Ru  | Tj
Дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2025: Қарзгирӣ каму пули маош бештар мешавад
Дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2025: Қарзгирӣ каму пули маош бештар мешавад
Акс аз Sputnik

Дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2025: Қарзгирӣ каму пули маош бештар мешавад

Нашр шуд

Вазорати молияи Тоҷикистон якҷоя бо дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ пешнависи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию молиявии кишварро, ки барои соли 2025 дар назар дошта шудаанд, таҳия кардааст.

Halva.tj бо тафсилоти дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли оянда шинос шуд, ки афзоиши пул барои пардохти маош, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва коҳиши қарзгирӣ аз хориҷаро дар бар мегирад.

Тибқи интизории мақомоти Тоҷикистон, ММД дар соли 2025 ба зиёда аз 166 млрд сомонӣ баробар хоҳад шуд, ки нисбат ба нишондоди тасдиқшудаи соли ҷорӣ 22 млрд сомонӣ зиёдтар аст. Афзоиши воқеии ММД 8,4 дарсад дар назар дошта шудаст.

Ҳаҷми буҷети давлатӣ барои соли оянда дар сатҳи қариб 29,6%-и ММД муқаррар шудааст.

Даромади буҷа барои соли 2025 наздики 6,3 млрд сомонӣ бештар аз соли равон дар назар дошта шуда, ҳудуди 49,2 млрд сомониро ташкил хоҳад дод. Афзоиши ҳаҷми буҷа дар соли оянда нисбати соли ҷорӣ муодили 14,6% мебошад.

Гирифтани қарзу грант аз хориҷа камтар мешавад

Дар баробари афзоиши ҳаҷми даромади буҷа, мақомоти тоҷик интизор доранд, гирифтани қарзу грантро коҳиш диҳанд. Ҳаҷми умумии қарзу гранте, ки барои соли 2025 дар нақшаи мақомот аст, камтар аз 10,7 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати нишондоди қарзу грантҳои тасдиқшуда  барои соли ҷорӣ зиёда аз 722 млн сомонӣ кам мебошад.


Аз ҷумла пули қарзи дарназардошташуда барои соли оянда 370 млн сомонӣ камтар аз соли ҷорӣ буда, дар сатҳи 4 млрду 272 млн сомонӣ қарор гирифтаст.

Грантгирии мақомоти тоҷик дар соли 2025 дар сатҳи 6,4 млрд сомонӣ дар назар буда, аз нишондоди соли равон наздики 352 млн сомонӣ  камтар аст.

Мақомоти Тоҷикистон бандҳои асосии хароҷоти давлатиро барои соли 2025 дар сатҳи зиёда аз 51,2 млрд сомонӣ дар назар доранд. Ин дар муқоиса бо ҳаҷми даромаде, ки барои буҷаи давлатӣ пешбинӣ шудааст, ҳудуди 2 млрд сомонӣ зиёд аст. 

Интизор меравад, ки соли оянда хароҷоти Тоҷикистон барои пардохти музди меҳнат 35% афзоиш дода шавад. Бо ин ҳадаф равона сохтани қариби 13 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудаст, ки аз нишондоди соли ҷорӣ қариби 3,4 млрд сомонӣ зиёдтар аст.

Барои омӯзгорону табибон чӣ қадар пул ҷудо мешавад?

Соҳаҳои иҷтимоӣ самти асосии хароҷоти давлатии Тоҷикистон дар соли 2025 боқӣ мемонанд. Қариби 23,6 млрд сомонӣ барои ин бахшҳо дар назар дошта шудааст, ки нисбати нишондодҳои тасдиқшуда дар буҷаи соли равон қариби 4,6 млрд сомонӣ ва ё 24,5%  зиёдтар аст.


Интизор меравад, ки барои бахши маорифи Тоҷикистон дар соли 2025 зиёда аз 10,8 млрд  сомонӣ, ҳудуди 2,5 млрд сомонӣ бештар аз соли ҷорӣ равона гардад. Хароҷоти маорифро дар соли оянда масъулини тоҷик беш аз 31% зиёд карданиянд. Қисмати бештар ин маблағ барои пардохти музди меҳнат ихтисос ёфтааст.  

Интизор меравад, ки соли оянда барои пардохти музди кормандони соҳаи маориф 6,2 млрд сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гарданд, ки нисбати нишондоди соли равон 39% ё худ 1,7 млрд сомонӣ бештар аст.

Хароҷоти Тоҷикистон барои бахши тандурустӣ дар соли оянда 19% бештар аз нишондиҳандаи соли ҷорӣ муқаррар шуда, дар сатҳи қариб 4,2 млрд сомонӣ қарор дорад. Дар муқоиса бо пуле, ки соли равон дар буҷа барои тандурустӣ ҷудо гардидаст, қариби 664 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.

Хароҷот барои музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ дар соли оянда 2 млрду 573 млн сомонӣ дар назар мебошад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли равон қариби 35% ё 662 млн сомонӣ бештар мебошад.

Ҳаҷми хароҷот барои фарҳангу варзиш дар соли оянда тақрибан дар сатҳи соли равон нигоҳ дошта шуда, ҳудуди 1,7 млрд сомонӣ дар назар аст.

Маблағгузории кадом соҳаҳо коҳиш меёбад?

Дар интизориҳое, ки мақомоти Тоҷикистон барои соли оянда доранд, дар назар аст, маблағгузории баъзе аз соҳаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби кам шудани сармоягузориҳои давлатӣ коҳиш ёбад.

Хароҷот барои хоҷагии манзилию коммуналӣ, муҳити зист ва хоҷагии ҷангал дар сатҳои 1 млрду 743 млн сомонӣ дар назар буда, аз ҳаҷми пули буҷаи соли равон қариби 53 млн сомонӣ камтар аст.

Барои бахши сӯзишворию энергетикӣ харҷи 8 млрду 44 млн сомонӣ дар назар буда, нисбати соли равон 78 млн сомонӣ камтар ҳаст. Қисмати асосии пули ин бахшро барномаи сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад, ки дар сатҳи 5 млрду 233 млн сомонист.

Хароҷот барои нақлиёту коммуникатсия дар соли оянда 320 млн сомонӣ коҳиш ёфта, то 3,2 млрд сомонӣ мерасад. Далели ин тамоюл коҳиши пули барномаи сармоягузории давлатӣ дар соҳа мебошад.

Ҳамин тариқ дар маҷмуъ касри буҷет дар соли 2025 дар сатҳи 2 млрд сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ин ба он маъност, ки хароҷоти пешбинишудаи ҷумҳурӣ дар соли оянда аз даромаде, ки кишвар хоҳад дошт, 2 млрд сомонӣ бештар аст.

Барои муқоиса соли равон касри буҷаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млрду 151 млн сомонӣ қарор дорад. Масъулини бахши молияи тоҷик пешбинии касрро як роҳи ҳавасмандсозии риштаи молиёт барои зиёд кардани даромади давлату манобеи андозбандишаванда медонанд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед