Ru  | Tj
Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”
Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

Нашр шуд

Алишер Каримов 20-сол дорад. Ӯ ҳанӯз аз замони мактабхонӣ ба тиҷорат машғул шуда, дар ин ҷода семинару тренингҳои зиёди омӯзиширо гузаштааст. Ҳарчанд дар мактаби олӣ таҳсил накардааст, аммо дар тиҷорат муваффақияте дорад. Ӯ дар маркази шаҳр мағозаи либосҳои мардона боз карда ва фурӯши бештари онро тариқи интернет анҷом медиҳад. 

Halva.tj бо Алишер доир ба махсусияти тиҷорат дар Тоҷикистон, формулаҳои осони омӯзиши донишҳои зарурӣ, истифодаи интернет ҳамчун роҳи пайдо кардани муштарӣ ва муайяну интихоб кардани касбҳои зурарӣ суҳбат намуд.

- Алишер, ба наздикӣ дар бораи волидайнатон навиштед ва ишора кардед, ки кори тиҷоратро аз модаратон омӯхтаед, яъне, замони савдогар будани он кас дар бозори “Корвон”. Ба мо аз ҳамон рӯзҳо гуфта метавонед?

- Дуруст қайд кардед. Замони хурдсолиам модарам дар бозори “Корвон” ашёи хониш мефурӯхтанд ва ман давоми се-чор сол, вақти таътили тобистона ба ӯ ёрӣ мерасондам. Ҷузвдонҳои модарро гирифта, дар миёни бозор мегаштам ва кӯшиш мекардам, ки онҳоро зудтар фурӯшам. Ҳамин тавр,  ба харидуфурӯш ва умуман ба тиҷорат шавқ пайдо намуда, мехостам дар бораи мол, бозор, харид, фурӯш, фоида, зарар ва дигар калимаҳои марбути тиҷорат маълумоти зиёде дошта бошам.

- Кай тасмим гирифтед, ки бояд ҷиддӣ ба тиҷорат машғул шавед?

- Намедонам, хушбахтона ё бадбахтона, дар чанд мактабе хондам ва аз ҳар кадоме барои худ дарсҳои муҳимме гирифтам. Вақте ки синфи 9-ум шудам, ба МТМУ №1 гузаштам. Ҳамон замон дар филме ниқоби сиёҳро дида, ба он ҳавас кардам, вале ҳарчанд бозорҳоро кофтам, наёфтам. Баъдан, аз интернет дар бораи сомонаи харидуфурӯш - “AliExpress” маълумот ёфтам. 

Маълумотам камтаре доштам, вале фаҳмидам, барои хариду фурӯш майдони васеъ аст. Хулоса, чунин ниқоберо ёфта харидам ва дигар хонандагони мактаб низ аз ман хоҳиш карданд, ки барояшон биорам. Ҳамин тавр, аввалин фармоишҳоро аз хонандагони мактаб гирифтам ва барояшон маҳсулот меовардам. Яъне, пас аз ҷузвдонфурӯшӣ дар “Корвон” кори аввалам ниқобфурӯшӣ ба мактаббачагон буд.

- Дар аввали роҳ ноком нашудед?

- Бале, вақте ки хонандагони мактаб ниқоби зиёде фармоиш доданд, онҳоро пурра фурӯхта натавонистам, ки ин нокомии аввалинам дар ин ҷода мебошад. Албатта, мехостам соҳиби пули зиёд шавам, вале нашуд. Аз ҷониби дигар, дар тиҷорат ҳар намуди маҳсулот вақти муайяни фурӯши худро дорад, вақте ки савдогар дар ҳамон муддат муштарӣ наёфт, муфлис мешавад.

-  Ҳалли мушкил ё муамморо дар чӣ ёфтед?

- Вақте муфлис шудам, сабабашро бисёр фикр мекардам ва ба хулосае омадам, ки бояд ин соҳаро назариявӣ омӯзам. Баъдан, ба семинару тренингҳо рафтам. Ба ҳама тренингҳо дархост гузошта, иштирок намуда, саводи молиявиамро зиёд мекардам. Хушбахтона, ҳама курсҳои омӯзишии рафтаам ройгон буданд ва ин барои инкишофам ангезаи калон шуд.

- Медонем, ки соҳибкорон давоми фаъолияти худ замони муайяне мушкилиҳои зиёдро аз сар мегузаронанд, оё чунин ҳолат дар кори шумо буд? 

- Дар ин муддати кӯтоҳ барои ман давраи мушкилтарин ин аз 16 то 19-солагиям буд. Дар ин давра ҳам меомӯхтам, ҳам фармоиш қабул мекардам, ҳам фармоиш медодам, ҳам фармоишҳоро мерасонидам ва ҳам ояндаи тиҷоратамро тарҳрезӣ мекардам. 

- Ҳоло 20-сола ҳастед, реҷаи коратон чӣ гуна аст?

- Ҳоло аз 6 то 8 соат кор мекунам. Корам муаммоҳои бавуҷудомадаро ҳал кардан аст. Яъне, маҳсулоти зарурӣ фармоиш медиҳам, коргар қабул мекунам, корро меомӯзонам, ояндаи тиҷоратамро тарҳрезӣ мекунам ва ғайраҳо.  

- Дар мағозаатон, ки “Bigstreet.tj” ном дорад, чанд нафарро бо ҷои кор таъмин кардед? 

- Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз худам боз 13 нафари дигар фаъолият мекунанд ва мо ният дорем сафамонро бо даст додани имконият зиёд кунем.

- То ҷое медонем, шумо дар мактаби олӣ таҳсил накардаед, чаро?

- Ман дар семинарҳои омӯзишии зиёд, ки ба касбу кори гуногун рабт доштанд, иштирок карда, ба фикри худам роҳамро муайян намудам. Дар ин масъала бо волидонам ҳам гуфтугузорҳои зиёд буд ва дар охир ба хулосае омадем, ки таҳсилро давом намедиҳам. Ман ба падару модарам аз фаҳмишу самти корам нақл карда, гуфтам, ки дар ҳоли ҳозир мактаби олӣ ба ман фоида оварда наметавонад. 

- Дар муваффақияти шумо нақши волидон чӣ гуна аст?

- Ба ман пеш аз ҳама онҳо озодӣ доданд, ки беҳтарин дастгирист. Яъне озодам гузоштанд ва гуфтанд, ки ҳар кори хостаамро анҷом диҳам, вале дар роҳ рост бошам. Илова бар ин, замони нав ба по хестанам ёрии молӣ ҳам мерасониданд ва умуман ҳаматарафа дастгирӣ мекарданду мекунанд.

- Шумо аз ҷумлаи нафароне ҳастед, ки дар “Instagram” матлаб менависед. Ҳамин навиштан дар шумо чӣ гуна пайдо шуд?

- Мо медонем, ки то чанд сол пеш аксарият дафтари хотира доштанд, вале ҳоло дафтари хотираи ҳар яки мо ин шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Ман дар бораи мушкилоту мушоҳидаҳо, пешравиҳову хатоҳоям менависам, то ки фикри мухотабонро ҳам фаҳмида бошам. 

- Шумо аз куҷо ангеза мегиред: китоб ё наворҳои интернетӣ?

- Аз кор ва орзуву мақсадҳои калонам. Аз видеоҳо чизе гирифта наметавонам, зеро таъсири онҳо 2-3 соат аст. Мақсади калон бошад, ба мо бисёр кор карданро талқин мекунад ва зиёдтар ҳаракат мекунем. 

- Китоб чӣ?

- Дар умрам 3 китоб хондаам. Аз ин шумора яке китоби дарсӣ ва дуи дигар дар бораи тиҷорат. Фикр мекунам, дар замони мо наметавон одамонро барои китоб нахонданашон танқид кард, зеро дар интернет маълумоти даркорӣ зиёд аст ва ҳар нафар метавонад маълумоти даркорияшро гирад. 

- Шумо интихоб намудед ва хато накардед, ба фикратон кадом касбҳоро бояд ҷавонон интихоб кунанд?

-  Бояд ҳамсолони ман муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд. Куҷо рафтан мехоҳанд, чӣ кор кардан мехоҳанд, кадом корро такрор кардан мехоҳанд ва ғайраҳо.

- Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки чӣ мехоҳӣ?

- Таҷриба кардан. Ҳар нафар бояд барои муайян кардани интихоби оянда ва чӣ хостанаш таҷриба кунад, чанд соҳаро санҷад ва дар охир ба хулосае ояд.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Муваффақиятҳои байналмилалии Фурқат



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед