Аслигул Тиллохонова: “Забономӯзиам ҳеч гоҳ бо гирифтани ҷоизаву диплом анҷом намепазирад, ин ҳоло оғози роҳ аст”
Нашр шуд
Аслигул Тиллохонова 26 сол дорад ва зодаи яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон - ҷамоати Вранги водии Вахон мебошад.
Аслигул ба забономӯзӣ аз хурдӣ шавқи беандоза дошт, аз ин рӯ баъди хатми мактаби миёна бо ҳадафи касби илм тарки деҳот кард. Ӯ соли 2014 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи ДМТ супорида, донишҷӯи ин даргоҳ мегардад ва онро бомуваффақият хатм менамояд. Аслигул мудом ҷӯёи илму дониш буда ва дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки чанд забони хориҷиро азхуд кунад. Ин буд, ки баъди хатми донишгоҳ барои гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забонҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав месупорад ва онро низ бомуваффақият хатм мекунад.
Ӯ соли 2017 дар конференсияи забондонони дунё дар шаҳри Вашингтони ИМА ширкат намуда, байни иштирокчиёни 35 давлат тавониста соҳиби ҷойи сеюм гардад. Аслигул бо ифтихор аз рафти конфронс қисса мекунад:
- Вақте бори аввал дар конференсия иштирок кардам, каме тарс вуҷудамро фаро гирифт. Аз он метарсидам, ки ба иштибоҳе роҳ надиҳам. Иштирокчиёни дигар миллатҳо дар бораи ватану миллату фарҳангашон бо маҳорати хос баромад мекарданд, ин буд, ки тарс аз вуҷудам дур шуд ва ба худ ваъда додам, ки бе ҳарос ва бо як ҳисси баланди миллӣ ва хештаншиносӣ Тоҷикистонро бояд миёни ин ҳама давлат муаррифӣ кунам. Хушбахтона, ҳамон тавре шуд, ки мехостам, мегӯяд қаҳрамондухтар.
Аслигул чӣ тавр ба озмуни сатҳи байналмилалӣ роҳ ёфт?
Аслигул пайваста дар ҷустуҷӯи роҳу имкониятҳои нави ба ҳадаф расидан аст. Имсол ӯ тариқи онлайн дар озмуни байналмилалии Забони арабӣ ва англисӣ, ки дар Донишгоҳи Ал-Аҳзари шаҳри Қоҳираи Миср баргузор гардид, ширкат варзид. Бахт ба рӯи Аслигул хандиду барои иштирок дар ин озмуни байналмилалӣ ба шаҳри Қоҳира даъват шуд.
- Дар миёни садҳо нафар ва иштирокчиёни зиёда аз 43 давлати дунё бо 5 забон - русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ ва фаронсавӣ меҳанам - Тоҷикистон ва расму русуми онро муаррифӣ намуда, соҳиби диплом ва ҷоиза гаштам, мегӯяд ӯ.
Аслигул сафар ба Миср ва иштирок дар озмуни мазкурро таҳаввулоти бузурге дар зиндагии хеш мешуморад ва аз ин ба баъд мехоҳад ҳарчи бештар дар озмуну конференсияҳои байналмилалӣ ширкат намуда, хештанро дар саҳнаҳои гуногуни рақобат санҷад ва дар ҷодаи касби донишҳои нав обутоб ёбад. Озмуни мазкур санаи 24-уми сентябр баргузор гардиду бо пирӯзии ин тоҷикдухтар анҷом пазируфт ва қаҳрамонбонуи мо ҳоло дар семинари омӯзишии шаҳри Қоҳира фаъолона ширкат дорад.
Аслигул сахткӯшу серталош аст ва вақтҳои охир, омӯзиши забон барояш як шуғли дӯстдошта гардидааст. Аз ин рӯ, дар баробари забони модариамон ӯ боз забони русиву англисиро хуб аз худ намудааст ва забони арабӣ ва немисиву франсузиро бошад дар сатҳи муошират медонад.
- Мутмаинам, ки бо соҳибони ин забонҳо ва будан дар мамолики гуфтугӯкунанда бо забонҳои мазкур мушкилоте дар рафти муошират ба вуҷуд намеояд. Илм ин дарёи дамон аст, мо ҳоло шояд дар як гӯшаяки он бошем. Омӯзиш ҳеч гоҳ поён надорад, ҳар қадаре дониши нав омӯзӣ ҳамон қадар бештар ташнагиро эҳсос мекунӣ. Забономӯзиам ҳеч гоҳ бо гирифтани ҷоизаву диплом анҷом намепазирад, ин ҳоло оғози роҳ аст, ишора мекунад Аслигул.
Аз сӯҳбат бо ин бону дарк намудем, ки ҳисси ватандӯстӣ дар замираш чуқур реша давондааст. Ӯ аз ҷавонон фақат созандагӣ ва омӯхтану худинкишофдиҳиро тақозо мекунад.
Барояш муваффақият орзу мекунем.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед