Ru  | Tj
Супориши президент: Тоҷикистон бесарнишинҳои худиро рушд медиҳад
Супориши президент: Тоҷикистон бесарнишинҳои худиро рушд медиҳад
Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Супориши президент: Тоҷикистон бесарнишинҳои худиро рушд медиҳад

Нашр шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтааст, ки рушди ҳавопаймоҳои бесарнишинро аз самтҳои афзалиятноки кораш қарор диҳаду стратегияи махсуси тавсеаи ин бахшро таҳия созад. Президент муҳлат додаст, ки пешниҳодҳои мушаххас ба ҳукумат ироа гарданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори ҳукумат Консепсияи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишин барои давраи то соли 2044-ро тасдиқ кард, ки нусхаи он дастраси Halva.tj шуд.

Таъкид шудаст, ки санад дар заминаи банақшагирии стратегӣ ва пешгӯиҳои давлатӣ қабул гардидаст.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон якҷоя бо идораҳои дахлдор муваззаф шудааст, ки стратегияи татбиқи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистонро таҳия кунад ва аллакай моҳи июли соли 2024 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Таъкид шудаст, ки консепсия тамоми дастгоҳҳои парвоз, аз чархбол то ҳавопаймоҳои бесарнишинро фаро мегирад, ки фосилавӣ идора мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, аз тариқи рушди ҳавопаймоҳои бесарнишин амнияти давлатиро ба сатҳи нав барорад.

Дар консепсияи тасдиқкардаи Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои асосӣ барои даҳсолаҳои наздик дар бахши ҳавопаймоҳои бесарнишин мушаххас шудаанд.


Тоҷикистон ният дорад, ба таври густурда бесарнишинҳоро дар таъмини амнияти давлатӣ, геодезия, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ истифода намояд.

Интизор меравад, ки дар Тоҷикистон бозорҳои ҷадид ташаккул ёбанд, ки истифодаи дастгоҳҳои бесарнишину ҷузъҳои онҳо, ки дар дохил тавлид шудаанд, афзалият хоҳанд дошт.

Ҳукумат ният дорад, барои таъмини амнияти давлатӣ мустақилияти ин бахшро таъмин созад. Бо ин ҳадаф таъмини таҷҳизоту технологияҳои бахши ҳавонавардӣ ва хадамоти заминӣ дар худи кишвар муҳим хонда шудаст.

Ташаккули низоми махсуси баҳисобгирии ҳавопаймоҳои бесарнишин, сабту назорати онҳо вобаста ба хатар, самти истифода ва хусусиятҳои кори ин дастгоҳҳо аз вазифаҳои дигаре мебошанд, ки ҳукумати Тоҷикистон пеши мақомоти кишвар гузоштаст.

Дар баробари ин ҳама ҳукумати Тоҷикистон таъмини кадрҳоеро муҳим донистааст, ки малакаи хуби истифодаи бесарнишинҳоро дошта бошанд.

Бо ин ҳадаф ташкили низоми таълимии муназзам зарур дониста шудааст, ки ба тайёр намудани кадрҳо ва таъмини бахши ҳавопаймоҳои бесарнишин бо мутахассисон машғул хоҳад буд.

Даври бесарнишинҳо

Ҳузури бесарнишинҳо дар солҳои охир чӣ дар бахши мулкӣ ва чӣ низомӣ ба таври густурда афзоиш ёфтааст. Онҳоро дар амалиёти низомӣ, боркашонии мулкӣ, харитасозӣ, корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯю наҷот васеъ истифода мебаранд.

Дар шароити Тоҷикистон, ки ҳудуди 93 дарсади онро куҳсор ташкил медиҳад, истифодаи бесарнишинҳо аз самтҳои ояндадор чӣ дар бахши низомӣ ва чӣ дар соҳоти мулкӣ арзёбӣ мегардад.

Таъкид мешавад, ки бесарнишинҳо дар замони муосир ҳамчун василаҳои хуби назорату вокуниши фаврӣ дар сурати ҷой доштани хатарҳо ба амният мебошанд.

Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба рушди бесарнишинҳо дар пасманзари истифодаи густурдаи онҳо дар низоъҳо дар Қарабоғи куҳӣ, Ховари Миёна ва Украина сурат гирифтааст.

Зикр мешавад, ки истифодаи бесарнишинҳо, навъҳои онҳо ва малакаи корбарии онҳо метавонад дар бархе ҳолатҳои низомӣ ҳалкунанда бошад.

Аз тӯй то марз ва малах

“Эра”-и дронҳо дар Тоҷикистон аз истифодаи васеи онҳо дар сабти тӯйу консертҳо оғоз шуда буд, аммо марҳилаҳои баъдӣ нишон дод, ки корбарии ин дастгоҳҳо дар бахшҳои дигар низ муфид аст.

Дар баробари аҳдофи низомӣ, дар бахши мулкӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон бесарнишинҳо серталабгор хоҳанд буд. Бархе таҳлилгарон аз ҷумла пайдо шудани як навъ бесарнишинҳои боркашро мисол меоранд, ки дар шароити куҳсори Тоҷикистон гоҳо барои расондани лавозимоту масолеҳ ба нуқтаҳои мушкилрас василаи беҳтарин дониста мешаванд.  

Мисоли дигари мубрами истифодаи бесарнишинҳоро бо ҳадафҳои мулкӣ ин корбарии онҳо дар мубориза бо малах арзёбӣ мешавад. Ҳамасола аз ҳуҷуми малах садҳо гектар замини кишти кишоварзони тоҷик зарар мебинад ва яке аз василаҳои муфиди мубориза бо он истифодаи дронҳо барои пайдо намудани манбаъ ва нобудсозии он дониста мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки феълан вуруду корбарии дронҳо ба Тоҷикистон баъди  сабт бо иҷозати мақомоти амниятӣ сурат мегирад. Сабти ҳатмии дронҳо дар кишвар ба далоили амниятӣ ҷорӣ шуда буд.

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед