Ru  | Tj
Кӯчии иҷбории мардуми Панҷшер. Ҳадафи низомӣ ё тағйири таркиби қавмии ин минтақа аст?
Кӯчии иҷбории мардуми Панҷшер. Ҳадафи низомӣ ё тағйири таркиби қавмии ин минтақа аст?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Кӯчии иҷбории мардуми Панҷшер. Ҳадафи низомӣ ё тағйири таркиби қавмии ин минтақа аст?

Нашр шуд

Раванди кӯчи иҷбории мардуми Панҷшер суръат мегирад. Гурӯҳи ҳаросафкан (террористӣ)-и “Толибон”* бо фишору таҳдид мардуми рустоҳои Панҷшерро маҷбур ба кӯчи иҷборӣ кардаанд ва аллакай рустоҳои зиёде ба таври комил холӣ шудааст. Ба ҷойи мардуми Панҷшер дар ин рустоҳо мардуми паштунзабон ва урдузабон маскун шудаанд ва ин амали “Толибон” нигаронии коршиносонро ба бор овардааст.

Масъалаи кӯчи иҷбории мардум аз зодгоҳу минтақааш дар шимоли Афғонистон аз замони ба қудрат расидани гурӯҳи ҳаросафкани “Толибон” идома дорад. Гурӯҳи мазкур асосан мардуми ғайрипаштун, бавижа тоҷик, узбак, ҳазора, туркманҳоро маҷбур ба кӯчи маҷбурӣ мекунанд ва ба ҷойи ин ақвом паштунзабону урдузабонҳоро оварда, маскун кардаанд.

Нигаронӣ дар мавриди кӯчи иҷборӣ пас аз он бештар шуд, ки “Толибон” эълом карданд, ки гурӯҳи “Толибони покистонӣ”*-ро ба минтақаи шимоли Афғонистон интиқол медиҳанд, то барои Покистон таҳдид эҷод накунанд. Покистониҳо аз ин иқдоми намоишии гурӯҳи террористии “Толибон” изҳори хушнудӣ карданд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки дар моҳҳои ахир беш аз 3000 ҷангҷӯи гурӯҳи “Толибон”-и покистонӣ дар минтақаҳои Шимол, умдатар Панҷшер, Сарипул, Андароб маскун шудаанд.

Собиқ кормандони низомӣ ва коршиносони масоили амниятӣ таъкид мекунанд дар пасманзари амали кӯчи иҷбории “Толибон” ҳадафҳои қавмӣ ва низомӣ нуҳуфтааст.

Бархе ба ин боваранд, ки ҳадафи “Толибон” аз кӯчи иҷбории мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои шимоли Афғонистон тағйири таркиби қавмӣ аст. Онҳо мегӯянд, азбаски нуфузи паштунҳо дар ин манотиқ ба сифр барорбар аст, бо ин роҳ “Толибон” мехоҳанд ҳузури паштунҳо – ҳамқавмони худро пуррангтар кунанд. Собиқ узви парлумони Афғонистон Муҳаммадалам Эзидёр се ҳадафи гурӯҳи “Толибон” аз ин кӯчи иҷбориро ном мебарад: “Аввалин ҳадафашон ҷилавгирӣ аз мухолифатҳои мусаллаҳона ва муқовимат ва ҳадди ақал коҳиши он аст. Дувум тағйири таркиби қавмӣ ва ҳувиятии минтақа ва ҷобаҷойии мардуми ғайрибумӣ ба асоси барномаи “шовунистӣ”, ки аз сӯйи шуморе аз ҳамфикрони онҳо аз муддатҳо қабл тарҳрезӣ шудааст. Ҳадафи севумашон ҷобаҷойии шуморе аз атбоъи хориҷӣ дар ду сӯйи Ҳиндукуш барои истифодаи дар амалиятҳояшон аст”.


 Самеъ Дараӣ, коршинос аз Панҷшер дар суҳбат ба расонаҳо ба ҳадафҳои низомӣ ва ҳаросафкании ин амали “Толибон” ишора карда, таъкид кардааст: “Кӯчҳои иҷборӣ ва ҷобаҷойии гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи шимол таҳдиде барои Узбакистону Тоҷикистон хоҳад буд. Тасаввури Узбакистон ин буд, ки узбакҳо ва ҷенерол Дӯстум ҳамчун камарбанди амниятӣ амал мекунад, ки пешқаровулони ҷанг бо террористон ҳастанд, вақте инҳо аз байн бираванд ва пароканда шаванд, хати аввали ҷанг ба марзҳои Узбакистон меравад ва ин хабари ваҳшатноке барои онҳост. Ҳамчунин барои Тоҷикитон низ ҳамин тавр аст, ки ин кишвар қаблан ҳузури тоҷикҳоро камарбанди амниятӣ барои худ медонист”.

Ин нигарониҳо дар ҳолест, ки бархе кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аз ҳузури беш аз 20 гурӯҳи ҳаросафкан дар қисмати шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ мекунанд ва таҷаммӯъи ин гурӯҳҳо дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказиро таҳдидофарин медонанд. Кӯчи иҷборӣ ва маскун кардани гурӯҳи “Толибони покистонӣ” дар қисмати шимол бар ин нигарониҳо афзудааст.

Пас аз ин ки писари Аҳмадшоҳ Масъуд – Аҳмад Масъуд барномаи низомии муқобила бо “Толибон”-ро эълом кард ва чанде дар дараи Панҷшер бо ин гурӯҳ ҷангид ва ҳоло низомиҳояш дар кӯҳҳои ин минтақа сангар гирифтаанд, “Толибон” фишорҳоро бештар кардаанд. Таҳдид, ҳабс, шиканҷа, қатл, ғасби замину хона аз ҷумлаи амалҳои ғайрибашарии “Толибон” аст, ки дар Панҷшер анҷом мешавад. Ҷавонони зиёде аз Панҷшер бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ боздошт, шиканҷа ва қатл мешаванд.


Барномаи ҷадиди “Толибон” кӯчи иҷбории комили бархе рустоҳо дар Панҷшер аст, ки мавриди нигаронии сокинон ва раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қарор гирифтааст. Панҷшер як минтақаи комилан тоҷикнишин аст ва аксарияти кулли мардуми он тоҷиконанд. Минтақаи Панҷшер зодгоҳи фармондеҳи номвари зидди толиб Аҳмадшоҳ Масъуд аст. Шояд ба ин далел аст, ки “Толибон” назорати шадиди низомӣ дар ин минтақа доранд. Дар ибтидо гурӯҳи ҳаросафкани “Толибон” бо фишору таҳдиду ҳабсу шиканҷа қисме аз мардумро водор ба муҳоҷирати иҷборӣ мекарданд, ҳоло бо фармони қатъӣ ва бидуни ҳеч кадом як далел сокинони рустоҳоро ба кӯчи иҷборӣ водор мекунанд. Хабарҳои нав ҳокӣ аз он аст, ки “Толибон” дар як иқдоми ҷадид сокинони чанд русто дар минтақаҳои Шутул ва Паёрни Панҷшерро ба кӯчи иҷборӣ во доштанд ва ин рустоҳо комилан холӣ аз мардум шудааст. Дар ин рустоҳои холӣ аллакай мардуми паштузабон ва урдузабон сокин шудаанд.             


*Фаъолияти ин созмонҳо дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед