Ru  | Tj
Кам хӯру ғам на: Ҳукумат равған, намак ва қанду стресси тоҷикистониҳоро кам карданист
Кам хӯру ғам на: Ҳукумат равған, намак ва қанду стресси тоҷикистониҳоро кам карданист
Аксҳо аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Кам хӯру ғам на: Ҳукумат равған, намак ва қанду стресси тоҷикистониҳоро кам карданист

Нашр шуд

Тоҷикистониҳо, ки солҳо дучори гуруснагӣ буданд, акнун мувоҷеҳи мушкили дигар - пурхӯрию фарбеҳӣ шудаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ин раванд ва оқибатҳои он, санади махсусеро имзо кардааст, ки аз ҷумла бозбинии ғизономаҳоро пешбинӣ менамояд. Halva.tj  бо вазифаҳои гузошта ва чораҳои банақшагирифтаи ҳукумат шинос шуд.

Ҳукумат ният дорад барои дастёбӣ ба ҳадафҳояш аз фишангҳо дар бахши сиёсати андоз ва назорати маркетингӣ истифода барад, то ба коҳиш додани истеъмоли хӯрокҳои дорои намакҳои зиёд, қанд, равғанҳои сершуда ва трансравғанҳо ноил шавад.

Кор дар ин самт аз қабули Стратегияи пешгирӣ, назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 оғоз гардид, ки ахиран раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон онро тасвиб намуд.

Банди махсуси ин санад марбути фарбеҳию камҳаракатӣ мебошад, ки миёни сокинон роиҷ шудааст.

Ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад аҳолии кишварро аз ғам ё худ стресс раҳо кунад ва дар ин маврид дастури махсусе ба роҳбарони ташкилотҳо равона шудааст, ки ба тобеинашон фишор наоранд.

Майнушу тамокукаш кам ва фарбеҳҳо зиёд шудаанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои 2017 ва 2023 дар Тоҷикистон бо дастгирии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таҳқиқоти паҳншавии омилҳои хавф барои бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни шахсони 18-69-сола гузаронида шуд.

Ин пажуҳиш коҳиши бархе аз омилҳои хавфнок, ба монанди гиподинамия ё худ камҳаракатӣ (аз 28,3 дарсад то 24,7 дарсад), истеъмоли ками мева (аз 62,7 дарсад то 52,2 дарсад), истеъмоли намак (аз 31,2 то 21,6 дарсад), истеъмоли тамоку (аз 13,5 дарсад то 13,1 дарсад), сӯиистифода аз машрубот (аз 5,0 дарсад то 1,9 дарсад)-ро нишон додааст.

Аммо фарбеҳӣ баръакс зиёд шудааст. Беш аз нисфи аҳолӣ алакай мушкили вазн доранд, гарчанде на ҳама ҳанӯз ба гуруҳи фарбеҳҳо вориданд.

Аз ҷумла ҳиссаи шахсони фарбеҳ дар соли 2017 13,5 дарсадро ташкил дод ва дар соли 2023 алакай ба 16,9 дарсад баробар шудаст.

Инчунин ҳастанд одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, аммо ҳанӯз фарбеҳ нестанд. Шумораи шахсони дорои вазни зиёдатӣ аз 33,2 дарсад то 33,9 дарсад зиёд шудаст. 

Ҳамин тариқ дар маҷмуъ нишондиҳандаи умумии фарбеҳӣ ва вазни зиёд аз 46,7 дарсади соли 2017 ба 50,8 дарсад дар соли 2023 расид. Ҳукумат ният дорад, ҷилави инро гирад.


Аз мошин ба велосипед: Мақомот мардумро серҳаракат карданиянд

Дар стратегияи қабулнамудаи ҳукумат роиҷ намудани фарҳанги ғизохӯрии солим ва баланд бардоштани серҳаракатӣ дар назар аст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ҷисмонӣ беҳтар намудани дастрасӣ ба иншооти варзишӣ, махсусан барои гурӯҳҳои осебпазир ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ҷисмонӣ барои одамони синну соли мухталиф дар назар аст.

Кам кардани ҳаракати мошинҳо ва бехатар кардани шароити пиёдагардию велосипедронӣ, тарҳрезии биноҳои истиқоматӣ ва ташкилотҳои тиббӣ, таъмини танзими ҳаракати аҳолӣ ва бунёди инфрасохтор аз бандҳои дигар мебошанд.

Васеъ ҷорӣ намудан ва рушди «Мактабҳои саломатӣ» бо назардошти таҷрибаи шабакаи «Мактабҳо барои саломатӣ дар Аврупо», ҳавасмандгардонии моделҳои солими рафтор ва фароҳам овардани шароити солими муҳити зист низ дар назар аст.

 
5 г намак дар як рӯз кофист: “Ресепт”-и ғизоҳо тағйир меёбад

Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи хӯрокхӯрӣ, дар назар дорад, ки миқдори қанд, равғанҳои сершуда ва трансравғанҳоро коҳиш диҳад. Бо ин ҳадаф миқдори онҳо дар дастурҳои тайёр намудани ғизо кам карда мешавад.

Аз ҷумла кам кардани истеъмоли намаки ош то сатҳи на бештар аз 5 г дар як рӯз дар назар аст.

Дар стратегияи пешгирифта махсусан таваҷҷуҳ ба ташаккули фарҳанги ғизохӯрии кӯдакону наврасон дода мешавад.

Ҷилави таблиғи ғизоҳои носолим барои кӯдакон гирифта мешавад

Меъёрҳои таъмини ғизо дар мактабҳо ва ҷойҳои дигаре, ки кӯдакон ҷамъ мешаванд, муқаррар мегарданд. Мақомот ҳадаф гузоштаанд, ки ғизоҳои носолим низ зиёд тарғиб нашаванд. Ҷилавгирӣ аз маркетинги хӯрокҳои дорои калорияҳои баланд, равғанҳои сершуда, трансравғанҳо, қанд ва намак аз чораҳои дигар барои таъмини солимӣ арзёбӣ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки муҳити солим барои ҳамаи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои истироҳатии ҷамъиятӣ таъмин гардад.

“Риоя шудани одатҳои хӯроки солим дар ошхонаҳои ташкилотҳо, тарғиб, қоидаҳои қатъӣ бар зидди истеъмоли машрубот ва тамоку дар ҷойи кор, аз бандҳои дигари стратегияи тасдиқкардаи ҳукумат мебошад.

Тавсияи ҳукумат ба раисон барои коҳиши стресс

Мақомоти Тоҷикистон муқаррар кардаанд, ки корфармоён барои кам кардани фишори равонию иҷтимоии вобаста ба кор тадбир андешанд.

Ба роҳбарон пурзӯр намудани чораҳои назорати стресс ва амалисозии барномаҳои одӣ дар ташкилотҳо барои баланд бардоштани некуаҳволии кормандон тавсия дода шудааст.

Фароҳам овардани имконият барои фаъолнокии ҷисмонӣ, гузарондани машварат оид ба масъалаҳои фаъолияти ҷисмонӣ дар ташкилотҳо, муҳайё намудани шароит барои дар давоми рӯзи корӣ ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул шудан, аз вазифаҳои дигаре мебошанд, ки ҳукумат барои ҳифзи саломатии аҳолӣ пеши роҳбарони муассисаҳо гузоштааст.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед