
Афлесун, грейпфрут ва лайми парварда дар Ҷайҳун: Тоҳиров нозукиҳо ва нафъи ситрусиҳоро фаҳмонд
Нашр шуд
Як сокини 61-сола дар ҷануби Тоҷикистон, парвариши меваҳои гуногуни ситрусиро ба роҳ мондааст. Кист ӯ ва чаро маҳз меваҳои гуногуни ситрусиро вориди ноҳия кард? Чи тавр ва бо кадом роҳу усул ин меваҳои ситрусиро нигоҳубин ё худ парвариш намуд? Нозукиҳо ва нафъи нигоҳубини ниҳолҳои афлесун, мандарин ва грейпфрутро дар матлаби мо мутолиа кунед.
Абдураҳим Тоҳиров, аслан лимӯпарвар буда, 35 сол боз машғули ин кор аст. Лимӯпарвариро аз 10 ҳисса замини назди ҳавлӣ оғоз бахшида, то имрӯз шумораи гармхонаҳоро ба 6 адад ва майдони умумии онро наздик ба 1 гектар расонидааст.
Абдураҳим Тоҳиров, зодаи ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Дар самти парвариши лимӯ, панҷ панҷа ҳунар, ё хирворе таҷриба дорад. Бо истифода аз таҷрибаи худ, ҳамасола ҳосили фаровони лимӯ гирифта, рӯзгори хешро беҳ мегардонад.
Чун лимӯдорӣ барои ҳамагон ошною лимӯпарварон ҳам дар кишвар зиёд аст, мо перомуни парвариши меваҳои дигари ситрусии акои Абдураҳим хоҳем гуфт.
Тавсияи роҳбару амали коргар
- Қабл аз ба роҳ мондани парвариши меваҳои дигари ситрусӣ, зимни як вохӯрии фаъолону сокинони вилоят бо Президенти кишвар, дар назди сарвари давлат ҳамчун як лимӯпарвар баромад кардам,-ёд меорад Абдураҳим Тоҳиров. – Дар он вохӯрӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарвари хирдманду оқили мамлакат бароям пешниҳоди ба роҳ мондани парвариши меваҳои афлесуну мандаринро намуд.
Ҳамин тариқ, бо тавсияи роҳбари давлат, акои Абдураҳим баъди чанд рӯзи вохӯрӣ аз пайи пайдо кардани қаламчаи ниҳоли афлесун ва мандарину дигар номгӯи меваҳои ситрусӣ гашт.
Ӯ дар ниҳолони лимӯи яке аз гармхонаҳои худ, меваҳои ситрусиро пайванд карду бо гузашти ду сол ва нашъу намои онҳо, ҳосил гирифт.
- Агар ниҳоли ин меваҳои ситрусӣ пайвандӣ бошад, пас дар сесолагӣ, онҳо ба ҳосил медароянд,мегӯяд Акои Абдураҳим. - Аммо ниҳоли афлесуну мандарин, чун лимӯ серҳосил нест. Одатан дар ду сол як бор ҳосили хуб медиҳад. Агар ҳосил фаровон шавад, аз як ниҳол 30-40 кг ҳосил рӯёнидан имкон дорад. Аз ин рӯ, гирифтани фоида аз афлесуну мандарин каме душвор аст.
7 номгӯи меваҳои ситрусӣ дар 1 гармхона
Гармхонаи ин ниҳолони нодир дар Тоҷикистон, “боғи модарӣ” барои акои Абдураҳим ба ҳисоб меравад. Чун ба қавли ӯ, ҳаминак 10 сол аст, ки ин 30 ниҳоли гуногуни меваҳои ситрусӣ дар як гармхонаи назди ҳавлии вай қомат афрохтаю ҳосил медиҳанд. Аммо ниҳолони мазкур асосан барои пайванд истифода мешаванд. Аз ин рӯ, акои Абдураҳим ба ин боғи ситрусии худ, унвон додааст “боғи модарӣ”.
- Аз ин дарахтон қаламча гирифта, дар ниҳолони лимӯ пайванд мекунем,-зикр мекунад акои Абдураҳим. – Ниҳолони пайвандшударо бошад ба нафароне, ки ҳавасманди парвариш кардани ин навъи меваҳои ситрусиянд пешниҳод месозем. Яъне, ин 30 ниҳол, ҳар қадар ҳосиле, ки ба бор орад, дар ҳоли ҳозир барои истеъмоли аҳли оила аст. Кам ҳолатҳо мешавад, ки меваи онҳоро ба фурӯш гузорем.
Дақиқан, аз гуфтаҳои акои Абдураҳим бармеояд, ки аз ҳисоби ҳосили ин меваҳои ситрусӣ, ба ғайр аз лимӯ, ӯ ҳоло фоида ба даст нагирифтааст. Зеро ниҳолон каму аъзои оила зиёд аст. Ҳосили меваи расидаро ҳам зану фарзанд ва наберагон нӯши ҷон мекунанд. Аммо дар сурати зиёд кардани ниҳолони он, имкон аст фоидаи хуб ба даст овард. Чун дар Тоҷикистон талабот ба ин намуди меваҳои ситрусӣ зиёд аст.
Афзалияти каламондин
Каламондин намуде аз меваҳои ситрусист. Ҳарчанд каламондин зоҳиран ба афлесун монанд аст, аммо шаклан бисёр хурд аст. Тамъи он низ аз афлесун фарқ дорад. Зеро афлесун ширину хуштамъ, каламондин туршу қинхӯр аст. Дар туршӣ аз лимӯ дида бартарият дорад.
Ба гуфтаи акои Абдураҳим дарахти каламондин дар тамоми фасли сол ҳосил дорад. Дар як вақт, дар ниҳоли мазкур ҳам гул ва ҳам ғурраю ҳосили нимрасида ва пухтаро дидан имкон пазир аст.
- Каламондин, метавонад лимӯро иваз намояд, дар сурате, ки лимӯ набошад,-иброз медорад Абдураҳим Тоҳиров, мутахассиси соҳа. – Аксаран бо дидани ниҳол ё меваи каламондин, афлесун гӯён хурсандӣ мекунанд, аммо бо ба даҳон партофтани як пораи он, аз туршии вай шикоят мебаранд.
Кумкват ё лимӯи хурд
Кумкват меваест, ки ҳаҷман ба олуболу шаклан ба лимӯ монандӣ дорад, аммо тамъи он ба мисли мандарин аст. Ранги меваҳои он низ норинҷист. Онро имкон аст, бо пусташ истеъмол кард.
Ба гуфтаи ин мутахассиси соҳа, ниҳоли кумкват аз 2 то 5 метр баланд гашта, вобаста ба ҳаҷм, як ниҳол то ба 100 ё 1000 мева бастанаш имконпазир аст.
- Дар маҷмуъ ҳар яке аз ин меваҳо агар чӣ дар руйхати меваҳои ситрус дохил мешаванд, ба шакл ва тамъ тафовут доранд,-иброз медорад акои Абдураҳим. – Нигоҳубини ниҳоли ин меваҳо низ чун лимӯ аст. Дар фасли зимистон, назоратро нисбатан сахт кардан зарур меояд, то онҳоро сармо назанад.
Ба гуфтаи ӯ, додани пору, пошидани нуриҳои минералӣ ва нарм нигоҳ доштани бехи ниҳолон аз ҳама маълумоти муҳимест, ки ҳар нафари ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғулшаванда бояд донад. Чун аслан ин ниҳолҳо низ дар дарахти лимӯ пайванд мегарданд.
Абдураҳим Тоҳиров, ният дорад парвариши ин намуди меваҳои ситрусиро, ки дар бозорҳои мамлакат харидори зиёд дорад, равнақ дода, бо бештар кардани ниҳолони ин қабил мевагиҳо, ҳосилро фаровон, бозорҳоро ба меваҳои ситрусии ватанӣ таъмин намояд. Зеро ба қавли ӯ, мардуми тоҷик ба ҳар кор, ки ҳиммат банданд, муваффақ мешаванд. Чуноне, ки ҳамасола садҳо тонна лимӯи истеҳсолнамудаи сокинони ноҳияи Ҷайҳун ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад. Пас умед аст, бо зиёд кардани ниҳолони афлесун, мандарин, лайм, грейпфрут, каламондину кумкват, воридоти меваҳои онҳоро низ аз хориҷ коҳиш медиҳанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед