Ru  | Tj
Кӣ бой шуду кӣ бой дод? Суду зиёни тоҷикистониҳо аз захира бо доллар, сомонӣ ва тило
Кӣ бой шуду кӣ бой дод? Суду зиёни тоҷикистониҳо аз захира бо доллар, сомонӣ ва тило
Акс аз Sputnik

Кӣ бой шуду кӣ бой дод? Суду зиёни тоҷикистониҳо аз захира бо доллар, сомонӣ ва тило

Нашр шуд

Соҳиби сад доллари амрикоӣ дар захира дар ним соли гузашта 30 сомониро аз даст дод, аммо дорандаи сабикаи садграммии тило тайи якуним соли гузашта 24 ҳазор сомониро ба сарваташ зам кард.

Ҳар тоҷикистоние, ки пулашро бо доллар захира кард, дар нимсолаи аввали соли равон камбағалтар шуд, ҳар кӣ сабикаҳои тилоӣ харид сарватмандтар гардид. Аз дороиҳои кӣ дар ним соли гузашта кам шуду ба сарвати кӣ зам дар матлаби Halva.tj бихонеду маслиҳати коршиносро мутолиа кунед.

Нархи метали рақами 1 дар бозори ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа майл ба болоравӣ дорад, ки аз ин тоҷикистониҳо низ бурд карданд.

Дар баробари ин онҳое, ки бо доллар сармояашонро захира кардаанд, манфиати зиёд надиданд, чун нархи пули амрикоӣ дар баробари пули сомонӣ дар нимсолаи гузашта низ майли поинравиро идома дод, бармеояд аз омори Бонки миллии Тоҷикистон.

Аз ҷумла агар дар аввали соли равон қурби як доллари амрикоӣ ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ба 10,96 сомонӣ баробар буд, аллакай феълан он то 10,66 сомонӣ поин рафтаст. Яъне ҳар дорандаи сад доллар алакай дар ним соли гузашта аз ин дороияш ҳудуди 30 сомониро аз даст дод.


Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон нархи асъори амрикоӣ дар баробари пули миллӣ аз аввали соли равон ҳудуди 2,7% арзонтар шуд.

Дар ҳоле, ки дорандаҳои тило сарваташонро бидуни он, ки коре анҷом диҳанд, ба таври назаррас зиёд намуданд.

Дар бозори ҷаҳонӣ нархи як унсийи троянии тило дар нимаи моҳи июл ба 2467 доллари амрикоӣ расид, ки бесобиқа дар таърих ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки як унсийи троянӣ муодили тақрибан 31 грамм мебошад.

Дар Тоҷикистон, ки замини зархези бой аз металҳои гаронбаҳо, аз ҷумла тило дорад, аз он на танҳо ширкатҳои истихроҷкунанда, балки шаҳрвандони қаторӣ низ метавонанд, суд бигиранд.

Ҳар соҳиби сад грамм тило 24 ҳазор сомонӣ бурд кард

Аз соли 2017 ба ин сӯ Бонки миллии Тоҷикистон сабикаҳои тилоиро пешниҳоди шаҳрвандон мекунад, ки ҳар сокини кишвар ҳақ дорад, соле то як кило ин метали гаронбаҳоро харад.

Бонки миллии Тоҷикистон нархи сабикаҳои тилоиро барои аҳолии ҷумҳурӣ вобаста ба нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ муайян мекунад, ки тайи 1,5 соли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Қимати сабикаи садграммии тило аввали соли 2023 ба 60 ҳазор сомонӣ баробар буд ва аввали соли равон ин нишондод қариби 74 ҳазор сомонӣ ва моҳи равон наздик ба 84 ҳазор сомонӣ расид. Ҳамин тариқ соҳиби сабикаи садграммӣ дар якуним соли охир бидуни анҷоми коре қариби 24 ҳазор сомонӣ ба дороияш зам кард.


Ҳар кӣ дар бисоташ килои тило дошт, ки хариди ин миқдор метал барои ҳар шаҳрванд дар як сол иҷозат аст, дар якуним соли охир ҳудуди 240 ҳазор сомонӣ бойтар шуд.

Барои онҳое низ, ки маблағи камтар доранд, сабикаҳои сабуктари тило омода шудаанд, ки хурдтаринаш ҳудуди 5 грамм вазн доранд. Сабикаи панҷграммӣ аввали соли 2023 ҳудуди 3,1 ҳазор сомонӣ нарх дошт, вале алакай дар оғози соли ҷорӣ ба 3,8 ҳазор сомонӣ, моҳи июли соли равон ба зиёда аз 4,3 ҳазор сомонӣ баробар шуд.

Ҳамин тариқ соҳиби сабикаи панҷграммии тило тайи 1,5 соли охир ба андозаи 1,2 ҳазор сомонӣ бойтар шуд.

Инчунин дар фурӯш сабиқаҳои 10, 20, 50 ва 100-граммӣ мавҷуд аст, ки ҳар қадар вазнинтар бошад, ҳамон қадар нархи грамми он барои харидор арзонтар меғалтад.

“Ҳамаи тухмҳоро дар як сабад набояд нигоҳ дошт”

Дар Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, зимни нархгузории сабикаҳо арзиши тило дар бозори ҷаҳонӣ, хароҷот барои омодасозии сабикаҳо, хароҷот барои ҳамлу нақл ва бима ба назар гирифта мешаванд. Дар зимн шаҳрвандоне, ки мехоҳанд тилои худро фурӯшанд, бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ онро бозхарид низ мекунад.

Иқтисоддон Нозим Шарифӣ рӯй овардани корхонаҳою аҳолӣ ба захира кардани қисме аз пасандозҳо бо тилоро раванди мусбат хонд, ки ба коҳиши вобастагии иқтисоди кишвар аз асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар то ҷое мусоидат мекунад.

Вай барои шаҳрвандон муҳим хонд, ки барои коҳиши хавфу таваккалу таваррум, пасандозҳоро ба шеваҳои мухталиф, ҳам тило, ҳам асъори хориҷӣ ва ҳам пули миллӣ ҳифз кунанд. Шарифӣ мисол овард, ки тайи солҳои охир онҳое бурд карданд, ки пасандозҳояшонро бо пули миллӣ ва тило захира намуда буданд.

Маврид ба зикр аст, ки тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон соли 2023 аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 88 млн сомонӣ сабикаҳои тилоӣ харид.

Таҳлилгарон болоравии нархи тилоро то ҷое ба коҳиши эътимод ба доллар, талоши бонкҳои марказӣ барои зиёд намудани захираҳои тило ва ноустувории геополитикӣ аз Ховари Миёна то Украина рабт медиҳанд.

Дар шароити номуайяниҳо Шарифӣ мегӯяд, барои тоҷикистониҳо беҳтар аст, ки ба қавле  ҳамаи тухмҳоро дар як сабад наандозанду сармояашонро ҳам бо пули миллӣ, ҳам асъори хориҷӣ ва ҳам метал пасандоз намоянд. Ӯ таъкид намуд,  барои он, ки дороӣ бештар шавад бояд дар гардиш бошад ва агар шаҳрвандон роҳе беҳтар барои сармоягузорӣ наёбанд, роҳи дуруст нигоҳдории пулу дороӣ дар бонкҳост, ки суд меораду то ҷое аз таваррум ҳифз мекунад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед