Ru  | Tj
Аз шавқ то шӯҳрат: Нодир чӣ гуна муваффақ гардид?
Аз шавқ то шӯҳрат: Нодир чӣ гуна муваффақ гардид?
Аксҳо: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардидааст

Аз шавқ то шӯҳрат: Нодир чӣ гуна муваффақ гардид?

Нашр шуд

Нодир Алидодов, устоди варзиши самбои муҳорибавӣ, панкратион ва ММА (муҳорибаи бидуни қоида) дар Тоҷикистон, устоди варзиши ММА дар Русия, ғолиби мусобиқоти ташкилотҳои FFC, EAGLEFC ва OPENFC (Федератсияи Русия) мебошад. 

Ӯ 5-уми феврали соли 1994 ба дунё омада, соли 2012 мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Ҳамон сол ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 2017 онро бомуваффақият аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм мекунад. Пас аз хатми академия ӯро ба вазифаи ваколатдори калони оперативӣ дар ноҳияи Мурғоб таъин мекунанд. 


Баъд аз як соли фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тарки пеша карда, ба варзиш рӯ меорад. Дар ниҳоят ӯ барои баланд бардоштани касбият ва машқварзӣ, ки аз хурдӣ дар дил орзуи онро мепарварид, озими шаҳри Москва мегардад. 

Чӣ гуна номи Нодир Алидодов вирди забонҳо гашт?


- “Барои муваффақ шудан вақт, дониш, нерӯ, қувва, тавоноӣ ва ҳастиамро бахшидам. То ки нодир бошаму нодир боқӣ монам, чандин роҳҳои сахту душвор ва шебу фарозро пушти сар намудам. Барои шиносондани номи худ меҳнати зиёд кардам ва бешак гарчи ин оғози кор аст, то андозае муваффақ ҳам шудаам. Чун шурӯи кор хуб аст, итминон дорам, ки оянда ғолибиятҳои бузург маро дар пеш интизоранд. Барои идома додани роҳи пешанамуда ва ба комёбӣ расидан шахс бояд идеал дошта бошад. Фикр мекунам, чизе ба ҷузъ инсони идеалӣ ба шахс нерӯи тоза намебахшад ва сабаби ба ММА рӯ овардани ман ҳам ба номварону қаҳрамонони ин соҳа рабти бештар дорад. Чун аз хурдӣ дӯст медоштам, ки мубориз, муваффақ ва дастболо бошам, пайваста муҳорибаҳои паҳлавонони ин соҳаро аз телевизион тамошо мекардам ва дар ҳар маротибаи шикасту рехти онҳо худро дар майдони ҳарб тасаввур мекардам. Ҳар боре, ки намунаи олии ҳарбиҳо рӯи майдон дастболо мешуданд, ҳисси бузурги шодиву хурсандӣ дар дилам ҷӯш мезад ва ҳар лаҳзае, ки ба мағлубҳо тамаркуз мекардам, вориди дунёи онҳо шуда, аламноку рӯҳафтода мегаштам. Ин буд оғозини руҷӯи ман ба варзиш ва майдони муборизаву ҳарб», - мегӯяд Нодир.

Аз хурдӣ муҳорибаҳои Муҳаммад Алӣ, Тайсон, Фёдор Емеляненкоро тамошо мекард ва орзу менамуд, ки ба монанди онҳо як варзишгари воқеан кордону муваффақ шавад. Ин орзу ҳамеша дар дилаш буд. Имрӯз ӯ гомҳои хешро дар ин соҳа ба устуворӣ гузоштааст ва бовар дорад, ки муваффақ мешавад.

Нодир аввалин қадамҳояшро дар соҳаи ММА соли 2014 мегузорад, ки он замон донишҷӯи академия будааст. То ин вақт ӯ дар мусобиқаҳои хурд иштирок карда, гоҳе ғолибу гоҳи дигар мағлуб мешуд. Ҳар як дастовард ва шикаст барояш нерӯи чандинкарата мебахшид, то ба самти ҳадафи дарпешгузоштааш ҷиддитару саҳимтар қадам гузорад. 


Соли 2016 ӯ дар аввалин мусобиқаи ғайриҳирфаӣ (шаҳри Хуҷанд) ширкат варзида, мағлуб мешавад. Ҳамон сол дар чемпионати Тоҷикистон аз намуди самбои муҳорибавӣ сазовори ҷойи дуюм мегардид. Дар баробари ин, дар чемпионати дигари кишвар дар риштаи панкратион низ чемпиони Тоҷикистон мешавад. 

Бо иштирок дар ММА, ки дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор гашта буд, сазовори ҷойи якум мегардад. Ӯ дар давоми таҳсилу фаъолияташ дар ҷумҳурӣ ба чандин дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.


Дақиқаҳои дар майдони мубориза будан хотирмон аст!

То имрӯз размгари тоҷик дар зиёда аз 80 мусобиқаи ғайрикасбӣ ва 4 мусобиқаи касбӣ иштирок кардааст. Аз чор мусобиқаи ҳирфаӣ се пирӯзӣ ва як бохт дорад. 
 - “Ҳамаи мусобиқаҳо бароям хотирмон ҳастанд. Ҳар як дақиқаҳои дар майдон бо ҳариф дар рақобату мубориза будан, бароям дарси зиндагӣ ва хотираи фаромӯшношуда аст. Ростӣ ҳамаи он рақибоне, ки қувваозмоӣ намудам, хеле ҳам пурқувват буданд. Дар тамоми мусобиқаҳоям ҳамагӣ як бор ба шикаст рӯбарӯ шудаам. Албатта, ин ҳама бо хости Худо ва таҷрибае барои ояндаам шуд. Барои шикаст додани рақиб меҳнату заҳмат кашидан лозим аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки то ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад. Ман варзишро сармашқи зиндагиам қарор додаам, бе он худро тасаввур карда наметавонам ва шояд дар роҳи дигаре худро дида натавонам ва муваффақ ҳам нашавам”, - мегӯяд Нодир.

Аз орзу то амал




Нақшаҳо ҳамеша зиёданд, вале муҳим рӯйи онҳо амал кардан аст. Дар ояндаи наздик паҳлавони қиссаи мо мехоҳад, сафи мусобиқаҳояш бештар гарданд ва барои ин шабу рӯз талош мекунад, то омодагиаш ҷиддитару хубтар гарданд. 

Ҳадаф танҳо як аст, ки он ҳам муаррифии номи Ватан дар сатҳи байналмилалӣ, ёдовар мешавад қаҳрамони мо.


Нодир ба ҷавонони Ватан хитоб карда мегӯяд:
 “Ҳеҷ вақт рӯҳафтода нашавед, зеро зиндагӣ ин худ мубориза аст: мубориза барои зинда мондан, зистан, нафас кашидан ва пирӯз шудан. Пас, ҳамеша ба фардои дурахшони худ умед намоеду заҳмат кашед. Сабурӣ калиди кулли мушкилиҳост. Ҳар як фурсати ҳаётро ғанимат шумурда, якдигарро эҳтиром гузоред, дӯст доред ва зиндагиро бо кулли мушкилоташ ба осониву сабукӣ қабул намоед. Ҳар як мақсаде, ки дар пеш гузоштаед, то ҷон дар рамақ доред ба самти муваффақияташ талош намоеду шикастро напазиред. Аз озодию озодагӣ ва сулҳу истиқлол ба дурустӣ истифода баред, ки мояи хушбахтӣ ва толеи хуршеди онҳост”.



Шаҳри Хуҷанд гардишгаронро бо чӣ ба тааҷҷуб меорад?



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед