Ru  | Tj
Роҳхати Ҷоми рушд ба тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад?
Роҳхати Ҷоми рушд ба тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад?
Акс: ФФТ

Роҳхати Ҷоми рушд ба тими мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон чӣ гуна ба даст омад?

Нашр шуд

Тими мунтахаби наврасони то 17-солаи футболи кишвар дар 16-умин мавсими мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Рушд, ки ҳамасола дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби "Федератсияи футболи Белоруссия" таҳти сарпарастии Бонки рушд баргузор мешавад, ширкат варзида, қаҳрамони ин мусобиқа шуд ва аввалин дастаи осиёие шуд, ки ғолиби мусобиқаи мазкур гардидааст.  

Шарти қозӣ то се бор

Бори сеюм мешавад, ки  тими миллии наврасони меҳани мо дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок меварзад. Қаблан солҳои 2019 ва 2020 дастаи мо дар ин мусобиқа сабқат намуда буд. Футболбозони навраси мо дар ҳарду иштирок бозии хуб нишон дода, аммо қаҳрамон шудан ба онҳо даст надода буд. Ҳамакунун, дар ин сол, яъне дар навбати сеюм тавонистанд, ки медалҳои тиллоро ба гардан овезанд.

Чӣ гуна оғоз шуд? 

Имсол наврасони кишвари мо зери роҳбарии мураббии кордону варзида – Аҳлиддин Турдиев сӯйи Белоруссия роҳ пеш гирифтанд. Мусобиқа бо иштироки чаҳор даста – Белоруссия, Молдова, Қазоқистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд.

Наврасони мо дар бозии аввал рӯзи 31-уми январ бо қазоқҳо ба майдон баромаданд. Шояд, бисёриҳо баъди он ду бозии бебароре, ки миллипӯшони навраси мо бо эрониҳо доштанд, бовар надоштанд, ки мо дар ин бозӣ ғалаба кунем. Аммо ин тавр нашуд, балки шикаст аз Эрон барои футболбозони ҷавону ояндадори мо дарсе шудаву онҳо ба фарқ аз он бозиҳо, дигаргуна майдондорӣ намуданд, ки дили ҳама мухлисони футболи тоҷикро ба ваҷд овард. 

Бозӣ бо садои ҳуштаки довар оғоз гардид ва аз ҳамон сонияҳои аввал дастаи наврасони тоҷик ба истилоҳе алови чашми рақибро бо ҳуҷумҳои пай дар пай ва зарбаҳои мушаквори худ гирифтанд. Рақибони мо бозии футболбозони моро дида, мутаҳаййир шуданд. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-ум, як футболбози мунтахаби Қазоқистонро довар пас аз қоидавайронкунии дағалонааш бар муқобили футболбози тоҷик, корти сурх доду аз майдон хориҷ кард ва ба қавле сазои гуноҳашро дод. Футболбозони мо ҳисобро дар дақиқаи 32-юм бо голи задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзода боз намуданд.  Қисми аввали бозӣ бо натиҷаи 1-0 ба суди Тоҷикистон поён ёфт. Қазоқистониҳо дар нимаи дуюми рақобат ба бозӣ баргаштан мехостанд, аммо мунтазири онро надоштанд, ки набарди ҳақиқӣ акнун сар мешавад ва ба душман имконияти ситонидани интиқомро намедиҳанд. Қисмати дуюми набард ҳам бо ҳамлаҳо оғоз ёфт ва бо 6 голи задаи онҳо анҷом пазируфт.  Дар ин қисмат туб пайваста пас аз зарбаҳои футболбозони тоҷик ба сӯйи дарвозаи Қазоқистон парвоз мекард. Дар ин қисмат голҳоро Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода дар дақиқаҳои 54, 60, 66, 80, 84, 89 ба самар расониданд. Наврасони қазоқ танҳо ба як голи дастаи кишвари мо ҷавоб гардонида тавонистанду халос ва ин гол дар дақиқаи 71-ум аз ҷониби Никита Губарев зада шуд. Ҳамин тавр, наврасони мо бо ҳисоби бузурги 7-1 ҳамтоёни қазоқи худро шикаст доданд. Пас аз ин ғалаба наврасони мо 3 имтиёзро соҳиб шуданд.

Дар даври дуюми мусобиқа - рӯзи 3-уми феврал, миллипӯшони навраси мо бо ҳамтоёни худ аз Молдова, ки дар бозии аввал мизбони мусобиқаро шикаст доданд, вориди майдони набард шуданд. Аз оғози бозӣ маълум буд, ки молдовиҳо аз Тоҷикистон пас аз он, ки мисли Қазоқистон як дастаи дорои ҳайати пурқувватро зеру забар кард, ҳарос доранд. Ин беҳуда нест, ки мегӯянд: “тарс ба нобудӣ мерасонад”. Футболбозони тоҷик аз дақиқаҳои аввал тубро зери назорати худ гирифтанд. Кушодани ҳисоб ба футболбозони тоҷик дар дақиқаи 27-ум даст дод. Ҳукмиддин Шоҳмуродов аз беруни ҷаримагоҳ зарбаеро ба кунҷи рости дарвозаи молдовиҳо равон сохт. Се дақиқа пас аз голи аввал футболбози дигари тоҷик – Хусрав Тоиров тубро бо як маҳорати воло ба дарвозаи рақиб зад. Дар нимаи аввали рақобат наврасони мо тавонистанд, тавассути голи задаи Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 35-ум ҳисобро 3-0 ба нафъи худ намоянд. Нимаи дуюми набард бо ду голи задаи наврасони мо дар дақиқаҳои 61-ум ва 77-ум, ки онҳоро Асадбек Ҷӯрабекзода ва Сунатулло Азизов ба ҳадаф расониданд ва як голи задаи футболбози молдовӣ – Ботан Дан дар дақиқаи 87-ум ба поён расид. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо ҳисоби 5-1 дастаи Молдаваро мағлуб намуда, 3 имтиёзи дигарро соҳиб гашт.

Новобаста аз бозии сеюм наврасони мо қаҳрамони мусобиқа шуданд, зеро белорусҳо дар бозии дуюми худ низ талхии бохтро чашиданд. 

Дар охир футболбозони тоҷик дастаи Ҷумҳурии Белорусро низ бо як маҳорати хоса шикаст доданд. Натиҷаи бозӣ 1–4 ба нафъи дастаи Тоҷикистон шуд.  

Хулоса

Барои наврасони мо ғолибият дар Ҷоми Рушд натиҷаи хубе аст ва боварӣ дорем барои бозиҳои Чемпионати Осиё байни наврасон, ки тими наврасони мо роҳхати ин мусобиқаро ба даст овардааст, таҷрибаи калоне мегардад. 

Алиёр Ашӯрмамадов истеъфо дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед