Ru  | Tj
Аз 80 то 100 сомонӣ. Чаро нархи писта поин намеравад?
Аз 80 то 100 сомонӣ. Чаро нархи писта поин намеравад?
Акс: east-fruit.com

Аз 80 то 100 сомонӣ. Чаро нархи писта поин намеравад?

Нашр шуд

Писта дар бозорҳои Тоҷикистон аз 80 то 100 сомонӣ боло нарх дорад. Бо вуҷуди каму зиёд шудани ҳосил арзиши он поён намеравад. Имсол дар ҷануби Тоҷикистон дарахтони писта чандон ҳосил набастанд. Мақомот мегӯяд, ки нақшаи пешбинишуда ҳам иҷро нашуд.

Идимоҳ Худоибердиева, соҳибкор аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ду сол мешавад, ки ба коркарди писта машғул аст. Мегӯяд, соли гузашта 15 тон писта коркард кард ва даромади хуб ба даст овард.

«Мо аз мардум писта харида, коркард мекунем ва дар бозорҳо мефурӯшем. Имсол ҳосил дар пистазорҳо нашуд. Мавсими ҷамъоварии писта ҳам ба охир расида истодааст. Мо то кунун беш аз 1.5 тон писта коркард кардем»,- гуфт Идимоҳ Худоибердиева.

Дар ҳамин ҳол Қувваталӣ Назиров, як масъули Идораи ҷангалдории вилояти Хатлон мегӯяд, ҳавои чанголуде, ки моҳи майи имсол аз кишвари Афғонистон омад, ба пистазорҳои Тоҷикистон зиёни фаровон расонид.

«Моҳи май вақти бастани ҳосили писта аст. Мо масъулини соҳа аз вазъи пистазорҳо боздид карда будем, ҳосил хуб буд. Вале хокборише, ки аз Афғонистон омад, ҳосили дарахтонро барбод дод. Агар ҳамон вақт борон мебориду дарахтон тоза мешуданд, ҳосил талаф намеёфт», - мегӯяд Қувваталӣ Назиров.

Бояд гуфт, ки ҳамасола барномаи ҳосили писта дар шаҳру ноҳияҳои кишварро мутахассисони Ожонси ҷангалдории ҳукумати Тоҷикистон мушаххас мекунанд. Имсол барномаи парвариши писта дар идораҳои ҷангалдории марбут ба мақомоти вилояти Хатлон 2.5 тон пешбинӣ шуда буд, ки ба торихи 31-уми августи соли равон 840 кило ҷамъоварӣ шудааст. Ин нишондод ба 34%-и барнома рост меояд.

Ба гуфтаи Қувваталӣ Назиров, ҷамъоварии ҳосили писта аз 10-уми июн оғоз гардида, то анҷоми моҳи сентябр идома мекунад. Ҷамъоварии писта дар минтақаҳое, ки иқлимаш хунуктар аст, дертар оғоз мешавад. Ҳоло дар минтақаҳои Данғара ва Кӯлоб ҷамъоварии писта идома дорад. Вале дар он минтақаҳо низ дарахтон чандон ҳосили хуб надоранд.

«Соли гузашта ҳосил хуб буд, барномаи он 47,9 тон буд, ки пурра иҷро шуд. Ҳосил ки зиёд шуд, нарх дар бозорҳо коҳиш меёбад. Имсол ҳосил кам аст, то ҷое медонам, нарх дар бозор гарон аст», - гуфт Қ. Назиров.

Ба гуфтаи масъулини Муассисаи давлатии идораи ҷангалдории Хатлон, дар ин вилоят майдони умумии пистазорҳо 77 ҳазору 350 ҳектор мебошад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед