Ru  | Tj
Вижагиҳои Поруни Афғонистон. Дар 20 соли охир касе дар ин ҷо кушта нашудааст
Вижагиҳои Поруни Афғонистон. Дар 20 соли охир касе дар ин ҷо кушта нашудааст
Аксҳо: Аз интернет

Вижагиҳои Поруни Афғонистон. Дар 20 соли охир касе дар ин ҷо кушта нашудааст

Нашр шуд

Минтақаи дилкушо ва зебои шаҳри Порун дар тӯли ду даҳсолаи охир каме пешрафт кардааст. Бо бунёди биноҳои замонавӣ барои мақомоти маҳаллӣ роҳи хурди бозор сангфарш карда шуда, сарбанди барқ ​​бисёр деҳаҳои марказро равшан кардааст. Аммо дар ин минтақаи бехатар ва зебо одамон ҳанӯзам аз техника маҳруманд, роҳҳои ба вилояти Кунар бурдашаванда мумфарш набуда, мактабҳо, шифохонаҳо ва бисёр муассисаҳои коммуналӣ ҳанӯз таъмири асрӣ нашудаанд.


Нуристон, ки ба ҷуз аз марказаш шаҳри Порун ҳафт ноҳияи дигар низ дорад, дар ду даҳаи ахир дар бораи талафот ва даргириҳо гузоришҳои зиёде дарёфт кардааст. Аммо шаҳри Порун ягона минтақае буда, ки дар он амнияти комил вуҷуд доштаву дорад.

Дар давоми тақрибан 20 соли охир дар ин ҷо ягон мушак натаркидааст ва дар набардҳои миёни режими собиқ ва Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) низ касе кушта нашудааст.

Чунин бехатарии боварибахш аз баракати ҳукумат набуда, балки аз иттиҳоди мардуми Нуристон ва сокинони шаҳри Порун дониста мешавад, ки онҳо бидуни руҷӯъ ба мақомот худ амнияту осоиши худро таъмин кардаанд. 

Дар шаҳри Порун аз тамоми минтақаи Нуристон мардум зиндагӣ мекунанд ва тобеи қонунҳои нонавиштаи халқӣ ҳастанд, ки баргирифта аз дини собиқи нуристониён ё Калошҳо аст.


Ба гуфтаи раиси Шӯрои Калошҳо дар Порун дар 20 соли гузашта ҳеҷ касе ба қатл нарасидааст ва мардум аз марги табиӣ мемиранд.

Дар Афғонистон, ки 40 сол боз ҷанг дорад, чунин шаҳру ноҳия ба гуфтаи мардум боварнокарданист.

Дар ин ҷо Шӯрои халқии Порун иборат аз 30 нафар, ки онро Шӯрои марказии Калошҳо низ меноманд, дар сари қудрат аст ва дар бораи Порун ҳар як қарорро қабул мекунад, амниятро ҳифз ва тамоми мушкилоти мардумро тавассути урфҳои кӯҳна ҳал менамояд.


Котиби Шӯро Сантук Нуристонӣ ба мухбири рӯзномаи “8-и субҳ” гуфт, ки дар ҳамаи деҳаҳои Порун шӯроҳои хурде мавҷуданд, ки дар тобеияти онҳо амал мекунанд ва мушкилиҳои мардум, адолат, қонун ва ҳар ниёзҳои дигарро бароварда менамоянд.

Ҷаноби Сантук дар ин бора чунин гуфтааст: 

"Шӯрои 30-нафараи мо аз мардум: пирону ҷавонон, уламои дин, занону духтарон ва аҳли ҷомеа иборат аст. Мо ҳар як қарорро барои Порун қабул мекунем. Режими охирин низ ягон кори ин минтақаро ба воситаи муассисаҳои давлатиаш ҳал накард. Баръакс, мо ҳар қазияро аз тариқи урф ва фарҳанг мувофиқи қонунҳои ниёкони нуристониҳо ҳал мекардем, ки он хоҳ дуздӣ ва дигар ҷиноятҳо бошад ва ё хоҳ масъалаи дигари ҳуқуқӣ”.

Ҷаноби Сантук гуфта, ки мардуми ин минтақа дар сурати рух додани ҳар гуна ҳодиса омодаанд, дар масоили амниятӣ ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Порун бидуни ҳузури режими қаблӣ ё Толибон, нерӯҳои вижаи худро дорад, ки метавонад назмро барқарор кунад. 


Порун, ки бо ҷангалҳои сарсабз ва табиати зебояш дар солҳои охир аз ҷониби ҳукумати марказӣ “Парки миллӣ” ва “Мамнӯъгоҳи ҳайвоноти ваҳшӣ” номида шуда буд, маркази сайёҳони дохилӣ гардида буд.

Сокинони ин шаҳр аз Толибон низ талаб доранд, ки ба арзишҳои фарҳангии мардум эҳтиром гузоранд.

Бояд гуфт, ки вилояти Нуристон дар шарқи Афғонистон дар марз бо Чину Покистон ҷойгир аст.


Нуристониёни кунунӣ ва Калошҳои дирӯза ҳудудан 128 сол пеш дар замони ҳокимияти истибдодии Амир Абдураҳмонхон мусалмон шуданд ва пас аз он номи ин минтақа аз Калош ба Кофиристон ва сипас ба Нуристон табдил шуд.

Мардуми ин минтақа дорои фарҳангу забону нажоду оинҳои вижаи худ ҳастанд, ки пас аз мушарраф шудан ба Ислом низ ба он пойбанд мебошанд.

Шаҳри Порун, ки маркази ин вилоят аст, амнтарин минтақаи Афғонистон дониста мешавад. Ба гуфтаи Шӯрои маҳаллии ин минтақа дар 20 соли куштори Афғонистон то кунун ҳеҷ фарде дар ин минтақа кушта нашудааст ва мардум бидун давлат ва системаи асрӣ ба мушкилоти худ расидагӣ мекунанд.


Раҳнаварди Зарёб: Шукуфобахши достоннависии муосири Афғонистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед