Ru  | Tj
Хона рӯшан аз барқи худӣ: Афзоиши нерӯгоҳҳои худсохт дар Балҷувон
Хона рӯшан аз барқи худӣ: Афзоиши нерӯгоҳҳои худсохт дар Балҷувон
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Хона рӯшан аз барқи худӣ: Афзоиши нерӯгоҳҳои худсохт дар Балҷувон

Нашр шуд

Сокинони 9 деҳаи ҷамоати “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон, дар масофаи тақрибан 200 км дуртар аз шаҳри Душанбе бо нерӯгоҳҳои худсохт хонаҳояшонро рӯшан мекунанд. Дар шароите, ки бисёре аз навоҳии Тоҷикистон, махсусан дар фасли сармо бо камбуди барқ дучоранд, Halva.tj бо вазъ дар деҳоти дурдасте шинос гардид, ки мустақилона худашонро бо барқ таъмин мекунанд.

Нусрат Мусоев, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи “Пештова”-и ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, аз аввалинҳо дар ҷамоат аст, ки нерӯгоҳи барқи обии хурд сохт. Идеяи бунёди чунин нерӯгоҳи хурдро, ӯ зимни як сафар ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ пайдо кард.

– Вақте ба ноҳияи Ҳамадонӣ рафтам, чашмам ба чархофалаке бархӯрд, ки тавассути қуттиҳои хӯрди дар он насбшуда, аз шохобе ба қубури дигар об мепартояд, - нақл мекунад усто Нусрат. – Дар ҳамон ҷо идеяи сохтани чунин як чархофалаке, ки барқ тавлид кунад ба сарам омад. Вақте, ки ба деҳа баргаштам, бо истифода аз динами трактор, чунин як нерӯгоҳи хурд сохтам. Дар аввал киловатти барқи он нерӯгоҳ хело кам буд. Ҳоло бошад аз генераторҳои 24 ватта истифода мебарем, то қувваи бештар истеҳсол кунад.

Нусрат Мусоевро дар Балҷувон аксаран ҳамчун усто Нусрат мешиносанд. Ӯ идеяи бунёд кардани нерӯгоҳи худсохтро пайдо кард ва деҳаҳои дигар низ бо пайравӣ аз вай, хонаҳои худро равшан сохтанд.

– Вазифаи чархофалак танҳо ба ҳаракат даровардани генератор аст, - қайд мекунад Нусрат Мусоев. – Чун об аз баландӣ бо ҷараён рӯйи чархофалак мерезад, дар натиҷа чархофалак ба ҳаракат даромада, генераторро ба кор медарорад. Ҳамин тариқ, барқ тавлид шуда, ба хонаҳои мо нур мепошад.

Барқ аз нерӯи обу офтоб дар “Сари Хосор”

“Ҷамоати “Сари Хосор” аз 28 деҳа иборат аст. Сокинони 14 деҳаи он, ба хатти барқи давлатӣ таъминанд. Дар 5 деҳаи дигар панелҳои офтобӣ насб гаштаасту бошандагони деҳаҳои мазкур бо истифода аз ин панелҳо, ба барқ таъминанд”,-мегӯяд Сайфиддин Исломӣ, раиси ҷамоати “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон.

- Аммо дар 9 деҳаи боқимонда, бо дастгирии худи сокинони маҳал, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд шудаасту сокинон аз қувваи барқе, ки ин нерӯгоҳҳои худсохт тавлид мекунад, хонаҳои худро равшан менамоянд, афзуд раиси ҷамоат.

Ба иддаои ӯ, дар ҷамоати “Сари Хосор” айни замон беш аз 10 нерӯгоҳи хурди худсохт фаъолият доранд.

“Минтақаи куҳии мо, дар воқеъ, аз сарватҳои табиӣ бой аст. Зеро бо истифода аз он, мо ҳам мехӯрему ва ҳам ба равшанӣ таъмин гаштаем”,- мегӯяд Соҳибназар Муродов, сокини ин маҳалла.

- Ҳама сарҷамъона ҳиссагузорӣ мекунему бо қувваи даст, аз шохобҳои калон, хатти об кашида, бо истифода аз маҷрои оби оварда, чархофалаки худро ба кор медарорем. Дар натиҷа, аз ин ҳисоб хонаҳои худ равшан гардонидаю имкони тамошои телевизионро пайдо мекунем. Дар сурати корношоям гаштани ин нерӯгоҳҳо, худи сокинон дастаҷамъона дубора онҳоро аз таъмир мебарорем.

Ба гуфтаи ӯ, мутаассифона, кори нерӯгоҳҳои худсохти онҳо мавсимӣ буда, бо сард гаштани ҳавою паст шудани маҷрои оби шохобҳо, фаъолияти нерӯгоҳҳои хурди сохташуда, қатъ мегардад. Дар ин сурат, онҳо маҷбуранд дубора ба усули бобогӣ рӯ биёранду тавассути чароғ хонаҳои худро равшан кунанд. 

Бояд гуфт, ки танҳо 10 соли ахир бунёди ин қабил нерӯгоҳҳои хурди обӣ, дар минтақаҳои дурдасту куҳии ноҳияи  Балҷувон, махсусан ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” ба ҳукми анъана даромад. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар ҳар як деҳае, ки беш аз 10-12 хоҷагӣ дорад, як чунин нерӯгоҳи худсохт, бунёд гаштааст.

Бино ба иттилои масъулин, деҳаҳое, ки имрӯз тавассути нерӯгоҳҳои хурди обӣ, бо барқ таъмин гаштаанд, ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ хатти барқи давлатӣ надоштанд. Ҳоло бошад, бо шарофати табиати бою рангини минтақа ба барқ таъминанд.

Ноҳиядорон бошанд талош бар он доранд, ки тамоми ин деҳаҳоро ба хатти барқи давлатӣ таъмин гардонанд.

барқи худӣ

барқи худӣ

барқи худӣ

барқи худӣ

барқи худӣ

барқи худӣ

барқи худӣ
барқи худӣ
барқи худӣ
барқи худӣ
барқи худӣ
барқи худӣ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед