Бошишгоҳи бек буду ҷои бозии кӯдакон шуд: Қалъаи Мирро бозсозӣ мекунанд?
Нашр шуд
Қалъаи Мир дар маркази ноҳияи Қубодиён соли 1950 аз ҷониби бостоншиноси машҳури рус, М. Дяконов кашф гардида, ҳамакнун метавонад пурра ба нестӣ равад, ё бозсозӣ шаваду ба макони ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ мубаддал гардад.
Ба гуфтаи масъулин, бостоншинос муайян кардааст, ки ҳудуди қалъа 270 метр масоҳат дошта, аз куҳандиз, шаҳристон ва работ (мусофирхонае, ки дар сари роҳҳои корвонгард бино мешуд) иборат будааст. Работ калон ва мураббаъшакл аст.
Бостоншиносон муайян кардаанд, ки шаҳрак аз замони давлати Бохтари қадим то қарнҳои 18-19 милодӣ ба ҳайси бошишгоҳи Мир ва бекҳои Қубодиён хизмат кардааст. Аз қасри бек будани қаъла куҳансолони ноҳия низ ёд мекунанд.
Сокинон ёд меоранд, ки дар дохили Қалъа роҳи пинҳонӣ ё худ зеризаминӣ мавҷуд буд, ки дар гузашта, навкарон бо истифодаи он аз Қалъа берун мешуданд.
Замоне девору акнун хоктӯда
Аз бошишгоҳи мир акнун хоктеппаҳое боқӣ мондаанд, ки бо гузашти солҳо, дар натиҷаи боришот аз хиштҳои деворҳои дорои 8 метр баландӣ ва якуним метр паҳноӣ ба вуҷуд омадаанд.
Рашид Маҳмасаидов, сокини 88-солаи маҳаллӣ мегӯяд, бо чашми худ девори баланд ва паҳни Қалъа, хиштҳои бо маҳорати хуб гулкоришудаи онро дидаю аз падару бобоҳо нақлҳои зиёд дар мавриди ин мавзеъ шунидааст.
“Солҳое, ки мактаб мехондам, ёдам ҳаст, дарвозаи калон дошт ин қалъа. Хоначаҳо дошт, дарҳо буд, дарвозааш маълум буд, аз дасткориҳои бинои он, кас ба ҳайрат мемонд. Хиштҳои болои ҳам чиндаи Қалъа, аз устоҳои моҳир будани бинокорон гувоҳӣ медод”, - ёд овард Бобои Рашид.
Ба нақли ӯ, Қалъаи Мир боғи калоне низ доштааст, ки дар ҳавзҳои он ғозу мурғобиҳо шино мекарданд. Ҳатто то 10- солаҳои пеш, ҳудуди қалъа васеъ ва маҳкам буд. Баъдан заминҳои ҳудуди он, барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ дода шуда, ҳоло хонаҳои сокинон ба ҳадде назик аст, ки дар қалъа мечаспад. Наздик шудани сокинон ва ба ҷойи бозии кӯдакон табдил ёфтани қалъа, ҳолро ба ин рӯз расонид.
Хурсандмо Раҷабова дар шафати Қалъаи мазкур иқомат мекунад. Ӯ ҳанӯз 46 сол қабл, ба ин мавзеъ кӯч баста омад.
Ба нақли ӯ, пештар ҳолати Қалъа хеле беҳтар буд. Ду зиндон дошт, ки кӯдакон ҳамаро вайрон карданд. Борҳо бостоншиносон омада, аз инҷо кӯзаю зарфҳои гуногуни қадима пайдо карданд.
– Садҳо нафар омад, сабт кард, акс гирифт, ваъда доданд то инҷоро ҳифз мекунанд, аммо бе натиҷа анҷом ёфт,-мегӯяд ӯ. – Чун рӯз то рӯз зери барфу борон, аз ин Қалъа нишоне намемонад. Мо мехоҳем, инҷо обод бошад. Зеро таърихи мардуми маҳалро бозгӯ мекунад. Аз сӯйи дигар, Қаълаи мазкур дар маркази ноҳия ҷой гирифтааст, ки ободу зебо ва побарҷо будани он, метавонад ҷалби сайёҳонро боз ҳам бештар кунад.
Ба гуфтаи сокинони атроф, ноҳиядорон аз ҳоли ин Қалъа воқифанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки пайваста раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор медорад: “Мо бояд дар назди ёдгориҳои таърихӣ инфрасохтори зарурӣ бунёд намоем ва мавзею ёдгориҳои таъриху фарҳанги куҳандоштаро пурра барқарор карда, онҳоро ба макони сайру саёҳат табдил диҳем”.
Феълан аз ин Қалъа, ба ҷуз чанде аз куҳпора, қариб, ки дигар нишоне намондааст.
Ба идаои сокинон, хиштҳои боқимондаи Қалъаи Мир ҳам рӯз то рӯз ба хок мубадал гашта, ба замин яксон мегардад.
Шарҳ ва ваъдаи масъулин
Саломзода Гулниссо, директори қаблии Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Қубодиён, зимни як суҳбати телефонӣ гуфт: “Дар ҳудуди ноҳия 18 мавзеи таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Қалъаи Мир яке аз онҳо аст. Замоне, ки ман ба ҳайси роҳбари осорхона ва мавзеъҳои таърихӣ фаъолият доштам, борҳо барои ҳифзу нигаҳдории он талош кардам. Ба роҳбарҳои сатҳи болоӣ расонидам, аммо вақте, гап ба маблағ мерасид, кор мисле, ки ях мебаст”.
Ба иддаои ӯ, муассисаҳои фарҳангӣ қабл аз ҳама буҷети калон надоранд. Баъдан маош, ки кам аст, мутахассисони соҳаро низ ҷалб кардан душвор мебошад. Албатта, ки вақте мавзеи таърихӣ бе назорат мемонад, ба нестӣ меравад.
Дар ин ҳол, Фирӯза Асатулозода, муовини соҳавии раиси ноҳия мегӯяд, “мо дар талоши он ҳастем, ки ин мавзеи таърихиро ҳифз ва барқарор созем. Зеро медонем, ки агар он азнавсозӣ гардад, сайёҳони зиёдро ҷалб месозад. Чун дар шафати роҳи калон асту ҳамарӯза аз назди он ҳазорҳо нафар мегузарад”.
Аз ин қалъа ҳеҷ як нишон боқӣ намондааст, ки онро ҳифз кард, мегӯяд муовини соҳавии раиси ноҳия Фирӯза Асатулозода.
“Аммо барои аз навсозии он, мо чанд сол қабл ба Вазорати фарҳанг мактуб кардем, чун буҷаи сохтусозии он хело калон шуду маблағи зиёдро тақозо мекунад, ҳама хомӯш шуданд. Дақиқан, мушкили асосии ба ҳамин ҳол мондани қалъа ин набудани маблағ аст. Ба ин нигоҳ накарда, мо талош карда истодаем ягон роҳу воситаашро пайдо кунем”, - ваъда дод Асатулозода.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед