Дар Душанбе масоили ҳамкорӣ дар фазои Авруосиё баррасӣ шуд
Нашр шуд
Рӯзҳои 20-21 октябр дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дувумин ҳамоиши байнулмилалии илмиву амалии «Аз Волга то Гонго аз тариқи Фарорӯд» баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо пуштибонии Бунёди Горчакуф баргузор шуд ва як платформаи пажӯҳишӣ буд, ки ба мавзуъоти ҳамкорӣ дар фазои Авруосиё дар заминаҳои гуногун ихтисос дошт.
Бояд гуфт, ки дар расми ифтитоҳи дувумин ҳамоиши байнулмилалӣ Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон; Вираҷ Сингҳ, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон; Дария Сапринская, намояндаи лоиҳаи Бунёди Горчакуф ва Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Бунёди “Роҳи Абрешим” ва ҳамзамон донишёри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Ин рухдоди муҳим фурсати беназири баҳсу табодули донишро фароҳам оварда, ҳамчунин ба дарки жарфтари ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон ва дар маҷмуъ дар кулли фазои Авруосиё мусоидат кард.
Фарояндҳои дигаргунӣ дар Авруосиё; таҳкими робитаҳо дар секунҷаи «Русия – Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ»; барномаҳо ва истротежиҳои ҷаҳонӣ, ки дар Авруосиё амалӣ мешаванд; тавсеаи ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ; гузариши кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди устувор аз мавзуъоти рӯзномаи ҳамоиш буданд.
Марина Лебедева, устоди Донишсарои равобити байнулмилалии Маскав зимни суханронӣ ба диплумосии оммаии Русия нисбат ба Осиёи Марказӣ тамаркуз кард. Вай зикр кард, ки омӯзиши забони русӣ ба яке аз муҳимтарин самтҳои диплумосии оммаии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил шудааст, ки бо таваҷҷуҳ ба равобити иқтисодӣ бо Русия ва таҷрибаи торихӣ ва ҳамчунин ин воқеъият ки бисёре аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия кор мекунанд, комилан дуруст аст.
- Дар натиҷаи ин амр дар Тоҷикистон дар соли 2023 шумори омӯзгорон аз Русия афзоиш ёфт. Ҳамин тавр дар мактаби русӣ-тоҷикии Душанбе – 61 омӯзгор аз Русия, Турсунзода – 45, Бохтар – 34, Хуҷанд – 22 ва Кӯлоб – 20 омӯзгор аз Русия ҳастанд. Гузашта аз ин соли 2023 дар чаҳорчӯби барномаи «Муаллими рус дар хориҷа» ба Тоҷикистон боз 66 омӯзгори рус омад. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ донишгоҳҳои Русия ва намояндагиҳои онҳо, аз ҷумла Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе, намояндагии Донишгоҳи равобитии байнулмилалии Маскав дар Тошканд ва ғайра вуҷуд доранд, ки омӯзиш ба забони русӣ аст, - таъкид кард коршиноси рус.
“На танҳо таъмини омӯзиши забони русӣ дар дабиристонҳо, балки нишон додани дурнамои таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои русӣ дар Осиёи Марказӣ ва ё худи Русия ва ҳамчунин барои минбаъд бо кор таъмин кардан муҳим ба назар мерасад. Дар баробари ин бояд таъкид кард, ки донистани забони русӣ ба ҷавонон дар оянда бартарии рақобатӣ мебахшад. Забони русӣ барои одамони насли калонсол метавонад маънои дигар дошта бошад. Ба унвони мисол ин фурсатест барои тамошои филмҳои писандидаи худ ба забони русӣ, шиносоӣ бо нависандагону ҳунарпешагони рус, мутолиаи китобҳо ба забони русӣ ва ғайра”.
Сиёсатшиноси тоҷик Шералӣ Ризоён дар ин ҳамоиш дар бораи баргузории Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ибрози назар кард.
Ба гуфтаи коршиноси тоҷик, Панҷумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин даври ин рухдодро дар кишварҳои минтақа ба поён расонид. Кишварҳои минтақа барои жарфтар кардани ҳамкориҳои дохилиминтақаӣ иродаи сиёсӣ нишон доданд.
- Дар нишасти Душанбе сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 40 ибтикор дар бахшҳое пеш ниҳоданд, ки барои кишварҳои минтақа манфиати муштарак доранд. Нишасти Душанбе нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи расмӣ кардани ҳамкориҳои минтақаии худро “аз поён” интихоб кардаанд, зеро рӯйкарди “аз боло” дар қолаби созмондиҳии Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ, Анҷумани иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ камбахтона номуваффақ буд, - таъкид кард ин коршинос.
Коршинос аз Қазоқистон Эркин Байдаров зимни суханронӣ дар бораи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар пасманзари ташаббусҳои тамаддуни ҷаҳонӣ сухан гуфт.
“Агар имрӯз Чин сатҳи баланди созмондиҳиро нишон медиҳад, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ошуфтагиҳои гетосиёсӣ дар арсаи равобити байнулмилал бояд дар бораи бақои худ ба унвони як бозигари мустақили иқтисодӣ ва сиёсӣ андеша кунанд. Барои анҷоми ин кор минтақа аз назари иқтисодӣ рақобатпазир ва аз назари сиёсӣ дар баробари тағйироти гетосиёсӣ дар ҷаҳонӣ пойдор бошад. Ин то ҳадди зиёде ба сиёсати дурусти минтақаӣ бо иштироки худи кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни миёнарав вобаста аст”.Дар ин росто ин коршинос баён дошт, ки ташаккули ҳувияти минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ муҳим аст, ки ба кишварҳои минтақа имкони вокуниши муштарак ба чолишҳои муосир ва ҳамчунин ба роҳ мондани равобити муштарак бо Чинро фароҳам меорад, ки дар ин кор худ манфиатдор аст.
Эркин Байдаров дар идома таъкид кард, ки аз ин рӯ ташаббуси тамаддуни ҷаҳонӣ барои равобити Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба таври куллӣ дар соли 2023 вориди «сӣ соли тилоӣ»-и нав гардид, муҳим аст. Дар навбати худ он имкон медиҳад, ки ба таври муштарак ҳам эътимоди сиёсии мутақобиларо жарф ва таҳким бахшем ва ба таври ҳамаҷониба равобити истротежиро дар чаҳорчӯби созукорҳои бисёрҷониба, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо мақсади ҳимояи муштараки соҳибихтиёрӣ, амният ва манфиатҳои рушди давлатҳо тавсеа диҳем.
Наргиза Умарова, таҳлилгари ниҳоди илмии ғайриҳукуматии “Корвони дониш” дар ин ҳамоиш гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳо бо бозигари баландпарвозе чун Чин дар вазъияти душвор қарор мегиранд.
Наргиза бар ин назар аст, ки аз як сӯ онҳо мехоҳанд тиҷоратро боз ҳам густариш дода, равобити сармоягузорӣ бо шарики шарқии худро таҳким бахшанд ва таҷриба ва фанновариҳои пешқадамро аз онҳо ба кор гиранд, аммо дар айни ҳол барои кишварҳои мо ҳифзи субъективияти сиёсӣ ва худдорӣ аз ширкат дар бархӯрди ҷаҳонии қудратҳои бузург хеле муҳим аст.
“Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф “панҷгона”-и Осиёи Марказӣ бояд муттаҳид шаванд ва ба таври муштарак ба чолишҳои хориҷӣ вокуниш анҷом диҳанд. Қадами муҳим дар заминаи муттаҳидӣ дар мубориза бо таҳдидҳо алайҳи суботи минтақа дар Панҷумин нишасти машваратӣ дар Душанбе замоне гузошта шуд, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи дабирони Шӯрои амният ташаббуси таъсиси Муколамаи амният ва ҳамкориро анҷом доданд. Созукори нав барои таҳияи равишҳо ва роҳҳалҳои муштарак, ки ба таъмини рушди бидуни низоъ дар минтақа нигаронида шудааст, хидмат хоҳад кард”.
Фаррух Салимов, номзади илми торих ва мудири кафедраи «Диплумосӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ДМТ дар бораи дурнамои рушди ҳамкориҳои Чину Русия дар чаҳорчӯби тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» чанд тавсия пешниҳод кард:
1. Баргузории пажӯҳиши муфассали манфиатҳои эҳтимолии иқтисодӣ ва хатарҳои лоиҳаҳои “Як камарбанд, як роҳ” барои Чин, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ.
2. Омӯзиши таъсири сармоягузорӣ ба сарбории қарз ва суботи иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.
3. Баргузории таҳлили пайомадҳои зистмуҳитии лоиҳаҳои зерсохтӣ ва таҳияи барномаҳои роҳбурдӣ барои рафъ ё коҳиш додани таъсири манфии муҳити зист.
4. Таҳқиқи созукорҳои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ байни Чин, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи мубориза бо ҳаросафканӣ ва таъмини амният.
5. Омӯзиши таъсири лоиҳаҳои «Як камарбанд, як роҳ» ба рушди иҷтимоъӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ва чораандешиҳо барои таъмини фарогирии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба лоиҳаҳо ва манфиатҳои онҳо ба аҳолии бумӣ.
Гуфтанист, ки ҳамоиши “Аз Волга то Ганг тавассути Фарорӯд” дар чаҳорчӯби ибтикори “Роҳи Абрешим. Роҳ ба сӯйи муттаҳид” баргузор шуда, дар ҳамдастӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Фарҳангистони улуми Тоҷикистон созмондиҳӣ шуд.
Дар ҳамоиши мазкур беш аз 50 нафар мутахассису коршиноси варзида аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, кишварҳои шарики муколама ва номзадҳо ба узвият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва ҳамчунин аз дигар кишварҳои манфиатдори минтақа ширкат варзиданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед