
Баҳомонӣ дар Тоҷикистон стратегияи миллӣ мешавад: Ҳукумат гуфт, таҳсилдидаҳо бояд чӣ гуна бошанд
Нашр шуд
Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, низоми таҳсил дар кишварро тавре роҳандозӣ намояд, ки дар муҳассилин қобилияти хуби таҳлилию мантиқӣ ташаккул ёбад. Бо ин ҳадаф баҳомонӣ дар ҷумҳурӣ стратегияи миллӣ мешавад. Таҳлилгарон ин иқдомро дар шароите, ки бисёре аз ҷавонони кишвар туъмаи гуруҳҳои ифротӣ мешаванд, саривақтӣ хонда, таҳсилро роҳи аслии ҷилавгирӣ аз мағзшӯиҳо медонанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аллакай бо имзои қарори ҳукумат Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044-ро тасдиқ намуд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Halva.tj” қарор гирифт.
Дар санад таъкид шудаст, ки консепсияи миллии баҳогузорӣ дар низоми таҳсилоти кишвар барои рушди инфиродии муҳассилин ва ташаккули тафаккури таҳлилию мантиқии онҳо мусоидат мекунад.
Дар пайи қабули Консепсия, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми кишвару сохторҳои соҳа дастур додааст, ки давоми се моҳ тарҳи Стратегияи миллии арзёбии таҳсилотро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд, ки як моҳи ин муҳлат аллакай гузашт.
Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон на танҳо дониши талабаҳои макотибу донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, балки самаранокии кори муаллиму методҳои таълим низ арзёбӣ гардад.
Таъкид мешавад, ки Консепсияи миллии арзёбии таҳсилот имкониятҳои баробари баҳогузориро барои муҳассилин дар тамоми зинаҳои таҳсилот фароҳам меорад.
Пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои мушаххаси баҳогузорӣ барои гузаштан аз синф ба синф, курс ба курс, гуруҳ ба гуруҳ ва аттестатсия барои ислоҳот дар бахши маориф имконият фароҳам оварда, самаранокии соҳаро бештар месозад.
Бе маориф пешрафти Тоҷикистон ғайриимкон аст
Ҳукумати Тоҷикистон рушди маорифро яке аз самтҳои аслии фаъолияташ қарор дода, борҳо эълон кардааст, ки бе рушди маориф пешравӣ дар дигар бахшҳо ғайриимкон мебошад. Аммо ба гуфтаи роҳбарияти кишвар, камбудиҳо дар ин соҳа ҳанӯз зиёданд.
Қаблан кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар як паёмаш аз кори бархе омӯзгорон интиқод карда буд, ки “аз методҳои куҳнаи дарсдиҳӣ истифода мекунанд, конспекти аксари муаллимон куҳна аст, системаи нави иттилотиро намефаҳманд”.
“Мо худамон худамонро фиреб медиҳем, коғаз медиҳем, фақат шумора ҳасту диплом медиҳем”, - таъкид карда буд раисҷумҳур ва барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дастур дода буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.
Баҳои 5 дигар аъло нахоҳад буд
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ислоҳот дар бахши баҳогузорӣ, аз ҷумла гузаштан ба низоми бисёрхолиро дар муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла дар зинаи умумӣ, талаботи замон медонанд. Дар ин ниҳод зикр намуданд, ки аллакай дар бисёри кишварҳои ҷаҳон ба низоми 10-холии баҳогузориҳо гузаштаанд, ки бартариятҳои бештар дораду баҳоҳои 2,3,4,5 наметавонанд пурра фарогир бошанд.
Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон низ низоми бисёрхолӣ роҳандозӣ шавад, ки имкониятҳои фарохтари баҳогузорӣ дорад. Дар ин низом 5 дигар аъло нахоҳад буд, балки тақрибан баробари 3 дар низоми панҷхолӣ дониста хоҳад шуд.
Ба иттилои Вазорати маориф феълан тариқи озмоишӣ дар даҳҳо мактаби Тоҷикистон низоми бисёрхолии баҳогузорӣ роҳандозӣ шуда, барои татбиқи сартосарии он чораандешиҳо сурат гирифта истодаанд.
Баҳо пеш аз ҳама бояд воқеӣ бошад
Амони Мамадамон, омӯзгори собиқадор, таваҷҷуҳи ҳукумат ба низоми баҳогузорӣ дар маорифро саривақтӣ хонда, афзуд, ки арзёбии воқеӣ барои рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.
Баҳои воқеӣ нишондиҳандаи асосӣ барои фаҳмидани сатҳи рушду пешрафт, мушкилоту бартариятҳо ва имкониятҳо дар раванди таълим мебошад, гуфт ӯ.
“Вақте шогирд мебинад, ки баҳо гирифтан танҳо бо хондан, танҳо вобаста ба заҳмату талош даст медиҳад, албатта кӯшиши дучанд хоҳад кард. Ба умеди тағо, пул ва дигар корҳо намешавад, мехонад, эҷодкорӣ мекунад”, - гуфт омӯзгор.
Вай аз мактабсозиҳо дар кишвар тавсиф намуда, илова намуд, ки дар чунин биноҳои муосир бояд таҳсилот низ замонавию самаранок бошад.
“Ҳам талаба ва ҳам муаллим баҳогузорӣ шаванд. Бурду бохташонро фаҳманд, ҷанбаҳои бартари корашонро рушд диҳанду камбудиҳоро ислоҳ кунанд. Албатта хуб хоҳад шуд”, - изҳор дошт ӯ.
Таъкид намуд, ки вақте баҳо мунсифона нест, аз рӯи меъёрҳои мушаххас гузошта намешавад, албатта наметавонад меъёри ченаки донишу самаранокии низоми таҳсил бошад.
“Агар доштани дониш ягона роҳи гузаштан аз синф ба синф, курс ба курс ва аттестатсия нест, майл ба таҳсил кам мешавад. Хондан бояд мӯд шавад, дониш бояд қадр шавад, на доштани диплом. Доштани диплом бояд нишондиҳандаи қотеъ бошад, ки шахс таҳсилдидаю мутахассис аст”, - таъкид намуд Мамадамон.
Вай дар пасманзари афзоиши хабарҳо дар мавриди боздошти ҷавонони тоҷик дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои ифротӣ таъкид намуд, ки таҳсил ягона роҳи муассири пешгирии чунин зуҳуроти хатарнок ва раҳоӣ аз ҷаҳолат мебошад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед