Ru  | Tj
Публитсистика кӯҳна намешавад
Публитсистика кӯҳна намешавад
Акс: Halva.tj

Публитсистика кӯҳна намешавад

Нашр шуд

Чанде пеш маҷмӯаи мунтахаби осори публитсистии Нависандаи халқии Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) Бахтиёр Муртазо бо номи “Хӯшаҳо аз киштаҳо” дар 2 ҷилд ба нашр расид. Асари мазкур ҳамчунин дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоӣ карда шуд, ки дар он адибон, олимон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд. Доир ба ин асари муҳим, баъзе паҳлӯҳои фаъолияти публитсисти хушном Бахтиёр Муртазо ва дигар ҷанбаҳои муҳимми публитсистика профессор Иброҳим Усмонов низ баъзе андешаҳои худро баён намуданд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.


Маҷмӯаи мунтахаби осори публисистии Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо “Хӯшаҳо аз киштаҳо”, ки дар 2 ҷилд чоп шудааст, воқеан чанд шингиле аз осори ҳақиқатан муҳимму пурбаракати ин эҷодкори содиқ ба касби хеш мебошад. Агар вай ба эҷоди публисистӣ аз 20 солагиаш даст зада бошад, пас дар ин шаст сол даҳҳо, шояд садҳо лавҳа, очерк, фелейтон, мусоҳиба, мақола, шарҳ нашр намудааст, ки дар онҳо набзи рӯзгори мардуми тоҷики замони сотсиализми мутараққӣ, дар иртибот ба ин дар пайванд ба қаҳрамонҳои васфкардааш, ҳаёти онҳо аз таърихи дуру наздики халқи тоҷик, сарзамини Тоҷикистон инъикос меёбад. Ӯ аз зумраи он публисистоне аст, ки дар замони истиқлолияти Тоҷикистон ҳам анъанаи эҷодии пештараи худро идома ва тақвият додааст. Моҳияти ин анъана дар он буд, ки Бахтиёр Муртазо дар иншоотҳои бузурги замон иштирок мекард, бо созандагону пешравони онҳо шинос шуда, дар бораи кору зиндагиашон менавишт, яъне бо ин роҳ онҳоро ба ҳамдиёрон муаррифӣ мекард. Ба ҳамин минвол, асарҳои ӯ дар бораи ободгарони заминҳои водии Қубодиён, созандагони Банди барқи “Норак”, бунёдкорони роҳи оҳани Байкалу Амур ба миён омада буданд, ба ҳамин шакл публисистикаи гӯёи вай перомуни сохтмонҳои банди барқи “Роғун”, нақби “Истиқлол” эҷод гардид. Дар ин навиштаҳо Бахтиёр Муртазо на танҳо характери одамон, балки характери замонро низ инъикос кардааст.

Вай таърихи имрӯзро менависад ва ба иштирокчиёни ин таърих кӯмак мекунад, ки дар зиндагӣ ҷой ва мавқеи худро пайдо кунанд. Ин сухани оддӣ нест. Солҳое, аз онҳо воқеаҳо нақл мешаванд, мардум ин қаҳрамонҳоро мешинохтанд, медиданд, ба онҳо пайравӣ мекарданд ва мепайвастанд. Зеро истилоҳи “Қаҳрамон” дар очерк ва дигар осори публисистии Бахтиёр Муртазо танҳо ба маънои илмии адабиётшиносӣ не, балки воқеият аст. Яъне онҳо одамоне мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни саноату зироат, илму маданият воқеан қаҳрамонӣ мекарданд ва ангуштнамо буданд. Адиб бо асарҳои навиштааш аввал ин ки одамони оддии меҳнатдӯстро ба мардум мешиносонд, аҳамияти иҷтимоии меҳнати онҳоро мефаҳмонд ва ба ин васила дигаронро низ ба ин навъ зиндагии ҳалол ҳидоят мекард. Навиштаҳои вай насли ҷавонро бовар мекунонданд, ки меҳнати ҷамъиятӣ инсонро сарбаланд ва боҳурмат мекунад. Ин на танҳо ба онҳое тааллуқ дошт, ки ба меҳнати ҷисмонӣ, дар истеҳсолоти моддӣ машғул буданд, ин ба ҳамаи онҳое низ дахл дошт, ки бо меҳнати софдилона кору зиндагӣ мекарданд: ҳунармандон ва ҳунарпешагон, муаллимон ва духтурҳо, олимон ва адибон. Дар китобҳои навчопи Бахтиёр Муртазо ин номҳо ва ин инсонҳоро бисёр дидан мумкин аст. 

Мутаассифона, дар публисистикаи имрӯза ин мавзӯъ торафт хиратар мешавад ва ҷойи онро очеркгиёҳҳо ва мақоламонандҳои  аз нигоҳи иҷтимоӣ камарзише ишғол менамоянд.

Агар навиштаҳои публисистӣ, аз ҷумла он чӣ дар китобҳои тозанашри Б. Муртазоев дохил шудаанд, таърихи имрӯз бошанд, яъне воқеаҳои 50-60 сол қабл рухдодаро дар бар мегирифта бошанду қаҳрамонҳои онҳо имрӯз шояд ба ҳаёт нестанд, чӣ қимате касб мекунанд? Маҳз дар ҷавоб ба чунин саволҳо моҳияти публисистика ошкор мегардад. Мутахассисон бар онанд, ки дар адабиёти бадеӣ нафосат ва образ, зебоии услуби баён, умқи андеша ва оригиналӣ будани муҳокимаронии муаллиф, барқарор кардани робитаи бевоситаи хонанда бо  гузаштаи нобудшуда аз нишонаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мераванд ва ин  васитаҳо адабиётро ба як намунаи санъати олӣ табдил дода, ба вай умри ҳазор мебахшанд.  Барои публисистика, ки зиёдтар ба сиёсат наздикӣ дорад, маҳсули афкори иҷтимоӣ асту дар айни ҳол вай мафкураи иҷтимоиро ба амал оварда, сайқал ҳам медиҳад, ҳадафи аввал иҷтимоъ ва сиёсат аст ва умри публисистика низ чун умри адабиёт абадият дорад, чунки вай баъди имрӯз ба манбаи омӯзиши таърих табдил меёбад ва тавассути он инсонҳо роҳи зиндагии худро бо мисолҳои дақиқ бознигарӣ мекунанд ва ба ин васила ҳақиқати худро меомӯзанд ва таърихи худро мешиносанд.

Ба адиби эҷодгари публисистика касе зебо навиштанро манъ накардааст. Балки баръакс, аз ҷумла К. Маркс менависад: “Публисист бо забони пур аз эҳсоси зиндагӣ сухан мегӯяд, бо забоне, ки онро дар маърӯзаҳо истифода бурдан номумкин аст”. Зебоиву равонии забони навиштаҳои Бахтиёр Муртазо ба ҳадде аст, ки дар он сӯзу сози забони зебои халқӣ ва нафосати шоиронаи забони адабии тоҷикӣ равшан ба чашм мехӯранд. Инро ҳатто аз номгузориҳои адиб ба китобҳояш, мисли “Ман заминро дӯст дорам”, “Чашмаи офтоб”, “Ман чароғ афрӯхтам”, “Чашмаҷон”, “Хӯшаҳо  аз киштаҳо” равшан дидан мумкин аст. Нафосату равонӣ ва таъсирнокии эҷоди публисистии ин адиб на танҳо маҳсули таҳриру ҷустуҷӯҳои пурбаҳои нависандагии вай, балки ҳамчунон бозгӯи меҳнати пурбаракаташ дар журналистикаи тоҷик, аз ҷумла дар рӯзномаҳои “Садои мардум”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адабиёт ва санъат”ва маҷаллаи “Садои Шарқ” ҳам ҳаст.

Раҳмат, барои нашри ин китоб, ба сад дароед розгӯи ғаму шодии мардуми тоҷик, Бахтиёри Муртазо - Нависандаи халқии Тоҷикистон.


Устод Файзуллоҳ Ҷалол ва пешбиниҳои сиёсии ӯ


halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед