостанд, зиёд дар ин маврид суҳбат кунанд. Танҳо таъкид намуданд, ки ин амри зарурӣ ва сармоягузорӣ ба ояндаи худи соҳибкорон низ мебошад, чун тиҷорату иқтисод рушд намекунад, агар амният таъмин набошад.

Аксари мол ҳоло аз тариқи шоҳроҳҳо дар наздикии марз мегузарад, аз ҷумла тариқи роҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма ва агар марз мустаҳкам набошад, моли тоҷирон низ дар амон нахоҳад буд, изҳор медоранд намояндагони бахши хусусӣ.

Ҳар сокини наздимарзӣ низ сарҳадбон аст

Дар Тоҷикистон аҳамияти ҷалби сокинони наздимарзиро низ ба масоили ҳифзи сарҳад муҳим мешуморанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, ки қисмати асосии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ин вилояти куҳсор рост меояд, аҳамияти ҷалби ҷомеа ба масоили амнияти марзро таъйид карданд.

Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси вилоят, генерал Алишер Мирзонабот низ ба масъулин барои ҷалби бештари намояндагони ҷомеа ба масоили марзу мудофиа дастур дода буд.

На танҳо дар рӯзҳои “дарҳои кушод”, балки чорабиниҳои гуногуни маърифатиро бояд ба роҳ монд, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ аз қавли Мирзонабот.

Бигузор наврасон ва ҷавонон аз ҳозир ба умқи моҳияти рисолати ҳифзу ҳимояи Ватан бирасанд, муҳим хондаст раиси ВМКБ.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон наздики 1400 километр марз бо Афғонистон дорад ва фаъолшавии нерӯҳои тундгаро дар қаламрави кишвари ҳамсоя нигарониҳое ба вуҷуд овардааст.

СААД дар канор нест

Бо назардошти он, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои бархоста аз марзҳои ҷанубӣ аст, на танҳо худ, балки шариконаш, аз ҷумла кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро низ аз хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва терроризм ҳимоят мекунад.

Бо дарки ин воқеият шарикони Тоҷикистон низ дар баробари хатарҳои бархоста дар канор намонда, барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро рӯи даст гирифтаанд.

Дар ин самт дабирони шӯроҳои амният ахиран дар Қазоқистон лоиҳаи Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ карда, ба дабири кулли созмон тавсия доданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида онро барои баррасӣ ба Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД пешниҳод намояд.

Интизор меравад, ки бо қабули ин барномаи махсус шарикони Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон саҳми бештаре хоҳанд гузошт.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед