Ru  | Tj
Раҳнаварди Зарёб: Шукуфобахши достоннависии муосири Афғонистон
Раҳнаварди Зарёб: Шукуфобахши достоннависии  муосири Афғонистон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Раҳнаварди Зарёб: Шукуфобахши достоннависии муосири Афғонистон

Нашр шуд

Раҳнаварди Зарёб дар аввали тирамоҳи соли 1945 дар Кобул чашм ба дунё кушод. Падараш аз Ғазнӣ ва модараш аз шимоли кишвар буд. Ӯ литсейи Ҳабибияро ба поён расонид ва ба  Донишгоҳи Кобул дохил шуд ва риштаи рӯзноманигориро интихоб кард. Муддате пас аз поёни таҳсил бо истифода аз як бурсияи таҳсилӣ ба Британияи Кабир рафт ва аз Донишгоҳи Уэлсаи Ҷанубӣ дипломи магистратурии худро дар соҳаи рӯзноманигорӣ гирифт. Раҳнаварди Зарёб аз соли 1992 ба Фаронса ҳиҷрат кард, пас аз суқути Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) ба Кобул бозгашт ва барои муддате ба унвони мушовири Вазорати иттилоот ва фарҳанг кор намуд. Пас аз он кори худро ба унвони муҳаррир дар телевизиони “Тулӯъ” (“TOLOnews”)-и Афғонистон идома дод. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси раиси Анҷумани нависандагони Афғонистон низ кор карда буд. Дар тирамоҳи соли 2013 нависандаи афғонистонӣ матбааеро ба номи “Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб” таъсис кард. Ин матбаа яке аз нашаротҳои соҳибном ва муҳимми Афғонистон дар ҳавзаи форсизабонон ҳисоб мешавад, ки осори адабии форсизабонон ва ҷаҳонро мунташир кардааст. 

Раҳнаварди Зарёб аз назари шумори навиштаҳо пуркортарин нависандаи Афғонистон дар чанд даҳаи ахир буд ва ба сабкҳои гуногун менавишт. Зарёб, ки дар ҳафтаҳои поёнии умраш ба каронавирус мубтало шуда буд, моҳи ноябри соли 2020 дар бемористони Кобул даргузашт. Ҳамсари ӯ Спужмай Зарёб нависандаи номдори кишвар аст. Онҳо се фарзанд: Ҳоингин, Шабнам ва Парант доранд. 

ОҒОЗИ НАВИСАНДАГӢ

Нахустин достони кӯтоҳи ӯ дар замоне, ки ӯ 19 сол дошт, дар маҷаллаи “Паштун жағ” (Садои паштун) дар Кобул мунташир шуд. 20 сол баъд аз он нахустин маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳи ӯ “Оғозе аз миёни қарнҳо” аз сӯйи Анҷумани нависандагони Афғонистон дар Кобул чоп шуд. Дар ҳамин сол тарҷумае аз достонҳои кӯтоҳи ӯ ба забони русӣ дар Маскав низ мунташир шуд. 

Дар ин фосила, яъне пеш аз ин ки нахустин китобаш мунташир шавад, достонҳо ва матолиби зиёде аз ӯ дар маҷаллаҳои мухталиф ба чоп расида буд ва ӯ дигар як чеҳраи шинохташуда дар миёни фарҳангиён дониста мешуд. 

Тасаллути ӯ бар забон, шеър ва насри классикии форсӣ, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва муҳимтар аз он, шинохти ӯ аз ҷомеа боис шуд, ки Раҳнаварди Зарёб ба нависандаи асаргузор, соҳибсабк ва пуркор мубаддал шавад. 

Қабл аз ин ки Зарёб нахустин ва маъруфтарин романи худ, яъне “Гулнор ва Ойина”-ро дар ғурбат бинависад ва дар соли  2013 мунташир кунад, аз ӯ чаҳор маҷмӯаи достонҳои кӯтоҳ, як маҷмӯаи тарҷумаи достони кӯтоҳи нависандагони мухталифи ҷаҳон ба форсӣ ва маҷмӯаҳое аз ҷусторҳо чоп шуда буд. 

Аҳаммияти кори Зарёб танҳо ба хотири навиштани достонҳо ва ҷусторҳо набуд. Ӯ дасти болое дар сохтани вожаҳои ҷадид дошт. 

Ҳамчунин, ӯ навъе аз қолаби достонӣ бо номи “достоит” низ сохт ва дар тавзеҳи он гуфт, ки онро бо таркиби достон ва ҳикоёт сохтааст. Китоби ӯ, ки ҳовии навиштаҳои ин форм аст, бо унвони “Вашшайх Қудсуллоҳ сара гуфт” мунташир шудааст. 

Раҳнаварди Зарёб дар канори ин, ки худаш дуруст ва беғалат менавишт ва ҳурмати замонро пос медошт, ҳассосияти баланд нисбат ба ғалатнависӣ ва ғалатгӯиҳои дигарон дошт. Ӯ бо сароҳати лаҳҷае, ки дошт ин лағзишҳоро ёдовар мешуд. Солҳо дар шабакаи “Тулӯъ” кор кард, то ба хабарнигорон ва гузоришгарони ин расона ёд диҳад, ки чӣ алфоз ва ибораҳоеро ба кор гиранд ва аз бакоргирии чӣ вожаҳо ва иборатҳое парҳез кунанд. Ҳамкории ӯ бо “Тулӯъ” муҷиб шуд, ки таҳаввули чашмгир дар забони расонаҳо бавуҷуд ояд ва расонаҳои дигар низ ба пайравӣ аз ин расона ҷуръати пазириши тағйирро пайдо кунанд ва фикри замонро дошта бошанд ва насле аз хабарнигорон падид ояд, ки то ҳудуде бо забони шаффоф ва рӯшан хабар бинависанд ва гузориш таҳия кунанд.

Зарёб бар хилофи бисёре аз рӯзноманигорон, нависандагон ва шоироне, ки пас аз ӯ ва ҳамзамони ӯ ба миён омадаанд ва шинохти хубе нисбат ба мероси гаронсанги форсӣ надоранд ва барои халқи мӯҳтаво аҷала доранд, бо матнҳои кӯҳани муосири форсӣ дамсозу ҳамроз буд ва шинохти жарфу илмӣ аз ин меросро дошт. Ба ҳамин ҷиҳат то сарҳади ҷунун ба ин забон ишқ меварзид ва барои дифоъ аз он дар баробари ҳуҷумҳои бадхоҳон ва душманон аз ҷону обрӯ моя мегузошт. Шояд дар ин солҳо касони зиёде барои дифоъ аз забони форсӣ дар Афғонистон қадаму қалам задаанд, аммо Зарёб яке аз шохистарин одамҳо дар посдорӣ аз забони форсӣ дар ду даҳаи ахир буд ва дар ин роҳ эҳтимолан аз манфиатҳои моддии бисёре гузашт ва душманиҳову кинаҳоро ба ҷон харид. Дар ин вазъияте, ки аз роҳи дифоъ аз забону фарҳанги форсӣ дар Афғонистон на танҳо имтиёзе ба даст намеояд, балки мумкин аст зиёнҳо ва хатарҳои мармуз насиби инсон шавад, Зарёб огоҳона дар ин роҳ қадам гузошт ва аз хатарҳое, ки дар ин роҳ дар камини ӯ нишаста буд, ба хубӣ огоҳӣ дошт.

Агар касе бихоҳад таърихи забони форсӣ дар рӯзгори муосирро дар ин кишвар бозхонӣ кунад, нақш ва саҳми Раҳнаварди Зарёбро дар ин замина нодида бигирад, ҷафои бузурге дар ҳақи пажӯҳиш ва таҳқиқи илмӣ раво доштааст. 

Қобили тазаккур аст, ки Зарёб дар ҷиҳати ҳамгироӣ миёни кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанги минтақа кӯшишҳои пайваста ба харҷ дод ва талош варзид, ки заминаи мубодилоти фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳамзабон эҷод шавад. Ӯ аз таҷрибаҳои дигар кишварҳои форсизабон дар ғаномандсозии забони форсӣ дар Афғонистон ба беҳтарин шева истифода кард. 

Осори Раҳнаварди Зарёб:

 “Шаҳри тилисмшуда”, “Марде сояаш таркаш кард”, “Дузди асп”, “Ва борон меборид”, “Саг ва туфанг”, “Морҳои зери дарахтони сунҷид”, “Пироҳанҳо” (Тарҷумаи чанд достон аз чанд нависандаи ҷаҳон), “Ҳошияҳо” (Маҷмӯаи мақолаҳои пажӯҳишӣ), “Бонги хобдида” (Маҷмӯаи мақолаҳои пажӯҳишӣ), “Зебои зери хокхӯфта” (Гузидаи достонҳои кӯтоҳ), “Гулнор ва Ойина” (роман), “Чиҳоки навиштанд” (Мақолаҳои пажӯҳишӣ ва ёдвораҳо), “Даври қамар” (дар маҷаллаи “Вафо” дар Пешовар ба чоп расидааст), “Чаҳор гирди қало гаштам” (роман), “Қаландарнома”, “Кокои шашпар ва духтари шоҳи париён” (роман), “Дарвеши панҷум” (роман), “Сиккае, ки Сулаймон ёфт” (роман), “Ҳазёнҳои даври ғурбат” (танзҳо).

НИГОҲИ ГУЗАРО БА РОМАНҲОИ РАҲНАВАРДИ ЗАРЁБ

“Гулнор ва Ойина” 

Насли нави Афғонистон, ки пас аз суқути ҳокимияти Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) бо таҳоҷуми Амрико ва рӯи кор омадани давлати ҷадид зуҳур кард, дер боз Раҳнаварди Зарёбро аз тариқи “Гулнор ва Ойина” шинохтаанд ва шефта шудаанд. Ин китоб романе аст бо насри содда, шӯставу рӯфта бо унсури такрор, ки як достони ошиқона ва дар ҷойҳои хаёлангез аз Кобули қадимро ривоят мекунад. Ин роман дар Кобул дар фосилаи чанд сол ба чопи чаҳоруму панҷум расид ва иттифоқе шуд, ки дар фазои адабии Афғонистони ҷангзада бисёр нодир буд.

Ногуфта намонад, ки достони “Гулнор ва Ойина” дар Тоҷикистон ба хати кириллӣ ҳам дар соли гузашта аз ҷониби Сипеҳри Кароматулло баргардон ва бо дастгирии молии Ато Муҳаммади Нур нашр шуда буд. 

“Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам”

Номи ин китоб аз як оҳанги фолклори маҳаллии Афғонистон гирифта шудааст. “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” оҳанги маҳаллие аст, ки бештари духтарони хурдсол дар рустоҳо даври ҳам ҷамъ мешаванд ва ин оҳангро ба сурати дастаҷамъӣ бо садои баланд замзама мекунанд. 

Устод Раҳнаварди Зарёб гуфта буд, ки барои ин романаш чандин ном интихоб карда буд. Аммо ба далели он ки оҳанги “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” тавассути яке аз ровиёни роман ба сурати мусалсал такрор мешавад, номи китобро низ “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам”  гузоштааст.

 Романи “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” корест, ки нисбат ба дигар романҳои ин нависанда комилан мутафовит ва бо сабки ҷудогона эҷод шудааст. Зеро дар ин роҳ хонанда наметавонад ровии достонро ба сурати мушаххас ташхис диҳад ва ҳодисоту иттифоқот тавассути чандин ровӣ нақл мешавад. Дар бахше аз романи “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” яке аз ровиҳо мардест, ки пас аз маргаш иттифоқотро нақл мекунад, ки ин ҳам як вижагиҳои роман аст. Ба ин маъно ки дунёи роман на воқеият аст ва на ҳам хаёле, балки фазои худро дорад. Чизи дигаре, ки дар романи “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” -и Зарёб вижагии мутафовут дорад, ин аст, ки нисбат ба дигар китобҳояш “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” қобили талхис нест ва хонанда наметавонад пас аз мутолиаи он хулосаи ин достонро нақл кунад. Ҳодисот ва рӯйдодҳо ба гунае баён шуда, ки яке бо дигаре пайвандӣ дорад.    

“Кокаи шашпар ва духтари Шоҳи париён”

Ин роман чаҳорумин романи Раҳнаварди Зарёб аст. Романе, ки пас аз “Гулнор ва Ойина” ва “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам”  талоши дигаре барои истифода аз реализми ҷодуӣ аст. Роман бо дарунмояҳои фалсафӣ ва устураӣ ва шеваи забони худ ба роҳатӣ метавонад мухотаби худро ворид бисозад, то аз пайи гуфтаҳои омехта бо хиради духтари Шоҳи париён равон шавад ва сайри чигунагии интиқоли ин навъ гуфтор аз духтари Шоҳи париён ба Кокаи шашпар ҳам ба наҳве мухотабро мухотаб қарор медиҳад: “Якумр ба чӣ дил хуш карда будем?... Ба дурӯғҳо... Ба дурӯғҳои бузург дилбаста будем!” Ин ҷумла аз охирин баргҳои китоби “Кокаи шашпар  ва духтари Шоҳи париён” аст. Ҷумлаест, ки дар роман дарунмояи ин асарро ҷаззобтар сохтааст. Шояд роман бо андарзҳое ба ҳамроҳ бошад, аммо ин андарзҳо замоне, ки бо хирад якҷо мешавад, дарунмояи китобро бо шевае, ки нависанда  ҳамроҳ сохта, муҳкамтар месозад. Мушаххас аст, ки Раҳнаварди Зарёб бо ин китоб дубора ҳамон таърих, устура ва фалсафаро ҳамроҳ месозад: коре, ки пеш аз ин, дар китоби “Чаҳор гирди қало гаштам, пойзеби тилло ёфтам” анҷом дода буд, коре, ки дарунмояи роман ва қиссаро фаротар аз як ривоят сода месозад.

“Дарвеши панҷум”

“Дарвеши панҷум” дунёи барсохтаи панҷ дарвеш аст, ки онҳо бо фарозу фуруд рамзомез зиндагӣ мекунанд ва ба шеваи сеҳромезе ба қавли дарвеши панҷум “тору мор мешаванд”. Ин роман ба дур аз гиреҳҳои печида забони сода дорад ва ровӣ бештар дар пайи дунбол кардани ҳодисаҳо ва моҷарои панҷ дарвеш аст, то даст бурдан ба текникҳои забониву романнависӣ.

Бахши умдаи ин романро номаҳое ташкил медиҳад, ки дарвеши панҷум баъд аз мусофират ба гирди ҷаҳон барои ровӣ ба Кобул мефиристад, номаҳое, ки шарҳи ҳоли дарвешҳои панҷгона аст. Шахсиятҳои аслии ин романро ҳамин панҷ дарвеш месозанд.

“Шӯрише, ки одамизодагакон ва ҷонваракон барпо карданд”

Ин роман ба таҳрире аз бурҳони шар дар фалсафа паҳлӯ мезанад. Дар бурҳони шар аз шурури мавҷуд дар ин ҷаҳон ёд мешавад ва ба унвони пурсише дар баробари Худо матраҳ мегардад. Айни сенария дар ин роман такрор мешавад. Нависанда мавҷудотеро дар навиштаҳояш меофаринад, ки бо шурури тоқатфарсо мувоҷеҳанд ва ҳама мепурсанд, ки чаро чунин аст? Масалан, он ҷо ки бачаи саг мегӯяд:

“Маро модарам дар зери пули торик ва намнок ба дунё овард, пули бисёр торик ва намнок буд... Чаро? Охир чаро!?...”

НАЗАРИЁТИ НАВИСАНДАГОНИ МАШҲУРИ ФОРСИЗАБОН ДАР МАВРИДИ РАҲНАВАРДИ ЗАРЁБ

Маҳмуди Давлатободӣ, нависандаи бузурги Эрон 

Нависанда Маҳмуди Давлатободӣ яке аз шинохтатарин форсизабонон дар барномаи вижае, ки барои накӯдошт аз корномаи Раҳнаварди Зарёб аз сӯйи маҷаллаи “Бухоро” бо ҳамкории чанд ниҳоди дигар баргузор шуда буд, гуфт: “Зарёбро ман мешиносам, аз қабл ҳам мешиносам. Дидамашон ва бо ҳам гуфтугӯ доштем, аммо эшон ва дигар нависандагони афғонистонӣ дар кишвари мо - Эрон зиёд муаррифӣ нашудаанд”.

Сипас ӯ таъкид кард, ки кишварҳои форсизабон марбути як ҳавзаи тамаддуниянд ва муҳим аст, ки ин ҳавзаи тамаддунӣ бояд аз тариқи шинохти беҳтар ва дӯстии нависандагон бо якдигар ҳифз ва зинда нигоҳ дошта шаванд.

Маҳмуди Давлатободӣ дар бораи осори Зарёб чунин гуфт: “Осори Зарёб кӯмаке аст, ки байни мо ва рӯҳияи афсунзадаи ҳинд иртибот эҷод мекунад... Дар осори Зарёб чеҳраҳо, рӯҳия ва рафтори ҳиндӣ дида мешавад, ки бисёр дилнишин аст ва як бори дигар бо вуҷуди ҷудоие, ки дар тасмимҳои истеъморӣ байни марзи мо ва Ҳинд рух дод, атри хушоянди фарҳанги ҳиндуро ба зеҳни мо мерасонад”.

Ҷаноби Давлатободӣ дар ин маросим аз алоқааш ба романи “Гулнор ва Ойина” низ гуфт ва ин достонро дилнишин хонда, чунин гуфт: “Он қадр бароям азиз буд, ки онро шаб то субҳ хондам. Соати чаҳор ё чаҳору ними субҳ барқ хомӯш шуд. Худои ман дар ин соат чаро барқ хомӯш шуд!? Дидам, ки ин ҳафт, ҳашт, даҳ саҳифаро наметавонам канор бигузорам. Ёдам омад, ки дар ҷевоне як чароғқувва дорам. Ҷевонро палмосида пайдо кардам, чароғқувваро аз дохилаш даровардам ва бо як даст чароғқувваро рӯйи китоб гирифта ва даҳ саҳифаро бо нури ками чароғқувва хондам”.

Алӣ Деҳбошӣ, Сардабири маҷаллаи ҳунарӣ ва фарҳангии “Бухоро”

“Маҷаллаи Бухоро ҳамвора ин ифтихорро доштааст, ки мизбони нависандагон ва ҳунармандони бузург ва таъсиргузори ҷаҳон бошад. Фориғ аз ҳар гуна дастабандии қавмӣ ва забонӣ ва нажодӣ ҳамвора барои мо мизбонӣ аз нависандагон, файласуфон ва ҳунармандон аз ҳар гӯшае аз ҷаҳон мояи фахр будааст. Яке аз ин фарҳехтагон ва нависандагони номдор дар паҳнои забони форсӣ Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб аст, ки ҳамвора нақши босазое дар тавлидоти адабӣ дар арсаи забони форсӣ доштааст. Инҷониб ин ифтихорро доштаам, ки аз замони интишори маҷаллаи “Килк” дар даҳаи 70-и шамсӣ бо ин фарзонаи гаронсанг муртабит бошам. Мақолоти эшон дар маҷаллаи “Килк” –и он замон ҳамвора ҷузви мақолоти хонданӣ ва муҳим дар хусуси шинохт ва муаррифии адабиёти Афғонистон будааст. Ҳамчунин, иртиботи эшон бо бузургони адабиёт ва фарҳанги Эрон аз гузашта то акнун инъикоси рӯшан дар муаррифии фазои адабиёти Афғонистон доштааст. Насри шево, сода, равон ва холӣ аз таклифи эшон дар мақолот, романҳо ва достонҳо аз намунаҳои дурахшони насри форсӣ дар давраи муосир аст. Ба ҷуръат метавон гуфт, ки чунин осоре, ки саршор аз балоғати адабӣ аст, бояд дар донишгоҳҳо дарс дода шавад.

Раҳнаварди Зарёб аз маъдуд фарҳангиёни Афғонистон буд, ки баъд аз солҳои ғурбат ба воситаи ҷангҳои дохилӣ дубора ба ватан баргашт ва дар дудаҳои ахир, ҳамвора дар канори мардуми худ зист ва посдори забон ва адабиёти форсӣ буд. Беҷо нест, агар Зарёбро ба танҳоӣ як “фарҳангистони забон ва адаби форсӣ” бидонем. 

Қобили тазаккур аст, дар соли 1395 (2017 - Halva) шумораи 118-и маҷаллаи “Бухоро” вижаи Раҳнаварди Зарёб буд, ки чанд моҳ баъд аз ин маросим мунташир шуд”.

Ёмон Ҳикмат Тақиободӣ, шоир ва нависандаи эронӣ

“Дар бораи равоншод Муҳаммадаъзам Раҳнаварди Зарёб аз ду ҷиҳат метавон сӯҳбат кард, ки ҳар ду ҳам аҳаммият доранд. Нахуст ин ки ӯ як достоннависи матраҳ ва аз поягузорони аслии достоннависии модерн дар Афғонистон маҳсуб мешуд.

Афзун бар ин, устод Раҳнаварди Зарёб шинохтатарин достоннависи афғонистонӣ ҳам ҳаст, бахусус он ки баъд аз давраи Толибон* (Ҳаракати террористӣ) ҳузури шабоиси шукуфоии дурахшон дар достоннависии муосири Афғонистон буд. Дигар аҳаммияти ӯ, дар посдорӣ аз забони форсӣ-дарӣ аст. Ба ин маъно, ки кӯшид забони форсиро он қадр дурусту солим ва саҳеҳ бинависад, то улгуе барои сойири афрод дар ҳавзаи дурустнависӣ ва диққат дар корбурди забони форсӣ дар муносиботи навишторӣ ва рӯзмарра бошад”.

Козим Козимӣ, шоир ва нависандаи бузурги Афғонистон

“Барои ман дар чанд даҳа ду нафар аз нафарҳои аввали шеър ва адабиёти достонии Афғонистон будаанд. Восиф Бохтарӣ нафари аввали шеър ва Аъзам Раҳнаварди Зарёб нафари аввали адабиёти достонӣ.

Вақте мегӯем “нафари аввал” фақат ба хотири кайфияти дотонҳо ё шеърҳое, ки ин ду суханвар эҷод кардаанд, нест, балки афзун бар он нақши онон дар пешрафти шеър ва адабиёти достонии кишвар ҳам дар назар аст. Аъзам Раҳнаварди Зарёб чанд вижагии шохис доштааст, ки маҷмӯи инҳо ба назар мерасад, ки насиби каси дигар дар ин арса дар кишвари мо нашудааст”.

Восифи Бохтарӣ, шоир ва нависандаи Афғонистон

Шоири шинохташудаи муосири Афғонистон, ки дар он замон Раиси Иттиҳодияи нависандагон буд, дар бахше аз пешгуфтори “Овозе аз миёни қарнҳо” дар мавриди Раҳнаварди Зарёб навиштааст: 

“Ончи парниёни ҳафтранг  достонҳои Раҳнаварди Зарёбро ба ин оростагӣ ва  бошукӯҳӣ аз коргоҳи андешаи вай  берун меорад, огоҳии жарфи нависандаҳост, аз фалсафа ва равоншиносӣ баҳравар будан аз шамми нерӯманди фалсафӣ. Достонҳои Раҳнавард дар баррасиҳои равоншинохтӣ беш аз кори ҳар достоннависи дигари мо самарабахш аст”.

ДОСТОНЕ, КИ НОТАМОМ МОНД

Раҳнаварди Зарёб дар ҳоли навиштани романе ба номи “Зани бадахшонӣ” буд, ки дучори беморӣ шуд.

Манучеҳр Фародис нависанда ва масъули нашри китоби Зарёб, ки дар рӯзҳои охир борҳо дар канори ӯ дар бистари бемориаш рафта буд, ҳангоми бемории Раҳнаварди Зарёб чунин навишта буд:

“Ҳар вақте ки касолаташ зиёд мешавад, мегӯяд, ҳамин қадар фурсат мехоҳам, ки романи “Зани бадахшонӣ” тамом шавад, дигар чизе на. Устодро дар авҷи беморӣ паҳлавони беморӣ ва муқовим ёфтам”. 

Ӯ ба ин орзуяш нарасид ва маҷол пайдо накард, то романи нотамоми худро комил кунад ва ба ҳамин гуна шояд қиссаҳо ва достонҳои зиёди дигаре, аз ӯ нагуфта монд.

Зарёб то охирин рӯзҳои ҳаёташ пӯё, фаъол ва саргарми хондан ва навиштан буд. Қалами ӯ то авохири зиндагиаш бо қувват ва шевоӣ ва зебоӣ навишт ва ҳаргиз лаҳзае аз ҷунбиш боз наистод. Зарёб дар авҷи нависандагӣ ва халлоқият чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Ин гуна мурдан барои нависандагон ва ҳунармандон мояи мубоҳот ва сарфарозӣ аст.


Ғалат ва сохта. Назаре чанд ба равиши таҷлили Наврӯз




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед