Ru  | Tj
Кумита наву қубур аз шӯравӣ: Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди ҷадиди манзилию коммуналиро таъсис дод
Кумита наву қубур аз шӯравӣ: Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди ҷадиди манзилию коммуналиро таъсис дод
Аксҳо аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Кумита наву қубур аз шӯравӣ: Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди ҷадиди манзилию коммуналиро таъсис дод

Нашр шуд

Бо таҷдиди сохтор дар соҳаи коммуналӣ, ки бисёри инфрасохтораш  бозмонда аз замони шӯравист, ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, хадамоти бахши манзил ва обу партовро беҳбуд бахшаду дар соҳа рақамисозию низоми билингиро татбиқ созад. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори нав Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукуматро таъсис дода, роҳбари онро низ таъйин намуд. Ниҳоди ҷадид масъули обрасонию партовбарӣ ва дигар хадамоти коммуналӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон шуд. Halva.tj бо сохтору салоҳиятҳои кумитаи нав шинос гардид.

Ба мақоми роҳбари Кумитаи навтаъсиси хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон Давлатзода Усмон Гул таъйин шуд, ки то ҳол дар вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” кор мекард. Ин КВД ҳамакнун яке аз корхонаҳои тобеи Кумита хоҳад буд.

Бо қарори ҳукумат, ба уҳдаи Кумитаи нав аз ҷумла таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов - канализатсия, беҳдошт, баровардану безарар намудани партовҳо, ободонӣ, нигоҳдошти фонди манзил ва сабзазоркунӣ гузошта шудаст.

Раисҷумҳур шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаро ба миқдори 30 воҳид, бе ҳайати хизматрасон, муқаррар кард.

  

Тибқи тартиби тасдиқкардаи ҳукумат, ба Кумита раис роҳбарӣ менамояд, ки бо қарори ҳукумат ба мансаб таъйин ва озод карда мешавад. Инчунин муқраррар шудааст, ки раиси Кумита ду муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби ҳукумат таъйину озод мегардад.

Раис барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад. Иҷозат дода шудаст, ки Кумита ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд. Маблағгузории Кумита аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва манбаъҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молия муқаррар гардидаст.

Рақамисозӣ ва пешпардохт дар соҳаи коммуналӣ

Интизор меравад, ки бо фаъолшавии ниҳоди нав рақамисозии соҳаи коммуналӣ дар Тоҷикистон вусъат бахшида шавад. Бо ин ҳадаф дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахши рақамикунонӣ, таъминоти низоми биллингӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият мекунад.

Рақамисозию низоми билингӣ, ба ибораи дигар пешпардохт барои хадамоти коммуналӣ интизор меравад, ки барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат намояд.

Маврид ба зикр аст, ки то ҳол дар ин соҳа КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” фаъолият мекард.  Бар асоси таҷдиди сохтор, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” низ аз байн бурда намешавад, балки ҳамчун корхонаи тобеи Кумитаи навтаъсис фаъолияташро давом медиҳад.

Кумитаи нав ҳамчунин дар тобеияташ КВД “Сохтмони асосӣ ва таъмир” ва Маркази татбиқи лоиҳаҳо дар самти таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партовро хоҳад дошт.

Сеяки аҳолӣ дар Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доранд

Ба иттилои мақомоти бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳудуди сеяки аҳолии Тоҷикистон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Афзоиши босуръати аҳолӣ ва бунёди иншооту манзилҳои нав бе назардошти имконоти инфрасохтори коммуналӣ мушкилотро дучанд кардаанд.

Мақомот ҳадаф гузоштаанд, ки то соли 2030  дастрасии аҳолӣ ба об пурра таъмин гардад ва бо ин ҳадаф тарҳҳои зиёди сармоягузорӣ бо ҷалби шарикони рушд рӯи даст гирифта шудаанду бархе лоиҳаҳо барои пайдо намудани сармоягузор пешниҳод шудаанд. 


Инчунин ахиран нархи об барои сокинони шаҳру навоҳӣ низ боло  бурда шуда буд. Дар ҳамин ҳол ҳуукумат Кумитаи навро муваззаф кардааст, ки бояд истифодаи самараноки маблағҳои барои лоиҳаҳои таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов сармоягузоришавандаро таъмин созад.

Кумита дастур гирифтаст, ки барои ҷалби маблағҳои грантӣ, сармоягузорӣ барои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов, кашонидану безарар намудани партовҳо, беҳдошт ва сабзазоркунӣ мусоидат намояд.

Ба роҳ мондани барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби ошомиданӣ, рафъи обҳои партов ва иншоот, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа ва таъминоти онҳо вазифаҳои дигаре мебошанд, ки ҳукумат пеши Кумита гузоштааст.

Мошину қолиншӯӣ дар пеши хона камтар мешавад?

Истифодаи ғайримақсадноки об, аз ҷумла истифодаи бидуни обҳисобкунак, шустани қолину мошину дигар ашё бо оби ошомиданӣ дар пеши хонаҳо, аз мушкилоти соҳа арзёбӣ мегарданд.

Кумитаи нав вазифадор шудааст, назорати пайваст ва насб намудани асбобҳои баҳисобгирии оби ошомиданиро дар шоҳқубурҳо, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва биноҳо таҳким бахшад.

Танзими меъёрҳои истифодабарии оби ошомиданӣ, таҳлил ва ҷамъбасти маълумот оид ба истифодаи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, таъсис ва истифодаи махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ дар бораи шабака ва манбаъҳои таъмини оби ошомиданӣ аз дастурҳои дигари ҳукумат ба ниҳоди навтаъсис аст.

Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва ташаккули тарбияи дуруст оид ба истифодаи самараноки оби ошомиданӣ, хизматрасонии рафъи обҳои партов, беҳдошт ва гигиена тавассути воситаҳои ахбори омма, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию таблиғотӣ доир ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба уҳдаи Кумитаи навтаъсис вогузор шудаст.

Алайҳи афроде, ки даст ба қонуншиканӣ дар бахши истифодаи оби ошомиданӣ ва партовҳо мезананд, Кумита ҳақ дорад, чораҳои маъмурӣ татбиқ намояд ва ё барои ҷуброни зарар ба додгоҳ муроҷиат кунад.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед