Ru  | Tj
Аз Ҷелондеҳу Ҷавшангоз то Қалъаи Хумб: тағийри ҷойномҳо дар ВМКБ
Аз Ҷелондеҳу Ҷавшангоз то Қалъаи Хумб: тағийри ҷойномҳо дар ВМКБ
Акс: аз манбаъҳои боз

Аз Ҷелондеҳу Ҷавшангоз то Қалъаи Хумб: тағийри ҷойномҳо дар ВМКБ

Нашр шуд

Ҳукумати Тоҷикистон аз тағйири бархе ҷойномҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин бархе маҳаллаҳоро ба сифати деҳаҳои нав  пазируфт.

Ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ҷойномҳои ҷадид дар навоҳии Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъа пешниҳод гардидаанд, ки интизор меравад, дар рӯзҳои наздик баррасию қабул гарданд. Ташаббускори тағйирот Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошад.

Бар асоси қарори ҳукумат, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд, номи яке аз мавзеъҳои маъруфи ВМКБ ва тамоми Тоҷикистон - деҳаи Ҷелондеҳ, иваз карда мешавад. Акнун охирин деҳаи Шуғнон дар самти Мурғоб - Оби Гарм ном хоҳад дошт. Дақиқтараш баъди тасдиқ аз сӯи Маҷлиси миллӣ номи он деҳаи Оби Гарми ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон хоҳад буд.

Ин макон бо обҳои гарми шифобахшаш маъруф буда, на танҳо корафтодагону сайёҳон аз минтақаҳои Тоҷикистон, балки аз хориҷро низ ҷалб мекунад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, номи Ҷелондеҳ баргирифта аз шумори морҳост, ки дар ин макон ба далели обҳои гарм зиёданд.

Решаи Ҷелондеҳ калимаи қирғизии желон ё худ мор гуфта мешавад, ки воқеан ҳам ин намуди хазандаҳо дар деҳа зиёд дучор мешаванд. Ҳамакнун  макони истироҳатӣ бо номи Оби Гарм на танҳо дар навоҳии тобеи марказ ва шарқи Тоҷикистон, балки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ расман ҷой хоҳад дошт.

Номи Ҷелондеҳ низ тамоман гум нахоҳад шуд, чун қаблан бо қарори ҳукумат корхонаи воҳиди давлатӣ бо чунин ном таъсис ёфт.  

Дар заминаи осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон Корхонаи воҳиди давлатии "Осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобатии "Ҷелондӣ" таъсис дода шуда буд, ки дар бораи тағйири номи он пешниҳоде расонаӣ нашудааст.

Ҳукумат ин осоишгоҳро ба ихтиёри Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гузошта, муваззаф карда буд, ки масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиро ҳал намояд.

Ин ягона тағйироти ҷойномҳо дар ВМКБ нест. Аз ҷумла дар ноҳияи Шуғнон 4 деҳаи нав пайдо шуданд.

Ҳукумат пешниҳоди вакилон барои ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини Себзор, Деҳбаста, Саидхомушиён ва Кулеви деҳоти Навободро ҷонибдорӣ  кард. Баъди тасвиб дар палатаи болоии парлумон номи маҳаллаҳо расман деҳаҳои Себзор, Деҳбаста, Саидхомушиён ва Кулеви деҳоти Навобод хоҳад буд.

Пешниҳоди дигари вакилони ВМКБ ба категорияи деҳа мансуб донистан ва ба деҳаи Сомониён иваз намудани номи маҳалли аҳолинишини Дашти Паткуноби деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз буд. Ҳукумат аз он ҷонибдорӣ карду дар назар аст, Маҷлиси миллӣ низ 5 ноябр қабул намояд.  

Тағйири ҷойномҳо ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа низ сурат гирифт. Аз ҷумла деҳаи Лесхози деҳоти Барвоз ба деҳаи Лоҷвард табдили ном хоҳад кард.

Деҳаи Бутаноқурғани деҳоти Сежд ба деҳаи Ҷавшангоз ва деҳаи Қарақуруми деҳоти Сежд ба деҳаи Сиёвушгирд табдили ном мекунад.

Тағйири номҳо дар ВМКБ чун дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон солҳои охир авҷ гирифтааст. Бар асоси қонунгузории кишвар, номҳои маҳаллаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ бо қарори ҳукумат ва тасдиқи Маҷлиси миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Қуллаҳо дар Помир номҳои нав доранд

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, қаблан изҳор дошта буд, ки  номи мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳуриро бо назардошти меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта, номутобиқатиҳоро ошкор кард. Гуруҳи пажуҳишии мазкур намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърихро шомил будаст.

Ба суол, ки кадом номҳоро ғайримеъёрӣ хондаанд, қаблан раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, Олимҷон Муҳаммадҷонзода тавзеҳ дода буд, ки аз ҷумла дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шудаанд.

Муҳамммадҷонзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асли бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардида, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ солҳои охир, аз ҷумла номи бисёре аз қуллаҳо тағйир дода шуд.

Қаблан дар мисоли қуллаи Корженевская, ки номи “Озодӣ”-ро гирифт, масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот далели тағйиротро тавзеҳ доданд.  Ин қулла бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, ки 13 километр шимолтар аз қуллаи Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад.

Дар ин ки, ки яке аз қуллаҳои баландтарини Тоҷикистон ба номи Корженевская гузошта шуда буд, ҳеч далеле вуҷуд надошт, изҳор доштанд масъулини Кумитаи забону истилоҳот. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, бар асоси сафарномаҳои куҳнавардони рус, вақте ин қулларо мебинанд, аз роҳбаладашон мепурсанд, ин чӣ ном дорад? Роҳбалад мегӯяд, қуллаи беном аст. Он куҳнавард Корженевский ба Русия бармегардад ва ин қулларо ба номи ҳамсараш мемонад, изҳор дошта буданд дар Кумитаи забон.

Ин ниҳод афзуд, вақте номҳои ҷуғрофӣ тағйир меёбанд, тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ва идораи геодезӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ иттилоъ расонда мешавад, ки номҳо тағйир ёфтанд ва дар феҳрасти ҷаҳонӣ бо номҳои ҷадид ворид мегарданд.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан қуллаҳои Маяковский ва Октябрский дар ВМКБ ба номи шоирони зиндаёд, Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат гузошта шуда буданд.

Одатан ташаббускори тағйирот вакилони маҳаллӣ мебошанд, ки пешниҳодашонро ба ҳукумат ироа мекунанд.

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки ҳудуди 5 ҳазор ҷойномро ба қайд гирифтаанд, ки марҳила ба марҳила иваз карда хоҳанд шуд. Таъкид гардид, ки тағйирот бо шеваи миллӣ, бо назардошти омилҳои ҷуғрофию таърихию фарҳангӣ дар мувофиқа бо коршиносони бахшҳои мухталиф амалӣ мегардад.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед