Ru  | Tj
“55 Gym Ladies”. Кушодашавии аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон дар Душанбе
“55 Gym Ladies”. Кушодашавии аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон дар Душанбе
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

“55 Gym Ladies”. Кушодашавии аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон дар Душанбе

Нашр шуд

Дар Душанбе толори варзишии занона бо номи “55 Gym Ladies” аз ҷониби маҷмааи варзишии “55 GYM” ба фаъолият оғоз кард. 
“55 Gym Ladies” аввалин маҷмааи варзишӣ барои занон мебошад, ки бо назардошти тамоми омилҳои мусоиди машқу тамрин барои занон таъсис ёфтааст. “Ин варзишгоҳро барои оромии вазъи рӯҳии бонувон, барои он ки занон дар толорҳои варзишии мардон хиҷолат накашанду нороҳат набошанд ва барои оромиву бароҳат тамрин кардани онҳо ташкил кардем”, - қайд карданд масъулин. 


Дар маросими кушодашавии “55 Gym Ladies” одамони касбу кори гуногун иштирок намуда, дастандаркорони муассисаи мазкур онҳоро бо шароити машқу тамрин ва умуман машғулиятҳо шинос карданд.

"Мо ваъда дода будем, ки аз соли 2022 сар карда якчанд толорҳои варзишӣ бо бренди “55 GYM” кушода мешаванд ва инак дар маросими кушодашавии аввалин толор ҳастем. Ин толор махсус барои бонувони мост, ки новобаста аз синну сол метавонанд омада, мувофиқи  завқи худ тамрин кунанд”, - иброз дошт яке аз аъзоёни шӯрои директорони “FIFTYFIVE GROUP ” - Даврон Ҷӯраев.


Дар маросими мазкур гуфта шуд, ки роҳбарии толори “55 Gym Ladies”-ро Нигора Салиҳева бар зимма дорад.


Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки “55 Gym Ladies”  бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст ва ин ҳам махсус барои бароҳатии ҷараёни тамрини бонунвон мебошад. 


Бояд қайд намуд, ки дар “55 Gym Ladies” ба сифати тренер танҳо занҳо фаъолият мекунанд ва онҳо - ҳама дар кори худ касбӣ мебошанд.


“55 Gym Ladies” тамрини инфиродӣ, аэробика, фитнест, гимнастикаи кӯдакона, йога ва дигар хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад. 


«Ҷашнвораи гулҳо»: Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҷодиёти рассомони муосири тоҷик ба намоиш гузошта шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед