То 39-сола, солим: Ҷузъиёти талаботи Корея аз муҳоҷирони кории Тоҷикистон
Нашр шуд
Кореяи ҷанубӣ аз Тоҷикистон коргарони то 39-сола, солим, бе доғи судӣ ва бо салоҳиятро хостааст, ки аз низоми холҳою давраҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд. Интизор меравад, ки фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба Корея аз соли 2025 оғоз гардад.
Halva.tj бо ҷузъиёти Ёддошти тафоҳуми имзошуда миёни Тоҷикистону Корея дар бораи фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор – ЕРS шинос шуд. Қадам ба қадам аз Тоҷикистон ба Корея, ҷузъиёти шартномаҳои корӣ, виза ва бозгашт ба Ватанро дар матлаби зер бихонед.
“Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, ки воҳиди давлатии ғайритиҷоратии Тоҷикистон мебошад, барои ҷалб ва фиристодани коргарони тоҷик дар асоси принсипҳои ғайритиҷоратӣ масъул таъйин шудаст ва ягон агентии дигар наметавонад дар ин раванд иштирок намояд.Тибқи санади имзошуда, Хадамоти рушди захираҳои инсонии Корея ҳамчун ниҳоди қабулкунанда таъйин гардидааст, ки он ҳам аз ҳисоби буҷети давлаташ маблағгузорӣ мешавад ва бевосита масъули идораи феҳристи корҷӯён ва қабули коргарони тоҷик мебошад.
Хароҷоти муҳоҷирати корӣ ба Корея аз чӣ иборат хоҳад буд?
Ҷонибҳо созиш кардаанд, ки ҳар як коргар хароҷоти воқеиро ба ниҳоди фиристонанда пардохт мекунад. Ҳаҷми маблағро бо қарори муштарак бо ҷониби Корея муқаррар мекунанд ва бандҳои хароҷот мушаххас нишон дода хоҳанд шуд.
Ба ин маблағ, аз ҷумла арзиши муоинаи тиббӣ, санҷиши забони кореягию арзёбии малакаҳо ё худ ЕРS -ТОРIK, додани шиноснома ва раводид, бақайдгирии феҳрист, таълими пеш аз сафар ва чипта ворид мебошад, ки бояд оммавӣ тавассути веб-сайтҳои давлатӣ нашр гардад. Ҷониби Корея метавонад маблағи пардохт ва таркиби онро аз коргарони тоҷик, ки барои кор ба Корея фиристода мешаванд, санҷиш намояд. Ҳар тағйирот дар ҳаҷми пардохтҳо дуҷониба мувофиқа карда мешаванд, таъкид шудааст дар Ёддошти тафоҳум.
Ҷалб тавассути холҳо: Корҷӯён солиму то 39-сола бошанд
Барои мунсифона сурат гирифтан ва ҷалби корҷӯёни мувофиқ, ҷониби Корея системаи холҳоро муқаррар мекунад. Ҷониби Тоҷикистон барои таъмин намудани макон барои қабули дархостҳо ва гузаронидани санҷишҳо, таъмини шароит барои кормандони агентии тестӣ мусоидат мекунад.
Талабот барои довталаботи санҷиши малакаҳо ва арзёбии салоҳияту забондонӣ, ба истилоҳи дигар ЕРS -ТОРIK аз ҷумла чунин аст: Нафарони аз 18 то 39-сола, ки ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум нашуда бошанд, сабти депорт ё қарор дар бораи ихроҷ аз Корея надошта бошанду, баромаданашон аз ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд нашудааст.
Натиҷаи системаи холҳо дар давоми ду сол аз рӯзи эълони он эътибор дорад ва ба корфармоён ҳамчун маълумоти иловагӣ дар бораи корҷӯён дар давоми ҷустуҷӯи кор пешниҳод карда мешавад.
Рӯйхати корҷӯён: Ин маънои қабул ба корро надорад
Ҷониби Тоҷикистон рӯйхати афродеро, ки аз системаи холҳо гузаштаанд, эътибори шиносномаашон на камтар аз як сол аст, аз муоинаи тиббии аз ҷониби Корея муайяншуда гузаштаанд, таҳия мекунад.
Дар феҳрист дар борабари маълумоти шахсӣ инчунин шароиту хостаҳои корҷӯй, аз қабили музди меҳнат ва намуди фаъолият, таҳсилот, таҷрибаи корӣ, шаҳодатномаҳо ва холҳои гирифтааш дар санҷишҳо зикр мешаванд. Таъкид шудаст, ки барномаи компютерӣ барои ташкили феҳрист таъсис дода мешавад, ки табодули феҳрасту маълумот миёни ҷонибҳо тавассути он сурат мегирад.
Шартномаи меҳнатӣ чӣ гуна хоҳад буд?
Корфармои кореягӣ аз феҳрист корҷӯёни тоҷикро интихоб намуда, варақаи шартномаи меҳнатии стандартиро тартиб медиҳад. Ниҳоди қабулкунанда дар Корея шартномаи меҳнатиро ба ниҳоди фиристонанда дар Тоҷикистон мерасонад.
Таъкид шудаст, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳар як коргар мазмуни шартномаи меҳнатиро ҳаматарафа фаҳмонда медиҳад, то ки коргар онро пурра дарк намуда, тавонад, ки бо хоҳиши худ дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ қарори ниҳоӣ қабул кунад. Дар бораи имзо шудан ё нашудан аз ҷониби коргар давоми 14 рӯз ба Корея иттилоъ дода мешавад. Дар сурати имзо нашудан сабаби он зикр мегардад.
Агар корҷӯй шартномаи меҳнатии басташударо бекор кунад ё ду маротиба бе ягон сабаб шартномаи меҳнатии пешниҳодшударо имзо накунад, ниҳоди қабулкунанда метавонад ӯро аз рӯйхат хориҷ кунад, омадаст дар тавофуқномаи Тоҷикистону Корея.
Дар баробари ин Вазорати меҳнати Корея метавонад корфармоёнро низ аз киро кардани коргарони хориҷӣ маҳдуд кунад, агар онҳо шартномаи меҳнатии басташударо бе ягон сабаб бекор кунанд.
Омӯзиш баъди санҷиш ва хатари депорт
Ҷониби Тоҷикистон барои коргароне, ки шартномаи меҳнатӣ бастаанд, ба таври фаврӣ омӯзиши пеш аз сафар мегузаронад, ки мундариҷаю давомнокияш бо ҷониби Корея мувофиқа мешавад.
Ҷониби Корея метавонад коргареро, ки таҳсилоти пеш аз сафарро хатм накардааст ё дар муассисаи беиҷозат таҳсилоти пеш аз сафарро гирифтааст, хориҷ кунад. Хароҷот дар ин сурат ба корманд вогузор мешавад, ё ба ҷониби Тоҷикистон, агар ӯ шароит надошта бошад.
Гирифтани виза чӣ гуна сурат мегирад?
Ҷониби Тоҷикистон фавран пас аз гирифтани Шаҳодатномаи тасдиқи додани раводид ё ба истилоҳ ССVI аз ҷониби Корея, ба коргарон хабар медиҳад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба сафорати Корея дар Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Таъкид шудааст, ниҳоди қабулкунанда метавонад шартномаи меҳнатии ҳар як коргареро, ки дар давоми се моҳи эътибори ССVI барои гирифтани раводид муроҷиат намекунад, бекор намояд. Агар норафтаҳо зиёд шаванд, ҷониби Корея теъдоди ҷойҳои корӣ барои кормандони тоҷикро кам мекунад ё муваққатан бозмедорад.
Таъкид шудаст, ки Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ягона муассисаест, ки барои кумак дар дархости раводид ваколатдор шудааст ва ҳеҷ як мақомоти дигар наметавонад ба ин раванд дахолат кунад.
Вуруд ба Корея ва имтиёз ба кормандони содиқ
Ҷониби Тоҷикистон бо мақсади огоҳ кардани корфармоён дар бораи рафти омодагии коргарон барои вуруди онҳо ба Корея, дар ҳар марҳила маълумотро ба низоми ЕРS ворид мекунад.
Пас аз вуруд, коргарон омӯзиш ва муоинаи тиббӣ мегузаранд. Коргароне, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд.
Тибқи созиши ҷонибҳо, ба коргарон иҷозат дода мешавад, ки дар Корея ба муддати то се сол аз рӯзи ворид шудан кор кунанд. Дар баъзе ҳолатҳо коргарон метавонанд, муҳлати кории худро як маротиба ба ҳадди аксар ба 1 солу 10 моҳ тамдид намоянд.
Коргароне, ки ҳангоми корашон бе тағйир додани ҷои корашон самимона ба кори худ содиқ будаанд, пас аз як моҳи тарки Корея метавонанд дубора ворид шаванд ва ин дафъа аз талаботи системаи холҳо, инчунин таҳсилоти қаблӣ ва пас аз сафар бо дархости корфармоён озод карда мешаванд.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистону Корея барои ду сол баста шудааст, аммо он метавонад бо ҳама гуна сабабҳои узрнок, ки дар огоҳии хаттии ҳар ду тараф на камтар аз се моҳ пеш равона шудааст, боздошта шавад ё қатъ гардад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед