Ru  | Tj
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бозори Русияро тасхир мекунад
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бозори Русияро тасхир мекунад
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас шудааст

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бозори Русияро тасхир мекунад

Нашр шуд

Ҳар сол Тоҷикистон содироти меваву сабзавот ба Русияро афзоиш медиҳад. Бар асоси омори расмӣ, соли гузашта беш аз 191 ҳазор тон меваву сабзавот аз ин кишвар содир шудааст. Бештари меваҷот, аз ҷумла олу, зардолу, шафтолу, нок, себ, ангур, анҷир ба бозори Русия фиристода шудаанд. Меваҳои Тоҷикистон дар бозори Русия талаботи зиёдро дорад, зеро ба қавли мутахассисон, онҳо на танҳо дорои сифати аъло мебошанд, балки нисбат ба рақибони худ хеле арзонтаранд. Яке аз меваҳои дӯстдоштаи истеъмолкунандагони Русия гелоси ширини тоҷикист. Беш аз як сол аст, ки боғдорони ноҳияи Шаҳринав ин меваро ба Русия мефиристанд. Масалан дар ин боғ аввалин гелоси фаслӣ барои ирсол ба Маскав омода мешавад. Яклухтфурӯшон меваро аз дасти аввал бо нархи 150 рубл барои ҳар кило харида, дар Русия онро 350-400 рубл ба савдо мегузоранд. Чандин маротиба арзонтар аз наздиктарин рақибон аст.


 «Ҳамарӯза то чанд сад кило гелос гирдоварӣ карда, онро дар боғ дар қуттиҳои 2,5 килоӣ бастабандӣ мекунем. Буттамеваи мо боллазату шаҳдбор, ширин ва муҳимтар аз ҳама табиъист. Мо аз маводи кимиёӣ ва доруҳои заҳролуд истифода намекунем”, - иброз дошт  Фирӯз Сироҷов.



Дар ин боғи вилояти Хатлон олу барои содирот омода мешавад. Меваро норасида ҷамъоварӣ мекунанд, зеро он дар роҳ пухта мерасад. Ҳосили имсоларо соҳибкорони рус фармоиш додаанд.

«Тамоми дастаро омода карда, ба Челябинск мефиристем. Ҳар мавсим мизоҷони ман аз Русия тамоми ҳосилро фармоиш ва пардохт мекунанд. Як килояшро 7 сомонӣ мефурӯшам, ки тақрибан 45-50 рубл аст”, - мегӯяд Маҳмадраҷаб Ғиёев, боғбон аз вилояти Хатлон.

Ҳар сол ҷуғрофиёи содироти меваҳои Тоҷикистон ба бозори Русия дар ҳоли густариш аст. Ба гуфтаи коршиносон, меваҳои тоҷикӣ нархи меваву сабзавотро дар Русия ба таври ҷиддӣ коҳиш додааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳанӯз дар аввалҳои моҳи май гелос дар фурӯшгоҳҳои Маскав аз 1000 рубл дар ҳар як кило баҳо дошт ва имрӯз арзиши барои ҳар як кило то 400 рубл коҳиш ёфтааст.
«Эҷоди равобит дар ин ҷиҳат ниҳоят муҳим аст. Хатто дар вилояти Маскав кариб 11 милён нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки ин манотиқро ба бозори ниҳоят хуб табдил медиҳад. Мо ҳатто намедонистем, ки бархе аз маҳсулоти кишоварзии истеъмолкардаи мо аз Тоҷикистон аст. Ҳамкорони мо маъмулан борҳои гурӯҳӣ, аз ҷумла маҳсулоти Тоҷикистонро меоранд, - нақл кард раиси Иттиҳодияи “Утоқи савдо ва саноати вилояти Маскав” Денис Франсузов.
Тоҷикистон ахиран дар анҷумани тиҷоратии вилояти Суғд, ки барои ширкат дар он соҳибкорон аз 16 вилояти Русия омада буданд, иқтидори содиротии худро намоиш дод. Иштирокдорон бо фурсатҳои судовари ҷадид ошно шуданд ва ҳатто якчанд қарордоди ҳамкориро низ ба имзо расониданд. 


«Аз рӯйи анъана, агар мо дар бораи Тоҷикистон суҳбат кунем, ин кишвар ҳадди аксари вафодориро ба истеъмолкунандаи Русия дорад. Тақрибан 90 дарсади содирот аз Русия ба Тоҷикистон ва 10 дарсади содирот аз Тоҷикистон ба Русияро дарбар мегирад. Аммо мо мебинем, ки ин таносуб дар баробари афзоиши умумии муомилоти мол барои ҳамаи соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна тағйир мекунад, ин равзанаи имкон аст”, - гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.

Бар асоси иттилоъи расмӣ, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия дар як соли ахир 23 дарсад афзоиш ёфта, бори нахуст аз 140 милярд рубл фаротар рафтааст. Сеяки ин маблағ ба ширкати кишоварзӣ рост меояд. Ин аз тамоюли афзоиши савдои байни кишварҳо гувоҳӣ медиҳад. Барои дастёбӣ ба ҳадафҳои бузург ҳукуматҳои ду кишвар санадҳои гуногунеро қабул мекунанд, ки расмиёти дафтарсолориро сода мекунанд. Масалан Роҳҳои оҳани Русия дар соли 2023 50 дарсад тахфифи интиқоли меваву сабзавоти воридотӣ аз Тоҷикистон ва Узбекистонро тамдид кардааст, ки минбаъд ба коҳиши нархи иловагии маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат мекунад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед