Пулро аз кӣ гирифтӣ, аз беадабон: Ҷаҳиши даромади Тоҷикистон аз ҳисоби ҷарима
Нашр шуд
Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаҳо дар ним соли гузашта ба маротиб бештар аз интизориҳои мақомдорони кишвар шуд, ки ҳар рӯзе ба ҳисоби миёна зиёда 1,3 млн сомониро ташкил дод. “Halva.tj” бо дахлу харҷи шашмоҳаи ҷумҳурӣ шинос гардид.
Таҳлили буҷаи шашмоҳаи аввали соли равон нишон медиҳад, ки дар ҳар сад сомонии буҷаи ҷумҳуриявии Тоҷикистон, наздики 2,5 сомонӣ аз ҳисоби ҷаримаҳою муҷозот ба даст омадааст.
Бар асоси омори Вазорати молияи Тоҷикистон, дар нақша буд, ки аз ҳисоби ҷаримаю муҷозот дар нимсолаи аввали соли равон ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 110,4 миллион сомонӣ ворид карда шавад. Аммо дар амал даромад аз ин ҳисоб наздики 119% бештар аз нақша шудааст.
Масъулини молияи Тоҷикистон ҳисоб кардаанд, ки ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷаримаҳою муҷозот дар нимсолаи аввал ҳудуди 241 млн сомонӣ даромад гирифт, ки тақрибан баробари 219%-и нақша мебошад.
Ин миқдор пул қариб баробар ба 2,5%-и буҷаи ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар нимсолаи гузашта ҳаҷми умумии даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ низ 10% аз нақша зиёд шуда, ба 10 миллиарду 125 млн сомонӣ баробар шуд, бармеояд аз омори Вазорати молияи Тоҷикистон. Ин бар он маъност, ки дар ҳар сад сомонии буҷаи ҷумҳуриявӣ 2,5 сомонӣ пули ҷаримаҳост. Даромади ҳаррӯза аз ҷаримаҳо беш аз 1,3 млн сомонӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар маҷмуъ ҳаҷми буҷаи давлатӣ, ки ҳам буҷаи ҷумҳуриявӣ ва ҳам маҳаллӣ ба он дохил мешавад, дар нимсолаи аввали соли равон наздик ба 21,2 млрд сомонӣ расидаст, ки ин аз нақша қариби 8% зиёд мебошад.
Беадабон зиёд шудаанд, ҳаҷми ҷарима ё назорат?
Сол ба сол ҳиссаи пули ҷаримаҳо дар қисмати даромади буҷа ба таври назаррас зиёд мешавад.
Ин ба чанд омил, аз ҷумла сол ба сол боло рафтани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, зиёд шудани ҳаҷми ҷарима барои қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ ва ҳамчунин истифодаи бештари технологияҳо ва ташдиди назорати риояи қонунҳо рабт дода мешавад.
Интизор меравад, ки дар нимсолаи дуюм ҳаҷми ҷаримаҳо барои бархе аз қонуншиканиҳо боз ҳам бештар шаваду даромади давлат аз ин ҳисоб боз ҳам афзоиш ёбад, агар шаҳрвандон аз масъулият кор нагиранду қонуншиканиҳоро кам накунанд.
Аз ҷумла охири июн дар Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурӣ ва ҷиноӣ як қатор тағйирот ворид шуд, ки ҳаҷми ҷаримаҳоро дар кишвар боз ҳам боло бурд.
Тибқи меъёрҳои нав, ҷарима барои нақзи муқаррароти маъмурӣ дар таълиму тарбияи кӯдак аз 10 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ муодили 720 то 36 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Тағйирот ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳаҷми ҷаримаҳо барои монеъ шудан дар таҳсили кӯдаконро то 86 ҳазор сомонӣ муқаррар намудааст.
Инчунин ахиран дар ҷумҳурӣ ҳаҷми ҷаримаҳо барои ҷодугарию фолбинӣ боло рафта, ҳамакнун онҳоеро, ки ба ин кирдор даст мезананд, то 144 ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.
Пули ҷарима барои идораи нақлиёт дар ҳолати сархушӣ, бе ҳуқуқи ронандагӣ ва бо шишаҳои сиёҳи ғайриқонунӣ низ то даҳҳо ҳазор сомонӣ мерасад, ки аз баландтарин нишондодҳо дар кишварҳои узви ИДМ мебошад.
Барои таҷлили ғайриқонунии зодрӯз, баргузории хатнатӯй, чорабиниҳои дафну азодорӣ шаҳрвандони қаториро наздики 16 ҳазор сомонию мансабдоронро то 39,6 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад, ки ин муқаррарот низ аз охири июни соли равон мавриди амал қарор гирифт.
Онҳоеро даст ба пешвозу гусели ғайриқонунии ҳоҷиҳо мезананд, агар шаҳрвандони қаторӣ бошанд то 22 ҳазор сомонӣ ва мансабдоронро то наздики 58 ҳазор сомонӣ ҷарима интизор аст.
Дар баробари зиёд кардани пули ҷарима, мақомот мегӯянд, назорат низ пурзӯр шудааст. Яке аз омилҳое, ки барои зиёд шудани даромади давлат аз ҳисоби ҷаримаҳо мусоидат намудаст, насби камераҳои назоратӣ дар шаҳрҳои калон арзёбӣ мешавад. Тарҳи шаҳри ҳушманд дар Душанбе таҳким ёфта, дар шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон, аз Суғд то Хатлону ВМКБ низ дар ҳоли татбиқ қарор дорад. Аз ҷумла бо истифода аз дурбинҳо, назорати тартибот дар роҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ пурзӯр шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон чӣ ҳадаф доранд?
Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар баробари ҳисоби андозу пардохтҳои ҳатмии дигар, инчунин барои ҳисоби ҷаримаҳо истифода мешавад, тайи 8 соли охир дар Тоҷикистон тақрибан ду баробар зиёд шуд.
Ин нишондиҳанда аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Он ҳамасола дар қонуни буҷа муқаррар мегардад ва соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомонӣ буд.
Меъёри мазкур барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Зимни таъйини он сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор ба назар гирифта мешавад. То соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буда, мунтазам сол ба сол афзуда, соли 2022 ба 64 сомонӣ баробар буд.
Ҳамин тариқ вобаста ба нишондиҳандаи мазкур пули ҷарима низ афзоиш меёбад.
Дар Тоҷикистон мунтақидони таъйини даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷарима изҳор медоранд, ки ин ба даромади миёнаи аҳолӣ дар кишвар мувофиқ нест. Аммо ҷонибдорони он таъкид мекунанд, онҳое, ки пардохти ҷаримаро намехоҳанд, бигзор қонуну қоидаҳоро риоя кунанд.
Мақомот муътақиданд, ки ба таври назаррас боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо шумори қонуншиканиҳоро камтар мекунаду шаҳрвандонро ба риояи бештари қонунҳою масъулиятшиносӣ водор месозад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед