Марди оҳанин. Ораз чӣ тавр бо ду пойи сунъӣ зиндагиро сохт?
Нашр шуд
Ораз замоне ба худ меояд, ки ду пойашро буридаанд ва рӯзи сеюми мадҳушияш дар беморхона аст. Барояш хеле дардовар ва ҳасратнок буд. Яку якбора дунё дар назараш тираву тор ва вахим менамояд: амаи орзуҳояш барбод рафтанд, дигар роҳ намегардад, ҳамаи дарҳо ба рӯяш маҳкам шуданд, ҳаёташ оғоз нагашта тамом шуд, гуфта дар дил зор-зор мегиряд, вале ба атрофиён ин вазъи худро нишон намедиҳад.
Ӯ ҳини як садамаи фалокатбор ду пойашро аз даст дод, вале бовар ба зиндагӣ ва майли зистанро аз даст надод. Ораз аз мову шумо аз замин то осмон фарқ мекунад. Ӯ ирода, ҷасорат, тавон ва умед дорад, ки аксарият надоранд. Бо ду пойи сунъӣ қавӣ монд ва зиндагиро чунон сохт, ки ҳар як ҷавон орзу мекунад. Имрӯз ӯ духтур, варзишгари муваффақ ва ҳамсари меҳрубон, инчунин аз зиндагӣ розист.
Ораз Яқутхонов 24 сола буда, дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст. Падару модараш барои пешрафти рӯзгор ба шаҳри Душанбе кӯчида, тағйири ҷойи зист мекунанд. Ораз ҳангоми таътил ба деҳа омада, вақти шурӯи дарсҳо ба Душанбе бармегашт. Ба ҳамин минвол аз дӯстони даврони кӯдакӣ ва хешовандону диёри зебояш дидан мекарду хумор мешикаст, зеро пайваста дар ёди ҳавои софи кӯҳистон дилаш гум мезаду афкораш ғарқ мешуд. Дар яке аз чунин таътилҳо, ки он замон 12 сол дошт ба садамаи фалокатборе дучор шуда, ду пойи равонашро аз даст медиҳад. Ҳоло бо пойҳои сунъӣ роҳ мегардад ва дар баробари он дар мусобиқаҳои ватанӣ ва берун аз кишвар ширкат намуда, аз касби ҷойҳои намоён бенасиб намемонад.
Ораз дар замираш ҳисси таҳаммулгароиро хеле хуб парварида ва дар ҳеч гуна ҳолат намехоҳад ба эҳсосот роҳ диҳад.
- Баъди таътили тобистонаи семоҳа бо ҳамроҳи амак ва дӯстонам бояд ба Душанбе меомадам, зеро дарс баъди чанд рӯз шурӯъ мешуд. Таърихи рӯзашро ҳам фаромӯш намекунам - 28-уми август буд. Деҳаи мо дар баландии 1000 метр ҷойгир аст ва роҳаш хаму гашт ва пастиву баландиҳои зиёд дорад. Моро мебоист, ки ҳамаи онро пиёда тай кунем, вале рафиқ ва амакам нахостанд. Мошини боркаше (Зил), ки самти маркази ноҳия мерафт, василае шуд, ки ҳамроҳонам пиёда тай кардани ин ҳама роҳро рад намоянд.
Он рӯз дилам ноором буд ва гӯё эҳсос мекардам, ки ба фалокате дучор мешавем. Аз ҳамроҳонам хостам, ки беҳтараш пиёда равем, вале онҳо розӣ нашуданд. Ҳамин тавр, бо дили нохоҳам ба пушти мошини боркаш нишаста, роҳ сӯйи ноҳия пеш гирифтем, - нақл мекунад Ораз.
Баъди тай намудани чанд мил, ба қавли ӯ, мошинашон ногаҳон аз роҳ берун мешавад ва аз баландии 985 метр ба поён меафтад. Вақте мошин сарозер мешавад, Ораз эҳсос мекунад, ки дилаш хеле сахт мезанад, дигар чизеро ёд надорад, ки ба онҳо чӣ ҳодиса рух дод. Чун замоне ба худ меояд, ки ҳама дасту рӯй хунолуд рӯйи замин хобанд. Эҳсоси сангинӣ мекунад, кӯшиши аз ҷой ҷунбидан менамояд, вале наметавонад. Вуҷуди пойҳояшро эҳсос намекунад. Онҳо шикаставу хуншор буданд. Фикр ҳам намекард, ки онҳо осеби ҷиддӣ дидаанд, зеро дардро эҳсос намекард.
ҲАЁТ БАЪД АЗ САДАМА
- Вақте ба ҳуш омадам, пойҳоям набуд. Онҳоро буридаанд. Ин душвортарин ва сахттарин лаҳзаи зиндагиам буд. Падари муҳоҷирам, ки дар Руссия буд болои сарам рост меистод ва чашмонаш пури ашк буд. 40 рӯзе, ки дар беморхона хоб будам, гӯё 40 соли зиндагиям онҷо сипарӣ гашт, вале чил соли пур аз навмедӣ, ғам, сахтӣ ва бехудӣ, - мегӯяд ӯ.
Ораз хонандаи фаъоли мактаб буд, ҳам хуб таҳсил мекард ва ҳам ба варзиш машғул мешуд, зеро орзуи ягонааш варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ шудан буд. Баъди садама умеди варзишгар шудану ба варзиш машғул шуданро ҳам аз даст дод. Волидон ин азоби рӯҳӣ ва дарди бепойии фарзандро таҳаммул карда наметавонистанд ва дар ҷустуҷӯи роҳе буданд, ки писарашонро дубора чун ҳамсолонаш сари по бинанд.
“Ҳамсолони худро бо пойи равон медидаму бозикунон, ҳаёт дар назарам даҳшатовар менамуд. Дарди ман барои падару модарам аз ман дида, душвортар буд. Чӣ гуна азоб мекашиданду барои ман ғам мехӯрданд, ҳама зери назарам рух медод ва ин бароям аз дарди мекашидаам ҳам сахттар буд”, – ба ёд меорад Ораз.
Ораз аз беморхона мураххас шуда, ба деҳа бармегардад ва шаш моҳи дигар онҷо ҳамроҳи волидон мемонад. Шаш моҳ бо аробачаи маъюбӣ мегардад. Муаллимони деҳа ба хонаашон меомаданду аз ҳамаи фанҳо ба ӯ дарс мегуфтанд, то аз ҳамсолонаш қафо намонад. Ҳамин тавр, бо кумак, дилбардорӣ ва суханҳои пур аз меҳри омӯзгорону кӯдакони деҳа дар тӯли ин шаш моҳ умед ба оянда дар дили қаҳрамони мо дубора бедор шуд.
ДАР ТАЛОШИ ЗИНДАГӢ
Волидони Ораз баъди чанде ӯро гирифта ба Душанбе меоранд ва аз пайи дарёфти пойи сунъӣ мешаванд. Онҳо ба чандин созмонҳои хориҷӣ барои кумак муроҷиат мекунанд. Ҳуҷҷатҳояшро барои ёфтани пойи сунъӣ ба Олмон мефиристанд ва аз онҷо мутахассисон барои муоинаи ӯ ба Душанбе меоянд. Пойи Оразро аз санҷиш мегузаронанд ва мегӯянд, дар Душанбе имкони пайдо кардани пойи сунъӣ вуҷуд дорад. Чанде нагузашта барояш пойи сунъиро ёфта медиҳанд.
- То одат кардан бо пойи сунъӣ дар аввал оҳиста-оҳиста бо асо роҳ мерафтам. Хушбахтона, мактаб дар наздикии хонаамон буд ва ҳар рӯз ҳамсинфонам омада маро ба мактаб мебурданду баъди анҷоми дарсҳо то хона гуселам мекарданд. Акнун эҳсоси хушбахтӣ мекардаму дилгармиям ба зиндагӣ меафзуд, - мегӯяд ӯ.
Дар хона ба назди Ораз довталаб (волонтёр)-он аз хадамоти Оқохон омада ба ӯ дарс мегуфтанд. Ин ҳама дастгирӣ ва некиву меҳрубонии атрофиёнро дар нисбати худ дида, ба хулосае меояд, ҳеч яки онҳоро набояд ноумед кард, зеро ҳамаашон дар рушду инкишофаш саҳм доранд. Ораз дар пеш мақсад мегузорад, ки барои муваффақ шудан тамоми кӯшишу талош ва ғайрати худро ба кор мебарад.
САҲИФАИ ТОЗАИ ЗИНДАГӢ
Ораз мактаби миёнаро бомуваффақият хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тибби Абӯалӣ ибни Сино месупорад. Гарчанде аз хурдӣ аз намуди варзиши муҳорибаи тан ба тан машқ мекарду орзу дошт варзишгар шавад, вале баъди садама барномаашро тағйир дод. Акнун мехост духтур шаваду ба беморон хидмат расонад. Орзуи табиб шуданро дар дилаш духтуроне ҷо карданд, ки дар беморхона 40 рӯз ӯро чун фарзанди худ нигоҳубин карданду ба дигар беморони мисли ӯ хидмат мекарданд.
- Гарчанде ки хурдсол ҳам будам, тӯли ин 40 рӯз мушоҳида кардам, ки табибон барои наҷоти ҷони одамон чӣ гуна кӯшишу талош мекунанд. Ин буд, ки дар дилам оташи духтур шудан аланга гирифт. Акнун орзу мекардам, ки табиб шуда, ҷони дигар беморонро харам, – мегӯяд Ораз.
Ҳамин тавр, ӯ ба Донишгоҳи тибб дохил шуду онро бо муваффақият хатм кард. Худи Ораз иқрор мешавад, ки таҳсил дар ин донишгоҳ барояш осон набуд, вале ӯ устувор монд, то орзуи кӯдакияш амалӣ шавад. Ҳоло Ораз як табиби ҷавон ва донишманд аст. Ӯ ба ҳайси табиб – радиолог дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон (Қараболо) кору фаъолият менамояд.
ОМОДАГИИ ОРАЗ БА ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН
Ӯ бисёр мехост дар соҳаи варзиш рушд кунад. Хешро дар чандин риштаи варзиш, аз ҷумла шиноварӣ ва тирпаронӣ месанҷад ва билохира ба намуди варзиши грэпплинг машғул мешавад. Ораз дар баробари тамрин дар мусобиқаҳо иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо низ мешавад.
Вай се карат қаҳрамони грепплинги Тоҷикистон буда, ҳоло барои иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии грэпплинги ҷаҳон, ки аз 11 то 15-уми ноябри соли равон дар Дубай баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.
“Аввалин маротиба шикаст додани ҳариф бароям хеле душвор буд, зеро дар мусобиқаҳо бо одамони солим дар рақобат будам. Фикр мекардам аз уҳдааш намебароям. Вале садои одамон, кафкӯбиҳои онҳо, ки маро дастгирӣ мекарданд, бароям тавоноӣ, нерӯ ва ҷасорат мебахшид. Ин буд, ки кӯшиш кардаму ғолиб омадам”, – нақл мекунад Ораз.
Сабаби ғолибияташро дар тамрин намудан бо одамони гаронвазн дар варзишгоҳ мебинад. Ӯ мегӯяд, вақте бо одамони гаронвазн тамрин мекунад қувва ва бовараш ба худаш зиёд мешавад. Ҳангоми мусобиқа бо ҳамвазни худ рақобат кардану шикаст додани онҳо барояш осон мешавад.
Ораз зери роҳбарии Комил Боймуродов (қаҳрамони ҷаҳон байни устодони варзиш, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва дар радабандии дорандагони камарбанди сиёҳ мавқеи сеюмро дар ҷаҳон ишғол мекунад) дар Федератсияи грэплинг дар Душанбе тамрин мекунад.
Оразу Сабрина бо ҳам дар Instagram шиносоӣ пайдо карданд. Онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ бо ҳам издивоҷ намуданд. Ҳарду иқрор мешаванд, ки маҳз барои ҳам офарида шудаанд, зеро хуб якдигарро дарк мекунанд. Сабрина ҷавонбонуи муваффақ аст. Ӯ визажисти ҳирфаӣ буда, дар назди "Гоар Аветисян" ин касбро аз худ намудааст, аммо корнома (карйера)-аш пас аз таҳсил дар давраи омӯзишии "Make up by Mario" рушд карду ба авҷи баланд расид. Ҳоло дар пероишгоҳ (buauty salon)-и MOS, ки бо ҳамроҳии хоҳараш соли 2018 онро фаъол намудаанд, фаъолият менамояд. Ӯ муштарии зиёд дорад ва дар оянда бо дастгирии ҳамсараш мехоҳад ба комёбҳои бештар ноил гардад.
- Бузургтарин муваффақияти имсолаам издивоҷам бо Ораз буд. Зеро ҳамсафари воқеии зиндагиямро пайдо кардам, ки барои ҳар зан пеш аз ҳама хушбахтии оилавӣ муҳим аст. Ораз одами зиндагиям аст, ӯ хеле меҳрубон ва заминӣ аст. Ҳамаи мушкилиҳоро бо ҳам ҳал мекунем. Мехоҳам барои фарзандонамон дар оянда модари хуб, дар оила ҳамсари хуб ва дар фаъолияти кориям бонуи муваффақ бошам, - мегӯяд Сабрина.
Ӯ ХУДРО МАЪЮБ НАМЕҲИСОБАД...
Қаҳрамони мо мегӯяд, ки аз зиндагии худ розӣ аст ва бар он назар аст, ки маҳз ҳамин садама ҳаёти ӯро дигар намуд. Ӯ тамоман худро маъюб эҳсос намекунад ва кӯшиш менамояд, ба ҳар коре, ки азм мекунад, онро то охир анҷом диҳад.
“Ман худро танҳо дар санади расмӣ маъюб мебинаму халос. Ин садама ҳаёти маро ба пеш ва пас ҷудо кард. Бисёр мушкил буд дубора ба зиндагӣ дил бастану ҳам чизро аз нав оғоз кардан. Дар асл аз ин гуна садамаҳо касе дар амон нест, аз ин рӯ муҳим аст, ки ҳаёту зиндагии худро қадр кунем. Ба ҳама он нафароне, ки аз зиндагӣ ноумеданд, гуфтаниям, ки ҳеч гоҳ ноумед набошанд ва ҳама чизро аз нав оғоз кунанд. Агар бихоҳанд, ҳама чиз хуб мешавад ва дар ҳама ҳолат инсон мондан қоидаи муҳими зиндагист”, – мегӯяд Ораз.
Барояш саломатии комил ва комгорӣ таманно дорем.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед