Ru  | Tj
Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд: Баргузории “Фестивали атласу адрас – 2021” дар Душанбе
Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд: Баргузории “Фестивали атласу адрас – 2021” дар Душанбе
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардид

Анъанаҳои миллӣ эҳё мегарданд: Баргузории “Фестивали атласу адрас – 2021” дар Душанбе

Нашр шуд

Либос аз атласу адрас ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Атлас ҳангоми ламс кардан, оби тоза ва софу беғуборро ба хотир меорад. Тарҷумаи калимаи арабии “атлас” ба тоҷикӣ “суфта” аст. Дар ҳақиқат ҳам атлас матои суфта ва мустаҳкам мебошад. Ин матоъ зебо, идона ва ҳангоми ламс кардан нозук аст.


Дар хусуси пайдоиши ин матоъ чанд устурае вуҷуд дорад. Дар яке аз чунин устураҳо гуфта шудааст, бофанда акси абрҳоеро, ки баъди боришот бо рангинкамон олуда буданд, дар об дида, дар андешааш бофтани ин либоси зебо пайдо шудааст. Субҳи рӯзи дигар ин матоъро ҳамон гуна, ки мушоҳида намуда буд, бофтааст: сабук, чун абрҳо сард, шабеҳи ҳавои тозаи куҳсор ва рангин монанди рангҳои рангинкамон. Ин либоси ғайриоддӣ бо зебогии такрорнашавандааш дили ҳокими ин кишварро тасхир намудааст.

Дар қиссаи дигар гуфта шудааст, бофандае, ки ба шоҳдухтаре ошиқ шуда буд, шуълаҳои оташеро, ки ба самои ситоразор мепечид ва рангҳои гуногунеро тасвир мекард, дида, аз ин рангинҳои афсунгарона либоси атласро офарида, бад-ин роҳ ба дили шоҳдухтар роҳ ёфтааст.

Барои таҳияи атласи асил аз абрешим ришта бофта, баъдан устои каргасбоф онҳоро коркард мекунад. Сипас ба таври дастӣ онро ранг мекунанд. Баъдан, шакли таҳияшударо дар дастгоҳи бофандагӣ гузошта, ба бофтани он шуруъ мекунанд.


Намои берунаи атласу адрас ба ҳам мушобеҳ буда, вале дар омода намудан аз ҳамдигар фарқ доранд, яъне атлас аз абрешими холис тайёр карда мешаваду ба адрас бошад илова бар абрешим, пахта низ ҳамроҳ мекунанд.

Матои атлас, адрас ва чакани миллии тоҷикӣ ба рӯйихати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.

Имрӯз дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон бофтани атласу адрас аз нав эҳё гардида истодааст. Дар ин маврид Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба рушду тақвияти ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд. Чанде пеш, яъне 6–уми июн дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи Hayatt Regency Dushanbe «Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас – 2021» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода, сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин – Фролов, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳамчунин меҳмонҳои олимақом аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, аз ҷумла Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон ҷаноби Нисор Аҳмад Ғорёнӣ ва намояндагони як қатор корхонаҳо иштирок намуданд.

Ин фестивал-озмун бо ҳадафи рушди истеҳсоли матоъҳои суннатӣ, оммавикунонии истифодаи атласу адраси миллӣ дар либосҳои замонавии миллӣ ва маснуоти хонагии саноати бофандагӣ ба тарви хоса баргузор карда шуд.

Дар расми кушодашавии “Фестивали атласу адрас – 2021” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ аз аҳамият ва нақши чунин фестивалҳо сухан гуфта, аз ҷумла чунин таъкид кард: “Ин фестивал яке аз натиҷаҳои назарраси эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳсуб меёбад.


Ба шарофати истиқлоли кишвар ва дастгириҳои роҳбарияти мамлакат анъанаҳои миллии мардуми тоҷик аз нав эҳё гардида, барои рушди он шароити мусоид фароҳам гардида истодааст.

Миллати тоҷик дорои таъриху суннатҳои бостонӣ ва анъанаи қадимаи хос буда, дар қатори дигар миллатҳои олам дар тамаддуни башарӣ ва ҳифзи арзишҳои моддиву маънавӣ саҳми арзанда гузоштааст. Чӣ хеле, ки маълум аст, истеҳсоли анъанавии матои атласу адрас фарҳанги қадимаи бисёрасраи халқи тоҷик ба шумор рафта ва таърихи тоҷик ба роҳи бузурги Абрешим пайвандӣ дорад. Ҳунари атласу адрасбофӣ дар минтақаҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Турсунзода, Бохтар, Кӯлоб ва водии Вахш васеъ истифода мегардад.

Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Намунаҳои матоъҳои атлас, ки дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза ёфт шудаанд, ба асрҳои II-III-и пеш аз мелод рост меоянд. Дар санъати ороишии матоъҳо давраҳои мураккаби таърихии бисёрсолаи он, эҷодиёти ҳазорҳо устодони боистеъдод инъикос ёфта, дар санъати тайёр намудани матои атласу адрас бофандаҳои тоҷик ба дараҷаи олӣ расида буданд”.

Сарчашмаҳои таърихӣ ва осори адабии классикии тоҷикон шаҳодат медиҳанд, ки маҳсули ҳунарҳои матоъбофӣ даҳҳо асрҳо пеш пайдо шудааст. Аз он давраҳо ба рушди матоъбофӣ аҳамияти хоса дода шуда, дар ҳар як шаҳр, мавзеъ гузаргоҳҳои алоҳидаи ҳунармандон мавҷуд будаанд. Он давраҳо дар самти бофтани матоъҳо аз нахи абрешим ва пашм ҳазорҳо нуқтаҳои истеҳсолӣ ва садҳо ҳазор ҳунармандон машғул буда, рӯзгори худро пеш мебурданд.


Дар идомаи сухан муовини Сарвазир қайд кард, ки дар матоъҳои атласу адраси қадимаи халқи тоҷик нақшҳои навда ба баргоҳои дарахту буттаҳо, гулҳои гуногун, шохи ҳайвонот ва дигар зебогиҳо инъикос ёфтаанд, ки маънои мавҷудоти зинда, зебоиҳои табиат, об, хуршед, моҳу ситора, субҳу шом, шукуфтану хазон гаштан ва амсоли онҳоро дар худ таҷассум мекунанд. “Матоъҳои анъанавии халқи тоҷик дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ ва махсусгардонидашудаи Париж, Колумбия, Чикаго, Милан, Берлин, Лондон, Москва, Тошканд, Алма-Ато ва дигар шаҳрҳо пешкаш гардида, баҳои баландро соҳиб гардидаанд. Бо мурури тақвият ёфтани шохаҳои ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон муносибатҳои нави истеҳсолӣ ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа нуқтаҳои хурди истеҳсоли матоъҳои атласу адрас мавқеи худро аз даст дода, коҳишёбӣ ба амал омад. Инчунин бо назардошти дар бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар мавҷуд будани талаботи зиёд ба матои атласи тоҷик ҳунармандон бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ истеҳсолоти мазкурро ба таври саноатӣ роҳандозӣ намуданд. Дар ин раванд 13-уми декабри соли 1939 дар шаҳри Хуҷанд артел ба истифода дода шуд, ки танҳо ба истеҳсоли матои атлас махсус гардонида шуда буд. Соли 1952 дар заминаи он фабрикаи бофандагӣ бо зиёда аз 500 дастгоҳи бофандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз соли 1962 дар комбинати “Абрешим” истеҳсоли 60 намуд бо зиёда аз 150 нақшу нигор матоъҳои атлас, бирешим ва дигар намуди онҳо роҳандозӣ гардид. Соли 1975 дар заминаи фабрикаи бофандагии комбинати абрешимии “Ленинобод” Иттиҳодияи истеҳсолии бофандагии “Хуҷанд – атлас” ҳамчунин дар шаҳри Душанбе Иттиҳоди истеҳсолии бофандагии “Тоҷик – атлас” фаъолияти пурсамар доштанд.

Ҳозирини гиромӣ, матоъҳои атласу адрас рангаву сернақшу нигор буда, аз рӯи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накардаанд. Маҳз, иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии ҳунармандон, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои бонувони хонашин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як фард баёнгари таваҷҷуҳи хос ба соҳаи мазкур мебошад” – афзуд Усмоналӣ Усмонзода.


Бояд гуфт, ки бонувони тоҷик имрӯзҳо бо ин касби аҷдодии хеш машғул гашта, бо тарзу усулҳои хос намуди гуногуни матоъҳоро бофта, пешкаши мардум намуда истодаанд.

Дар корхонаи “Атласи Хуҷанд” зиёда аз 70 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад ва зеботарини онҳо: “Баҳори Тоҷикистон”, “Ҷавонӣ”, “Тӯҳфа”, “Тӯёна”, “Муҳаббат”, “Тирукамон”, “Гулхан” ва дигарҳо мебошанд.

Маврид ба ёдоварист, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳанарҳои мардумӣ, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас баргузор гардида ва имрӯз дар “Фестивали атласу адрас - 2021”ҷамъабаст гардид.

Дар ин фестивал коллексияҳои Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, Саидҷалол Махсумов, Шаҳло Пулотова, Манучеҳр Шакнамов, Наима Бобоева, Сабрина Мараимӣ инчунин брендҳои «LA’AL Textiles», «Noor Art Gallery» ва «Фасонак» намоиш дода шуданд.

Мувофиқи шарти асосии фестивал-озмун, тамоми маҳсулотҳо аз матоъҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, аз қабили ҶДММ «ДУК», ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ва ҶДММ «Адраси Душанбе» омода шудаанд.

Дар доираи ин фестивал инчунин намоиш-ярмарка баргузор гардад, ки дар он зиёда аз 20 нафар ҳунармандони тоҷик матоъҳои суннатии бофтаи худ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагиву ороиши дохилӣ ва лавозимотҳои аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.


Озмуни “Фестивали атласу адрас - 2021” аз рӯи чор номинатсия: пиллапарвар, атласу адрасбоф, дизайни маснуоти нассоҷӣ барои хона ва аксессуар ва дизайни либос сурат гирифт. Дар охири фестивал озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз рӯи номинатсияи пиллапарвар ҷойи аввал, аз рӯи натиҷаи ҳакамон ҶДММ “ДУК”-и ноҳияи Шаҳритус сазовор дониста шуд.

Аз рӯи номинатсияи атласу адрасбофӣ бошад “Атласи Хуҷанд” соҳиби ҷойи аввал гашт.

Дар номинатсияи дизайни маснуоти нассоҷӣ-хонагӣ «LA’AL Textiles» сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар номинатсияи охирин, ки дизайни либос буд, ҷойи аввалро Нафиса Имронова соҳиб гашт.

Баргузоркунандагони чорабинии мазкур Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи минтақавии ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон - Иттиҳоди "Тоҷикматлубот", Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон буданд.



“Ҷилои нигин”: Чӣ тавр маъюби гурӯҳи якум тарроҳ шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Файзуллоҳ Ҷалол: “Афғонистон солҳои дигар дар як ҷанги ҷадид хоҳад сӯхт”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12445"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8485"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(92) "/tj/articles/analytics/fayzullo_alol_af_oniston_sol_oi_digar_dar_yak_angi_adid_kho_ad_s_kht/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "4013"
  ["CODE"]=>
  string(68) "fayzullo_alol_af_oniston_sol_oi_digar_dar_yak_angi_adid_kho_ad_s_kht"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "4013"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Файзуллоҳ Ҷалол: “Афғонистон солҳои дигар дар як ҷанги ҷадид хоҳад сӯхт”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(123) "Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12313"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8386"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(86) "/tj/articles/analytics/ibro_im_usmonov_internet_khatarnoktarin_navi_zhurnalistika_ast/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3971"
  ["CODE"]=>
  string(62) "ibro_im_usmonov_internet_khatarnoktarin_navi_zhurnalistika_ast"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3971"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Иброҳим Усмонов: “Интернет хатарноктарин навъи журналистика аст”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(60) "Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12251"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(12) "Таҳлил"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8338"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(1) "9"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(54) "/tj/articles/analytics/a_madsho_i_masud_va_ururi_mill/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3950"
  ["CODE"]=>
  string(30) "a_madsho_i_masud_va_ururi_mill"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3950"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(9) "analytics"
}
                        

ТАҲЛИЛ

Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғурури миллӣ

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(112) "Олими фарҳехтаи риёзидони тоҷик 70-сола шуд: Дар ҷустуҷӯи зиёӣ"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "12212"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(19) "Одамони мо"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(4) "8308"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(87) "/tj/articles/our_people/olimi_far_ekhtai_riyezidoni_to_ik_70_sola_shud_dar_ustu_i_ziye/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "3939"
  ["CODE"]=>
  string(62) "olimi_far_ekhtai_riyezidoni_to_ik_70_sola_shud_dar_ustu_i_ziye"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "3939"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

Олими фарҳехтаи риёзидони тоҷик 70-сола шуд: Дар ҷустуҷӯи зиёӣ

Другие новости