Навбат барои қурут: Холаи Рӯзигул асрори бозоргир будани дастранҷашро гуфт
Нашр шуд
Рӯзигул Абдуллоева, сокини 55-солаи деҳаи Гулзори ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, беш аз 30 сол аст, ки ба омода кардани қурут машғул буда, онро ба манбаи таъмини ҳаёти хонаводааш табдил додааст. Донаи қурути холаи Рӯзигул 3 сомонӣ нарх дораду харидорон барои он навбат мепоянд.
Чаро қурутҳои ин зани кӯҳистонӣ нисбатан сафед, хушхӯр ва сервитаминанд дар матлаби Halva.tj бихонед.
Қурут, аслан чаккаи хушкшудае беш нест, аммо маҳсулоти дӯстдоштании хурду бузург ва серхаридору бозоргузар дар ҷомеаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Таркиби қурут аз витаминҳои фоидаовар, махсусан калсий бой буда, хушхӯр мебошад. Аз ин рӯ, онҳое, ки ба омода кардани қурут машғуланд, барои серхаридор гаштани маҳсули дасти хеш, аз усулҳои гуногун ва завқу заковати худ истифода бурда, шакли қурутҳоро гуногун месозанд. Ҳатто дар баъзе маврид, барои омода кардани қурут аз маҳсулоти дигар, ба монанди кабудӣ ва тезӣ, (қаламфӯр) истифода бурда, талабгорони дастранҷи хешро бештар мегардонанд.
Аммо холаи Рӯзигул мегӯяд, бидуни истифодаи ҳеҷ яке аз маҳсулоти дигар қурут омода мекунад.
– Асосан мавсими омодасозии қурут дар минтақаи мо, аз моҳи май оғоз мегардад, - қайд мекунад Рӯзигул Абдуллоева. – Зеро маҳз дар ин моҳ, табиати куҳии ноҳияи Муъминобод ё маҳали зисти мо, аз гулу гиёҳ сабзу хуррам гашта, барои истеҳсоли барзиёди шир, шароит фароҳам меорад. Аз май то охирҳои ноябр мо имкони омода кардани қурутро дорем. Дар фасли сармо бошад, маҳсулоти захиракардаи худро истифода мебарем.
Бино ба гуфтаи холаи Рӯзигул, барои ба фурӯш омода гаштани дастранҷи ӯ, ҳафтаҳо зарур мегардад. Чун ӯ шири дӯшидаро, қаблан ҷӯшонида, ҷурғот мехобонад. Ҷурғотро дӯғ кашидаю дар халтаҳои махсус мегузорад, то обаш хушк гардад. Танҳо пас аз ширро ба чакка мубадал намудан, ба он каме намак илова карда, дар сояи дарахте мегузорад, то нисбатан сахт гардад.
Ҳамин тариқ чаккаи намакхӯрдаро, тавассути даст, молиш додаю гирда ё кулӯла месозаду дар сабадҳои махсуси чубин, дур аз нури офтоб, ҳафтаҳо нигоҳ медорад, то қурут омода гардад.
"Сирри сафеду босифат мондани қурут ва ё серхаридор будани он, ин дар соя хушконидани чакка аст”, - зикр мекунад, холаи Рӯзигул.
– Агар дар офтоб қурутҳои нотайёри худро гузорем, тез ва зудтар омода мешавад, аммо рангаш гирифтаю зард мегардад. Ҳамон равғанҳои дар таркиби чакка боқимонда рӯй мезанаду сифати қурути омодашударо паст намудаю назарногир мекунад. Вақте, ки қурут сафеду хушхӯр аст, албатта, ки харидори он ҳам зиёд аст. Аз ин ҷост, ки қурутҳои омода кардаи ман, харидорӣ зиёди худро дорад.
Аз 10 дона - 1 сомонӣ то ба 1 дона - 3 сомонӣ
– Дар аввал, заҳмати мо бепул буд гӯем ҳам, шояд хатто накунем, - ёд меорад холаи Рӯзигул. – Зеро 10 дона қурути бо ранҷ омодашуда, ҳамагӣ 1 сомонӣ арзиш дошт. Шукр мегуфтему боз ҳам аз чакка, қурут омода карда, пешкаши мизоҷон мегардонидем. Ҳоло ҳам шукр мегӯем, ки 1 дона қурути омоданамудаи моро 3 сомонӣ, харидорӣ мекунанд. Ҳатто кор ба ҷое расида, ки харидорон навбат мепоянд.
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, ин ҳама тағйирёбӣ дар гузашти вақт ва талаботи зиёди сокинон ба ингуна маҳсулоти ширӣ аст. Ҳарчанд то ин вақт ӯ танҳо аз маҳсулоти ширии чорвои худ ба омода кардани қурут машғул буд, аммо дар оянда ният дорад то аз ёру ҳамсоягон ҳам чакка харидорӣ карда, қурутҳои бештар омода кунад.
Табиати бойу гиёҳҳои шифобахши қуҳистон
Ба нақли Рӯзигул Абдуллоева, сири муваффақият ва серхаридор будани маҳсули дасти ӯ, танҳо табиати бойу гиёҳҳои шифобахшӣ диёри хушбоду ҳавои Муъминобод аст. Зеро хонаи ӯро куҳҳои баланду анбуҳи дарахтон ва беш аз 400 номгӯи гулу гиёҳи шифобахш иҳота кардааст, ки ин ҳама маҳсулоти шириро босифату бозоргузар мекунад.
– Худи Шумо шоҳидед, ки манзили истиқоматии ман дар оғуши ҷангалзор, иҳотаи табиати бойу рангин ҷойгир аст,-мегӯяд холаи Рӯзигул. – Ҳамин табиати дилкашу гулу гиёҳҳои атрофи хона, имконият медиҳад ки ҳам чорвоҳои мо шири бештар диҳад ва ҳам ғизонокии маҳсулоти ширии онҳо, аз ҳаргуна витаминҳо бой бошад.
Ба иддаои ӯ, шири дӯшидаи чорвоҳои эшон, нисбатан ғафсу қаймоқнокиаш бештар аст. Аз ин рӯ, қурутҳое ки омода мекунанд, таъми хуб дораду харидори бешумор.
Рушди техника низ ҷойи қурутҳои дастиро гирифта наметавонад!
– Медонам, ки бо рушд кардани олами илму техника, имрӯз дастгоҳҳое ҳам ихтироъ шудааст, ки кори 5-6 соатинаи моро дар 1 соат анҷом медиҳаду аз чакка қурути бештар омода мекунад, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳеҷ як техника, ҷойи қурутҳои дастии моро наметавонад, ишғол кунад, - мегӯяд Рӯзигул Абдуллоева. – Зеро, аз як тараф он дастгоҳро ҳам инсоният идора мекунад, аз сӯйи дигар, чаккаи тоза танҳо тавассути молиш ёфтани даст, метавонад мустаҳкам гардад. Барои дар дастгоҳ начаспидани чакка бошад, маҷбур мешаванд орд ҳамроҳ кунанд, ки ин алакай маза ва сифати қурутро гум мекунад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед