Ru  | Tj
Таҳлилгари тоҷик: Нишасти Душанбе ба рушди равобити боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад
Таҳлилгари тоҷик: Нишасти Душанбе ба рушди равобити боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Таҳлилгари тоҷик: Нишасти Душанбе ба рушди равобити боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад

Нашр шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Таҳлилгари тоҷик Умедҷон Иброҳимзода дар робита ба аҳамияти ин ҳамоиш назари худро дар саҳифаи телеграмии худ нашр кард.

Рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Душанбе рӯйдоди муҳим - Панҷумин нишасти ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад. Чанд нуктаи муҳим дар мавриди нишасти мазкур:

Якум, ин қолаби муколама ҳамчунон платформаи муҳим барои роҳандозии ҳамкории зич, дарёфти роҳҳали мушкилоти дохилиминтақаӣ ва ҳамоҳангсозии мавзеъи кишварҳо дар ростои масоили мубрам дар рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Дувум, сарфи назар аз мушкилоти мавҷудаи дохилиминтақаӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо бозигарони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ таъсири мусбат расонида, ба субъекти мустақили равобити байналмилал табдил шудани минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат кард.

Севум, қолаби дидорҳои машваратӣ ба рушди равобити боэътимоди сарони кишварҳои минтақа мусоидат мекунад, ки имкон медиҳад масоили дохилиминтақаӣ, аз ҷумла захираҳои об, амнияти фаромарзӣ, тиҷорат ва ҳамлунақл баҳсу баррасӣ ва ҳал шаванд.
Умедҷон Иброҳимзода. Акс аз бойгонӣ

Чорум, изҳороти муштараки қаблии сарони кишварҳои минтақа ва қабули Харитаи роҳ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минтақаӣ барои солҳои 2022-2024 ва имзои “Қарордоди дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри 21” нишон медиҳад, ки ҳамкорӣ ва раванди ҳамгироӣ барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти баробар дорад.

Дар маҷмӯъ, таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ то ҳамгироӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки мунтазам дар бахшҳои гуногуни рушд, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, маориф, илм, масъалаҳои фаромарзӣ, гардишгарӣ ва ғайра табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадамро ба роҳ монанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед