Ru  | Tj
Иброҳим Усмонов: Рӯзи матбуоти миллӣ пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода буд
Иброҳим Усмонов: Рӯзи матбуоти миллӣ пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода буд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Иброҳим Усмонов: Рӯзи матбуоти миллӣ пешниҳоди Пайванди Гулмуродзода буд

Нашр шуд

Имрӯз, 8-уми апрел аз даргузашти муҳаққиқи хушноми журналистикаи тоҷик Пайванди Гулмуродзода 9 сол сипарӣ мегардад. Дар ҳошияи ёдбуди эшон бо муҳаққиқи журналистикаи тоҷик, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов перомуни чӣ гуна муқаррар шудани Рӯзи матбуоти тоҷик ва саҳму хидмати шахсиятҳои алоҳида ва аз ҷумла Пайванди Гулмуродзода ва талошҳои онҳо суҳбате доштем.

– Дар замони Шӯравӣ Рӯзи матбуоти тоҷик  5-уми май таҷлил мегардид. Дар замони истиқлол мо онро ба 11-уми март кӯчондем. Чӣ зарурат пеш омада буд, ки барои тағйири Рӯзи матбуоти тоҷик тасмим гирифта шуд?

– Рӯзи матбуоти замони шӯравӣ дар ҳамаи 15 давлати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тағйир ёфт. Он рӯз, рӯзи матбуоти сиёсӣ буд. Яъне ин сана рӯзи ташкили рӯзномаи “Правда” буд ва мо онро ҳамчун рӯзи матбуоти сиёсӣ қайд мекардем. Дигар дар ҳеч як давлатҳои пасошӯравӣ ин сана чун қабл боқӣ намонд. Зеро аксаран чунин рӯзҳое вобаста ба матбуоташон доштанд, ки қаблтар аз ин буд. Масалан, худи русҳо рӯзи матбуоташонро ба замони Пётр (соли 1703) бурданд. Гурҷиҳою озариҳою дигар халқҳо низ ҳамчунин. Яъне дигар мардум ба қайд кардани рӯзи пайдоиши матбуоти миллии худ  сар кард. Мо низ ҳамин гуна ба таҳқиқи рӯзи интишори матбуоти миллию танҳо ба халқи тоҷик дахлдошта пардохтем. Ҳамчунин, яке аз заруратҳои тағйир ёфтани рӯзи матбуот ин аст, ки мо дигар давлати коммунистӣ набудем. Яъне аз идеяи коммунистӣ даст кашида, ба идеяи демократӣ равонаем. Аз ин хотир, мо ин санаро ба рӯзи одии ғайрисиёсӣ овардем. Бинобар ин, рӯзи нашри аввалин шумораи нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”-ро рӯзи матбуоти миллии тоҷик унвон додем. 

– Чунонки медонем, Шумо аз ҷонибдорони онҳое будед, ки мехостанд Рӯзи матбуоти миллӣ 15-уми март – рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи “Иди тоҷик” (“Ҷумҳурият”-и имрӯза) бошад.

- Ман аслан тарафдори он будам, ки рӯзи матбуоти тоҷик ё ба 10-уми  апрел – рӯзи таъсиси рӯзномаи  “Шуълаи инқилоб” ё ба 15-уми март – рӯзи таъсиси рӯзномаи “Иди тоҷик” (ҳоло “Ҷумҳурият”) пайваст бошад. “Шуълаи инқилоб” аввалин рӯзномаест, ки бо истифодаи мафҳуми “тоҷик” дар бораи халқи тоҷик сухан кард. Ҳамчунин, он инқилобӣ буда, рӯҳи сиёсии моро ифода мекард. 

“Иди тоҷик” нахустин рӯзномае аст, ки бо забони  тоҷикӣ ва дар Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон таъсис шуд. Ҳамчунин, аввалин нашрия дар шаҳри Душанбе буд. Аз ин хотир, ман ҷонибдор будам, ки аз рӯзи таъсиси ин ду рӯзнома якеаш интихоб гардад. Вале ман дар баҳс иштирок надоштаму пешниҳоди худро низ иброз накардам. Зеро шогирдонам, аз ҷумла Пайванди Гулмуродзода гуфтанд, ки шумо кори сиёсӣ карда истодаед ва суханатон  даъвоҳои илмии моро беқурб месозад. 

Ин пешниҳоде, ки қабул гардид, имрӯз ин сана ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн гирифта мешавад, ман низ қабул доштам ва гуфтам, ки бигзор чунин монад.

– Пайванди Гулмуродзода дар таъйин шудани Рӯзи матбуоти миллӣ чӣ нақш дорад?

– Вай яке аз фаъолони ин соҳа дар он солҳо буд. Ҷавони пурҷустуҷӯ буд ва суханашро фаҳмонидаю гузаронида метавонист. Он замон ғайр аз ӯ дигар касе, ки дар ин соҳа сухан гуфта тавонад, набуд. Муаллим Нуралиев, ки шояд он замон декании факултети журналистикаро ба дӯш доштанд, дар баҳсҳо ширкат кардан намехостанд. Ӯ бо ин идеяи  худ ба Вазорати фарҳанг муроҷиат кард ва ин пешниҳодро ба ҳамин шакл пеш бурд. 

– Дар баробари Пайванди Гулмуродзода боз киҳо дар гузаронидани рӯзи матбуот ба санаи 11-уми март нақш доштанд?

– Ба ин пешниҳод Қироншоҳ Шарифзода ҳамфикр буд. Вале каси дигареро гуфта наметавонам, зеро дар он замон касони дигаре, ки матбуотро тадқиқ карда бошанду таърихи онро донанд, набуданд.

– Намояндаи пешини парлумон Олимҷон Салимзода чӣ?

– Ӯ ҳамсабақи Гулмуродзода аст. Вале он замон дар парлумон кор намекард. Шояд корманди Вазорати фарҳанг буд. Пайванди Гулмуродзода барои тавсиб шудани пешниҳодаш метавонист аз ӯ истифода барад. Олимҷон баъдан дар мавзӯи рӯзномаи “Бухорои Шариф” таҳқиқоти илмӣ низ анҷом дод.

– Дар ин баробар, аз Усмон Назир низ ёд мекунанд, ки гӯё дар қабул шудани ин тасмим дасте дорад.

– Барои қабул шудани ин пешниҳод ҳатман, ки бояд қонунан тасдиқ вуҷуд медошт ва бо ташаббуси вакиле бояд ба қонунгузорӣ, яъне ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” дохил мегардид ва барои ин вакиле аз парлумон лозим буд. Усмон Назир он вақт дар парлумони кишвар кор мекард ва ин навъ пешниҳодро ҳамчун мутахассис дастгирӣ карданаш мумкин буд.

– Ба парлумон кӣ пешниҳод кард?

– Шояд факултети журналистикаи ҳамонвақтаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанг вакиле бояд пайдо карда бошанд, ки бо ҳамин ташаббус баромад карда бошад. Он замон раиси Кумитаи воситаҳои ахбори омма дар парлумон Раҳмонқул Атоев буданд. Ин ташаббусро кумитаи онҳо ё кумитаи қонунгузории ҳамонвақта амалӣ кардаанд. Яъне ба воситаи яке аз ин ду кумита ин пешниҳод ба рӯзномаи маҷлис дохил карда шудааст.

– Гуфтед, Пайванди Гулмуродзода яке аз фаъолони ин иқдом буд. Шояд аввалин бор ин пешниҳод аз ҷониби ӯ буд? Ва ин пешниҳод кай нахустин бор садо дод?

– Ман кай садо додани ин пешниҳодро намедонам. Ман он замон дар Кумитаи телевизион ва радиои кишвар кор мекардам. Боре ба наздам омаду пешниҳоди худро гуфт. Ман низ фикри худро иброз кардам. Ӯ гуфт, ки монед корҳоямон дар ҳамин шакл равад. Ман низ қабул кардам.

 Ин аввалҳои соли 1993 буд. Дар солҳои 1991-1992 ҳанӯз мо дар бораи дигар кардани рӯзи матбуот чандон талош надоштем. Он солҳо мо танҳо дар фикри ором кардани ҷанг будему дар бораи ин чизҳои маданӣ намеандешидем.

– Пайванди Гулмуродзода дар асараш “Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон” ёдоварӣ аз он мекунад, ки дар шӯрои охирини Иттифоқи журналистон ҳамин пешниҳодро кардааст ва он хуш пазируфта шудааст. Тахмин меравад, дар солҳои охирини ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне солҳои 1989-1991 садо додааст.

– Ман ёд надорам, ки дар солҳои 1989-1991 ба сифати Рӯзи матбуот эълон шудани рӯзе талошҳо ба вуҷуд омада бошад. Ҳол он ки ман дар ин солҳо аз онҳое будам, ки ҳамроҳи Маҳмуд Шаҳобиддинов бо хоҳиши раиси Иттифоқи журналистон Мирзоҳаёт Давлатов лоиҳаи аввалин қонуни матбуоти Тоҷикистонро тайёр кардем.

– Мегӯянд, яке аз ҷонибдорони идеяи гузаронидани рӯзи матбуот аз 5-уми май ба рӯзи нашри “Иди тоҷик” Мазҳабшо Муҳаббатшоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” будааст, ки дар он шароит дар журналистикаи тоҷик як шахсияти таъсиргузор низ буд. Вале чаро ҳарфи Мазҳабшо Муҳаббатшоев на, балки аз Пайванди Гулмуродзода ҷорӣ шуд?

– Мазҳабшо Муҳаббатшоев дар соли 1993 мақом надошт. Азбаски як гурӯҳ ӯро ба гурӯҳи душманҳо дохил карда буданд, дар кӯчаҳои Душанбе пинҳонӣ гаштугузор мекард. Бобоҷон Икромов, раиси Кумитаи телевизион ва радио ӯро дар хонаи худаш пинҳон карда буд. Аз ин хотир, дар баҳси соли 1993 Мазҳабшо Муҳаббатшоев иштирок надошт.

– Қироншоҳ Шарифзода, ки он замон корманди рӯзномаи парлумони кишвар – “Садои мардум” буд, оё барои расидан ба ин ҳадаф аз тариқи парлумон талошҳо карда буд?

– Ин метавонад бошад. Яъне ба Пайванди Гулмуродзода барои амалишавии ин пешниҳод дастёрӣ кардааст. Яъне Пайванди Гулмуродзода барои татбиқи идеяи худ аз кӯмакҳои Қироншоҳ Шарифзода истифода бурдааст.

– Ба назари Шумо, мо киро метавонем бунёдгузори Рӯзи матбуоти тоҷик гӯем?

– Мо танҳо “Бухорои Шариф”-ро метавонем бунёдгузори рӯзи матбуоти тоҷик гӯем. На касеро. Пайванди Гулмуродзода ё Қироншоҳ Шарифзода ва ё дигарон ба сифати бунёдгузори рӯзи матбуоти тоҷик номбар шуда наметавонанд. Онҳо танҳо ташаббус карда бояд мақомеро истифода бурда бошанд. Ин мақом метавонад Иттифоқи журналистон, Вазорати фарҳанг, ҳатто Кумитаи давлатии табъу нашри Тоҷикистон бошад, ки пештар чунин кумита вуҷуд дошт. Қонунро Шӯрои Олии кишвар расмӣ кард. Шахси берунае, ки вай ҳуқуқи баровардани қонун ё баровардани фармонро надорад, ташаббускор шуда наметавонад.



Имрон Хон чӣ гуна қурбонии сиёсати худ шуд?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед