Ru  | Tj
“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов
“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов
Аксҳо: Halva.tj

“Гардиши девбод”: Сӯҳбати профессор Иброҳим Усмонов бо нависандаи шинохта Абдулҳамид Самадов

Нашр шуд

Муҳаққиқи воқеаҳои солҳои 90-уми кишвар, профессор Иброҳим Усмонов бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ – Абдулҳамид Самадов барои хонандагони сомонаи Halva.tj атрофи асари “Гардиши девбод”-и ин нависандаи хушном, ки он қиссаи воқеаҳои солҳои 90-уми кишвар буда, дар он фоҷеаи халқи мо – ҷанг, вайронӣ, гурезогурез, ночорӣ ва навмедии замони ҷанг хеле равшан нишон дода шудааст, сӯҳбат намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин гуфтумон сӯҳбаткардагон ба чандин масъалаҳои муҳимму аҳамиятноки миллӣ ишора карда, нуктаҳои бисёр ҷолибу омӯзанда баён карданд.

И. Усмонов: - Абдулҳамид, вақте ки романи “Гардиши девбод” ҳанӯз дар маҷалла чоп мешуд, ёд карда будам, ки ин асари Шумо бештар дар қолаби романнависии имрӯзаи Аврупоӣ, таълиф шудааст. Ба кадом маънӣ? Ба он маънӣ, ки муқоисаи дирӯзу имрӯз, муқоисаи имрӯзу фардо, истифодаи мифология дар навиштани асар ва ғайра. Яъне, дар адабиёти мо ба ин чизҳо камтар таваҷҷӯҳ сурат мегирифт, вале Шумо ин қолабро то андозае шикастед.

Як хусусияти дигари ин роман дар он аст, ки дар он ҳақиқат ва хаёл якҷо омадааст. Яъне публитсистика ва адабиёти бадеӣ ба ҳам омезиш ёфтаанд. Масалан, вақте адабиёти бадеӣ мегӯем суханҳои, ки дар калимаҳо, ҳатто ҷумлаҳои оддӣ шумо истифода мебаред, тарзи ширадору шоиронаи каломатон худаш нишон медиҳад, ки он образ дораду адабиёти бадеӣ аст. Масалан, “Насим дар ин маврид мисли харсанге, ки болояш нишастааст, ба санг табдил меёфт”, “Аз осмон бераҳму оқипадар рехтааст”.... Ба ин монанд калима, ибора ва ҷумлаҳо мавзуъ ва муҳити мақсади ифодаёбанда, хаёлу андешаи адиб ба адабиёти бадеӣ будани асар далолат мекунанд. Он ки дар асар лаҳзаҳои шинос, ҳатто номҳои шинос кам нестанд ва мулоҳизаронии адиб нишонаи он аст, ки дар ин роман публитсистика возеҳ аст. Ин ҳолат сюжет ва таъсири асарро пурқувват мекунад, зеро асоси воқеии тасвири ҳолати адабишударо далолат медиҳад. Яъне ин адабиёти бадеӣ бо таҳлилу дарки воқеаҳои шинос аст.

Ба назари Шумо, чаро адибони дигар ба ин усул рӯ наоварданд? Гарчи дар адабиёти асри XXI-и мо дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ якчанд асар навишта шуд. Аз ҷумла нависандагон Мирзонасриддин, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва дигарон дар ин мавзуъ эҷод карданд, аммо онҳо дар қолаби ҳамон анъанаи қадима навиштанду Шумо бошед, “Гардиши девбод”-ро ба анъанаи муосир даровардед. Чаро?

А. Самадов: - Сараввал, барои даъват ба сӯҳбат ташаккур мегӯям. Бояд гуфт, ки “Гардиши девбод” ин асари соф публитсистӣ ҳам нест. Ман дар охирсухани роман гуфтам, ки ин як навъ таҷриба (шояд дар адабиёти мо, лекин бештар дар эҷодиёти ман) аст. Албатта дар ин қолаб навиштан, сабаб дошт. Пеш аз ҳама барои дар чунин қолаб эҷод кардан, нахуст бояд омода буд. Барои чунин асарро навиштан, бояд шахси нависанда, шахси эҷодкор, маърифат ҷамъ кунад. Ӯ бояд аз адабиёти пешқадами дунё огоҳӣ дошта бошад.

Ҳар гоҳе, ки дар бораи нависандагӣ ва ҷойгоҳи адабиёти форс дар адабиёти ҷаҳонӣ баҳс ба миён меояд, мегӯям, ки бародарони ҳамзабони мо як бартарӣ доранд: онҳо ду-се забонро медонанд. Онҳо бештар аз адабиёти Аврупову дигар минтақаҳо таълим гирифтаанд. Омӯзишашон, масалан, дар такя ба адабиёти пешқадами Аврупо аст, ҳатто то нависанда Раҳнаварди Зарёб. Лекин насли мову шумо дар такя ба адабиёти рус эҷод мекунанд. Мо адабиёти насли пешқадами русро мутолиа кардем ва ба воситаи забони русӣ аз намунаҳои насри пешқадами дунё, ки ба забони русӣ дар Москав, Душанбе ё дар ҷойи дигар чоп шудаанд, баҳра бардоштем. Яъне баҳрабардорӣ аз адабиёт. Бе баҳрабардорӣ адабиёт аслан дар шеър ҳам, дар наср ҳам пеш намеравад. Масалан, адабиёти классикии мо барои шоири мо тамоми чизро дода метавонад. Эҷодиёти Рӯдакиву Туғрал, Саъдиву Мавлоно, Ҷомиву Хайём барои мо ба иборае нони пухтаи тайёр аст. Шоири мо бояд онро бисёр дақиқ омӯзад ва роҳҳои навро барои худ пайдо кунад. Аммо дар наср, дар насри муосири мо, ки аз устод Айниву Фитрату дигарон оғоз мегирад, ин ҳолат бисёр возеҳ баён гардидааст. Устод Айнӣ адабиёти моро адабиёти реалистӣ карданд ва кори бисёр хуб ҳам карданд, зеро мо аз хаёлу андешаҳои осмонӣ ё фалакӣ ба замин омадем ва инсони заминиро бештар мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додем. Ин албатта хизмати бузурги устод Айнӣ буд, ки мо бояд як умр аз ин устод сипосгузор бошем. Ҳамчунин, устод Айнӣ забони адабиёти моро ҳам бисёр тоза карданд. Дар ин маврид Сотим Улуғзода дар романи “Субҳи ҷавонии мо” мегӯяд, ки вақте “Одина”-ро хондам бори аввал покӣ ва ширинӣ ва оҳангдории забони тоҷикиро эҳсос кардам.

И. Усмонов: - Тақрибан ҳамин гуна суханро Сайид Нафисӣ ҳам гуфтааст. Воқеан, адабиёти реализми сотсиалистие, ки аз замони устод Айнӣ дар Осиёи Миёна сар шуд, ду зинаро гӯё ҷаҳида гузашт. Дар назари ман, дар насри классикии мо романтизм камтар аст ва реализм ниҳоят кам. Мо аз асарҳои нима мифологӣ боло набаромадем. Аз гузашта танҳо асарҳои “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ва “Наводир–ул-вақоеъ” ва ду – се асари дигар моро ба реализм наздик кардаанд.

“Гардиши девбод” бисёр воқеаҳоеро дар бар мегирад, ки аз дид ва иштироки Шумо дар он воқеаҳо пайдо шудаанд. Яъне, Шумо дар он солҳо ва раванди он воқеаҳо тамошобин набудед. Лекин Шумо услуби аз нуқтаи назари ман, барои зиндагӣ ва барои аввалин асарҳои замони баъдиҷангӣ хеле мувофиқро дар таҳрири ин асаратон пеш гирифтед. Яъне парон-парону кушокуширо нишон додан нахостед. Аз нишон додани куштору ваҳшоният канорагирӣ кардед. Албатта, умуман нест гуфта намешавад, вале асоси гап дар он аст, ки Шумо муҳитро, пайдошавии фоҷеаро ва ба вуҷуд омадани бадбахтиро нишон додед. Яъне бароятон авзо ва рӯҳи замон муҳим аст. Масалан, “Дар роҳҳои хурду бузург, даромадгоҳҳои шаҳраку деҳаҳо пайдо шудани дидбонгоҳҳои ғафсчӯбдор, тал-тал харсангу сихмолаҳои чаппамонда, аз рӯзи хуш нест. Кинаву адоват, душмании рӯирост, нобоварӣ ҳар рӯз фоҷеае пеш меовард. Кӣ аз кӣ чашми ҳарос дорад? Тоҷик аз тоҷик ё Тоҷикистонӣ аз ҳамдиёри худ? Инро кӣ пеш овард? Ин магар бадбахтӣ нест? Нисфи Тоҷикистон ба сангар табдил ёфт. Ҳама командир шуду сарбоз ва камон бардошту ба хизмати марг камар баст. Теппаҳоро гӯру мазорҳои хокашон нав пур карданд. Болои ҳар гур чӯбеву латтаи сафеде, намедонӣ, ки соҳиби ин пир буд ё ҷавон, гуноҳ дошт ё не, одам беқадру мурданаш осон шуд”. Шумо ҷангро ҳамин гуна ба мо расонидед.

Ба андешаатон насли имрӯзаи мо – хонандагони ҷавони “Гардиши девбод” душвории ҳамон солҳоро бо ин услуби нигорандагӣ ба худашон тасаввур карда метавонанд ё не? Чизе аз гуфтаи Шумо барои ба вуҷуд овардани тафаккури миллии онҳо расид ё не?

А. Самадов: - Ман фикр мекунам, эҷодкороне, ки дар бораи ин воқеаҳо сухан гуфта, задухӯрду сӯхтору куштору ваҳшониятро тасвир кардаанд, каме ба хато рафтаанд ва саросемавор, шитобкорона онро чӣ гунае, ки ҳаст, ба қалам додаанд. Яъне ҷойе бе масъулиятона ҳам навиштаанд. Албатта онҳо барои дарки воқеияти таърихӣ лозиманд. Лекин вазифаи нависанда, нависандае, ки такя ба ҳунар мекунад, чизи дигар аст. Адабиёт ин ҳунар аст, ҳатто публитсистикаи хуб ҳам такя ба ҳунар дошта бошад, гумон мекунам, ки баъдан арзиш пайдо мекунад. Нависандаи асил наметавонад, воқеаро нусхабардорӣ кунад ва ё чизе, ки ҳаст онро бинависад.

Шахсан ман ҳам охири июли соли 1992 ҳамроҳи академик Талбак Назаров ва Сайид Аҳмадов ба водии Вахш рафтам. Мо дар ҳамон рӯзҳое, ки ҳатто паранда аз ҳамон водии Вахш мегурехту об бӯйи хун мекард, ба он ҷо сафар кардем. Мо бояд дар ин сафар Сангак Сафаров ва Давлат Худоназаровро медидем. Мутаассифона, Сангак Сафаров он замон дар он минтақа набуданд. Моро Шодмон Юсуф пазироӣ кард. Ман дар ин сафар мудҳиштарин рӯз ва бадбахтарин зиндагии мардуми тоҷикро дидам. Албатта дар ин атроф, яъне дар атрофи шаҳри Душанбе ҳам бисёр ҳолатҳои бадро дидем, вале ҳолати водии Вахш тамоман дигар буд.

Аммо он ҳолатро дарк кардани насли имрӯз ин як асрор аст. Ҷавонони имрӯзи мо бисёр забондон ва ҷаҳондидаанд, аммо онҳо дарди давлат, дарди миллат, дарди ҷамъиятро камтар эҳсос мекунанд. Ин як ҳолате аст, ки маро бисёр ба ташвиш овардааст. Дарки дарди миллат аз тарбия ва маърифати инсон ба вуҷуд меояд. Албатта ин саханони мо ба онҳое дахл дорад, ки бештар кучагарду муфтхӯр ҳастанд. Ҷомеаи мо ҷомеаи чандон бузург нест. Имрӯз ҷавонон бештари вақти худро дар фароғатгоҳҳо мегузаронанд. Овозаҳои ин ҳолатҳоро мешунавему бисёр дилхун мегардем. Дар он солҳое, ки мову шумо Душанбе омадем, Тоҷикистон 3,5 - 4 миллион аҳолӣ дошт. Имрӯз мегӯянд, ки 9 миллион шудааст. Он вақт бештари сокинони пойтахтро миллатҳои дигар ташкил медоданд. Душанберо бештар русзабонҳо бунёд карданд ва мо дар байни онҳо хондему ба воя расидем. Ман имрӯз дар бораи ояндаи Душанбе фикр мекунам, ки дар ин ҳолат асолати миллии худро чӣ гуна бояд нигоҳ дорад. Маҳмудҷон Воҳидов низ вақте ки нақш меофарид ва шоҳкориҳои дунёро ба намоиш мегузошт, ҳаминро фикр мекард. Умуман Ҳабибулло Абдураззоқов, Марям Исоева, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадо ва дигарон дар ҳамин андеша буданд. Эҷодкорони мо низ худро дар азобу шиканҷа ва зери бори сиёсӣ монда, барои нигоҳ доштани асолати миллӣ менавиштанд. Нависанда дар кадом давре бошад, берун аз ин ҷомеа фикр кардаву зиста наметавонад, бихоҳему нахоҳем, нависанда дар ҳамон дег аст ва ҳамон сӯзишу ҳамон ҳолати воқеии дегро бояд вай пеш аз дигарон эҳсос кунад.

И. Усмонов: - Дар замони донишҷӯӣ ва баъд аз он насли мову шумо, хусусан онҳое, ки дар риштаи гуманитарӣ таҳсил кардем, аз актёрҳо, нависандагон ва олимон чизҳое омӯхтем. Ба назари Шумо, оё имрӯз донишҷӯёни соҳаи гуманитарии мо аз санъату адабиёт истифода мебурда бошанд?

А. Самадов: - Фикр намекунам, ки истифода мебаранд. Мехоҳам, дар ин маврид як ҷузъиётро ба шумо баён кунам ва худи шумо онро таҳлил кунед. Вақте дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекардам, ба наздам аз номи як шоир ду донишҷӯ омаданду хоҳиш карданд, ки ба онҳо як китоб диҳам. Гуфтам, ки кадом китоб? Гуфтанд, ки китоби “Садои Шарқ”. Ман гуфтам, ки оё шумо ягон бор ҳамин гуна китобро дидед ва ё ягон маротиба ба дастатон гирифтед? Гуфтанд, ки не. Пас, худ тасаввур кунед. Аз сӯҳбатҳояшон пай мебарам, ки чӣ қадар донишу фаҳмиш ва тарбия доранд. Боз мегӯям, ки бачаҳои забондон бисёр дорем. Ҳадафи онҳо дар берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кардан аст, аммо намедонем, ки онҳо ормони миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҳадафи миллиро мефаҳманд ё не.

И. Усмонов: - Шумо дар романатон аз шикасти оромонҳои миллии мо гиря кардаед. Ба он маънӣ, ки ҳамон одамҳое, ки аз гӯшаю канори тоҷикнишин ба сабабҳои гуногун дар Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон ҷамъ шудаанду барои инкишофи маданияти мо кор кардан хостанд, хизматҳои шоистае ҳам карданд, аммо маҷбур шуданд, ин Ватанро тарк кунанд. Ҳатто як яҳудитабор, яъне яке аз персонажҳои асари “Гардиши девбод мегӯяд, ки “Ман аслан тоҷикам ва ҳафтодуҳафт пушти ман ҳамроҳи тоҷикон зиндагӣ кардааст”. Дар асар нолаи онҳое, ки ормонҳои миллии худро гум кардан намехоҳанду вале дар ҳамин хатар гирифторанд, бисёр аҷиб баён гардидааст. Ба назари Шумо, имрӯз масъалаи ормонҳои миллии мо чӣ гуна аст? Албатта, роҳбари давлати мо кӯшишу талоши бедор кардани ормонҳои миллиро дорад, вале вазъи дарки ин дар ҷомеа чӣ гуна аст?

А. Самадов: - Ҳақиқат ин аст, ки ин мавзуъ ҳамаи моро ба ташвиш овардааст. Яъне маҷбур мекунад, ки сари ин масъала амиқ биандешем. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо тамоюлҳои аҷоиб пайдо шудаанд. Аз як ҷиҳат ин созандагиву ободкории муҳит афсонавӣ менамояд, агар кӯр набошӣ, бояд иқрор шавӣ, ки воқеан ободиву ободкорӣ дар кишвари Тоҷикистон ба дараҷаи аъло рафта истодааст.

Аммо имрӯз чизе, ки моро бештар ба ташвиш меорад, ин футурравии ахлоқ дар байни наврасону ҷавонон аст. Шояд ин натиҷаи таъсири ҷаҳонишавӣ бошад. Аммо он имрӯз мисли вабо доман паҳн карда истодааст. Ба ин, ба вуҷуд омадани шабакаҳои интернетӣ ва ВАО-и зиёди барои мо бегона сабаб шуда метавонад. Мутаассифона, пеши роҳи онро гирифтан бисёр мушкил аст.

Ҷавонон имрӯз китоб намехонанд. Ҳатто унвонҷӯйҳои мо китоб нахонда, рисолаи илмӣ ҳимоя мекунанд. Дар дасти онҳо китоб намебинед, китобхар нестанд ва агар ба онҳо китоб тӯҳфа кунед, ба қадри он намерасанд.

И. Усмонов: - Дар “Гардиши девбод” фоҷеаи халқи мо – ҷанг, вайронӣ, гурезогурез, ночорӣ ва навмедии замони ҷанг хеле равшан аст. Марде бо ғаму андӯҳ мегӯяд: “Бовар бикунӣ ё не ихтиёр дорӣ. Ба шири модарам, ба китобҳои муқаддас, ба нону намаки дастархонат қасам, ки дар маҳаллаҳои Душанбе дар ба дар гашта, барои духтарам домод кофтам.

Ба ҳамин рӯзи сиёҳ расониданд”. Дар ҷойе аз роман персонажи Шумо мегӯяд, ки: “Одам метарсад. Нохалаф зиёд, ҳазору як андеша, бадномӣ. Вай аз бадбахтии фоҷеаҳое, ки девзодҳои силоҳдор ба сари духтарони болиғу ноболиғ овардаанд, лаб намекушояд”.

А. Самадов: - Як хислати бади мардуми мо дар ҳамин аст, ки гузаштаи худро зуд фаромӯш мекунад. Ба назари ман ин бисёр бадбахтии сахт аст.

Дар он замон мардуми ҷануби кишвар ва умуман кулли Тоҷикистон, фоҷеаи бисёр сахтро аз сар гузарониданд. Нони хӯрданӣ набуд, ҳатто баъзе хонаводаҳо барои хӯрдан сабус ҳам надоштанд. Касалии домана паҳн гардиду мардуми зиёдро аз байн бурд. Имрӯз баъзе худ ба худ фикр мекунам, ки оё фарзандони онҳое, ки ҳамин гуна рӯзҳои талхро аз сар гузарониданд, душвориҳои он замонро кам бошад ҳам, медониста бошанд, ё не? Ҳоло дар рӯи дастархони онҳо ҳамаи намуди анвоъ дида мешавад. Имрӯз сериву пурӣ аст, аммо оё волидон ба фарзандон аз он рӯзҳо қисса мекарда бошанд ё не - ин маро ба фикр мебарад.

Аз он солҳои душвор як воқеаро аз ҳаёти худам ба ёд овардан мехоҳам. Вақте дар хона нон намонд, ҷомаи кӯҳнаамро ба бар кардаму ба ҷӯстуҷӯи нон баромадам. Рӯзи барфу борон буд. Он замон дар маҳаллаи Қараболо ургутиҳо нон пӯхта, мефурӯхтанд. (Худованд баракаташон диҳад) Рости гап аз болои сар тир меборид ва ҳамаи мардум ба ташвиш афтода буданд, дар ҳамин гуна вазъият ман ҳам барои хариди нон аз хона баромадам. Бовар мекунед, ҳамон вақт нонфурӯш нақши давлатро иҷро мекард. Мегуфт, ки хафа нашавед, аз 10 дона зиёд дода наметавонем, ҳама ба нон ниёд доранд ва мо бояд ҳамдигарро бифаҳмем.

Дар ҳамон лаҳза аз рафтори ин нонпаз, ки ғами ҳамаро мехӯрду марди баинсоф буд, гиряам омад. Даҳ нонро гирифта, ба хона баргаштам, ки раҳматӣ Абдулҳусейнов Қулмаҳмад дар хонаи мо, ба интизори ман нишастааст. Ӯ аз ман китоби “Бонги ҷарас”-ро чанде пеш гирифта буду онро баргардонидааст. Ман ӯро сарзаниш кардам, ки охир дар чунин вазъият китобро оварданат шарт набуд. Ба пешаш нон гузоштам. Ӯ гуфт, ки ҳақи бачаҳои туро намехӯрам. Ҳарчанд маҷбураш кардам, нахӯрду рафт ва он рафтанаш рафтани абадӣ шуд. Ана ҳамин гуна рӯзҳо буд. Бинобар ин, дар бораи он рӯзҳо сарсарӣ чизе навишта намешавад. Ба назари ман барои навиштани он рӯзҳо истеъдоди бузург даркор аст. Истеъдоде ба мисли истеъдоди Гогол, Распутин ва дигар бузургон.

И. Усмонов: - Мо, аҳли эҷоди Тоҷикистон имрӯз бештар кӯшиш мекунем, ки дар бораи воқеаҳои асри гузашта ё ба воситаи шеър чизе бигӯем ва ё ба воситаи публитсистика. Гӯё адабиёти насри бадеии мо он замонро фаромӯш карда бошад. Ба ин Шумо чӣ назар доред?

А. Самадов: - Аввал ин, ки дар ин бора чизе бинависанд ҳам, бояд солим бошаду арзиши бадеӣ дошта бошад. Дуюм, дар пояи адолати инсоф бояд навишта шавад. Фаромӯш кардани он рӯзҳо дар он аст, ки бисёре аз адибони мо чӣ будани он воқеаҳоро намедонанд ва бинобар ин, қудрати тасвир кардани онро надоранд. Як нуктаро бояд иқрор шуд, ки аксари ҳамқаламони мо, ки матбуоти он замонро идора мекарданд, бештар талоши вазифагирӣ доштанд, на талоши миллату маърифатандӯзӣ. Барои асари асили адабиётро навиштан, маърифати бузург даркор аст. Дар бораи ин мавзуъҳо солҳо фикр мекунӣ, дил хун мекунӣ ва шабҳо бедорхобӣ мекашӣ ва хаёл мекунӣ, ки мемурию ин саҳифаҳо нонавишта мемонад.

Бадбахтии солҳои охири насри мо, яъне насри арзонбаҳо аз беандешагӣ аст. Кӯшиш мекунанд, ки тезтар чизе бинависанд. Гӯё ягон кашфиёте мекарда бошанд.

Чаро Гогол девона шуд ва Чехов – бузургтарин нависандаи рус бемори сил шуд? Чехов қисмати шимоли замини русро аз муҳаббат ба миллат ва Ватан пиёда гашт.

И. Усмонов: - Адабиёти мо, махсусан насри калонҳаҷми мо, воқеаҳои солҳои навадро дар худ пурра ҳал ва ифода накард. Агар худи мо онро накунем, боз нашавад, ки дигарон – бегонагон, яъне бадхоҳони мо ба таври худ онро ба адабиёт дароранд. Ва нофаҳмиву каҷфаҳмиҳои ҷаҳон таърихи ҷаҳон аз чунин муносибат маншаъ мегирад. Ба ин Шумо чӣ назар доред?

А. Самадов: - Албатта, бегонагон дар ин мавзӯъ бисёр навиштаанд ва асарҳои хуб ҳам навиштаанд. Бисёриашон ба таври объективона ба ин мавзуъ рӯ овардаанд. Аммо ташвишовараш он аст, чӣ гунае, ки Шумо гуфтед, бадхоҳони миллати мо ба ин мавзуъҳо рӯ биоранд. Мирзонасриддин дар ин бора асари хуб навишт, лекин бояд ҷавонҳо низ ба чунин мавзӯҳо рӯ оранд. Ҳамчунин, Шералӣ Мӯсо низ дар ин бора як асари хуб офаридааст, ки бояд ёдовар шуд. Мо бояд барои дар ин мавзуъҳо навиштан, эҷодкоронро тарбия намоем. Чанд нависандаи ҷавонеро, ки мо дастгирӣ кардем, бо баҳонаҳои ҳархела аз масъулият мегурезанд. Онҳо дар фикри навиштани асарҳои қавӣ нестанд.

И. Усмонов: - Дар такя ба англисҳо Робендронат Такур, Муҳаммад Иқбол ва дигарон обру пайдо карданд. Дар такя ба адабиёти советӣ, аз ҷумла ба русҳо мо ҳам дар замони Шӯравӣ хеле адабиёти пешрафта ба вуҷуд овардем. Имрӯз дар такя ба амрикоиҳо насри Афғонистон инкишоф ёфта истодааст. Ба андешаи Шумо дар чунин ҳолат оё имкон ҳаст, ки адабиёти мо ба сари худаш пеш равад ва ё бояд ягон такягоҳ дошта бошад?

А. Самадов: - Нахуст, вазифаи нависанда ин аст, ки ӯ пеш аз ҳама бояд барои адабиёти худ ва халқи худ эҷод кунад.

Воқеан, адабиёти имрӯзи Афғонистон пеш рафтааст. Масалан, чанде пеш ҳикояҳои Раҳнаварди Зарёбро хондам ва бароям бисёр писанд омад. Мутаассифона, мо нависандае дар сатҳи онҳо надорем. Раҳнаварди Зарёб реализми зебо дорад. Маҳмуди Давлатободӣ мегӯяд, ки реализм барои ифшои ҳунар беҳтарин васила аст.

Мо дарёфта натавонистем, ки пояи ахлоқӣ ва ҳадафи ахлоқии асарҳо дар чӣ аст. Шояд баъзе асарҳо мувофиқи таъби ғарбиён навишта шуда бошад. Бинобар ин ҳам, на ҳар асар дар Ғарб хонандаи зиёд пайдо карда метавонад. Мегӯянд, ки дар Амрико асари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Балхӣ аз ҳама асари хонотарин аст. Рости гап, ба ин шубҳа дорам. Барои он шубҳа дорам, ки дар Амрико барои хондани “Маснавии маънавӣ” барин асари бузург вақт надоранд. Амрикоӣ агар ин асарро хонад ҳам, дафтарҳои 4-5 –и ин асарро мехонад, ки пур аз фаҳш аст. Дар ҳоле, ки Мавлоно дар охири он ривояту ҳикоятҳо “ҳиллаи шаръӣ” оварда, онҳоро рад мекунад. Ҷомеаи Амрико бештари вақти худро ба ҷамъ овардани сармоя сарф мекунанд, на барои чизи дигар.

И. Усмонов: - Дуруст аст. Ман ҳам дар ҳамин фикр ҳастам. Чароки нахуст хонандаи Аврупо ё Амрико ба назми калон камтар сари кор доранд. Албатта мутахассисонро истисно мекунам. Дуюм вақте ки мо – тоҷикон ягон чизи худро таъриф кардан мехоҳем, чунон таъриф мекунем, ки сару нуги таърифамон гум мешавад. Яъне ба ҳадди ифрот мерасонем. Мавлоно ва дигар бузургонамонро мехонанд, аммо на ба он ҳадде, ки мо тасаввур мекунему менависем.

Ба бахти миллати мо, бо ташаббуси қувваҳои иҷтимоии ватанпарасту миллатпарасти Тоҷикистон девбод фурӯъ нишаст, яъне нобуд шуд. Хушбахтона, дар сарзамини мо, дигар девбод гардиш намехӯрад. Аммо ба назари Шумо зиндагии имрӯзаи мо бо ҳамаи ин зебоӣ ва бо ҳамаи ин бурду бохташ барои ояндаи мо бе дуруст донистану баҳо додани таърихамон имконият медиҳад ё не? Агар имконият надиҳад, чӣ кор кунем?

А. Самадов: - Агар шумо ба ёд дошта бошед, китоби дуюми “Гардиши девбод” бо мисраи “Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд...” анҷом меёбад, ин шиоре ба имзои Созишномаи сулҳ аст. Яъне ба рӯзи 27-уми июн – Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шудааст. Ин рӯз орзуи мардуми тоҷик буд ва хушбахтона ин орзуи мардуми тоҷик ва Тоҷикистониён ҷомаи амал пӯшид.

Бояд гуфт, ки дарахти орзу ҳамеша аз қади инсон чанд баробар баланд аст. Зиндагӣ бо як орзу ба анҷом намерасад. Зиндагӣ боз пешомад дорад. Истиқлоли давлатии мо беҳтарин дастоварди миллати мост. Истиқлол барои ҳар як миллат муқаддас аст ва албатта барои миллати мо низ. Аммо истиқлолро ҳар кас ҳар хел фаҳмида ва аз он ҳар гуна истифода мекунад. Бинобар ин, навиштани асаре, ки барои истиқлолхоҳӣ, барои озодихоҳии Ватан хуни мурдаро дар ҷӯш меорад, осон нест. Вай шоҳкори дунё аст. Дар гузашта устод Сотим Улуғзода, ки бисёр шахсияти истиқлолхоҳ ва миллатдӯсти мо буданд, он шоҳкорро дар мо ба вуҷуд оварданд. Адабиёт муқаддас аст. Адабиёт бояд ормони миллӣ бошад. Адабиёт ин нест, ки ту ҷоиза гирию асаратро таъриф кунанд. Адабиёт чизи барои ҳамеша мондагор аст.

И. Усмонов: - Дар романи “Гардиши девбод” ман нисбат ба асарҳои дигари шумо, фалсафаи сиёсии шуморо бештар дарк кардам. Яъне тасвир дар қолаби фикри Шумо, ақдаи Шумо ва баҳои Шумо ба ин воқеаҳо зиёдтар ва пурқувваттар аст. Ин нишонаи он аст, ки Шумо дар айни камоли эҷодӣ ҳастед. Яъне ҳамаи роҳҳои дигарро гузаштед ва имрӯз дар ин асар имконияти аввалин бор озодтар гуфтани ақидаи худро дар паҳлӯи тасвири воқеаҳо пайдо кардед. Умед мекунам, ки ҳамин қолаб ва ҳамин шакли нави эҷод дар асарҳои минбаъдаи Шумо идома пайдо мекунад.

Дар охир, барои сӯҳбат ташаккур мегӯям.

А. Самадов: - Саломат бошед. 

Профессор Ҷовид Муқим ва шахсияти ӯ

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед