Ru  | Tj
Тоҷикдухтаре мехоҳад оламро тасхир кунад
Тоҷикдухтаре мехоҳад оламро тасхир кунад
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Тоҷикдухтаре мехоҳад оламро тасхир кунад

Нашр шуд

Толори бузург ва пуршукӯҳ. Ҳазорон нафар дар он нишастаанд. Пешорӯи онҳо саҳнаи ҳунар аст. Саҳнае ки беҳтаринҳоро муаррифӣ ва рӯи даст мегирад. Ин саҳна торик аст. Толорро садои ҷаззобу дилангези духтараке фарогир мешавад. Ҳозирин аз ин ово ба ваҷд меоянд ва ба якдигар чашми ҳайрат медӯзанд. Садои ин овозхони кӯчак ба авҷ мерасад. Ҳакамон ангушти ҳайрат мегазанд ва ду дасташонро ба боло мебаранд. Суруд ба поён мерасад. Мавҷи қарсакҳо баланд мегардад. Ҳама шигифтзадаву ҳайрон аз маҳорати духтараки 19-солаи тоҷик аз ҷой бармехезанд, ҳама мехоҳанд донанд ӯ кист ва куҷост.

Ин орзуву омоли Сабрина Ҷалолова аст. Ӯ зодаи Душанбе – шаҳри ишқу муҳаббат, зебоӣ, оромӣ ва ормонҳост. Душанбее, ки саропояш оҳанг аст. Ҳар кӣ дар ин шаҳр ба дунё омадааст, табиатан эҷодгар мешавад. Сабринаро низ ин шаҳр хунёгар намуда, меҳри мусиқиро дар дилаш ҷо намуду садои ҷовидонияш бахшид.

Сабрина дар ҳалқаи ҳамсабақону устодон
Сабрина дар ҳалқаи ҳамсабақону устодон

“Дилро ба дил раҳест”, ки ин садо ба умқи қалбҳои волидайн расид ва эшон ояндаи дурахшони духтари ноздонашонро кашф карданд. Волидайн дар симои духтарашон ҳунарманди ояндадореро медиданд, ки фардо дар бузургтарин саҳнаҳои ҷаҳонии ҳунар овозхонӣ менамояду номи тоҷику Тоҷикистонро пуровоза месозад.

Волидайн Сабринаро ҳангоми дар синфи 2 таҳсил доштанаш, ҳамзамон ба мактаби мусиқии №3 ба номи В.И. Ленин гузоштанд. Ин ҳангом рӯзгор барояш маънои нав касб кард, либоси тоза ба бар намуд ва армуғоне аз олами ғайб гардид. Ҳафт сол дар ин ҳунаркада машқи мусиқӣ кард. Ҳафт сол оҳангу тарона ба тору пуди ӯ ҷо гирифт. Дар ин ҳафт сол ҳар ҳарфи ӯ сурудеро мемонд. Ҳафт соли ишқварзӣ ба мусиқӣ барои Сабрина чунон бигзашт, ки худ пай набурд. Дар ин ҳафт сол ӯ шефтаи оҳангҳои классикии фалак ва шашмақом гардид.

Дар ҷодаи фалаксароӣ варо устоди аввалин ва раҳнамои беназир ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Назрӣ буда. Устоди фалак дар симои ин духтараки ҳунарманд истеъдоди нодирро кашф намудаву ӯро ба шогирдӣ пазируфт.

Сабрина дар гоҳи мактабхонӣ мусиқии шашмақомро низ дӯст дошт, дил баст ва шайдои он гардид. Лола Азизова ва Сабоҳат Наҷмиддинова – ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон нозукиҳои ин оҳанги таърихиву ҷовидониро барои ин духтари ошиқи шайдои савту наво ёд дода, қадам ба қадам Сабринаро мақомхон мекарданд.

Сабрина ва шарикдарсон
Сабрина ва шарикдарсон

Таҳсил дар мактаби мусиқӣ барояш танҳо дарси сарояндагӣ набуд. Мекӯшид, навои зиндагӣ, садои ошиқон ва савти хубу ҷонафзоро бинавозад. Садои дилашро бо асбобҳои мусиқӣ ҳар гаҳе замзама мекард. Ӯ акнун дарк мекард, ки мусиқӣ ҷузъе аз зиндагияш аст, бе он зиста наметавонад ва ин асбобҳо барояш таскинбахши рӯҳу равон гаштаанд.

Сенздаҳсола буд, ки шефтаву мафтуни ҳунари овозхонии сарояндагони сатҳи ҷаҳонӣ: Бйонсе, Адел, Уитнӣ Хюстон ва Селин Дион гардид. Оҳангҳои онҳоро азбар медонисту дар маҳфилу консертҳои мактабӣ ва базмҳои оилавӣ месуруд. Дар дили кӯчакаш орзуе мепарварид, ки рӯзе номи Сабрина Ҷалолова низ дар баробари ҳунармандони ҷаҳонӣ садо медиҳад. Ҳамон шабу рӯз буд, ки тасодуфан дар шабакаи интернет чашмаш ба шоу-барномаи истеъдодҳо – “America’s got talent” бархӯрд ва оташаки роҳ ёфтан ба ин озмуни бонуфузи эҷодӣ дар дилаш маъво гирифт.

Маҳз орзуву ормон буд, ки Сабрина Ҷалоловаро ба ИМА бурд ва кунун ӯ дар Колеҷи “Metropolitan community college”-и Небраска илму дониш омӯхта, оғози шоу-барномаи орзуҳояшро бо тамоми вуҷуд интизорӣ мекашад. Ӯ талош дорад, дар ин озмун ҳунари на танҳо худ, балки тоҷику тоҷистониёнро ба намоиш гузорад. Тоҷике, ки тамаддунофарин аст. Сабрина мехоҳад собит созад, ки аз насли Борбади Марвазии ромишгар аст. Борбаде ки садояш аз дарозои таърих шунида мешавад. Ӯ бовар дорад, ки ҳунарнамоӣ дар ин шоу-барнома рӯзгори ӯро рақам хоҳад зад ва варо ба марҳилаи наву номи Сабринаву Тоҷикистонро баланд хоҳад бардошт.

Итминон дорад, ки рӯзҳои наздик аз минбари баланд барои кишвари хурди Тоҷикистону мардуми шарафманди он ифтихор хоҳад офарид. Ифтихоре, ки насл ба насл қисса хоҳад шуду асло фаромӯш нахоҳад гашт...



Адабиёт, мотиватсия ва фалсафа. "Хирад" барои тоҷикистониён чӣ кор карданист?


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед