Ru  | Tj
Пойтахти оянда. Душанбе ба экошаҳр табдил меёбад
Пойтахти оянда. Душанбе ба экошаҳр табдил меёбад
Аксҳо: Halva.tj

Пойтахти оянда. Душанбе ба экошаҳр табдил меёбад

Нашр шуд

«Шаҳри бузурги сабз». Тақрибан ҳар гардишгар пойтахти Тоҷикистонро чунин васф мекунад. Ин рӯзҳо ин пойтахти офтобӣ дар баробари шаҳрҳои дигари пешрафтаи Аврупо ба таври фаъол дар ҳоли пешбурди ибтикороти зистмуҳитӣ қарор дорад. Мақомот талош доранд, ки Душанберо ба яке аз шаҳрҳои поктарини ҷаҳон табдил диҳанд. Чандин сол пеш барномаи вижае қабул шуд, ки ба гуфтаи мақомот, дар ояндаи наздик Душанберо аз лиҳози зистмуҳитӣ ба шаҳри пешрафтаи минтақа ва баъдан тамоми ҷаҳон табдил хоҳад дод. Нахустин қадамҳои ҷиддӣ дар ин замина гузошта шудаанд.

Имрӯз Душанберо метавон «экошаҳр» номид. Хиёбону боғҳо ва майдонҳои ҳамешасабз бозгӯйкунандаи ин амр аст, ки зебоии худро ҳатто дар зимистон ҳифз мекунад. Тақрибан ҳар ҳафта корҳои поксозӣ сурат мегирад, ки дар онҳо ризокорон ва сокинони шахр фаъолона иштирок карда, хиёбонҳоро аз партовҳо покиза мекунанд ва дар чаҳорчӯби сабзкорӣ дарахтони зиёди сояафкан ва ороишӣ мешинонанд.

“Мо мардумро барои ширкат дар чунин иқдом тавассути шабакаҳои иҷтимоъӣ даъват мекунем. Ҳангоме ки мо барои аввалин бор тасмими поккориро рӯйи даст гирифтем, барои ширкат дар ин рӯйдод наздики 70 кас омаданд, ки ин қаблан барои мо пирӯзӣ буд. Аммо соли гузашта, вақте ки мо маъракаи ниҳолшинониро баргузор кардем, шигифтзада шудем, зеро барои ширкат дар ин рӯйдод беш аз 2 ҳазор кас омада буданд. Рости гап, каме тарсидем, аммо хеле хушоянд буд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки сокинони пойтахт ба корҳои ободонӣ ба таври ҷиддӣ муносибат мекунанд”, гуфт фаъоли зистмуҳитӣ Амир Исоев.


Шаҳрдории Душанбе низ дар сабзкории пойтахт саҳми бориз дорад. Ҳар сол кормандони хадамоти шаҳрӣ даҳҳо милён гули мавсимӣ омода карда, дар Душанбе мешинонанд. Гузашта аз ин пойтахт ҳамасола дар фасли баҳор ба мизбони ҷашни “Сайри гули лола” табдил мегардад. Дар ин давра тамоми шаҳр пур аз лолаҳо мешавад. Дар тамоми фасли баҳор ширкатҳои гулпарварӣ махсусан барои ид якчанд милён гул омода мекунанд. Ноҳияҳои пойтахт ҳатто барои гирифтани номи мавзеъи зеботарин бо ҳам мусобиқа мекунанд. Ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҷашн дар сабзсозии шаҳр низ саҳми бориз дорад.

Худравҳои созгор ба муҳити зист

Табиъист, ки ҳаворо бештар аз ҳама худравҳо олуда мекунанд. Барои коҳиш додани партовҳои гази карбон дар пойтахт истифодаи худравҳои барқӣ ривоҷ ёфта истодааст, ки солҳои охир теъдоди онҳо бошиддат афзоиш ёфта истодааст. Бартарии асосии худравҳои ҳаракаткунанда бо сӯзишвории биологӣ набуди ҳама намуди молиёт барои худравҳо мебошад.

Бахриддин Норов, ронандаи экотаксӣ фоидаи худравҳои барқиро таҷриба кардааст. Қаблан ин мард дар як худрави маъмулӣ кор мекард. Рӯзона то 400 сомонӣ барои маводи сӯхт масраф мекард, ҳамакнун барои сӯзишворӣ 100-150 сомонӣ харҷ мекунад.

“Ман мошинро бо насия харидам. Агар корамро хуб ба роҳ монам, дар муддати як сол қарзамро бармегардонам. Ман одатан дар хона бо пайвастори маъмулии 220 волта ва баъзан дар истгоҳи барқӣ худравамро нерӯ медиҳам. Мавзеъҳои махсус мавҷуд аст, ки дар ним соат барқро пур мекунанд. Як бор пур кардани барқ барои 300 километр кифоя аст, ки барои ман тамоми рӯз басанда аст. Ба ҳамаи ҳамкоронам тавсия медиҳам, ки чунин худравро дошта бошанд, зеро даромади бештар ба даст меоранд ва ҳам шаҳр позикатар мешавад”, - мегӯяд ронандаи таксӣ Баҳриддин Норов.


Ба зудӣ дар Душанбе автобус ва троллейбусҳои барқии истеҳсоли ватанӣ ба кор оғоз мекунанд. Онҳо дар корхонаи автобусҳои пойтахт дар чаҳорчӯби барномаи экошаҳр сохта шудаанд.

“Автобусҳо ҳоло дар реҷаи санҷишӣ ҳаракат мекунанд. Мо ҳамроҳи ронандагон нишондодҳоро назорат ва костагиҳоро ошкор мекунем. Дамои ҳаво ва теъдоди саворшудагонро дар истгоҳҳо сабт мекунем. То ҳол ҳамааш хуб аст. Танҳо эрод ин аст, ки батарея бо далели сармо барқро зуд масраф мекунад. Мо роҳҳали ин мушкилро пайдо кардем”, - мегӯяд муҳанди истеҳсолот Аёмиддин.


Пас аз мукаммал шудани автобусҳо истеҳсоли онҳо шуруъ мешавад. Агар онҳо ба сокинон писанд ояд, истифодаи онҳо дар роҳҳои Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Тибқи гузориши ожонси маъруфи International Strategy Partners Group, Душанбе дар қатори даҳ шаҳри аз ҷиҳати экологӣ покизатарин дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дохил аст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед