Ru  | Tj
Соли нав бо қонунҳои нав. Дар Тоҷикистон қонуни мамнуъияти воридоти худравҳои сохти то соли 2013 иҷроӣ шуд
Соли нав бо қонунҳои нав. Дар Тоҷикистон қонуни мамнуъияти воридоти худравҳои сохти то соли 2013 иҷроӣ шуд
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Соли нав бо қонунҳои нав. Дар Тоҷикистон қонуни мамнуъияти воридоти худравҳои сохти то соли 2013 иҷроӣ шуд

Нашр шуд

Аз январи соли 2024 дар Тоҷикистон қонуне иҷроӣ шудааст, ки воридоти худравҳои қабл аз соли 2013-ро мамнуъ мекунад. Қатъномаи ҷадид ҷойгузини қаблӣ шуд. Пеш аз ин чунин маҳдудият барои худравҳои талидшудаи қабл аз соли 2008 мавриди амал қарор дошт. Қонунҳои ҷадид бозорҳои худравро таҳти таъсир қарор додааст. Худравҳои куҳна ба таври мутавассит 10-15 дарсад гарон шудааст.

Ба гуфтаи масъулин, ин маҳдудият ба далели нигаронӣ аз зистмуҳитӣ аст. Ҳар сол теъдоди худравҳо дар роҳҳо рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст, ки чунин ҳолат ба тағйири обу ҳаво таъсиргузор аст.  Илова бар муҳити зист амнияти шаҳрвандон низ мавриди таваҷҷуҳ аст, зеро бисёре аз худравҳо пас аз тасодуфҳои шадид тармим шудаанду тасодуфоти такрорӣ дар бештари маврид боиси марги инсонҳо мешаванд. Ин амр, бавижа дар мавриди худравҳои воридотӣ аз Дубай ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дахл дорад.

«Дубай маҳалли нигоҳдории худравҳои куҳна аст, ки устои мошин аз қисматҳои гуногуни худравҳои шикаста мошин месозад. Масалан худравҳо бо фармонҳои рости истеҳсоли Ҷопониро ворид карда, ба навъе аз онҳо фармонҳои чап дуруст мекунанду ба мо мефурӯшанд. Ин як тиҷорати бузургест, ки дар дасти покистониҳо ва ҳиндуҳост. Ин комилан бехатар нест, - мегӯяд коршиноси худравҳо Фирӯз Субҳиддинзод.


Арзонтар харид ва гаронтар фурӯхт. Дониёр Бахтиёров аз тафовути фурӯши худравҳои дасти дувум даромад касб мекунад. Ин мард асосан худравҳои истеҳсоли Куреро ворид мекунад. Дар он ҷо, ба гуфтаи ӯ, мошинҳо ҳарчанд куҳна бошанд ҳам, дар ҳолати хуб қарор доранд: бархе аз онҳо масофати паймудашудаи каме доранд.

Дониёр охирин худрави воридотии истеҳсоли соли 2010-ро ба қимати 150 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст, агарчи арзиши онҳо шаш моҳ пеш чор маротиба арзиши камтар дошт. Ба гуфтаи ин фурӯшанда, пас аз ҷорӣ шудани маҳдудияти давлат барои воридоти худравҳои куҳна қимати онҳо афзоиш ёфт.

«Дар ҷумҳурӣ тақозои зиёде ба «Тойота Камрӣ» вуҷуд дорад. Сарфи назар аз куҳнагӣ онҳо баландсифат ва устувортар мебошанд. Барои онҳо ҳамеша харидор пайдо мешавад. Зимнан ин яке барои бозори Куре тавлид шудааст ва он тақрибан нав аст. Аммо акнун воридоти онҳо ғайриимкон хоҳад буд. Пас аз ин қонун бояд худравҳои аз соли 2013 навтарро ворид кунед, ки нархи онҳо нисбатан гаронтар мебошад. Бисере аз мардум тавоноии пардохти онро надорад, - нақл кард фурӯшандаи мошин Дониёр Бахтиёров.


Аммо мақомот баръакс касонеро, ки худравҳои барқиро ворид мекунанд, ташвиқ мекунанд. Масалан, 50 дарсад тахфиф дар расмиёти гумрукӣ доранд. Ва ин мазийят ба таври фаъол дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегирад. Таи соли гузашта ба кишвар беш аз 1000 адад мошини сӯзишвории сабз ворид шудааст.

«Дарвоқеъ, худравҳои электрикӣ хеле сарфакоранд. Пули нисбатан кам ҳазина мекунед ва тамоми ҳафта савор мешавед. Бурди инро онҳое дарк мекунанд, ки чунин мошин харидаанд. Аксарияти одамон метарсанд ва фикр мекунанд, ки батареяҳо зуд вайрон мешаванд. Ҳарчанд ҳангоми харид бо кафолат меоянд”, - гуфт фурӯшандаи мошин Фахриддини Абдулло.


Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба парлумон низ дар мавриди гузори пурра ба энержии сабз сухан гуфт. Сарвари давлат таъкид кард, ки Тоҷикистон бояд то соли 2037 комилан ба сӯзишвории экологӣ гузарад. Пойтахт ба амалисозии ин идея фаъолона оғоз кард. 30 автобуси электрикӣ, ки дар корхонаи автобусҳои пойтахт тавлид шудаанд, дар роҳҳои Душанбе ба кор даромад. Худравҳои нав қодир ҳастанд дар як вақт то 100 нафар мусофирро кашонанд. Худравҳои бесадо ва бароҳат таваҷҷуҳи сокинони шаҳрро ба худ ҷалб кардаанд.

«Автобусҳо хеле муосир мебошанд. Онҳо ҳатто барои нерӯ додани телефонҳо вастабзор (разъём) доранд. Хуб аст, ки шаҳри мо барои муҳити зист ғамхорӣ мекунад”, - нақл кард сокини Душанбе Шаҳло Азизова.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ронандагон, гарон шудани нархҳо дар пайи қонуни нав як падидаи муваққатист. Онҳо ба зудӣ коҳиш хоҳанд ёфт. Бинобар ин коршиносон тавсия медиҳанд, ки рӯйи моделҳои ҷадидтаре сармоягузорӣ кунед, зеро онҳо давоми бештаре хоҳанд дошт. Харидани худравҳои барқӣ, ки хеле сарфакоранд, низ судманд аст. Барои пур кардани нерӯи барқ 40-50 сомонӣ ҳазина мешавад, дар ҳоле ки нархи бензин 300-400 сомониро ташкил медиҳад.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед