Тағйирот дар қонун: Азми ҳукумат барои ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсили томактабӣ
Нашр шуд
Таҳсили томактабии кӯдакон аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Тоҷикистон қарор дода шудааст, аммо ба далели маҳдуд будани захираҳои молиявӣ ва суръати баланди афзоиши аҳолию таваллуд, кор дар ин самт мушкилзо шудааст.
Ҳукумату парлумони Тоҷикистон бо вуруди тағйироти ҷадид ба қонунгузорӣ шароити бештареро барои ҷалби кӯдакон ба таҳсили томактабӣ муҳайё кардаанд.
Тобистони соли равон дар моддаи 16-и қонун дар бораи маорифи Тоҷикистон қисми нав таҳти рақами 18 мавриди амал қарор гирифт, ки баъди ҳимоят аз ҷониби палатаҳои поёнию болоии парлумони Тоҷикистон, аз сӯи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо шуд.
“Дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ таълиму тарбияи томактабӣ дар шакли марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешавад. Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдакро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд», - омадааст дар банди нави қонун.
Ин барои волидону омӯзгорон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар ташкили таҳсили томактабии фарзандонашон ташаббус нишон диҳанду онҳоро бо таълим фаро гиранд.
Таҷрибаи ВМКБ дар таҳсили томактабӣ
Дар ин самт таҷрибаи бархе деҳоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон метавонад ибратомӯз бошад. Худи сокинон бо назардошти имконоташон барои кӯдакон таҳсили томактабиро фароҳам карданд.
Гулнора, модари ҷавон аз ноҳияи Рӯшон мегӯяд, дар минтақа одатан сокинони маҳаллӣ ихтиёран моҳона ҳудуди 30 то 50 сомонӣ аз волидони ҳар кӯдак ҷамъ оварда, барояшон умдатан дар доираи як синфхона дар макотиби миёна бо ҷалби мураббиёни дорои донишу малакаи зарурӣ таҳсилоти томактабӣ фароҳам месозанд.
“Рӯзе ҳудуди 4 соат барояшон машғулиятҳо гузаронда мешавад, бозиҳои шавқовари муҳим барои рушдро анҷом медиҳанд, муошират дар ҷомеа ва миёни ҳамро меомӯзанд, шеърҳо аз ёд мекунанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва маърифатӣ иштирок мекунанд”, - гуфт мусоҳиб.
Таҷрибаи ташкили гуруҳҳои рушди барвақтии кӯдак дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон имкон дорад, дар дигар шаҳру навоҳии дурдасти Тоҷикистон низ татбиқ гардад.
Ҳамагӣ панҷяки кӯдакон бо таҳсили томактабӣ таъминанд
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон Барномаи махсуси давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020 - 2025 мавриди амал қарор дорад, ки маҷмӯи чорабиниҳо, аз ҷумла бунёди кӯдакистонҳою ташкили марказҳои рушди барвақтии кӯдакро фаро мегирад.
Тибқи ин барнома, алакай то соли 2021 бояд фарогирии кӯдакон дар Тоҷикистон бо таҳсилоти томактабӣ ба 30 фоиз расонда мешуд. Дар барнома пешбинӣ шудааст, ки ин нишондод дар соли 2025 ба 33 дарсад расонда шавад.
Аммо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон гуфт, ҳудуди 201,5 ҳазор кӯдак бо зинаи томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки баробар ба 20,2%-и шумораи умумии кӯдакони синни томактабӣ мебошад.
Мувофиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, интизор меравад, ки шумораи кӯдакони аз 3 то 6-сола дар кишвар ба зиёда аз 1 млну 137 ҳазор нафар расад, ки нисбат ба соли 2015 ҳудуди 255 ҳазор нафар зиѐд аст.
Тибқи ин стратегия, пешбинӣ шудааст, ки фоизи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд ба 40% расонда шавад.
Дар нақша 29 ҳазор марказу дар амал 2,4 ҳазор
Тибқи омори Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо надики 105 ҳазор кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 муассиса ва наздики 2,4 ҳазор кӯдак зиёд аст.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ наздики 2,4 ҳазор Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии беш аз 96,5 ҳазор кӯдак таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ҳудуди 270 марказ ва беш аз 27,6 ҳазор кӯдак зиёд мебошад, илова намуд Вазорат.
Инчунин дар кишвар 140 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии қариби 11,6 ҳазор кӯдак ва Маркази инкишофи хусусӣ бо фарогирии 693 кӯдак фаъолият доранд, маълумот дод Вазорат.
Ин оморҳои Вазорати маориф дар ҳолеянд, ки дар доираи барномаи рушди таҳсили томактабӣ барои солҳои 2020 - 2025, ташкилу ҳазорҳо Марказҳои рушди инкишофи барвақтии кӯдакон дар назар гирифта шудааст, ки пурра татбиқ нагардида истодааст.
Дар Вазорати маорифи Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии ба таври лозима татбиқ нашудани барномаро камбуди сармоягузорӣ мегӯянд, ки бояд асосан аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ сурат мегирифт.
Дар ҳамин шароит таҳлилгарон ҷалби бештари волидон ба ташкили таҳсили томактабии кӯдакон, аз тариқи ташкили марказҳои рушди барвақтӣ дар заминаи мактабҳои миёнаро мувофиқи мақсад мешуморанд, ки теъдоди зиёди кӯдаконро бо таҳсили томактабӣ таъмин хоҳад кард.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед