Ru  | Tj
Гулчини фикрҳои мутахассисони русияги оиди интихобот дар Тоҷикистон
Гулчини фикрҳои мутахассисони русияги оиди интихобот дар Тоҷикистон

Гулчини фикрҳои мутахассисони русияги оиди интихобот дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Оиди интихобот дар Тоҷикистон ва дурнамои он - афкори мутахассисони Русия

Котиби Генералии Шурои Байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский


Фаъолии ҷавононро қайд намуд
Пеш аз ҳама, ман мехостам фаъолии назарраси сокинон, хусусан ҷавонон, ки ба участкаҳои интихоботи ташриф оварда, овоз доданд, бо назардошти он, ки участкаҳо соати 6 субҳ кушода шуданд. Дар соати 6 субҳ мардум аллакай дар навбат меистоданд, аз он ҷумла ҷавононе, ки хоҳиши овоз диҳи доштанд.

Сенарияи Қирғизистон дар Тоҷикистон имконнопазир аст
Ин кишвар дар солҳои 90-ум ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд. Ва фикр мекунам, ягон одами солим бозгашти он давраҳоро намехоҳад. Шубҳа аз он дорам, ки афроде дар Тоҷикистон аз сулҳу самти рушди мавҷуд буда маҳрум шудан хоҳад.

Сиёсатшинос Евгений Кудряц


Манфиатдорҳо барои номусоид намудани ҳолатҳо нестанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, воқеаҳои соли 90-ро, ва он бенизомиҳо паси сар шуданд. Ба ғайр аз ин, дар Тоҷикистон гуруҳҳои манфиатдори ба миён овардани бесарусомониҳо нестанд, нисбат ба Қирғизистон. Дар он ҷо шахсиятҳои бар зидди президенти кунуни эродгар вуҷуд надоранд.

Бидуни ногаҳониҳо
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба кучаҳо баромада бетартиби намекунанд, аммо чизе кафолат додан мумкин нест, сабаби ногаҳони нақши худро хоҳад бозид. Аммо ногаҳониҳои бузургро мунтазир шудан лозим нест.

Роҳбари клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович


Охирин муҳлати Раҳмон
[Натиҷаи ба даст овардаи Раҳмон] дар интихобот ин нишондиҳандаи он мебошад, ки ин эҳтимолан, охирин муҳлати Раҳмон мешавад, ва дар кишвар барои ҳукмрони писари Раҳмон –Рустами Эмомалиро омода мекунанд.

Бе эътирозҳо
Дар Тоҷикистон мушкилиҳои муайян дар соҳаи иқтисоди-иҷтимои мавҷуданд, аммо ман такрори воқеаҳои мисли Қирғизистонро намебинам.

Сардори шуъбаи Осиёи Миёнаи институти кишварҳои ИДМ Андрей Грозин


Президентро ҳама мешиносад
Аксарияти нтихобкунандагон бо барномаҳои рақибони президенти кунуни дар интихобот шиносои надоштанд. Аксари онҳоро мардум намешиносад. Президенти кунуниро ҳама мешиносад.

Баҳри осоиштаги овоз медиҳанд
Қисми зиёди мардум аз дигаргуни нигаронанд. Махсусан Тоҷикистон - кишваре, ки аз ҳама ҷанги шаҳрвандии хунинро дар кишварҳои пасошуравӣ паси сар намуд. Ҷомеа аз такрори ин давраҳо дар ҳарос аст.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед