Ru  | Tj
Стратеги № 2 ё коршиноси “позиция”-ҳои ҳукумат
Стратеги № 2 ё коршиноси “позиция”-ҳои ҳукумат
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Стратеги № 2 ё коршиноси “позиция”-ҳои ҳукумат

Нашр шуд

Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос, сиёсатмадор ва коршиносе, ки дар бештар аз 30 соли даврони Истиқлол ба таври хастанопазир дар расонаҳо ва маҳфилҳо амалкарду тасмимҳои ҳукуматро шарҳу тафсир мекунад, имрӯз ба 70-солагӣ расиданд. Роҳе, ки Сафаров онро оромона, вале бе ранҷу машаққат ва бебаҳсу азхудгузариҳо пушти сар накардааст.

Сайфулло Сафаров, ки ҳоло дар даврони бознишастагӣ  бештар дар расонаҳо ба сифати як коршиноси наздик ба ҳукумат назар медиҳанду дар чанд мактаби олӣ низ ба унвони профессор фалсафаву сиёсатшиносӣ тадрис мекунанд, замоне аз муҳраҳои муҳими фикрии ҳукумат дар Тоҷикистон буданд.

Албатта профессор Сафаров дар расонаҳо ва фазои иттилоъотии Тоҷикистон на танҳо бо ин маъруфанд, ки ҳамеша мавқеъи ҳукуматро шарҳу тафсир мекунанд, балки бо ин низ шуҳрат доранд, ки гоҳо дар ин шарҳу тафсирҳо чашмпӯшиҳои зиёде низ мекунанд.

АЗ ТАҲҚИҚИ МИЛЛАТ ТО ҲИМОЯИ МИЛЛАТ

Сайфулло Сафаров 12-уми ноябри соли 1953 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Риштаи торихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1976 хатм кардааст ва як сол дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба сифати дастёри илмӣ кор мекунад. Баъдан як соли дигар муҳаққиқ-коромӯзи Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Иттиҳоди шӯравӣ дар Маскав буданд ва пас аз он се сол ҳам даврони аспирантиро дар ин боргоҳи бонуфузи илми Шӯравӣ пушти сар мегузоранд. Ҳосили ин ковишу талошҳои илмӣ дифоъ шудани рисолаи номзади илми фалсафа дар мавзуъи “Нақши давлатмеҳварии миллии шӯравӣ дар шаклгирӣ ва тавсеаи фарҳанги сусиёлизми халқҳои ИҶШ (дар мисоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон)” мешавад.

Пас аз дарёфти унвони илмӣ Сафаров ба Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бармегардад, ки то соли 1995 дар ин ҷо ба унвони корманди хурди илмӣ ва баъдан пажӯҳишгари варзидаи илмӣ ва панҷ соли ахир дар симати мудири шуъбаи проблемаҳои фалсафаии қавмшиносӣ (этнология)-и ин боргоҳ кор мекунад.

Шояд бисёриҳо надонанд, вале Сайфулло Сафаров яке аз чеҳраҳоест, ки дар рӯйи саҳфа ва ба нашр расидани мақолаи маъруфу ҷанҷолбарангези “То ба кай об аз таги ях меравад”-и Мирбобо Мирраҳимов нақши муҳим доранд.
ҲУЗУР ДАР СИЁСАТ ВА ҲИЗБСОЗӢ

Соли 1995 Сайфулло Сафаров ба кор дар дастгоҳи давлатӣ даъват мешавад ва якбора мушовири калони раисҷумҳури Тоҷикистон дар умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равобити байни миллатҳо таъйин мешавад. Дар соли 1998 Сайфулло Сафаров муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон дар раёсати Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон таъйин шуд. Ин замоне буд, ки Эмомалӣ Раҳмон тоза ба раисии ин ҳизб омада буд ва Сафаровро мебоист ҳизбсозӣ кунад то номзади ин ҳизб, ки ғолибан Эмомалӣ Раҳмон буд, дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 1999 пирӯз шавад. Зеро интихоботи президентии соли 1999 бояд яке аз ҷиддитарин интихобот мешуд, чун бар асоси Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ва дигар тавофуқоти расмиву ғайрирасмӣ бояд нерӯҳои сиёсии даргире, ки сулҳ карда буданд, омодагии худро барои интихобот медиданд. Ҳарчанд интихобот ба навъе, ки интизор мерафт баргузор нашуд ва Эмомалӣ Раҳмон рақиби ҷиддие дар ин интихобот надошт, аммо Сайфулло Сафаров ба унвони як донишманди фалсафа, хусусан масоили миллӣ дар сохтани имиҷи ҲХДТ корҳои фаровоне кард. Он замон марҳилае буд, ки пас аз дастёбӣ ба сулҳ ва иҷозаи дигарбораи фаъолият пайдо кардани ҳизбҳо рақобатҳои сиёсии ҳизбҳо зиёд шуда буд. Ин замоне буд, ки ҳизбҳои сиёсии нав низ рӯйи саҳнаи сиёсӣ омаданд. Сайфулло Сафаров дар ин марҳиласи бисёр муҳим барои ҲХДТ то соли 2001 дар сохтусози он нақши муассир гузошт ва соли 2001 ба сифати муовини раиси Маркази тадқиқоти истрожеии вобастаи раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин шуд.


СТРАТЕГИ № 2-И ТОҶИКИСТОН

Сайфулло Сафаров ба сифати муовини раиси Маркази тадқиқоти истротежии вобастаи раисҷумҳури Тоҷикистон корро оғоз кард ва амалан ба як стратеги шумораи дуи Тоҷикистон, ҳадди ақал дар расонаҳо ва маҳфилҳои сиёсӣ табдил шуд. Ӯ бо изҳори назарҳои ҷасурона ва бидуни тарсу ҳаросаш дар расонаҳо ва маҳофили сиёсӣ маъруф шуд. Ин замоне буд, ки равандҳои сиёсӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон бисёр бо “ҷӯшу хурӯш” оғоз шуда буданду идома мекарданд. Аз сӯйи дигар пас аз чанд соли хомӯшӣ дигарбора расонаҳои озод, аз ҷумла матбуоти мустақили ҷиддӣ ба майдон омада буданд ва баҳси қудрати сиёсӣ бисёр гарм буд.

Аз он рӯзгор то кунун, тақрибан рӯзе набуду нест, ки дар ин ё он расонаи дохилӣ ё хориҷие, ки мавзуъоти Тоҷикистонро пӯшиш медиҳанд, нуқтаи назари Сайфулло Сафаровро нахонем ё нашнавему набинем. Шояд барои аксарият ин як амалкарди популистӣ бинмояд, ки барои ин ҳақ ҳам доранд. Аммо ин кори Сайфулло Сафаров барои равандҳои давлатсозиву миллатсозии мо, пеш аз ҳама барои худи ҳукумат хеле хидмат мекунад. Чун ҳузури ҳукуматро дар ин гуна баҳсҳо, ки бидуни шакк як бахши муҳими он дар расонаҳо сурат мегирад, таъмин мекунад.

Сайфулло Сафаров солиёни зиёде дар Маркази тадқиқоти истротежии вобастаи раисҷумҳури Тоҷикистон стратеги № 2 буд. Хусусан дар замоне ки шодравон Суҳроб Шарифов раиси ин ниҳод буд, марказ ба як ниҳоди маъруфи фикриву сиёсӣ табдил шуда буд. Агар маниши озодигароёнаи Суҳроб Шарифов ва дидгоҳҳои васеъи Сайфулло Сафаров намебуд, ин ниҳоди фикрӣ ба ин сатҳ намерасид. Чизе, ки баъдҳо дар замони раисони дигари ин ниҳод мо шоҳиди он набудем ва нестем.

Сафаров баъдтар то вақте ба синни бознишастагӣ расиданд, мақоми муовини якуми раиси ин ниҳодро ба дӯш доштанд. Аммо тавре мушоҳида мекунем, ин мақоми расмии Сафаров набуд, ки ӯро ба як шахси фаъол ва ё коршиноси ҳамеша ҳозир дар расонаҳо табдил дода буд, балки ин ҷасорати фикрӣ ва мавқеъи милливу шаҳрвандии эшон буд, ки водошта буд, равандҳои сиёсии Тоҷикистонро шарҳу тафсир кунанд. Вагарна ин марказ муовину раисоне ҳам дошту дорад, ки ҳатто онҳоро расонаҳо намешиносанд.


КОРШИНОСИ “ПОЗИЦИЯ”-ҲОИ ҲУКУМАТ

Мунтақидон ва дигарандешон Сайфулло Сафаровро коршиноси мавқеъҳои ҳукумат ва ҳатто “обсофкунак” низ меноманд. Албатта агар аз инсоф нагзарем, ин мунтақидон шояд ҳақ ҳам бошанд. Зеро тавре мушоҳида мешавад, хусусан дар солҳои ахир касе аз радаҳои болоии ҳукумат, мансабдорони калон ҳозир нест дар расонаҳо амалкардҳо ва тасмимҳои сиёсиро шарҳ бидиҳад. Сайфулло Сафаров бо дарки муҳиммии ин кор ҳамеша ҳозиранд ин корро бикунанд, ки аксаран маҷбур мешаванд ба ҷойи касони дигар тасмимҳоро шарҳ тафсир кунанд. Ин кор то куҷо дурусту мантиқӣ аст, баҳси дигар аст, аммо он чи ки муҳим аст ин аст, ки Сафаров ин корро бештар берӯву риё, бо эътиқоди хоси сиёсӣ ва ё садоқате, ки ба раҳбарии Тоҷикистон доранд, анҷом медиҳанд. Албатта эшон бояд ба сифати як донишманд дар ироаи нуқтаназарҳо ва таҳлилҳояшон дақиқкортар бошанд. Аммо гоҳо шудааст, ки изҳори назарҳои Сайфулло Сафаров на танҳо барои мунтақидону мухолифин, балки барои низом, ки Сафаровро “обсофкунак”-и он низ меноманд, хуш наомада бошад. Хусусан изҳори назари эшон дар соли 2017 дар нишастҳои ченакҳои инсонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава хеле пурбаҳс шуд. Сафаров он замон изҳор дошта буд, ки ҳукумат дар Тоҷикистон омода аст, ки бо мухолифине, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, сари мизи музокирот биншинад.

МУШОВИРУ МУОВИНИ ХОКСОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сайфулло Сафаров бо доштаҳои инфиродияш ва равобити хубу хоксоронае, ки бо тараф эҷод мекунад, бештар маъруф аст. Дар Тоҷикистон, умдатан мансабдорону мушовирони раисҷумҳур бо дороиҳо, мошинҳои гаронарзиш, хонаҳои пурдабдабаву тиҷоратҳои пайдову пинҳонашон маъруфанд. Аммо Сайфулло Сафаров, тавре дар 65-солагияш дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ҳатто замоне ки мушовири раисҷумҳур буд, хона надошт. Баъдан Сафаров муовини Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизб шуд ва солиёни дароз муовини раиси МТС буд, аммо ба лиҳози ахлоқӣ чеҳраи мардумии ӯ тағйир накард ва ҳамеша мансабдоре буд, ки дар мусофирбарҳо мегашту мегардад бо ин қомати баланду қади дароз дар онҳо “хаму рост” шуда. Ин буъди шахсиятии Сайфулло Сафаров ба ӯ чеҳраи мардумӣ бахшидааст, яъне касе ки дар мақомҳои боло кор кардааст, вале дар миёни мардум мегардад.

Худаш гуфтааст, ки ба ҷуз китобҳо дигар дороие надорад ва ҳам хонаи падарияш дар Кӯлоб ва ҳам хонаи худаш дар Душанбе пур аз китоб аст. Ҳатто қисме аз китобҳояшро ба китобхонаи Маркази тадқиқоти истротежӣ ҳадя кардааст, зеро дигар ҷойе барои нигаҳдории онҳо надорад. 


Албатта қазовату доварии Сайфулло Сафаров дар мавриди хубиву бадиҳои сиёсат, кори  ҳукумат, интиқоди дигарандешону мухолифон ва мунсифонаву одилона арзёбӣ кардани равандҳои сиёсиву миллӣ баҳси худро дорад. Ҳатман ба ин ҷанба таваҷҷуҳ мешавад, аммо он чи муҳим аст ин аст, ки Сафаров ҳар андеша ва дидгоҳе, ки доштаасту дорад ба он бовар дорад ва содиқона онро иброз мекунад.

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед