Ru  | Tj
Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”
Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

Нашр шуд

Зайтуна Сайдуллоева хатмкардаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо ихтисоси дипломат буда, вале наздики даҳ сол мешавад, ки дар соҳаи IT фаъолият мекунад. Ӯ аз кори худ розӣ аст ва барои беҳтарсозии ин соҳа дар кишвар мехоҳад саҳмгузор бошад.

Ӯ ҳоло дар соҳаи IT фаъолият дошта, дар мусоҳиба бо мо пайраҳаи тайкардаашро гуфт. Ҷавҳари суҳбат фаҳмишу тавонмандиҳои насли нав, ивазшавии касбу кор ва таҷрибаву хулосаҳои ӯ аз зиндагӣ мебошад.

ХУБУ БАДИ НАСЛИ ИМРӮЗ

- Насли имрӯз дар бораи кор зиёд фикр мекунад, оё Шумо ҳам аз ҷумлаи чунинҳо ҳастед? 

- Ман намегӯям, ки дар як шабонарӯз 24 соатамро аз рӯи нақша мегузаронам, вале ба қавле “24/7” дар фикри кор, ҳалли муаммоҳо, роҳкушоӣ, роҳнамоӣ ва ғайраҳо мебошам. Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки дар бораи кор фикр накарда намешавад, ҳатто ба ин ҳақ ҳам надорем.

- Насли калонсол насли моро тамбал мегӯянд, Шумо чӣ фикр доред?

- Ман худро насли шумо гуфта наметавонам, зеро дар синну соли мо фарқе дида мешавад. Вале дар бораи насли нав, ки соли таваллудашон аз соли 2000-ум ин тараф бошад, чизе гуфта метавонем. Барои кореро анҷом додан, мо бояд насли навро бифаҳмонем, ки чаро онро иҷро кунанд.  Масалан, ман ба духтарам мегӯям, ки барои харидани шир рав, вай мепурсад, ки чаро бояд ӯ равад. Яъне дар ин миён ҳам тамбалҳо ҳастанду ҳам густохҳо. Вале вақте ки ба онҳо фаҳмонем, яъне, ба саволҳояшон ҷавоб гӯем, моро ноумед намекунанд, дарк мекунанд ва кӯмак менамоянд.

- Боварӣ ҳаст, ки пас аз даҳ сол онҳо дигар мешаванд?

- Мо наметавонем онҳоро бад гӯем, онҳо нисбат ба дунё, он чизе, ки дар табиат рух медиҳад, нигоҳи худро доранд ва ба қавле мехоҳанд ҳама чизро зуд ба даст оранд. Яъне, дигаргуншавии дунёро дида, хулоса мебароранд, ки бояд зуд бой шаванд, касбҳои даркориро омӯзанд, муваффақ бошанд, шинохта шаванд ва хулоса, ҳама чизро зуд ба даст овардан мехоҳанд.

- Шумо дар “Илмхона” бо ин насл кор мекунед, муносибати онҳо ба омӯзишу кор чӣ гуна аст?

- Ҳама як хел нест. Онҳоро мо ба гурӯҳҳо ҷудо намудаем. Яъне, одамдӯстон, одамгурезон, фаъолон ва танбалон. Аз ҳама аҷиб, нафароне низ ба чашм мерасанд, ки мехоҳанд ҳама чизро бидонанд. Онҳо ҷустуҷӯ мекунанд, савол медиҳанд ва ба саволҳо ҷавоб меёбанд, муаммо пайдо мекунанд, муаммоҳоро ҳал менамоянд ва ғайра. Мо кӯшиш мекунем, ки дар навбати худ ба ҳамаи онҳо то қадри имкон ёрӣ расонем.

- Дар умум ояндаро метавон ба онҳо бовар кард?

- Бале, аммо ба шарте, ки насли калонсол онҳоро ба самту соҳаҳои даркорӣ роҳнамоӣ кунанд. Қобилияти хуб доранд, қобилияташонро метавонанд такмил диҳанд. Ба ин хотир, ҷомеа, давлат ва оила бояд дар ин самт бисёр кор кунанд.

ДАҲ ҶУМЛАИ ҲАЁТИИ ЗАЙНУТА

- Дар саҳифаи Instagram-атон “даҳ ҷумлаи ҳаётӣ” гуфта, матлабе навиштаед. Оё онҳо ҳамааш эҷоди шумост ё аз интернет гулчин кардед?

- Онҳо ҳамааш аз худам ҳастанд. Чанде пеш аз ман хоҳиш карданд, ки даҳ сухан бигӯям ва ман онҳоро пешниҳод кардам. Он даҳ ҷумла аз хатоҳо, таҷрибаҳо ва умуман хулосаҳо аз ҳаёти худам ҳастанд.

- Фикр мекунед, ки ҳамаи онҳо ба одамон даркоранд?

- Не, онҳо аз ҳаёти ман ҳастанд ва шояд якеаш ба як нафар рост ояду дигараш ба одами дигар. Ҳатто мумкин аст, ки зидди ҷумлаҳои ҳаётии нафарони дигар бошад, вале инро бояд мардум хуб қабул кунанд, зеро инҳо таҷрибаҳо аз зиндагии як шахс аст. Аз ҷониби дигар, ман хурсанд мешавам, ки агар ҳаёти гузаштаву ояндаам каме бошад ҳам касеро ба пеш барад.

- Як ҷумлаи Шумо ин аст: “Духтарҳо бояд наҳаросида ба соҳаи IT биёянд”. Лутфан, бигӯед, ки бо ин чӣ гуфтан мехоҳед?

- Бадбахтона, дар мо фикре ҳаст, ки IT барои духтарон нест. Аммо ин хато аст, зеро ба ин соҳа дилхоҳ духтару зан метавонад аз хонааш нишаста, кор кунад. Ин соҳа бисёр фарох аст. Дар худ маркетинг, SMM, диҷитал ва ғайра дорад ва зан ҳамеша дар ин соҳа ҷойгоҳи худро меёбад. Моро мебояд, ин қолабҳоро шиканем, фикрҳоро дур кунем ва ба мардумамон бигӯем, ки ба соҳаи IT омадани духтарон хуб аст. Онҳо агар ин соҳаро аз худ кунанд, бешак, дар зиндагӣ муҳтоҷи касе намешаванд.

- Ин фикр ба касе расид?

- Бале, пас аз он ки дар барномае чунин фикрамро баён кардам, хелеҳо занг задаву гуфтанд, ки ба соҳаи IT омадан мехоҳанд ва фикрҳои нодурустро аз худ дур мекунанд.

- Медонем, ки ҳамааш аз худатон аст, вале метавонед аз ин миён ду ҷумлаеро бигӯед, ки бароятон бисёр наздиктар ҳастанд?

- Якум, “ҳар қадар метавонед, хато кунед”. Яъне хатоҳо моро пӯхта мекунанд. Дуюм, “одам бояд шуғл дошта бошад”. Дар зиндагӣ мешавад ҳолате, ки бо сабаби надоштани шуғл худро аз даст медиҳем. Шуғл инсонро дар ҳама ҳолат ба пеш мебарад. 

ДИПЛОМАТ Ё МУТАХАССИСИ IT?

- То ҷое медонем, Шумо риштаи робитаҳои байналмилалиро хатм кардаед. Бигӯед, ки чӣ тавр маълумоти дипломатӣ гирифтеду чӣ гуна дар соҳаи IT кор мекунед?

- Дар назари хешу ақрабои мо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ бисёр хуб менамуд, ба қавле дар раддаи аввал меистод. Бо роҳнамоии онҳо дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо ихтисоси мазкур таҳсил карда, хатм намудам. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ рафтам, вале бо маоши кам кор накардам. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ба соҳаи IT таваҷҷуҳ карда, омӯхтаму фаъолиятамро оғоз намудам.

- Ба “Илмхона” чӣ гуна омадед?

- Ман то омадан ба ин ҷо, дар соҳаи IT таҷриба доштам ва чун “Илмхона” таъсис ёфт, маро ба кор даъват карданд. Ҳоло дар ин ҷо ба ҳайси роҳбари таҳиягарон фаъолият дорам.

- Барои мутахассиси соҳаи IT шудан чанд вақт лозим аст? 

- Албатта, бо гузаштани як курси семоҳа бачаҳо маълумоти пешакӣ мегиранд ва коргари қаторӣ мешаванд, вале агар гап сари мутахассисиси ҳирфаӣ равад, пас аз як то се сол лозим меояд.

ИҚТИСОД, IT ВА РОБОТО-ТЕХНИК 

- Ҳолате шуда, ки орзуи ҳаётатонро аз варақи тоза оғоз намуданро карда бошед?

- Ман ҳоло дар ҳамин раванд қарор дорам, вале ин аллакай орзу нест, балки амал ба ҳисоб меравад. Аз кор мебароям ва барои таҳсил ба Русия меравам.

- Миёни орзуҳоятон ҳаст орзуе, ки ба амалишавияш бовар надошта бошед?

- Бале, ҳамеша шӯбҳа пайдо мекунам ва онҳоро менависам. Агар шӯбҳаҳо бисёр бошанд, хат мезанам, агар бартараф карданашон имкон дошта бошад, болояшон кор мекунам.

- Агар дар бораи Шумо китобе нависанд, муқовааш чӣ гуна мешавад?

- Шояд занҳои миллиардери олам акс меёфтанд.

- Аз ҳама рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётатон кадом аст?

- Ман чунин рӯзе надорам. Фикр мекунам, ҳама рӯзҳоям якхелаанд ва дар худ хубу бадиҳои зиёд доранд.

- Агар имкони аз сари нав интихоби касб мебуд, кадом соҳаро меомӯхтеду кор мекардед?

- Ҳамин соҳаи худамро аз сари нав интихоб мекардаму меомӯхтаму кор мекардам, вале бо равиши дигар.

- Ба андешаи Шумо се соҳаи беҳтарине, ки бояд ҷавонон интихоб кунанд, кадомҳоянд? 

- Иқтисод, IT ва робото-техник.

- Се калимае, ки бачаҳо бояд атрофашон фикр кунанд, кадомҳоянд?

- Эҷод, сохтан ва шукр.

- Ин суҳбатро бо се ҷумла ҷамъбаст намоед.

- Гузаштаамро ёд кардам, чизҳои навро фикр кардам, ки шояд касе аз он чизе бигирад.

- Гузаштаҳо аз кӣ будану кӣ шудани шахс ёдоварӣ мекунанд. Фикр кардани чизҳои нав ҳамеша ба фоидаи кор аст. Ва мо ҳам умед мебандем, ки ин суҳбат ба касе нафъ расонад. Саломат бошед, раҳмат барои суҳбат.

- Ба Шумо ҳам раҳмат.

Гулсифат Шаҳидӣ: Шабҳои бехобиам зиёдтар шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед