Тобистони салқин. Чаҳор тавсияи одӣ барои худро аз гармо наҷот додан
Нашр шуд
Тибқи иттилои Бунгоҳи ҳавошиносӣ, моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон ниҳоят гарм хоҳад шуд ва ҳарорати ҳаво дар бархе аз манотиқи кишвар аз +40 дараҷа боло хоҳад рафт. Ҳавои гарм пойтахти кишварро низ фаро хоҳад гирифт. Гармои тобистон аксар вақт боиси бемориҳои зиёд мегардад. Ба гуфтаи пизишкони муътабар, роҳҳои гуногун барои наҷот аз гармо ва офтобзадагӣ вуҷуд дорад.
Худдорӣ аз сайругашти рӯзона
Гармии тобистонро аз ҳама мушкилтар афроди мубталои бемориҳои музмин, аз қабили дилу раг, асаб ё норасоиҳои роҳҳои нафаскашӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи табибон, барои афроди мубтало бо бемориҳои мушобеҳ сайругаштҳои рӯзона мамнуъ аст. Беҳтар аст, ки пагоҳии барвақт ва ё бегоҳӣ, ҳангоми фурӯ рафтани офтоб ба берун бароянд. Худдорӣ аз сайругашти рӯзона на танҳо барои беморон, балки барои одамони солим низ муҳим аст, зеро метавонанд дучори гармозанӣ ва камобӣ шаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҳатман бо худ бояд як шиша об дошта бошед. Дар гармо одам ҳар қадр бештар об нӯшад, ҳамон қадар тезтар тавозуни обро дар бадан пур мекунад. Аммо дар ин ҷо зарур аст, ки баъзе қоидаҳоро риоя кард. Масалан, мутахассиси амрикоии соҳаи парҳезӣ Керри Торренс тавсия медиҳад, ки аз нӯшидани миқдори зиёди об дар як навбат худдорӣ кунед, зеро ин метавонад боиси он гардад, ки гурдаҳо мувозинати электролитҳоро нигоҳ дошта наметавонанд ва хун аз ҳад зиёд тунук мешавад. Дар навбати худ ин ба кори тамоми бадан таъсир мерасонад ва метавонад боиси мушкилоти фишори хун низ гардад. Аз ин рӯ бояд камтар ва беҳтараш нӯшокиҳои на он қадар хунук нӯшид.
Ғизои муносиб
Дар гармӣ бояд на танҳо мунтазам об нӯшид, балки дуруст хӯрок низ истеъмол кард. Ба гуфтаи табибон, дар гармо талабот ба қувва коста мегардад, аз ин рӯ бадан ба ғизои калорияноки камтар ниёз дорад. Бояд камтар, аммо зуд-зуд хӯрд. Ба вояи хӯрок бештар меваву сабзавоти тару тоза дохил кардан лозим аст, зеро дар айни замон мавсими онҳо асту арзишашон на он қадар гарон мебошад. Аммо беҳтар аст, ки аз истеъмоли хӯрокҳои пурравған ва ғизонок даст кашид, зеро ҳазми онҳо душвор аст ва метавонад боиси пайдоиши рефлекси истифроғ гардад. Дар гармӣ нӯшидани қаҳва ва нӯшокиҳои спиртӣ низ манъ аст. Масалан, қаҳва дорои хосиятҳои пешобкунанда буда, талафоти рутубатро бармеангезад, дар ҳоле ки нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ ҳатто миқдори ками он метавонад дар рӯзҳои гарм дарди сарро ба вуҷуд орад. Масмумият дар тобистон низ як ҳодисаи роиҷу муқаррарӣ аст, зеро дар гармо микробҳо ва бактерияҳои гуногун фаъол ва зиёд мешаванд. Аксар вақт ин “микробҳои чӯбшакли рӯда” метавонад одамро дар ҳар ҷое интизор дошта бошад. Аз ин рӯ зарур аст, ки дар хона ё дар ҷойҳои собитшуда ғизо хӯрд. Дар интихоби маҳсулоти ширӣ бояд эҳтиёткор буд. Агар ин намуди маҳсулот дар гармӣ нодуруст нигоҳ дошта шавад, онҳо зуд вайрон ва боиси заҳролудшавӣ мешаванд.
Пӯшидани либоси муносиб
Пӯшидани либоси муносиб дар тобистон инчунин амонат барои рифоҳ дар тамоми рӯз аст. Дар гармӣ беҳтар аст, ки либоси сабуки аз матоъҳои табиӣ ва борик духташуда, ки намиро хуб ҷаббида мекунанд, пӯшед. Газвор метавонад катон ё абрешим бошад ва мувофиқи мақсад аст, ки ранги тамоми либосҳо равшан бошад, зеро онҳо камтар гарм мешаванд. Яке аз узвҳои ҳассоси бадани инсон сар мебошад, зеро офтобзадагӣ қабл аз ҳама ба он таъсир мерасонад. Аз ин рӯ рӯсарӣ дар ҳавои гарм лавозимот нест, балки қисмати аз ҳама муҳимтарини либос маҳсуб мешавад. Ҳар касе вобаста ба сабки либос ва хоҳиши худ ин корро анҷом медиҳад, ки кулоҳи бейсбол, кулоҳи пахолӣ ё панама мувофиқ аст. Нури ултрабунафш ба чашмони инсон низ таъсири бад дорад, аз ин рӯ онҳоро бояд бо айнаки сиёҳ муҳофизат кард. Пойафзори хуб ва бароҳат низ ба рафоҳ таъсир мерасонад. Дар тобистон бояд пойафзори сабук ва танаффусӣ, аз ҷумла сандалҳо, мокасинҳо ё сандалҳо бо пошнаҳои пастро пӯшид. Пошнаҳо сарбории пойҳоро зиёд мекунанд ва рагҳои варисиро таҳрик мекунанд.
Зукоми тобистона
Дар тобистон на танҳо гармоии беш аз ҳад, балки шамолхӯрдагӣ низ осон аст. Бале, бале! Ҳатто дар ҳавои гарм аз серунсоз (кондисионер)-ҳо метавон шамол хӯрд. Хусусан, замоне ки зуд-зуд берун баромада, ба ҳуҷраи хунук бармегардед. Аз сабаби якбора паст шудани ҳарорат вазъи саломатӣ бадтар мешавад ва дар натиҷа одам шамол мехӯрад. Беҳтар аст, ки серунсозро дар утоқ пешакӣ фаъол кард ва вақте ҳуҷра аз қабл хунук шуд, метавонед пас аз даромадан онро хомӯш кунед. Рӯбучини манзили истиқоматӣ дар гармо низ муфид аст.
Риояи ин шартҳои муҳим ба сокинони Тоҷикистон кумак мекунад, то ба фасли гармои тобистон бароҳат тоб оранд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед