Ru  | Tj
Лайло Ҳабибӣ: “Дар либосҳоям фарҳангҳоро ба ҳам меорам”
Лайло Ҳабибӣ: “Дар либосҳоям фарҳангҳоро ба ҳам меорам”
Аксҳо: Аз қаҳрамони мавод дастрас гардидааст

Лайло Ҳабибӣ: “Дар либосҳоям фарҳангҳоро ба ҳам меорам”

Нашр шуд

Барои суҳбат бо Лайлобону ба Маркази савдои “Саодат” роҳ пеш гирифтам, зеро коргоҳи дӯзандагие, ки қаҳрамони мо дар он ҷо фаъолият мекунад, дар зербинои ин сохтмони боҳашамат ҷойгир аст. Баробари ба корхона ворид шудан, Лайлоро бо бонуи хушқаду қомате машғули дӯхтани курта дарёфтам. Маълумам гашт, ки бонуи ҳунар - модар ва аввалин устоди Лайло дар ҷодаи дӯзандагию тарроҳӣ будаанд. Баъди вохӯрӣ бо Лайлову модараш - Латофатбону аз касбомӯзӣ, ҳунари дӯзандагӣ, тарроҳӣ ва пазандагии Лайло суҳбат оростем.

Муҳаббат ва садоқат ба касб

Лайло Ҳабибӣ 23 сол дорад ва  дар ин синни ҷавонӣ муваффақ аст. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм карда бошад ҳам, тавре  модараш мегӯяд,  аз синфи шашум Лайло ҳамроҳаш ба дӯхтани куртаю дигар либосаҳо машғул аст.

Вақте ба чизе муҳаббати амиқ пайдо кардӣ, ҷудоӣ аз он душвор аст ва маҳз ҳамин меҳру садоқат ба дӯзандагӣ буд, ки Лайлоро ба Донишкадаи номбурда овард. Ин даргоҳи бузург аввалин пайроҳа, вале ҷодаи муҳимме буд, ки тавонист дари умеду муваффақиятро ба рӯи чирадастбону кушояд. Донишу маҳорате, ки дар Донишкада касб намуд, таҷрибаи чандсолаи ӯро комил намуд. Фестивалу озмунҳо, пайваста, Лайлоро ба худ ҷалб мекарданд ва намоиши аввалин либосҳои ӯ дар байни донишҷӯёну устодон, доварон ва сазовори эътимоду баҳои баланд гаштанаш аз ҷониби ҳакамон боис гашт, ки ӯ қадамҳояшро дар ин ҷода ҷиддитар гузорад. Имрӯз ҳама гуна либос омода мекунад, ҳам занона ва ҳам мардона.

"Дӯзандагӣ бароям на танҳо касб, балки як шуғл, роҳи оромиш ва бо худ будану худсозӣ кардан, инчунин, василаи даромад мебошад. Ҳамеша аз дастгирии модарам ва раҳнамоиҳояшон бархӯрдорам. Рисолаи дипломиам "Сохтани коллексияи муаллифии занона ва мардона бо истифода аз услубҳо ва унсурҳои аслии афғонӣ - помирӣ" буд, ки бомуваффақият онро омода карда ва баъдан, дар ҳафтаи мӯд либосҳоро ба намоиш гузоштам. Имрӯзҳо фақат бо хоҳишу дархости муштариён либосу курта омода мекунам”, - мегӯяд ӯ.
Ба суоли он, ки даромади моҳонаатон чанд сомониро ташкил медиҳад, Лайлобону ба мо чунин посух дод: "Кори ман даромади якхела надорад, ҳар моҳ гоҳе кам ва гоҳе зиёд фоида ба даст меорам. Албатта, даромад аз интихоби матоъ ва тарҳи онҳо вобаста аст. Ҳар қадаре дӯхтан вақт ва заҳмати зиёдро тақозо кунад, ба ҳамон андоза арзиши дӯхт зиёд мешавад", мегӯяд Лайло.

Тахайюли эҷодӣ ва роҳи муваффақияти он

Дар намоиши либосҳо Лайло чанд маротиба ҳунари худро санҷидааст. Ҳамчунин, истеъдоди ӯ аз ҷониби муштариёни гуногун баҳогузорӣ низ гаштааст. Дар ҷашни Наврӯзи имсола дар фестивали мӯд, ки дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо дастранҷҳои худ ширкат намуд. Инчунин, дар музейи меҳмонхонаи Серена, Рӯзи кӯдакон дар шаҳри Ваҳдат, ҳамчунин, намоиши либоси мардона, ки дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency” моҳи апрели соли гузашта, баргузор гардид, ҳунарнамоӣ кард. “Ин гуна фестивалҳо ба тарроҳон имконият медиҳанд, ки ҳунару маҳорати худро ба намоиш гузошта, дар омӯзиши навъҳои наву муосири дизайну тарроҳӣ бо дигар ҳунармандону тарроҳон табодули назару таҷриба намоянд”, мегӯяд Лайло.

Куртаҳои миллии дӯхтаи Лайло хеле зебо тарроҳӣ гаштаанд. Ӯ мегӯяд,  вақте аввалин бор ба Бадахшон рафта буд, таваҷҷуҳи ӯро нақши намадҳои бадахшонӣ ба худ бештар ҷалб намуд. Ин буд, ки ҳамон нигораҳо дар хотирааш нақш бастанд ва онҳоро дар либосҳои дӯхтааш, бо тарҳи нав инъикос мекунад. “Бо андаке тағйирот ба дӯхтани гулкориҳои намад дар либосҳоям муваффақ шудам. Эҳсос мекунам, ки ба муштариён низ дизайни куртаҳоям писанд меоянд”, - мегӯяд ӯ. 

Лайло ҳамеша маслиҳатҳои модарро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, мекӯшад, ҳар корро бо ризои модар ва бетаъхир иҷро кунад. Донандаи забони русиву англисӣ будани Лайло сабаб гаштааст, ки ҳиндуҳову покистониҳои муқими Душанбе назди ӯ омада либос фармоиш диҳанд. “Дар намоиши мӯд либосҳоям ба онҳо писанд омад ва барои дӯхтани куртаҳои гуногун наздам меоянд. Гоҳе фарҳанги ду миллатро дар як курта ҷой дода, мустаҳкамии робитаҳоро бо рамзҳо ифода мекунам, то ба муштариёнам бештар писанд оянд”.

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад...

Дӯзандагӣ касби осон нест ва барои он сабру таҳаммул доштан лозим. Ҳар вақте назди дӯзандаи либосҳоям мерафтам, аз хастагиву бехобӣ шикоят мекард. Дар нигоҳи аввал шахс гумон мекунад, ки дӯзандагӣ кори мушкил  нест, вале иштибоҳ мекунем. Қаҳрамони мо Лайло низ аз мушкилиҳои кор гуфт. "Гоҳе мешавад, ки либосҳои дӯхтаам ба бархе муштариён писанд ё мувофиқ намеояд, вале дар аксар маврид корам бомуваффақият меанҷомад. Ҳарчанд кори мо заҳматталаб аст, вале хастагиро дар худ ҳис намекунам, баръакс ҳар як корам бароям хурсандӣ ва неруву тавон мебахшад. Шояд ҳам аз насл ба насл мондани ин касб дар оилаамон як сабаби он бошад. Устоди аввалинам дар ин ҷода модари азизам ва роҳнамои он кас модарашон, яъне бибиам будаанд", ишора мекунад тарроҳ.

Лайло, вобаста ба навъу дизайни матоъ дар як рӯз то се курта медӯзад ва агар, кораш бештар бошаду вақтталаб то ду курта омода мекунад. Интернет имрӯз воситаи беҳтарини тарғиби маҳсулот, ба даст овардани муваффақият ва ҷалби таваҷҷуҳи муштарӣ аст, чаро шумо аз он кам истифода мекунед? - мепурсам аз ӯ. "Феълан аз сомонаҳои интернетӣ зиёд истифода намебарам, бештари вақти маро дӯхтудӯз мегирад, вале дар фикри фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳастам. Бешак, бе будани онҳо кори мо пеш намеравад, вале ба ин ҳама ҳам шукр. Ҳам муштариёни худро дорам ва ҳам бо меҳнати дасти худ зиндагиамро пеш мебарам. Бовар кунед, ҳунарманд будан эҳсоси дигаре дорад ва танҳо завқ доштану боистеъдод будан кифоя аст, ки пеш равӣ. Фақат бо хоҳиши худ ба ин роҳ қадам гузоред, бо роҳи маҷбуриву интихоби нафари дигаре шумо асло муваффақ намешавед", - ҷавоб медиҳад ӯ.

Модараш мегӯяд, ки Лайло ба ҷуз дӯзанда будан, пазандаи моҳир низ аст. Дар хонавода ҳар гуна шириниҳо ва хӯрокҳои бомазза омода мекунад ва бояд ҳам чунин бошад. Як бонуи ҷавон агар аз ӯҳдаи корҳои хонаву рӯзгор ба хубӣ набарояд, пас оянда чӣ гуна як оиларо пеш мебарад. Лайло дар оянда ҳамсари хуб ва модари идеал шуданаш даркор, - мегӯяд модараш Латофат.

Лайло маънии ҳаёту зиндагӣ ва инсониятро дар ин сону он сон на, балки “инсон” будан ва худро сохтан мебинад. “Инсон будан на фақат хӯрдану хуфтан ва пул кор карданро дар бар мегирад, балки мафҳуми инсоният ҷанбаҳои гуногуну васеътарро фарогир аст. Фикр мекунам, шахс дар ҳар ҷодаву роҳе, ки набошад, бояд зина ба зина пеш равад. Муваффақият замоне ба даст меояд, ки ҳамеша ба самти пеш ва талоши беш камари ҳиммат бандӣ. Баъди худ номи наку боқӣ гузоштан ва бо ахлоқи наку зистан аст, зермафҳуми инсоният. Азму ирода, кӯшишу талош ва боварӣ қадамҳои авваланд, ки ҳар яки мо бояд молики он бошем”, - изҳор медорад ӯ.

Сомонаи мо ба шумо сарбаландиву комёбӣ мехоҳад, бигзор аз беҳтарин ва номвартарин тарроҳони кишвар  ва берун аз он бошед.

Дар посух модару духтар бо лабханд барои суҳбати самимӣ миннатдорӣ баён мекунанд.

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед