Ru  | Tj
Аз тату то гӯшвору интернет: Тоҷикистон тарбияи кӯдакони муҳоҷиронро таҳким мебахшад
Аз  тату то гӯшвору интернет: Тоҷикистон тарбияи кӯдакони муҳоҷиронро таҳким мебахшад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Аз тату то гӯшвору интернет: Тоҷикистон тарбияи кӯдакони муҳоҷиронро таҳким мебахшад

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон бо қабули меъёрҳои нави қонунӣ назорати таълим ва тарбияи фарзандонеро, ки волидонашон дар хориҷи кишваранд, пурзӯр карданиянд.

Аз 21 июн қонуни ҷадид дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак мавриди амал қарор гирифт, ки аз ҷумла марбути фарзандони ноболиғе мебошад, ки волидонашон ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. “Halva.tj” омӯхт, ки қонуни мазкур чиро мамнуъ кардаасту чӣ ҷазоҳо пешбинӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қаблан дар оворагардию ҳуқуқвайронкуниҳои кӯдаконе, ки волидонашон дар хориҷи кишвар буданд, пайдо кардани шахси масъули тарбия мушкилзо буд, чун умдатан фарзандон бе иҷрои расмиёт дар тарбияи хешу таборҳо гузошта мешуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор сокини болиғи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванду дар бисёри ҳолатҳо фарзандон дар тарбияи наздиконашон мемонанд. 

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода дар парлумон таъйид кард, ки мушкилоте дар тарбияи фарзандони онҳое, ки ба хориҷи кишвар мераванд, ҷой доранд.

Аз масоили ҳалталаб дар ин самтро ӯ ба ҷавобгарӣ кашидани афроде хонд, ки амалан фарзандони муҳоҷирон дар тарбияи онҳо қарор доштанд, аммо ба таври расмӣ ин чиз сабт нашуда буд.

“Падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабҳо бе ягон расмиёт супорида, ба давлатҳои дигар мерафтанд. Хешу ақрабҳо масъулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбати онҳо барои иҷро накардани уҳдадорияшон чораҳои дахлдор андешида намешуд”, - гуфт вазир.

Вай муътақид аст, ки дар натиҷаи чунин бемасъулиятиҳо бархе кӯдаконе, ки волидонашон дар хориҷи кишваранд, ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонданд.

Ҳамакнун, ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар қонуни ҷадид дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар ва васӣ, инчунин шахсони воқеию ҳуқуқие, ки кӯдак воқеан дар таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд. Ҳамакнун тибқи ин муқаррарот, метавон наздиконеро, ки дар тарбияи фарзандони муҳоҷирон бемасъулиятӣ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашид.

Мақомоти Тоҷикистон бад ин васила мехоҳанд масъулиятшиносии хешу табореро, ки нигоҳубини фарзандони муҳоҷиронро ба уҳда мегиранд, бештар созанд.

Аз мошин то ҷавоҳирот: Қонун чиро мамнуъ кард?

Қонун мушаххас кардааст, волидону шахсони онҳоро ивазкунанда бояд аз шабгардию беҳудагардӣ ҷилавгирӣ кунанду намуди зоҳирӣ, ҳузур дар дарс, истифодаи интернет аз ҷониби кӯдаконро назорат намоянд.

Ба волидон ҳуқуқ дода шудааст, ки аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хадамоти алоқа маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд.


Волидону афроди онҳоро ивазкунанда муваззаф шудаанд, ки риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро нназорат карда, бидуни зарурати тиббӣ барои пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд.

Инчунин нафари масъули тарбия бояд ба кӯдак барои ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан, истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо, ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон, дар муассисаи таълимӣ роҳ надиҳад.

Дар феҳрасти аъмоли мамнуъ ҳамчунин гаштугузори кӯдаки то шашсола бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз соати 18:00 то соати 08:00 рафтан ба марказҳои бозиҳои компютерӣ, зикр шудаанд.

Қонуни марбути тарбия мушаххас кардааст, вақти шабона дар кишвар аз 1 апрел то 30 сентябр - аз соати 22:00 то соати 06:00 ва аз 1 октябр то 31 март - аз соати 20:00 то соати 06:00 дониста мешавад.

Даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷарима барои бемасъулиятӣ дар тарбия

Мақомоти Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии кишвар ҷавобгарӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи кӯдакро низ пурзӯр намудаанд, ки он ҳам аз 21 июн мавриди амал қарор гирифт.

Ҷазо барои нақзи муқррарот дар бораи таълиму тарбияи кӯдак аз 10 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ муодили 720 то 36 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми ҷарима аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мешавад, ки соли равон 72 сомонӣ мебошад. Ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола дар қонун дар бораи буҷаи давлатӣ мушаххас мегардад.


Сабуктарин ҷазо тибқи тағйироти нав аз он оғоз мешавад, ки агар кӯдак бе сабабҳои узрнок беш аз 50 соати дарсӣ дар як чоряк ба дарс ҳозир нашавад. Барои ин, волидон ё афроди онҳоро ивазкунанда, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ агар кӯдак маводи дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯроварӣ паҳн кунад, ба марказҳои дилхушӣ равад, ба биною иншоот, панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо зарар расонад, ба мактаб бо машруботи спиртӣ, нашъадор ва ашёҳои халандаю буранда ояд, волидону шахсони онҳо ивазкунандаро ҷарима ба андозаи 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо интизор аст.

Агар волидону масъулини мактаб нисбати кӯдак аз зӯроварӣ истифода кунанд, ё назорат накунанду кӯдакашон нисбат ба дигар шахсон зӯроварӣ намояд, ба андозаи аз 20 то 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримаи маъмурӣ муқаррар шудааст. Агар давоми як сол ин аъмол такрор шаванд, ҷарима бештар хоҳад буд, муқаррар намудаст Кодекси маъмурӣ.

Барои соҳибкороне, ки вуруди кӯдаконро ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок ва инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ дар вақти бо қонунгузории Тоҷикистон манъшуда, иҷозат медиҳанд, аз 180 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 250 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Агар ин кор давоми як сол баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такрор шавад, ҳаҷми ҷарима ба соҳибкорон аз 220 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 400 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо хоҳад буд.

Таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ба таълиму тарбияи кӯдакон, аз ҷумла фарзандони онҳое, ки ба хориҷи кишвар мераванд, дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои пайдо кардани қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Кишвари асосии пазирандаи муҳоҷирон Русия мебошад, ки теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар ин кишвар ҳудуди як миллион нафар арзёбӣ мешавад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед