Ru  | Tj
Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?
Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Нашр шуд

Парвизи Орзуқул донишҷӯи риштаи энергетика аст, вале миёни мардум ҳамчун донандаи хуби соҳаи астрономия ва тарғибгари илм маъруф гаштааст.

Ӯ матолиби илмиро мехонад, коркард мекунад ва ба шакли сода дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамояд. Маҳз барои ҳамин, дар рӯйхати “Топ-10 блогери Тоҷикистон” ҷой гирифтааст. 


Мо бо Парвиз доир ба тамоми паҳлӯҳои зиндагияш суҳбат кардем.

- Парвиз, чӣ гуна ба астраномия шавқ пайдо кардед?

- Агар бо як калима гӯем, кунҷкобӣ. Аз кӯдакӣ ба ҳаёту фаъолияти олимон шавқ доштам. Махсусан, ба А. Эйнштейн, С. Ҳокинг, И. Нютон, Н. Тесла, К. Саган ва ғайраҳо. Ҳамон вақт мехостам, ки ҳама чизро донам, аз Замин то Кайҳон, аз баҳр то кӯҳҳо, аз сохти як қалами одӣ то сохти телевизору автомобил, сохтори табиат, моддаю ҷисмҳо ва дигару дигарҳоро. Вале намедонистам, ки ин ҳама соҳаҳои аз ҳамдигар  ҷудоанд ва имкони ҳама чизро азхуд кардан нест. Баъдтар, бо фанҳои мактабӣ шинос шудам ва нисбат ба физикаю география, техникаю технология шавқи зиёд пайдо намудам. Ҳамин тавр, 4 сол аз фанни физика дар олимпиадаҳои ноҳиявию вилоятӣ иштирок кардам ва шавқ доштанам ба асрори коиноту табиат, физика, қиссаҳо ва филмҳои ҳуҷҷатии С. Ҳокинг сабабгор шуданд, ки ба илми кайҳоншиносӣ рӯй орам.


- То ҷое медонем, Шумо ҳоло дар соҳаи энергетика таҳсил мекунед, ки тавсияи волидонатон мебошад. Чаро онҳо барои маълумоти олии астрономӣ гирифтанатон розӣ нашуданд?

- Вақти хатми мактаб ва супоридани ҳуҷҷатҳо мехостам ба факултети физика дохил шавем, лекин падару модарам хоҳони таҳсилам дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино шуданд. Ин ба хотири он буд, ки дар оила якписар буда ва бояд дар оянда оилаамро аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра таъмин мекардам, аммо дар кишвари мо бо соҳаи дӯстдоштаам ин корро анҷом додан ғайриимкон аст. Чун ба техникаву меъморӣ ҳам каму беш шавқ доштам, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ супоридам ва тариқи буҷавӣ ба факултаи энергетика дохил шудам. 


- Яъне астрономияро худомӯзӣ кардед, оё чунин соҳаи душворро бо худомӯзӣ азхуд кардан имкон дорад?

- Агар танҳо астрономияро ба назар гирем, тӯли 6-7 сол мешавад, ки худомӯзӣ карда истодаам. Лекин, тавре ки дар таҷриба маълум шуд, ин гуна соҳаи дақиқро пурра худомӯзӣ кардан номумкин аст. 

- Дар ин соҳа аввалин роҳнамоятон кист?

- То соли 2021 дар ин соҳа ягон устод надоштам, устодони ман танҳо китобҳои С. Хокинг, К. Саган ва дигар астрономҳо буданд. Соли 2021 бароям хеле соли бобарор буд, зеро дар ин сол дар “Facebook” саҳифа ва гурӯҳи худамро кушодам, ки маҳз тариқи ҳамин шабакаи иҷтимоӣ дӯстон ва ҳатто устодонро пайдо кардам. 


- Барои насли мо соҳае, ки Шумо интихоб кардаед ба қавле кӯҳна аст. Аз ин рӯ, дар фикри омӯхтани ягон касбу ҳунари дигар нестед? 

- Тавре дар боло гуфта гузаштам, аз хурдӣ то ҳол ба ҳама соҳаҳо шавқ дорам ва ҳар гоҳ, ки имкон пайдо шуд дар дигар соҳаҳо низ худро санҷида мебинам. Инчунин, дар баробари таваҷҷуҳу омӯзиши астрономия ва тарғиби илм, ба санъат ҳам шавқ дорам, ки бо фармоиш расмҳои одамонро тасвир мекунам. 


- Расмкаширо ҳам худомӯзӣ кардед?

- Ҳар вақте ки ба дастам қалам меафтод, ба куҷое рост меомад, чизеро, ки медидам тасвир мекардам. Яъне ҳар коре, ки мекардам, аз рӯи ҳавас ва шавқ буд. Дар ин баробар, падарам ҳам қобилияти нақшакашиву расмкашӣ доштанд ва фикр мекунам, расмкашӣ барои ман ҳам худомӯзӣ ва ҳам ирсӣ аст. 

- Барои дар соҳаи худатон муваффақ шудан ҳоло ба Шумо чӣ лозим аст?

- Ҳаминро гуфта метавонам, ки дар се соли донишҷӯ буданам нисбат ба энергетика астрономияро бисёртар омӯхтам. Баъд аз хатми донишгоҳ ният дорам, ки зинаи магистратураро дар риштаи астрономия таҳсил кунам. Вале дар баробари ин, дар соҳаи энергетика кор карданӣ ҳастам, зеро ҳамчун астрофизик дар кишвари мо кор кардану зиндагиро пеш бурдан мушкил аст. 


- Донишгоҳ барои пешрафти кору зиёд шудани донишатон чӣ нақш дорад?

- Донишгоҳ дар зиёд шудани донишҳоям дар соҳаи энергетика нақши калон дорад, вале вобаста ба астрономия, на халал мерасонад ва на кӯмак мекунад. 

- Кор ё машғулият ҳамон вақте дӯстдошта пиндошта мешавад, ки шахс барои анҷом доданаш худро маҷбур накунад, оё корҳои анҷоммедодаи Шумо чунинанд?

- Бале, ман ҳар коре мекунам, аз рӯи шавқ ва муҳаббат аст. Яъне омӯзишам дар соҳаи энергетика, худомӯзиям дар соҳаи астрономия, шуғли дӯстдоштаам дар соҳаи санъат ва ғайраҳо.

- Дар “YouTube” ва “Facebook” саҳифаҳои худро боз кардаед ва барои дӯстдорони ин соҳа матолиб нашр мекунед. Бигӯед, ки ин кор ба Шумо чӣ медиҳад?

- То соли 2021 кайҳонро танҳо барои худ омӯхтам ва маълумотҳои ҷолибро дар худам ҷамъ карда будам. Моҳи марти ҳамон сол мутаассифона, китфи ростам шикаст ва тӯли якуним моҳ ба донишгоҳ рафта натавонистам. Ин ҷароҳат бароям имкон дод, ки дар фикри таъсиси гурӯҳе шавам, то ки маълумоти доштаамро ба мардум бирасонам. Ҳамин тавр, дар “Facebook” гурӯҳе бо номи “ВСЕНАУКА” ва дар “YouTube” бо номи “ADASTRA PO” ташкил кардам ва ҳамарӯза дар гурӯҳ аз 5 то 10 маводи илмӣ мегузоштам. Дар муддати як соли фаъолият аъзоёни он ба 35 ҳазор нафар расид, ки барои саҳифае бо чунин муҳтафо бисёр натиҷаи хуб дониста мешавад.

Мақсади фаъол шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани маълумоти илмӣ ба хотирест, ки дар сегменти тоҷикии интернет маводи илмӣ ниҳоят кам аст. Ҳарчӣ маълумоти муфидро зиёд паҳн кунем, ҳамон қадар насли ҷавон ба омӯзишу худинкишофдиҳӣ ҷалб мешаванд. 


- Шумо ба тамошои ситораҳову моҳтоб мебароед, он чӣ лаззате дорад?

- Дар кӯдакиам вақте ки ба осмони ситоразори деҳаамон нигоҳ мекардам, ҳиссиёти ҷолибе маро фаро мегирифт, ки онро фаҳмонидан номумкин аст. Албатта, ҳоло ҳам чунин аст. Дар астроэкскурсияҳо вақте ки кӯдакон Моҳро тамошо мекунанд, дар чашми онҳо як намуд ҳайратеро мушоҳида мекунем, ки онро бо сухан гуфтан ғайриимкон аст.

- Шуморо яке аз блогерони тарғибгари соҳаи илм донистанд ва дар озмуни “Топ-10 блогери Тоҷикистон” мақом гирифтед. Бигӯед, ки он бароятон чӣ гуна муяссар гардид.

- Мувофиқи он лоиҳа мо блогерон бояд ҳафтае ду маротиба матлаби худро омода карда, тӯли 4 ё 5 моҳи лоиҳа онро нашр мекардем ва ман интизор ҳам набудам, ки ғолиб меоям. Бояд бигӯям, ки ин гуна озмунҳо рӯҳияи моро боло мебарад ва масъулиятнокиямонро низ зиёд мегардонад.


- Дар умум Шумо худатонро блогер мепиндоред?

- Ҳоло истилоҳи блогер дар байни ҷомеаи мо маънои манфӣ ҳам дорад. Ҳар касе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод мегузорад, худро блогер ном мебарад, лекин ба муҳтаво ва сифати мавод аҳаммият намедиҳад. Ман бошам, шабакаҳои иҷтимоиро танҳо барои тарғиб ва оммавигардонии илмҳои дақиқу табиатшиносӣ истифода мебарам ва даъвои блогерӣ ҳам надорам. 

- Дар оянда дар кадом соҳа кор карданӣ ҳастед?

- Албатта, дар оянда мехоҳам аз рӯи соҳаи дӯстдоштаам кор кунам, лекин фикр мекунам, дар Тоҷикистон бо ин касб зиндагиро пеш бурдан хеле мушкил аст ва бо ин сабаб, аз рӯи ихтисосам фаъолият мекунам.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.


Аз Абдулҳамид Самад то Сатторзода: Насли калонсоли тоҷик дар “Facebook” чӣ мегӯянд?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед