Ru  | Tj
Таниш миёни ИМА ва Русияву Чин тунд мешавад
Таниш миёни ИМА ва Русияву Чин тунд мешавад
Акс: Интернет

Таниш миёни ИМА ва Русияву Чин тунд мешавад

Нашр шуд

Изобел Коулман, муовини раҳбари Ожонси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури рушд (USAID) нимаи дуюми моҳи феврал ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон сафари корӣ анҷом дода, бо мансабдорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ вохӯриҳо доир намуд.

USAID чӣ ташкилот аст ва бо кадом ҳадаф намояндаи он ба Осиёи Марказӣ сафар анҷом дод?

Ожонси ИМА дар умури рушд яке аз ниҳодҳои Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, сохторҳои гуногуни он дар беш аз 30 кишвари ҷаҳон фаъолият мекунад.

Сафари Изобел Коулман дар пасманзари авҷ гирифтани таниш байни ИМА ва Русияву Чин сурат гирифт. Тибқи маълумоти манбаъҳои боз, кунун роҳбарияти USAID имконоти худро дар Осиёи Марказӣ бознигарӣ намуда, кӯшиш дорад, то дурнамои фаъолияташро дар ин минтақа арзёбӣ кунад.

Ба унвони мисол намояндагони ожонс аз мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ талаб доранд, то иқдомоти Русия ва Чинро маҳкум намоянд.

Фаъолияти USAID аз чӣ иборат аст?

Намояндагони USAID расман мегӯянд, ки ҳадафи ин созмон кумак ба Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти фақру бенавоӣ, сифати пасти соҳаҳои маориф, тиб ва кишоварзӣ мебошад. Таҳкими ниҳодҳои демократии минтақавӣ дар банди алоҳидаи асноди оинномавии ин ташкилот нишон дода шудааст.

Дар асл фаъолияти ин созмони америкоӣ паҳлуҳои ниҳонӣ дорад, зеро сохтори департаменти давлатӣ қабл аз ҳама барои ҳифзу пешбурди манфиатҳои ИМА дар минтақа нигаронида шудааст.

Дар ин замина USAID асосан иқдомоти марбут ба пуштибонӣ аз сиёсатмадорон ва фаъолони ҷамъиятии содиқ, тарвиҷи қавонини барои ИМА муфид дар соири кишварҳо, инчунин мухолифати фаъол бо фарояндҳои аз дидгоҳи Амрико номатлубро роҳандозӣ менамояд.

USAID яке аз абзорҳои муҳими Кохи Сафед дар пешбурди манофеъи Вашингтон дар хориҷ аз кишвар ба ҳисоб меравад. Кори ин созмон дар Осиёи Марказӣ ба ин шакл аст.

Воҳидҳои USAID маъмулан дар назди сафоратҳои ИМА фаъолият менамоянд. Як бахши лоиҳаҳоро худи ин созмон амалӣ намуда, теъдоди дигарашро бар ивази кумаки молӣ ба зиммаи сиёсатмадорони маҳаллии содиқ, фаъолони ҷамъиятӣ ва расонаҳо мегузорад.

USAID ҳамасола садҳо миллион долларро дар лоиҳаи соҳаҳои иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тиб ва кор бо аҳолии қишрҳои осебпазир сармоягузорӣ мекунад. Ҳамзамон маҷмӯъе аз лоиҳаҳо барои пурзӯр намудани нуфузи сиёсӣ дар минтақа низ роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳолатҳои нисбатан душвор USAID тарҷеҳ медиҳад, то ба василаи ниёбат амал кунад, яъне созмони бо ин ожонс алоқаманд набударо ба манфиати худ истифода кунад. Барои афзоиши ҳимоят аз ибтикорҳои худ намояндагони ИМА як шабакаи густурдаи дастгириро эҷод менамоянд.

Дар Осиёи Марказӣ USAID фаъолияти даҳҳо рӯзнома ва ширкати телевизионию радиоӣ, сиёсатмадорон, фаъолони ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, кормандони мақомоти қудратӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои касабаро маблағгузорӣ менамояд. Солҳои охир шабакаи блогнависони содиқ барои кор дар фазои маҷозӣ эҷод шудааст. USAID кӯшиш намудааст, то ҳамкории худро бо раҳбарони рӯҳонии маҳаллӣ ба роҳ монад. Аз ҷумла ин созмон борҳо имомхатибонро барои омӯзиш гирди ҳам оварда, онҳоро муътақид бар он мекардааст, ки ҳамкорӣ бо ИМА муфид ва судманд аст.

Ин созмони амрикоӣ фаъолияти худро бо қатъият пеш мебарад ва сареъона ба вазъияти тағйирёбанда созгор мешавад. Барои мисол дар давраи коронавирус USAID ба кормандони соҳаи тиб кумаки молӣ мерасонид, билофосила пас аз низоъҳои байниқавмӣ дар Қирғизистон корро бо аҳолии маҳаллаҳо маблағгузорӣ мекард.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки амалӣ намудани тарҳҳои USAID дар Осиёи Марказӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- Ҷамъоварии маълумот дар бораи вазъияти ҳар як кишвари минтақа - ба даст овардани иттилооти махфӣ ва таҳвили он ба хадамоти вижаи амрикоӣ. Кори фаъолона дар рустоҳои дур аз пойтахт барои омӯзиши беҳтари вижагиҳои сокинони маҳаллӣ ва ба даст овардани маълумот дар мавриди ҳудудҳои осебпазиру тазодзо шароити мусоид фароҳам меорад.

- Нуфузи идеологӣ. Ожонс симои мусбати ИМА-ро дар байни сокинони маҳаллӣ тарвиҷ карда, саъй дорад, то арзишҳову дидгоҳҳои амрикоиро ҳамчун беҳтарину дурусттарин эълом дорад.

- Аҳдофи иқтисодӣ. Баъзе аз лоиҳаҳо, ки барои пешбурди ба истилоҳ “тавсеаи бозори озод” равона шудаанд, бо ҳадафи ба шакландозии иқтисодиёти маҳаллӣ ба чорчӯби барои ИМА муносиб фаъолият менамоянд. Намояндагони USAID ибтикороту лоиҳаҳои қонунҳои барои ширкатҳои байналмилалӣ афзалиятнокро тарвиҷ намуда, кӯшиш доранд, то гузариши кишварҳоро ба стандартҳои технологии ғарбӣ таъмин созанд ва муҳимтар аз ҳама ҷараёни тиҷоратиро аз Русия ва Чин ба сӯйи Ғарб равона кунад.

Соли 2018 USAID 216 млн долларро барои васеъ намудани ҳуқуқу имконоти 75 ҳазор зан сарф кард, ки аз ин теъдод танҳо 50 нафар бо кор фаро гирифта шуданд.

Қобили зикр аст, ки ҳар қадр муносибатҳои ИМА бо Русия ва Чин душвортар шавад, ҳамон қадр USAID ва созмони дигари амрикоӣ фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ дағалона ба роҳ мемонанд.

Саҳми бозигарон дар мубориза барои нуфуз зиёд мешавад, ҳадаф тавре ки маълум аст, тамоми васоитро истифода кардан аст

 

halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед